×

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998

Санаи амалкуни: 20.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7- 8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7,                         мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №12, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод. 311; с.2020, №1, мод.8, мод.9, №7-9, мод.607, мод.623, №12, мод. 904)

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 684, аз 10.12.1999 № 877, аз 12.05.2001 № 6, аз 12.05.2001 № 12, аз 2.12.2002 № 64, аз 2.12.2002 № 89, аз 1.08.2003 № 33, аз 1.08.2003 № 45, аз 17.05.2004 № 35, аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 25.07.2005 № 97, аз 26.12.2005 № 125, аз 30.07.2007 № 301, аз 5.01.2008 № 339, аз 18.06.2008 № 386, аз 18.06.2008 № 389, аз 6.10.2008 № 422, аз 31.12.2008 № 451, аз 31.12.2008 № 457, аз 26.03.2009 № 487, аз 5.08.2009 № 547, аз 11.03.2010 № 600, аз 21.07.2010 № 617, аз 25.03.2011 № 694, аз 2.08.2011 № 750, аз 16.04.2012 № 808, аз 03.07.2012 № 844, аз 13.06.2013 № 965, № 966, аз 12.11.2013 № 1028, аз 28.12.2013 № 1037, аз 14.03.2014 № 1066, аз 26.07.2014 № 1088№ 1089, аз 18.03.2015 № 1176, № 1177, аз 23.11.2015 № 1228, аз 25.12.2015 № 1261, аз 15.03.2016 № 1274, аз 14.05.2016 № 1304, № 1305, аз 23.07.2016 № 1330, № 1331, аз 14.11.2016 № 1358, № 1359, аз 24.02.2017 № 1379, № 1380, аз 28.08.2017 № 1467, аз 2.01.2018 № 1472, № 1473, аз 17.05.2018 № 1515, аз 3.08.2018 № 1538, аз 2.01.2019 № 1554, № 1555, аз 20.06.2019 № 1609, аз 2.01.2020 № 1661, № 1662, аз 04.07.2020 № 1701, аз 07.08.2020 № 1717, аз 17.12.2020 № 1730, аз 20.04.2021 № 1776, аз 23.12.2021 № 1809, аз 19.07.2022 № 1895, аз 19.07.2022 № 1896, аз 24.12.2022 № 1924, № 1925, аз 13.11.2023 № 1984, аз 13.11.2023 № 1985, аз 20.06.2024 № 2050, аз 15.04.2025 № 2163, аз 14.05.2025 № 2169, аз 17.12.2025 № 2205, № 2206)

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 684, аз 10.12.1999 № 877, аз 12.05.2001 № 6, аз 12.05.2001 № 12, аз 2.12.2002 № 64, аз 2.12.2002 № 89, аз 1.08.2003 № 33, аз 1.08.2003 № 45, аз 17.05.2004 № 35, аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 25.07.2005 № 97, аз 26.12.2005 № 125, аз 30.07.2007 № 301, аз 5.01.2008 № 339, аз 18.06.2008 № 386, аз 18.06.2008 № 389, аз 6.10.2008 № 422, аз 31.12.2008 № 451, аз 31.12.2008 № 457, аз 26.03.2009 № 487, аз 5.08.2009 № 547, аз 11.03.2010 № 600, аз 21.07.2010 № 617, аз 25.03.2011 № 694, аз 2.08.2011 № 750, аз 16.04.2012 № 808, аз 03.07.2012 № 844, аз 13.06.2013 № 965, № 966, аз 12.11.2013 № 1028, аз 28.12.2013 № 1037, аз 14.03.2014 № 1066, аз 26.07.2014 № 1088№ 1089, аз 18.03.2015 № 1176, № 1177, аз 23.11.2015 № 1228, аз 25.12.2015 № 1261, аз 15.03.2016 № 1274, аз 14.05.2016 № 1304, № 1305, аз 23.07.2016 № 1330, № 1331, аз 14.11.2016 № 1358, № 1359, аз 24.02.2017 № 1379, № 1380, аз 28.08.2017 № 1467, аз 2.01.2018 № 1472, № 1473, аз 17.05.2018 № 1515, аз 3.08.2018 № 1538, аз 2.01.2019 № 1554, № 1555, аз 20.06.2019 № 1609, аз 2.01.2020 № 1661, № 1662, аз 04.07.2020 № 1701, аз 07.08.2020 № 1717, аз 17.12.2020 № 1730, аз 20.04.2021 № 1776, аз 23.12.2021 № 1809, аз 19.07.2022 № 1895, аз 19.07.2022 № 1896, аз 24.12.2022 № 1924, № 1925, аз 13.11.2023 № 1984, аз 13.11.2023 № 1985, аз 20.06.2024 № 2050, аз 15.04.2025 № 2163, аз 14.05.2025 № 2169, аз 17.12.2025 № 2205, № 2206)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 1 ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661).

...

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 684, аз 10.12.1999 № 877, аз 12.05.2001 № 6, аз 12.05.2001 № 12, аз 2.12.2002 № 64)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 1 ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ дохил карда мешаванд.

2) Кодекси ҷиноятӣ ба Конститутсия ва принципу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ асос меёбад.

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Вазифаҳои Кодекси ҷиноятӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқи ашхоси ҳуқуқӣ, моликият, муҳити табиат, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳ ва амнияти башарият аз таҷовузи ҷиноятӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст.

2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принципҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.

Моддаи 3. Принципҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ

Қонуни ҷиноятӣ ба принципҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.

Моддаи 4. Принципи қонуният

1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноӣ будани онро танҳо Кодекси ҷиноятӣ муайян менамояд.

2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.

3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рӯи қиёс манъ аст.

4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.

Моддаи 5. Принципи баробарӣ дар назди қонун

Ашхосе, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва амволӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Моддаи 6. Принципи ногузирии ҷавобгарӣ

Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ӯ чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноии дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда татбиқ гардад.

Моддаи 7. Принципи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ

1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.

2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқӯъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати он тасдиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 8. Принципи адолат

1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.

2) Ҳеҷ касро барои як ҷиноят ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 9. Принципи башардӯстӣ

1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад.

2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад.

Моддаи 10. Принципи демократизм

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси ҷиноятӣ барои ислоҳи ашхосе, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд.

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ

Асоси ягонаи ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст.

БОБИ 2. АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН

Моддаи 12. Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон

1) Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.

2) Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад.

Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ

1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба ашхосе татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба ашхосе, ки мӯҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор карда шавад.

3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзӯр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт надорад.

Моддаи 14. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати ашхосе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд

1) Шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар тибқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

2) Чунин кирдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда ҷиноят эътироф карда мешавад, агар:

а) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;

б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он фаро расидааст;

в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он фаро расидааст;

г) дар шарикӣ бо ашхосе содир шудааст, ки онро дар ҳудуди давлати дигар ба амал баровардаанд.

3) Агар кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳавопаймо ё киштие, ки қонунан таҳти Парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекард, содир шуда бошад, нисбати ин кирдор қонунҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз қонунҳои маҳалли содир шудани он, амал мекунанд.

4) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин ашхос содир шудани ҷиноят дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҳал мешавад.

Моддаи 15. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати ашхосе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд

1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрвандии доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар худуди давлати дигар содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар барои ин ҷиноят дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад.

2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди Тоҷикистон содир кардааш мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар ӯ:

а) ҷинояте содир карда бошад, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда ё меъёрҳои муқаррарнамудаи қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд;

б) бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир карда бошад.

3) Ин қоидаҳо дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад.

Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартнома ё созишномаҳои байнидавлатӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2) Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байнидавлатӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад.

ФАСЛИ II. ҶИНОЯТ

БОБИ 3. МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶИНОЯТ

Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят

1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.

2) Кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад.

Моддаи 18. Категорияҳои ҷиноят

1) Кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардида вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфи барои ҷамъият доштаашон ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин тақсим мешаванд.

2) Кирдорҳои қасдона ё аз беэҳтиётие, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд.

3) Кирдорҳои қасдона ё аз беэҳтиётие, ки барои онҳо ҷазои ҳадди аксари пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокии ҷамъиятиашон миёна эътироф мешаванд.

4) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршудае, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз панҷ сол пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои вазнин эътироф мешававд.

5) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои аз он сахттар мебошад, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд.

Моддаи 19. Такрори ҷиноят

1) Такрори ҷиноят кирдоре эътироф мешавад, ки шахс дар вақти гуногун ду ё зиёда ҷинояти дар ҳамон як модда ё қисми моддаи ҳамин Кодекс пешбинишударо содир намудааст.

2) Содир кардани ду ва ё зиёда аз он ҷинояти дар моддаҳои мухталифи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро танҳо дар ҳолатҳое такрори ҷиноят ҳисобидан мумкин аст, ки агар он дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс зикр гардида бошад.

3) Ҷиноят такрорӣ эътироф намешавад, агар шахс барои ҷинояти қаблан содирнамудааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда буд ё доғи судӣ барои ин ҷиноятҳо барҳам хӯрда ё бардошта шудааст.

4) Ҷинояте, ки аз як қатор кирдорҳои ҷиноятии ҳаммонанд иборат буда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона равона шудааст ва дар маҷмӯъ ҷинояти давомдорро ташкил мекунанд, такрори ҷиноят эътироф намешавад.

5) Дар муддати дароз иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки хусусияти пайваста содир намудани таркиби як ҷинояти дарозмуддат дорад, такрори ҷиноят эътироф намешавад.

Моддаи 20. Маҷмӯи ҷиноят

1) Содир кардани ду ё зиёда аз он кирдори ҷиноятии дар моддаҳои гуногун ё қисмҳои мухталифи ҳамон моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида, ки шахс барои ҳеҷ кадоми он маҳкум нашудааст, маҷмӯи ҷиноят эътироф мешавад. Дар айни замон ҷиноятҳое, ки шахс барои содир кардани онҳо тибқи асосҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст, ба назар гирифта намешаванд.

2) Як кирдоре, ки аломатҳои ҷинояти дар ду ё бештар моддаи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, ҳамчунин маҷмӯи ҷиноятҳо эътироф мешавад.

3) Ҳангоми содир намудани маҷмӯи ҷиноят шахс барои ҳар ҷинояти содирнамудааш дар асоси модда ё қисми дахлдори ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 21. Рецидиви ҷиноят

1) Содир намудани ҷинояти қасдона аз тарафи шахсе, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ дорад, рецидиви ҷиноят эътироф мешавад.

2) Рецидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати қасдан содир намудани ҷинояте, ки шахс барои он аз озодӣ маҳрум сохта мешавад, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир кардани ҷиноят аз озодӣ маҳрум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин аз озодӣ маҳрум шуда бошад;

в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар шахс қаблан барои ҷинояти вазнин аз озодӣ маҳрум шуда бошад.

3) Рецидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати қасдан содир намудани ҷинояте, ки шахс барои он аз озодӣ маҳрум сохта мешавад, агар ин шахс қаблан ба ҳар тартиб барои қасдан содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин на камтар аз се маротиба аз озодӣ маҳрум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнине, ки барои он шахс аз озодӣ маҳрум сохта мешавад, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир кардани ҷинояти вазнин аз озодӣ маҳрум шуда бошад;

в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин як маротиба ё барои ҷинояти вазнин ду маротиба маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми эътирофи рецидиви ҷиноят доғи судӣ барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолагӣ содир намудааст, инчунин доғи судие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84 ҳамин Кодекс барҳам хӯрда ё бардошта шудааст, ба назар гирифта намешавад.

5) Рецидиви ҷиноят дар асос ва ҳудуди пешбининамудаи ҳамин Кодекс боиси ҷазои сахттар мегардад.

БОБИ 4. АШХОСЕ, КИ БОЯД БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШАВАНД

Моддаи 22. Шартҳои умумии ҷавобгарии ҷиноятӣ

Танҳо шахси воқеии мукаллаф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синну соли муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс расидааст.

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад

1) Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

2) Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобграрии ҷиноятӣ кашида мешаванд: одамкушӣ (моддаи 104), кӯдаки навзоди худро куштани модар (моддаи 105), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110), қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ (моддаи 111), одамдуздӣ (моддаи 130), таҷовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зӯроварии дорои хусусяти шаҳвонӣ (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), ғасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш (моддаи 199), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо (моддаи 202), парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо (моддаи 214), авбошӣ дар ҳолатҳои вазнинкунанда (қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 237), дуздӣ (моддаи 244), ғоратгарӣ (моддаи 248), роҳзанӣ (моддаи 249), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (моддаи 252), қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол дар ҳолатҳои вазнинкунанда ( қисми дуюми моддаи 255).

3) Дар ҳолатҳои алоҳидаи дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида танҳо он шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки аз синни шонздаҳсола болотар аст.

Моддаи 24. Номукаллафӣ

1) Шахсе, ки ҳангоми содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳолати номукаллафӣ буд, яъне дар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари беморӣ хавфнокии ҳаракат ё беҳаракатии худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

2) Ба шахсе, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори барои ҷамъият хавфнок содир намудааст, чораҳои дорои хусусияти маҷбурии тиббиӣ дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин кардан мумкин аст.

3) Шахсе, ки дар ҳолати мукаллафӣ ҷиноят содир намуда, вале то баровардани ҳукми суд мубталои бемории рӯҳие шудааст, ки барои дарки хавфи кирдори худ ё идора кардани онро имконият намедиҳад, ҳамчунин ҷазо дода намешавад. Суд метавонад нисбати чунин шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро раво бинад ва пас аз шифо ёфтан ин шахсро ҷазо додан мумкин аст.

Моддаи 25. Ҷавобгарии ҷиноятии ашхоси дорои парешонҳолии дардмандонаи рӯҳӣ, ки мукаллафиро истисно намекунад(мукаллафии маҳдуд)

1) Шахсе, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят мукаллаф буд, вале дар асари парешонҳолии дардмандонаи рӯҳӣ қобилияти ӯ барои дарки ҳаракатҳои хеш ва идора кардани онҳо махдуд шуда буд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

2) Ҳолати мукаллафии маҳдуд ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта шуда, барои таъин намудани чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ асос шуда метавонад.

Моддаи 26. Ҷавобгарии ҷиноятии ашхосе, ки дар ҳолати мастӣ ҷиноят содир намудаанд

1) Шахсе, ки дар ҳолати мастӣ дар асари истеъмоли машруботи алкоголӣ, моддаҳои нашъаовар, психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҷиноят содир кардааст, аз ҷавобтарии ҷиноятӣ озод карда намешавад.

2) Дар сурати ҷиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари муқаррар намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббии дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро таъин намояд.

БОБИ 5. ГУНОҲ

Моддаи 27. Шаклҳои гуноҳ

1) Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад.

2) Кирдори аз беэҳтиётӣ содиршуда танҳо дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шуда бошад.

Моддаи 28. Ҷинояти қасдан содиршуда

1) Ҷинояти қасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо қасди бевосита ё бавосита содир шудааст.

2) Ҷиноят бо қасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияте ё ногузирии фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфноки онро пешбинӣ намуда, хоҳони фаро расидани он бошад.

3) Ҷиноят бо қасди бавосита содиршуда эътироф мещавад, агар шахс ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфнокии онро пешбинӣ намуда, фаро расидани оқибатро нахоста, вале дидаву дониста ба ин оқибатҳо роҳ дода бошад, ё ба онҳо бепарвоёна муносибат карда бошад.

Моддаи 29. Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда

1) Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда кирдори барои ҷамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбоварӣ ё бепарвоӣ содир шудааст.

2) Ҷиноят ҳангоме аз худбоварӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ карда, бо асосҳои кофӣ, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳо ба миён намеоянд.

3) Ҷиноят ҳангоме аз бепарвоӣ содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокии ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбинӣ накарда бошад, ҳол он, ки дар сурати бодиққатӣ ва дурандешии зарурӣ мебоист ва метавонист он оқибатҳоро пешбинӣ кунад.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст

Агар дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят дигар оқибатҳои вазнине расонда шавад, ки мувофиқи қонун боиси таъини ҷазои сахттар мегардад ва шахс қасди фаро расидани чунин оқибатҳоро надошт, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад.

Моддаи 31. Бегуноҳ расонидани зарар (тасодуф)

Кирдор бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он хавфнокии ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад, намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокро пешбинӣ накарда бошад ва вобаста ба ҳолатҳои кор намебоист ва наметавонист онро пешбинӣ кунад.

БОБИ 6. ҶИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА

Моддаи 32. Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят

1) Тайёрӣ ба ҷиноят ин қасдан ҷустуҷӯ, тайёр ва мувофиқ кардани воситаю олот, ёфтани шарикони ҷиноят, забоняккунӣ барои содир кардани ҷиноят ё қасдан фароҳам овардани шароити дигар барои содир кардани ҷиноят мебошад, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

2) Ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин муқаррар карда мешавад.

3) Сӯиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

4) Ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят ё сӯиқасди ҷиноят бо ишора ба ҳамин модда мутобиқи ҳамон моддаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ фаро мерасад, ки барои ҷинояти хотимаёфта муқаррар шудааст.

Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта

Ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад.

Моддаи 34. Ихтиёрӣ даст кашидан аз ҷиноят

1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз ҷиноят он аст, ки агар шахс имконияти то охир расонидани ҷиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври қатъӣ ҳаракатҳои тайёрӣ ё ҳаракати (беҳаракатии) бевосита ба содир намудани ҷиноят равонашударо қатъ кунад.

2) Агар шахс ҷиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври қатъӣ аз он даст кашида бошад, ӯ барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани ҷиноят даст кашидааст, танҳо дар ҳолате ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи ӯ таркиби ҷинояти дигар дошта бошад.

4) Агар ташкилкунандаи ҷиноят ва таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи хабар додан ба мақомоти ҳокимият ё чораҳои дигари андешидаашон аз ҷониби иҷрокунанда ба охир расонидани ҷиноятро пешгирӣ карда бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Агар ёрдамчӣ то ҷиноятро ба охир расонидани иҷрокунанда аз мусоидати қаблан ба ӯ ваъдакардааш даст кашад ё натиҷаҳои кӯмаки аллакай расондаашро бартараф созад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

5) Агар ҳаракатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда зикргардидаи ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ аз ҷониби иҷрокунанда содир кардани ҷиноятро пешгирӣ карда натавонанд, чораҳои андешидаи онҳоро ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ҳисоб кардан мумкин аст.

БОБИ 7. ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ

Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ дар ҷиноят

Иштироки якҷояи дидаю донистаи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад.

Моддаи 36. Шарикони ҷиноят

1) Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешаванд.

2) Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо ашхоси дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи ашхоси дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, ҷиноят содир кардааст.

3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятиро (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис дода ё ба он роҳбарӣ кардааст.

4) Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ (харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.

5) Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашьёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашьёро пешакӣ ваъда додааст.

Моддаи 37. Ҷавобгарии шарикони ҷиноят

1) Ҷавобгарии шарикони ҷиноят вобаста ба хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар яки онҳо дар содир намудани ҷиноят муайян карда мешавад.

2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содир намудаашон мутобиқи ҳамон як моддаи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3) Ҷавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддае муқаррар мегардад, ки дар он барои содир намудани ҷиноят ҷазо пешбинӣ шудааст.

4) Шахсе, ки субъекти ҷинояти дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс махсус зикргардида набуда, дар содир намудани ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда иштирок кардааст, барои ин ҷиноят метавонад танҳо ба сифати ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

5) Агар иҷрокунанда бо сабабҳои аз ӯ новобаста ҷиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари ҷиноят барои шарикӣ дар тайёрӣ ба содир намудани ҷиноят ё сӯиқасди содир намудани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

6) Агар кирдорҳои ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ бо сабабҳои аз онҳо новобаста барор нагиранд, онҳо барои тайёрӣ ба ҷинояти дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 38. Ифроти (эксцесс) иҷрокунандаи ҷиноят

Аз ҷониби иҷрокунанда содир гардидани ҷинояте, ки шарикони дигар қасди онро надоштанд, ифроти иҷрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти иҷрокунанда дигар шарикони ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Моддаи 39. Ҷиноят содир намудани гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ(ташкилоти ҷиноятӣ)

1) Ҷиноят бе маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос содиршуда эътироф мешавад, агар дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат накардаанд.

2) Ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос содиршуда эътироф мешавад, агар дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат кардаанд.

3) Ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз ҷониби гурӯҳи устувори ашхосе, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд, содир шуда бошад.

4) Иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) муттаҳидшавии ду ё якчанд гурӯҳи ҷинояткорои эътироф мешавад, ки барои содир намудани якчанд ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор таъсис ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаи идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад.

5) Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.

6) Шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсус барои ташкил ва роҳбарии онҳо, инчунин барои тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо, агар қасди ӯ содир намудани онҳоро дар бар гирифта бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои иштирок дар онҳо ва барои ҷиноятҳое, ки дар тайёрӣ ё содир кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

7) Таъсиси гурӯҳи муташаккил дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нашудааст, бо ишора ба ҳамин модда боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тайёрӣ ба он ҷиноятҳое мегардад, ки барои содир кардани онҳо ин гурӯҳ таъсис ёфтааст.

8) Ҷавобгарии ашхоси дар ҳамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36 Қисми умумии ҳамин Кодекс фаро мерасад.

9) Иштирокчии гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД

Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ

1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқи худ ё шахси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст ҷиноят ҳисоб намешавад , агар зимнан мудофиаи зарурӣ аз ҳад нагузашта бошад.

2) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, сарфи назар аз тайёрии касбӣ ё дигари махсус ва мақоми хизматиаш ё имконияти ба ашхоси дигар ё мақомоти ҳокимият барои кӯмак муроҷиат кардан, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад.

3) Ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъятии таҷовуз мувофик, нест, аз ҳадди мудофиаи зарурӣ гузаштан эътироф мешавад.

4) Қасдан барангехтани иғво бо мақсади расонидани зарар, мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад.

Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст

1) Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ӯ зарар расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад нагузашга бошанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.

2) Номутобиқатии ошкорои воситаю усулҳои дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси содирнамуда, инчунин ба ҳолатҳои дастгир кардан, ки дар натиҷаи онҳо ба шахс қасдан зараре расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан онро талаб намекард, гузаштан аз ҳадди чораҳои зарурӣ барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда эътироф мешавад.

3) Ҳуқуқи дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамударо дар баробари ашхоси ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин ҷабрдидагон ва шаҳрвандони дигар низ доранд.

4) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда расонидашуда ҳаракати ӯ дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хӯрдан, қувваю имконияти дастгиршаванда, ҳолати рӯҳии ӯ ва ҳолатҳои дигари вобаста бо амали дасггир кардан ба назар гирифта мешаванд.

Моддаи 42. Зарурати ниҳоӣ

1) Дар ҳолати зарурати ниҳоӣ, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ин шахс ё ашхоси дигар, манфиатҳои ҷомеа ё давлат таҳдидкунанда расонидани зарар ба манфиатҳое, ки ҳамин Кодекс муҳофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситаҳои дигар номумкин бошад ҷиноят ҳисоб намешавад, агар зимнан зарурати ниҳоӣ аз ҳад нагузашта бошад.

2) Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараҷаи хавфи таҳдидкунанда ва ҳолатҳои рафъи хавф баръало мувофиқ набуда, дар натиҷа ба манфиатҳои қонунан муҳофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз ҳад гузаронидани зарурати ниҳоӣ эътироф мешавад. Чунин азҳадгузаронӣ танҳо дар ҳолати қасдан расонидани зарар боиси ҷавобгарӣ мегардад.

3) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани кирдори дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содиршуда хусусияту дараҷаи хавфи рафъшаванда, воқеят ва наздикии фаро расидани он, имконияти воқеии шахс дар мавриди пешгирӣ намудани он, вазъи рӯҳии ӯ дар ҳолати бамиёномада ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

Моддаи 43. Маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, агар дар натиҷаи чунин маҷбуркунӣ шахс ҳаракати (беҳаракатии) худро идора карда натавонад, ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда дар натиҷаи маҷбуркунии рӯҳӣ, инчунин дар натиҷаи маҷбуркунии ҷисмонӣ, ки дар асари он шахс имконияти идора кардани амали худро нигоҳ доштааст, бо дарназардошти муқаррароти моддаи 42 ҳамин Кодекс ҳал мешавад.

Моддаи 44. Таваккали асоснок

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда ҳангоми таваккали асоснок ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҷиноят ҳисоб намешавад.

2) Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба мақсади мазкур бо ҳаракати (беҳаракатии) ба таваккал марбутнабуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал роҳ додааст, барои пешгирӣ намудани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда тамоми чораҳои заруриро андешида бошад.

3) Агар таваккал баръало бо таҳдиди ҳалокати одамон, фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, он асоснок эътироф карда намешавад.

Моддаи 45. Иҷрои фармон ё амр

1) Расонидани зарар ба манфиатҳои бо ҳамин Кодекс муҳофизатшаванда аз ҷониби шахсе, ки бо мақсади иҷрои ҳатмии фармон ё амри мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ӯ додашуда амал кардааст, ҷиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст.

2) Шахсе, ки бо мақсади иҷрои фармон ё амри ғайриқонунн қасдан ҷиноят содир кардааст, бо асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

3) Иҷро накардани фармон ё амри дигари бараъло ғайриқонунӣ ҷавобгарии ҷиноятиро истисно мекунад.

ФАСЛИ III. ҶАЗО

БОБИ 9. МАФҲУМ, МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ҶАЗО

Моддаи 46. Мафҳум ва мақсади ҷазо

1) Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

2) Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Моддаи 47. Намудҳои ҷазо

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаҳои дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ;

г) корҳои ислоҳи меҳнатӣ;

д) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

е) маҳдуд кардани озодӣ;

ж) ҳабс;

3) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

и) мусодираи амвол;

к) маҳрум сохтан аз озодӣ;

л) ҷазои қатл.

Моддаи 48.Ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ

1) Корҳои ислоҳи меҳнатӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбй, маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷазои қатл танҳо ҳамчун намудҳои ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд.

2) Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.

3) Ҷарима ба сифати ҷазои иловагӣ мумкин аст бо мақсади талофии зарари маънавӣ ё ҷисмонии ба ҷабрдида расонидашуда татбиқ шавад.

4) Маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи амвол танҳо ба сифати ҷазои иловагӣ истифода мешаванд.

5) Ҷазои иловагии таъиннамудаи суд аз ҷазои асосӣ сахттар буда наметавонад.

6) Барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин намудан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст.

7) Мусодираи амволро танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намудан мумкин аст.

Моддаи 49. Ҷарима

1) Ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъин шудааст.

2) Ҷарима ба маблағи аз сад то ду ҳазор андозаи муқарраршудаи маоши ҳадди ақал таъин карда мешавад.

3) Суд андозаи ҷаримаро бо дарназардошти вазнинии ҷинояти содиргардида ва вазъи амволии маҳкумшуда дар доираи пешбинӣ намудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд.

4) Ҷаримае, ки ба ҳисоби талофии зарари маънавӣ ва ҷисмонии ба ҷабрдида расонидашуда ситонида мешавад, дар доираи муқаррарнамудаи ҳамин модда барои ҷиноятҳои зерин муқаррар мегардад:

а) начандои вазнин - на камтар аз дусад маоши ҳадди ақал;

б) дараҷаи миёна - на камтар аз чорсад маоши ҳадди ақал;

в) вазнин - на камтар аз шашсад маоши ҳадди ақал;

г) махсусан вазнин - на камтар аз ҳаштсад маоши ҳадди ақал;

5) Дар ҳолати саркашии қасдона ё имконнопазирии ситонидани ҷарима, суд қисми насупоридаи ҷаримаро бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё ҳабс иваз мекунад. Дар ин сурат корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба ҳисоби маблағи якмоҳаи корҳои ислоҳи меҳнатӣ баробар ба ду маоши ҳадди ақал, вале на зиёдтар аз ду сол, ҳабс ба ҳисоби маблағи якмоҳаи ҳабс баробар ба даҳ маоши ҳадди ақал, вале на зиёдтар аз шаш моҳ иваз карда мешавад.

Моддаи 50. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян

1) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз манъ кардани ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё машғул шудан бо фаъолияти муайяни касбӣ ё фаъолияти дигар иборат аст.

2) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян барои қасдан содир намудани ҷиноят аз як то даҳ сол ва барои ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда аз як то панҷ сол ба сифати ҷазои асосӣ ва ба мӯҳлати аз як то панҷ сол ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар карда мешавад.

3) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолате ба сифати ҷазои иловагӣ низ бо ишора ба ҳамин модда таъин карда шуда метавонад, ки ин намуди ҷазо дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ нагардида бошад ҳам ва агар суд, бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи ҷинояти содиршуда ва маълумот дар хусуси шахсияти гунаҳгор, имконнопазирии нигоҳ доштани ҳуқуқи ӯро барои ишғол намудани мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд.

4) Ҳангоми ба сифати ҷазои иловагӣ ба ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидани ин ҷазо, он дар тамоми вақти адои ҷазои асосӣ ва зиёда аз он пас аз адои ҷазои асосӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳукм низ татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳои дигар мӯҳлати он аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарбӣ , рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ

Шахсе, ки рутбаи махсус, ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ дорад, дар ҳолати барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш бо ҳукми суд аз чунин рутбаҳо ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда метавонад, агар дар қонун тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Моддаи 52. Корҳои ислоҳи меҳнатӣ

1) Корҳои ислоҳи меҳнатӣ дар ҷои кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол таъин гардида, аз бист то панҷоҳ фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат нигоҳ дошта мешавад.

2) Ба ашхоси корношоям эътирофгардида суд метавонад корҳои ислоҳи меҳнатиро бо ҷарима ба маблағи баробар ба як андозаи маоши ҳадди ақал дар як моҳи корҳои ислоҳи меҳнатӣ иваз кунад.

3) Дар сурати аз адои мӯҳлати ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба корҳои ислоҳи меҳнатӣ маҳкумшуда, суд метавонад ба ҳисоби як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ ба ҷои як рӯзи корҳои ислоҳи меҳнатӣ, як рӯзи ҳабс ба ҷои ду рӯзи корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷои се рӯзи корҳои ислоҳи меҳнатӣ ҷазои нотамомро бо маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс ё маҳрум сохтан аз озодӣ иваз намояд.

4) Таъини корҳои ислоҳи меҳнатӣ барои ашхоси зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарбӣ;

б) ашхоси ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида;

в) занони синну солашон аз панҷоху панҷ ва мардони аз шастсола боло;

г) занони ҳомиладор;

д) ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд;

е) маъюбони гурӯҳҳои I ва II.

Моддаи 53. Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ

1) Маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин бар ивази корҳои ислоҳи меҳнатии барои ҷиноятҳои дигар пешбинигардида нисбати хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудаи ҳайати афсарон, инчунин хизматчиёни ҳарбии мувофиқи қарордод хизматкунанда ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол татбиқ мешавад.

2) Аз таъминоти пулии шахси ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ маҳкумшуда ба фоидаи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи ҳукми суд аз бист то панҷоҳ фоизи музди меҳнат маблағ ситонида мешавад.

3) Дар давраи адои ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба маҳкумшуда баланд кардани мансаб ва рутбаи ҳарбии болотар манъ аст, мӯҳлати ҷазо бошад ба собиқаи хизмати ӯ барои додани рутбаи навбатии ҳарбӣ ҳисоб карда намешавад.

Моддаи 54. Маҳдуд кардани озодӣ

1) Маҳдуд кардани озодӣ, яъне нигоҳ доштани маҳкумшуда дар муассисаҳои махсус бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият дар шароити татбиқи назорат аз болои он ба мӯҳлати аз як то панҷ сол мебошад.

2) Дар ҳолати иваз кардани корҳои ислоҳи меҳнатӣ бо маҳдуд кардани озодӣ, он метавонад ба мӯҳлати камтар аз як сол таъин гардад.

3) Дар ҳолати аз адои ҷазо ашадӣ саркашӣ намудани шахси ба маҳдуд кардани озодӣ маҳкумшуда, он ба мӯҳлате, ки дар ҳукми суд барои маҳдуд кардани озодӣ таъин шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад. Дар айни замон вақти адои маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ дохил мегардад аз ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ.

Моддаи 55. Ҳабс

1) Ҳабс аз нигоҳ доштани шахс дар шароити ҷудоии қатъӣ иборат аст.

2) Ҳабсро суд ба мӯҳлати аз як то шаш моҳ таъин мекунад.

3) Дар ҳолати бо ҳабс иваз кардани корҳои ислоҳи меҳнатӣ, он мумкин аст ба мӯҳлати камтар аз як моҳ таъин шавад.

4) Хизматчиёни ҳарбӣ ҳабсро дар ҳабсхонаи ҳарбӣ (гауптвахта) адо мекунанд.

Моддаи 56. Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ

1) Нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба хизматчиёни ҳарбие таъин карда мешавад, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъвати хизмати мӯҳлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод дар вазифаи аскари қаторӣ ва ҳайати сержантҳо адо мекунанд, агар онҳо дар лаҳзаи ҳукмро баровардани суд мӯҳлати бо қонун муқарраргардидаи хизматро тибқи даъват адо накарда бошанд. Ин ҷазо ба мӯҳлати аз се моҳ то ду сол дар ҳолатҳое муқаррар карда мешавад, ки моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои содир намудани ҷиноят ба муқобили хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудаанд, инчунин дар ҳолатҳое, ки хусусияти ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор дар бораи имконияти иваз намудани маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати на бештар аз ду сол бо нигоҳ доштани маҳкум дар қисми ҳарбии интизомӣ дар ҳамин мӯҳлат далолат диҳанд.

2) Иваз кардани маҳрум сохтан аз озодиро бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба шахсе, ки қаблан ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо намудааст, манъ аст.

3) Ба хизматчиёни ҳарбии маҳкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ ношоям дониста шудаанд ё нисбати онҳо ҳолатҳои дигаре муқаррар шудаанд, ки онҳоро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ татбиқ карда намешавад.

4) Ҳангоми нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ бар ивази маҳрум сохтан аз озодӣ мӯҳлати нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробари як рӯзи нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 57. Мусодираи амвол

1) Мусодираи амвол яъне ба моликияти давлат маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтани амволе, ки моликияти маҳкумшуда мебошад.

2) Мусодираи амвол барои ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнини бо мақсади ғаразнок содиршуда муқаррар гардида, суд танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс таъин карда метавонад.

3) Амволе, ки барои маҳкумшуда ё ашхоси дар таъминоташ буда заруранд, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, мусодира намешавад.

Моддаи 58. Маҳрум сохтан аз озодӣ

1) Маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷудо кардани шахси маҳкумшуда аз ҷамъият бо роҳи дар колонияҳои ислоҳи сукунат, дар колонияҳои ислоҳи низомашон умумӣ, пурзӯр, сахт, махсус ё дар маҳбас ҷо кардани ӯ иборат аст. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ё пурзӯр бо тартиби муқаррарнамудаи фасли панҷуми Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷо карда мешаванд.

2) Маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то бист сол муқаррар мешавад.

3) Дар сурати корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё маҳдуд кардани озодиро бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз кардан, он метавонад ба мӯҳлати камтар аз шаш моҳ таъин гардад.

4) Дар сурати қисман ё пурра ҷамъ кардани мӯҳлатҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳангоми таъин намудани ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҷинояту ҳукмҳо, мӯҳлати ҳадди аксари маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз бисту панҷ сол зиёд бошад.

5) Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҷойҳои зерин таъин мешавад:

а) барои ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда ва ба мӯҳлати на зиёдтар аз панҷ сол бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

6) барои ашхосе, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, инчунин ашхосе, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ;

в) барои ашхосе, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр;

г) барои ашхосе, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва инчунин ҳангоми рецидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ҷазоро адо карда бошад - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт;

д) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми махсус;

е) ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои рецидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар маҳбас адо кардани қисми мӯҳлати ҷазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панҷ сол.

6) Ба занони ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда адои ҷазо дар колонияи ислоҳи низоми зерин таъин карда мешавад:

а) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт;

б) барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намуда - дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

в) дигар заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳрум шудаанд - дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми умумӣ.

7) Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои дигар суд метавонад бо зикри далелҳои қабули қарор низоми сабуктари адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

8) Намуди бо ҳукм таъиншудаи муассисаи ислоҳиро суд мутобиқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағьир медиҳад.

Моддаи 59. Ҷазои қатл

1) Ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми чоруми моддаи 179), ғасби гаравгон (қисми сеюми моддаи 181), ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби киштии ҳавоӣ, обӣ ё қатори роҳи оҳан (қисми сеюми моддаи 184), бандитизм (қисми якум ва сеюми моддаи 186), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (қисми сеюми моддаи 200), парвариши ғайриқонунии зироатхои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда (қисми сеюми моддаи 204) , роҳзанӣ (қисми чоруми моддаи 249), бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият (моддаи 306), таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 310), ҷанги таҷовузкорона (қисми дуюми моддаи 395), геноцид (моддаи 398), биоцид (моддаи 399), барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир шудааст (қисми дуюми моддаи 403).

2) Қатл ба зани ҳомиладор ё шахси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда таъин карда намешавад.

3) Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад.

БОБИ 10. ТАЪИНИ ҶАЗО

Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо

1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, ҷазои сазоворе дода мешавад, ки дар доираи муқаррарнамудаи Қисми махсус ва бо дарназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин мегардад.

2) Намуди ҷазои нисбатан сахттар аз ҷумлаи ҷазоҳое, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди нисбатан сабуктар ноил шудан ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад.

3) Ҳангоми таъини ҷазо суд принципи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи ҷабрдидаро аз рӯи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад.

Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд

1) Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани ҷиноят;

б) ноболиғ будани гунаҳгор;

в) ҳомиладор будан;

г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор;

д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят;

е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;

ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дасггир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;

з) таҳти таъсири таҳдид ё маҷбуркунӣ ё вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;

и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови амволи дар натиҷаи ҷиноят бадастомада;

к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кӯмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

2) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.

3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қисми якуми ҳамин модда зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.

Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки ҷазоро вазнин мекунанд

1) Ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо инҳо мебошанд:

а) такроран содир намудани ҷиноят, рецидив, ҳамчун касб содир намудани ҷиноят;

б) оқибати вазнин доштани ҷиноят;

в) бо маслиҳати пешакӣ дар ҳайати гурӯҳи ашхос, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир намудани ҷиноят;

г) нақши махсусан фаъол дар содир намудани ҷиноят;

д) ба содир намудани ҷиноят дидаю дониста ҷалб кардани ашхосе, ки гирифтори бемории рӯҳӣ мебошанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд, инчунин ашхоси хурдсол ё ноболиғ;

е) содир намудани ҷиноят бо сабаби адовати маҳалгароӣ, миллӣ ё динӣ, таассуби динӣ, қассосгирӣ барои амалҳои қонунии ашхоси дигар, инчунин бо мақсади сабук кардан ё рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар;

ж) дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор, инчунин нисбати кӯдаки хурдсол, ноболиғ, шахси дигари бепаноҳ ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунаҳгор мебошад;

з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс вобаста ба иҷрои вазифаи хизматӣ ё ҷамъиятӣ ё нисбати хешовандони наздики ӯ;

и) ҷиноят содир намудани шахс, ки бо рафтори худ савганд ё қасами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;

к) содир намудани ҷиноят бо бераҳмии махсус, шиканҷа ё азобу уқубат додани ҷабрдида;

л) содир намудани ҷиноят бо истифодаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё воситаҳои ба он монанд, воситаҳои техникии махсус тайёркардашуда, моддаҳои заҳрнок ва радиоактивӣ, дорувор ва дигар воситаҳои химиявии дорусозӣ ё бо усули барои ҷомеа хавфнок;

м) содир намудани ҷиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавқулодда, офати табиӣ ё фалокатҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми бетартибиҳои оммавӣ;

н) содир намудани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда;

о) қасдан содир намудани ҷиноят нисбати волидайн;

п) содир намудани ҷиноят бо мақсади ғаразнок ё дигар нияти нопоку паст.

2) Суд метавонад вобаста ба хусусияти ҷиноят ҳолатҳои дар бандҳои "а", "н" ва "о" зикргардидаро ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф накунад.

3) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс ба сифати нишонаи ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро суд такроран ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ба назар гирифта наметавонад.

4) Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои дар ҳамин модда зикрнагардидаро ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад.

Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст

1) Дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, рафтори ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии ҷинояти гурӯҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурӯҳ, мумкин аст ҷазо аз ҳадди поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд ё ҷазои иловагиро, ки ба сифати ҷазои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст, муқаррар накунад.

2) Ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ва ҳам маҷмӯи чунин ҳолатҳо метавонанд ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф карда шаванд.

3) Ду ва ё зиёда аз он ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо пешбинӣ гардидаанд, ба шарте, ки онҳо дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда ва шахсияти содирнамудаи онро хеле кам карда бошанд низ ҳамчун ҳолатҳои мустасно эътироф карда шуда метавонанд.

Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти нотамом ҳолатҳое ба назар гирифта мешаванд, ки бо сабаби онҳо ҷиноят то ба охир расонида нашудааст.

2) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои тайёрӣ ба ҷиноят аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.

3) Мӯҳлат ё андозаи ҷазо барои сӯиқасди ҷиноят аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксар ё андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад.

4) Барои тайёрӣ ба ҷиноят ва қасди содир кардани ҷиноят ҷазои қатл таъин карда намешавад.

Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии шахс дар содир намудани он, аҳамияти ин иштирок дар муваффақ шудан ба ҷиноят, таъсири ӯ ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё зарари имконпазир ба назар гирифта мешавад.

2) Ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон ҳангоми таъин намудани ҷазо танҳо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад.

Моддаи 66. Таъини ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо

1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо дар ҳолати рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо шумора, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои қаблан содиршуда, ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо таъсири ислоҳкунии ҷазои қаблӣ нокифоя буд, инчунин хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.

2) Мӯҳлати ҷазо дар ҳолати рецидиви ҷиноятҳо аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, дар ҳолати рецидиви хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз се ду ҳисса ва дар ҳолати рецидиви махсусан хавфноки ҷиноятҳо - на камтар аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ гардидааст, буда наметавонад.

3) Агар дар моддаи (қисми моддаи) Қисми махсуси ҳамин Кодекс ҳолат рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфнок ҳамчун аломати таснифкунанда ишора гардида бошад, дар ин маврид ҷазо барои ҷинояти содир намуда бидуни дарназардошти қоидаҳои пешбинӣ намудаи қисми дуюми ҳамин модда таъин карда мешавад.

Моддаи 67. Таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо

1) Дар сурати содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо суд барои ҳар ҷиноят алоҳида ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) таъин намуда, бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоиро муайян менамояд.

2) Агар маҷмӯи ҷиноятҳо танҳо ҷиноятҳои начандон вазнинро дар бар гирифта бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнинтар ва ё бо роҳи пурра ё қисман зам кардани ҷазоҳо таъин карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷазои ниҳоӣ ҳангоми зам кардан набояд аз мӯҳлат ва андозаи ҷазои болоие, ки барои содир намудани ҷинояти нисбатан вазнинтар, аз ҷумлаи ҷиноятҳои содиршуда пешбинӣ гардидааст, сахттар бошад.

3) Агар маҷмӯи ҷиноятҳо танҳо аз ҷиноятҳои дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин иборат бошад, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳо таъин карда мешавад. Дар айни замон ҷазои ниҳоӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ набояд аз бисту панҷ сол зиёдтар бошад.

4) Ба ҷазои асосии барои маҷмӯи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие хамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмӯи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Ҷазои ниҳоии иловагӣ дар ҳолати пурра ё қисман зам кардан набояд аз мӯҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намуди ҷазо муқаррар гардидааст, зиёдтар бошад.

5) Агар пас аз баровардаии ҳукм аз рӯи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рӯи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо қоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои аз рӯи ҳукми аввали суд адогардида ба мӯҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 68. Таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо

1) Агар маҳкумшуда пас аз баровардани ҳукм, вале то адои пурраи ҷазо ҷинояти нав содир карда бошад, суд ҷазоеро, ки аз рӯи ҳукми пештара то охир адо нашудааст пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда зам мекунад.

2) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо, дар ҳолате, ки агар он бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набошад, аз мӯҳлат ва андозаи баландтарине, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намудҳои ҷазо муқаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад.

3) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ метавонад аз мӯҳлати баландтарини ҷазое, ки дар ҳамин Кодекс барои ҷиноят аз рӯи ҳукми охир пешбинӣ шудааст, баландтар бошад, вале на зиёда аз бисту панҷ солро ташкил кунад.

4) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо бояд ҳам аз ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ва ҳам аз қисми то охир адонашудаи ҷазо аз рӯи ҳукми пештараи суд зиёдтар бошад.

5) Ба ҷазои асосӣ ҳамроҳ кардани ҷазоҳои иловагии аз рӯи ҳукми пештара иҷронашуда мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 67 ҳамин Кодекс сурат мегирад.

Моддаи 69. Тартиби муайяни ҷазо ҳангоми зам кардани он

1) Дар ҳолати қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳо аз рӯи маҷмӯи ҷиноят ё маҷмӯи ҳукмҳо як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ баробар аст ба:

а) як рӯзи ҳабс ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

6) ду рӯзи маҳдуд кардани озодӣ;

в) се рӯзи корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

2) Ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум сохтан аз рутбаи махсус, рутбаи ҳарбӣ, рутбаи дараҷавӣ ва мукофотҳои давлатӣ, инчунин мусодираи амвол ҳангоми бо маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ зам шуданашон мустақилона иҷро мешаванд.

Моддаи 70. Ҳисоб кардани мӯҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо

1) Мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳи меҳнатӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ бо моҳ ва сол ҳисоб карда мешаванд.

2) Ҳангоми иваз ё зам кардани ҷазоҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, инчунин ҳангоми ба ҳисоб гирифтани ҷазо, мӯҳлатро бо шабонарӯз ҳисоб кардан мумкин аст.

3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар шакли ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳукуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд.

4) То эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар ҳабс нигоҳ доштан ба мӯҳлати ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ба ҳисоби як рӯз баробари як рӯз, дар шакли маҳдуд кардани озодӣ - як рӯз баробари ду рӯз, корҳои ислоҳи меҳнатӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ - як рӯз баробари се рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад.

5) То эътибори қонунӣ пайдо кардани хукм дар ҳабс нигоҳ доштан ё адои ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, ки бо ҳукми суд барои ҷинояти дар хориҷа содирнамуда таъин шудааст, дар ҳолати мутобиқи моддаи 15 ҳамин Кодекс супурда шудани шахс, як рӯз баробари як рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад.

б) Вақте, ки дар давоми он нисбати шахси пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемории рӯҳӣ гардида чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ истифода шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани ҷазо

1) Агар суд ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ, махдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд.

2) Ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, маълумот дар бораи шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуку вазнинкунандаро ба назар мегирад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, инчунин нисбати шахсе, ки ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудааст, роҳ дода намешавад.

3) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо суд мӯҳлати санҷиш муқаррар менамояд, ки дар давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад. Мӯҳлати санҷиш бо давомнокии аз як то панҷ сол таъин гардида, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

4) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо мумкин аст ҷазоҳои иловагӣ, ба истиснои мусодираи амвол, таъин карда шаванд.

5) Суд дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намуда, метавонад иҷрои вазифаҳои муайяни зеринро ба зиммаи маҳкумшуда гузорад: дар мӯҳлати муайян зарари расонидаро барқарор намудан, иваз накардани истиқоматгоҳи доимӣ, ҷои кор ё таҳсил бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафтан, ба кор ё таҳсил дохил шудан, даври муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ ё касалиҳои зуҳравӣ тамом кардан, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани оила.

6) Агар маҳкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мӯҳлати санҷиш бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти ба рафтори маҳкумшуда назораткунанда метавонад дар хусуси бекор кардани маҳкумӣ ва бардоштани доғи судӣ қарор қабул намояд.

7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо якчанд маротиба ба қонуншиканиҳо роҳ дода барои содир намудани онҳо ба ӯ ҷазои маъмурӣ таъин шуда бошад ё қасдан аз ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркашӣ намояд суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми шашуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумшавӣ ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад.

8) Агар маҳкумшуда дар давоми мӯҳлати санҷиш ҷинояти нав содир намояд, суд шартан татбиқ накардани ҷазоро бекор намуда, мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ҷазо таъин мекунад.

9) Ба рафтори маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ шартан ҷазо таъин карда шудааст - мақоми ваколатдори давлатӣ, ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ бошад - фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд.

ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗО

БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 72. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдораш

1) Шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин содир кардааст, агар пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шавад, ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад, зарари расонидаашро талофӣ намоад ё ба тариқи дигар зиёни овардаашро ислоҳ кунад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.

2) Шахсе, ки категорияи дигари ҷиноятро содир намудааст, дар ҳолати мавҷуд будани шароити дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида, танҳо дар ҳолатҳое, ки махсус дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 73. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида

Агар шахси ҷинояти начандон вазнин содирнамуда бо ҷабрдида оштӣ шуда, зарари ба ҷабрдида расонидаашро талофӣ карда бошад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.

Моддаи 74. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағьир ёфтани вазъият

Шахси бори аввал содиркардаи ҷинояти начандон вазнин мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар муқаррар гардад, ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва ё кирдори содирнамудаи ӯ дигар барои ҷамъият хавфнок нест.

Моддаи 75. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан

1) Агар аз рӯзи содир шудани ҷиноят мӯҳлати зерин гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад:

а) ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;

б) шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;

в) даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;

г) понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин.

2) Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир шудани ҷиноят то рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.

3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қать нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

4) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикрёфта шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурӯъ гардида, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад.

5) Масъалаи истифодаи мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба ӯ ҷазои қатл таъин карда намешавад.

6) Нисбати ашхосе, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир намудаанд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан истифода карда намешавад.

БОБИ 12. ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАЗО

Моддаи 76. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан

1) Шахсе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо карда истодааст, агар ӯ бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ислоҳ шудани худро исбот кунад, суд метавонад ӯро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё қисман аз ҷазои иловагӣ озод намудан мумкин аст.

2) Суд шахсро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда, метавонад ба зиммааш ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 71 ҳамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд дар давоми қисми адонашудаи ҷазо онҳоро иҷро кунад.

3) Шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда танҳо дар мавриди мӯҳлати зеринро адо намудани ӯ имконпазир аст:

а) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин гардидааст;

б) на камтар аз се ду қисми ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз чор се ҳиссаи мӯҳлати адои ҷазои барои ҷинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин ҷазое, ки ба шахси қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан тибқи асосҳои дар қисми шашуми ҳамин модда пешбигардида бекор карда шуда бошад.

4) Мӯҳлати ҷазои воқеан адонамудаи шахс дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз шаш моҳ камтар буда наметавонад.

5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, мақоми давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд.

6) Агар дар давоми мӯҳлати боқимондаи ҷазои адонашуда:

а) маҳкумшуда якчанд маротиба қонуншиканӣ карда бошад, барои онҳо танбеҳи маъмурӣ гирифта бошад ё аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ҳангоми шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба зиммааш гузоштааст, қасдан саркашӣ намояд, суд бо дархости мақомоти дар қисми панҷуми ҳамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми ҷазои адонашуда қарор қабул мекунад;

б) маҳкумшуда ҷиноят содир намояд, суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ба ӯ ҷазо таъин мекунад.

7) Ашхоси зайл дар ҳолатҳои зерин шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда намешаванд:

а) шахсе, ки ҷазои қатл нисбати ӯ ба тариқи бахшиши ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

г) шахсе, ки барои ҷиноятҳои муқобили сулҳу амнияти башар маҳкум карда шудааст.

Моддаи 77. Ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо

1) Ба шахсе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунад, суд бо дарназардошти рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо, қисми адонашудаи ҷазоро бо намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда метавонад. Дар айни замон шахс метавонад пурра ё қисман аз намуди ҷазои иловагӣ озод карда шавад.

2) Суд қисми адонашудаи маҳрум сохтан аз озодиро бо ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ва қисми адонашудаи маҳдуд кардани озодиро бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ иваз карда метавонад. Дар ин ҳолат ҷазои нисбатан сабуктар дар доираи мӯҳлати дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ин намуди ҷазо муқарраргардида таъин гардида, он набояд аз мӯҳлати ҷазои адонашудае, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст, зиёдтар бошад.

3) Дар ҳолати бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазои асосӣ маҳкумшуда метавонад инчунин аз ҷазои иловагӣ низ озод карда шавад.

4) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани ҷазо пас аз воқеан мӯҳлати зеринро адо намудани маҳкумшуда татбиқ шуда метавонад:

а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки суд барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна таъин кардааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки суд барои ҷинояти вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунад;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки суд барои ҷинояти махсусан вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод кардан, ё ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кардааст.

5) Ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, мумкин аст мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шаванд.

6) Агар шахс ҳангоми адои ҷазои нисбатан сабуктар ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидахои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми адонашудаи ҷазои сабуктарро ба ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ҳамроҳ мекунад.

7) Қисми ҷазои адонакардаи ашхоси дар қисми ҳафтуми моддаи 76 ҳамин Кодекс номбаршуда бо ҷазои нисбатан сабук иваз карда намешавад.

Моддаи 78. Аз адои ҷазо озод намудани занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то синни сесола доранд

1) Занони ҳомиладори маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни сесоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум гардидаанд, суд метавонад дар доираи мӯҳлате, ки тибқи қонунҳои амалкунанда занро бо сабаби ҳомиладорӣ, таваллуд ва то сесола шудани кӯдак аз кор озод кардан мумкин аст, аз адои ҷазо озод намояд.

2) Зани маҳкумшудае аз адои ҷазо озод карда мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ӯ зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият доранд.

3) Агар зани маҳкумшудаи аз адои ҷазо озодгардида аз кӯдак даст кашад ё ӯро ба ятимхона супорад, аз маҳалли сукунат ғайб зада бошад ё аз тарбияи кӯдак ва нигоҳубини ӯ саркашӣ намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус мақоми ба ӯ назораткунанда зиёда аз ду маротиба ӯро хаттӣ огоҳ карда бошад, суд метавонад зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад.

4) Пас аз сесола шудани кӯдак ё дар ҳолати вафот кардани ӯ, суд вобаста ба рафтори зани маҳкумшуда метавонад ӯро аз адои ҷазо озод кунад ё онро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд ва ё зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. Дар ин ҳолат суд метавонад вақтеро, ки дар давоми он зани маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро адо накарда аст, пурра ё қисман ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирад.

5) Агар зани маҳкумшуда дар давраи аз адои мӯҳлати ҷазо озод шуданаш ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин мекунад.

Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан

1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда, имконияти дарки воқеии амалҳои худ ва идора кардани онҳоро аз даст додааст, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.

2) Шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки монеи адои ҷазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани ҷазо озод кунад ё ин ҷазоро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, хусусияти беморӣ ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

3) Хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми харбии интизомӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати мубталои беморие шуданашон, ки дар натиҷаи он барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. Ҳамчунин қисми адонашудаи ҷазо мумкин аст ба ҷазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

4) Ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, дар ҳолати шифо ёфтанашон, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки дар моддаҳои 75 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, нагузашта бошад, бояд ҷазо дода шаванд. Дар айни замон вақте, ки дар давоми он нисбати онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ андешида шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 80. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда

Шахсе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин маҳкум шудааст мумкин аст аз ҷазо озод карда шавад, агар ҷазоро адо намуданаш дар натиҷаи сӯхтор ё офати табиӣ, бемории вазнин ё фавти ягона узви қобили меҳнати оила ё ҳолатҳои дигари фавқулодда метавонад барои маҳкумшуда боиси оқибатҳои хеле вазнин гардад.

Моддаи 81. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ

1) Агар хукми айбдоркунӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо карданаш дар мӯҳлати зерин ба иҷро расонида нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад:

а) ду сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти начандон вазнин;

б) шаш сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти дараҷаи миёна;

в) даҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти вазнин;

г) понздаҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти махсусан вазнин.

2) Агар маҳкумшуда аз адои ҷазо саркашӣ кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати иҷрои ҳукм аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор мешавад. Дар айни замон, агар аз вақти баровардани ҳукм бист сол гузашта, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ нашуда бошад, ҳукми айбдоркунӣ ба иҷро расонида намешавад.

3) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикргардида шахс қасдан ҷинояти нав содир кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ мегардад. Дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати иҷрои ҳукм аз сари нав аз рӯзи содир намудани ҷинояти нав шурӯъ мешавад.

4) Масъалаи нисбати шахси ба ҷазои қатл маҳкумшуда татбиқ намудани мӯҳлати иҷрои ҳукмро суд ҳал мекунад. Агар суд татбиқи мӯҳлати иҷрои ҳукмро имконнопазир донад, ин намуди ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад.

5) Нисбати ашхосе, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад.

БОБИ 13. АВФ. БАХШИШИ ҶАЗО. ДОҒИ СУДӢ. САФЕДКУНӢ

Моддаи 82. Авфи умумӣ

1) Авфи умумиро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни ашхос эълон мекунад.

2) Бо санади авфи умуми шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

3) Санади авфи умумӣ ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

Моддаи 83.Бахшиши ҷазо

1) Бахшиши ҷазо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахси муайян татбиқ мегардад.

2) Бо санади бахшиши ҷазо шахси барои ҷиноят маҳкумшуда метавонад ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

Эзоҳ ба моддаҳои 82 ва 83: Татбиқи санадҳои авфи умумӣ ва бахшиши ҷазо барои ҳуқуқи ҷабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда монеъ шуда наметавонад.

Моддаи 84. Доғи судӣ

1) Шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудааст, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ то рӯзи барҳам додан ё бардоштани доғи судӣ маҳкумшуда ҳисоб мешавад. Доғи судӣ мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳолати рецидив ва ҳангоми таъини ҷазо ба назар гирифта мешавад.

2) Шахсе, ки аз ҷазо озод карда шудааст, доғи судӣ надорад.

3) Доғи судӣ дар мӯҳлати зерин барҳам дода мешавад:

а) нисбати ашхоси шартан маҳкумшуда - баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш;

б) нисбати ашхосе, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаандбо гузаштани як сол пас аз тамом кардани мӯҳлати таъиншудаи ҷазо;

в) нисбати ашхосе, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо;

г) нисбати ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо.

4) Агар суд муқаррар намояд, ки маҳкумшуда ислоҳ шудааст ва барои доғи судидошта донистани ӯ зарурат нест, суд метавонад баъди гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо доғи судии шахси барои ҷинояти махсусан вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо бардорад.

5) Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.

6) Агар шахс то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

7) Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани мӯҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин мӯҳлат бекор кунад.

8) Барҳам додан ё бардоштани доғи судӣ тамоми оқибатҳои марбут ба доғи судиро беэътибор мегардонад.

Моддаи 85. Сафедкунӣ

1) Шахсе, ки ҷиноят содир накарда, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ё ғайриқонунӣ маҳкум гардидааст, бояд сафед карда шавад, яъне суд далели беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ғайриқонунӣ маҳкум шудани ӯро эътироф намояд.

2) Ҳамаи ҳуқуқҳои шахси сафедкардашуда пурра барқарор карда, аз ӯ ё дар ҳолати зарурӣ аз хешовандони ӯ аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар ҳолати ба нашр мухолиф набудани ӯ ё хешовандонаш, дар матбуоти маҳалли зисти шахси сафед- кардашуда ба табъ расонида мешавад.

3) Зарареро, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан ё ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданаш расонида шудааст, давлат пурра талофӣ менамояд.

ФАСЛИ V. ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТИИ НОБОЛИҒОН

БОБИ 14. ХУСУСИЯТҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ВА ҶАЗОДИҲИИ НОБОЛИҒОН

Моддаи 86. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон

1) Ашхосе ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд.

2) Ба ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, мумкин аст ҷазо ё чораҳои маҷбуркунӣ дорои хусусияти тарбиявӣ дошта таъин карда шаванд.

Моддаи 87. Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд

1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд аз инҳо иборатанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) корҳои ислоҳи меҳнатӣ;

г) ҳабс;

д) маҳрум сохтан аз озодӣ.

2) Ҷарима танҳо дар сурате таъин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё амволе дошта бошад, ки ба он ҷарима андохтан мумкин аст. Ҷарима ба андозаи то сад маоши ҳадди ақал таъин карда мешавад.

3) Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболиғон ба мӯҳлати аз як то ду сол таъин карда мешавад.

4) Корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба ноболиғон дар ҷои корашон ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол таъин карда мешаванд. Дар айни замон аз понздаҳ то сӣ фоизи музди меҳнати маҳкумшудагон ба ҳисоби даромади давлат нигоҳ дошта мешавад.

5) Ҳабси ноболиғони ҷинси марде, ки дар рӯзи баровардани ҳукм ба синни шонздаҳсолагӣ расидаанд, ба мӯҳлати аз як то чор моҳ таъин карда мешавад.

6) Аз озодӣ маҳрум сохтани ноболиғон ба мӯҳлати зерин таъин карда мешавад:

а) ноболиғоне, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то ду сол;

б) ноболиғоне, ки ҷинояти дараҷаи миёна содир намудаанд - ба мӯҳлати то се сол;

в) ноболиғоне, ки дар синни то шонздаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то ҳафт сол;

г) ноболиғоне, ки дар синни аз шонздаҳсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то даҳ сол.

7) Маҳрум сохтан аз озодиро ноболиғон дар ҷойҳои зерин адо мекунанд:

а) ноболиғони ҷинси марде, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ноболиғони ҷинси зан - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ;

б) ноболиғони ҷинси марде, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд - дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзӯр.

Моддаи 88. Таъин намудани ҷазо ба ноболиғон

1) Ҳангоми ба ноболиғ таъин намудани ҷазо, ба ғайр аз ҳолатҳои дар моддаи 60 ҳамин Кодекс пешбинигардида, инчунин шароити зиндагӣ ва тарбияи ӯ, дараҷаи инкишофи рӯҳӣ, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои дигари шахсӣ, инчунин таъсири ашхоси дигар ба назар гирифта мешавад.

2) Мӯҳлати маҳрум сохтани аз озодӣ барои ашхосе, ки дар синни то шонздаҳсолагӣ ҷинояти дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, дар маҷмӯъ аз даҳ сол зиёд буда наметавонад.

3) Мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ашхосе, ки дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсолагӣ ҷинояти миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, дар маҷмӯъ аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад.

4) Ҷазои ниҳоӣ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ мумкин аст ба мӯҳлати на зиёда аз понздаҳ сол таъин карда шавад.

Моддаи 89. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо истифодаи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта

1) Агар ҳисоб карда шавад, ки ислоҳи ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин содирнамуда бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта имконпазир аст, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан мумкин аст.

2) Ба ноболиғ чунин чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин кардан мумкин аст:

а) огоҳ кардан;

б) ба назорати волидайн, ашхоси онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан;

в) ба зимма гузоштани ӯҳдадории барқарор кардани зарари расонидашуда;

г) маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.

3) Ба ноболиғ мумкин аст ҳамзамон якчанд чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шавад. Давомнокии мӯҳлати татбиқи чораҳои маҷбурии таъсиррасонии тарбиявиро, ки дар бандҳои "б" ва "г" қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, мақоми таъиннамудаи ин чораҳо муқаррар менамояд.

4) Дар ҳолати мунтазам аз чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта саркашӣ намудани ноболиғ, он бо дархости мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон бекор карда шуда, мавод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ноболиғ мувофиқи қонун ба мақоми дахлдор фиристода мешавад.

Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон

1) Суд метавонад ноболиғи барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкумшударо аз ҷазо озод кунад, агар ҳисоб карда шавад, ки ноил шудан ба мақсади ҷазо бо роҳи дар муассисаи махсуси таълимию тарбиявӣ ё муассисаи табобатию тарбиявӣ барои ноболиғон ҷо кардани ӯ имконпазир аст.

2) Дар муассисаи махсуси таълимию тарбиявӣ ё муассисаи табобатию тарбиявӣ ҷо кардани ноболиғро суд ба мӯҳлати то се сол, вале на зиёдтар аз фаро расидани балоғат таъин менамояд.

3) Агар тибқи хулосаи мақоми давлатии кор бо ноболиғон шахс ба татбиқи минбаъдаи ин чора эҳтиёҷ надошта бошад, дар муассисаҳои номбурда қарор доштани ноболиғ метавонад пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.

Моддаи 91. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудани ноболиғон

1) Ашхосе, ки дар синну соли ноболиғӣ ҷиноят содир намуда, ба корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз воқеан адо намудани мӯҳлати зерин метавонанд шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шаванд:

а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст.

Моддаи 92. Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани ҷазо

1) Ба шахсе, ки барои ҷинояти дар синни то ҳаждаҳсолагӣ содирнамудааш бо маҳрум сохтан аз озодӣ ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ маҳкум шудааст, қисми адонакардаи ҷазо мумкин аст бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

2) Дар ҳолати иҷро намудани низоме, ки барои намуди ҷазои дар қисми якуми ҳамин модда номбаршуда муқаррар гардидааст ва ба меҳнат ё таълим софдилона муносибат кардан, ҷазои маҳкумшударо ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардан мумкин аст.

3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани қисми мӯҳлати адонашудаи ҷазо дар ҳолати воқеан адо намудани мӯҳлати зерин имконпазир аст:

а) на камтар аз чорьяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз нисфи мӯҳлати ҷазое, ки барои ҷинояти махсусан вазнин таъин шудааст, инчунин барои ҷинояти қасдона, агар шахс қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ иваз кардани қисми адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ, онҳо дар доираи мӯҳлатҳои барои ин намуди ҷазо муқарраргардида таъин шуда, набояд аз мӯҳлати адонашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ зиёдтар бошанд.

5) Ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, пас аз адо намудани қисми дахлдори ҷазои нисбатан сабуктари мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 91 ҳамин Кодекс пешбинигардида метавонанд шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шаванд.

6) Агар шахсе, ки ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаҳои 68 ва 88 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин менамояд.

Моддаи 93. Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукм

Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва иҷрои ҳукми дар моддаҳои 75 ва 81 ҳамин Кодекс пешбинигардида ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои мӯҳлати ҷазо озод намудани ноболиғон ду баробар ихтисор карда мешавад.

Моддаи 94. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ

Барои ашхосе, ки то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати дар қисми сеюми моддаи 84 ҳамин Кодекс пешбинигардидаи барҳам додани доғи судӣ ихтисор гардида, мутобиқан баробар аст ба:

а) як сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна;

б) се сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти вазнин;

в) панҷ сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти махсусан вазнин.

Моддаи 95. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб нисбати ашхоси аз ҳаждаҳ то бистсола

Дар ҳолатҳои истисно, бо дарназардошти кирдори содиршуда ва шахсият, суд метавонад нисбат ба ашхосе, ки дар синни аз ҳаждаҳсолагӣ то бистсолагӣ ҷиноят содир намудаанд, муқаррароти ҳамин бобро татбиқ намояд, ба ғайр аз дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ барои ноболиғон ҷойгир кардани онҳо.

ФАСЛИ VI. ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ

БОБИ 15. МАҚСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАН ВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ

Моддаи 96. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Мақсад аз татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ - ин муолиҷаи ашхосе, ки дар қисми аввали моддаи 97 ҳамин Кодекс зикргардида ё беҳбуди ҳолати рӯҳии онҳо, инчунин пешгирии кирдорҳои наве, ки метавонад аз ҷониби онҳо содир шавад ва дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, иборат мебошад.

Моддаи 97. Асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1) Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба ашхоси зерин таъин намояд, ки кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дар ҳолатҳои зерин содир намудаанд;

а) дар ҳолати номукаллафӣ;

б) пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемориҳои рӯҳие гардидаанд, ки таъин ё татбиқи ҷазоро имконнопазир месозанд;

в) дар ҳолати ҷой доштани мукаллафии маҳдуд;

г) ҷиноят содир намуда, мӯҳтоҷи табобат аз майзадагӣ, нашъамандӣ ва токсикомания мебошанд.

2) Тартиби ба иҷро расонидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3) Нисбати ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки кирдори начандон вазнин содир намудаанд, инчунин ашхосе, ки аз рӯи ҳолати рӯҳиашон хавфе надоранд, суд метавонад барои ҳалли масъалаи табобат ё ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳу асаб фиристодани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ маводи заруриро ба мақомоти тандурустӣ ирсол намояд.

Моддаи 98. Намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1) Суд намудҳои зерини чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин карда метавонад:

а) назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ (психиатр);

б) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ;

в) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ;

г) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат.

2) Ба ашхосе, ки барои дар ҳолати мукаллафӣ содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҳкум шудаанд, вале ба табобати майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ва ё бемориҳои рӯҳии мукаллафиро истиснонакунанда эҳтиёҷ доранд, суд дар баробари ҷазо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобатро дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ таъин карда метавонад.

Моддаи 99. Таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар шахс тибқи ҳолати рӯҳии худ барои ҷойгиркунӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёҷ надошта бошад, мумкин аст назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.

2) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар хусусият ва вазнинии бемории рӯҳии шахс чунин шароити табобат, нигоҳубин, нигоҳдорӣ ва назоратро талаб кунад, ки танҳо дар шароити шифохона имконпазир бошад, метавонад табобати маҷбурӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.

3) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ танҳо ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ ба ҷой кардан дар шифохона эҳтиёҷ дорад, вале назорати шадидро талаб намекунад.

4) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ назорати доимиро талаб мекунад.

5) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати шадид метавонад ба шахсе таъин карда шавад, ки аз рӯи ҳолати рӯҳиаш барои худ ва ашхоси дигар махсусан хавфнок буда, назорати доимию шадидро талаб мекунад.

Моддаи 100. Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

1) Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.

2) Дар ҳолати ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ эҳтиёҷ надоштани шахси рӯҳан бемор, инчунин дар ҳолати бекор карда шудани онҳо суд метавонад чунин шахсро барои ҳалли масъалаи тибқи асосҳои умумӣ табобат кардан ба мақомоти тандурустӣ супорад ё ба муассисаи таъминоти иҷтимоӣ фиристад ё ин ки ӯро бо шарти назорати ҳатмии духтурон ба парастории хешовандон ё васиён диҳад.

Моддаи 101. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбати ашхоси гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ ё токсикомания

1) Дар ҳолати ҷиноят содир намудани ашхоси гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ ё токсикомания суд дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ метавонад дар баробари ҷазо ба онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро низ таъин намояд.

2) Ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба намуди ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда маҳкум шудаанд, бояд дар муассисаҳои тиббӣ маҷбуран табобат карда шаванд.

3) Ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҳабс маҳкум шудаанд, бояд дар маҳалли адои ҷазо ва пас аз озод шуданашон, дар ҳолати ҷой доштани зарурат барои идома додани табобат, тибқи асосҳои умумӣ дар муассисаҳои тиббӣ табобат карда шаванд.

Моддаи 102. Ба ҳисоб гарифтани вақти татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Мӯҳлате, ки дар давоми он ба шахси пас аз содир намудани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудаанд, дар ҳолати шифо ёфтани ӯ ва таъин шудани ҷазо ё барқарор намудани татбиқи он, ба ҳисоби як рӯзи дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ баробар ба як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 103. Табобати маҷбурӣ якҷоя бо татбиқи ҷазо

1) Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 98 ҳамин Кодекс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар маҳалли адо намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати ашхоси ба намудҳои дигари ҷазо маҳкумшуда бошад дар муассисаҳои мақомоти тиббие ба иҷро расонида мешаванд, ки ба беморони рӯҳӣ кӯмаки амбулатории психиатрӣ мерасонанд.

2) Дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ суд метавонад чунин шахсро ҷиҳати табобат ба шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаи дигари табобатӣ фиристад , агар ин ба ҳолати рӯҳии маҳкумшуда асос ёфта, ба манфиати табобат бошад.

3) Вақти табобат дар муассисаҳои нобурда ба мӯҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати аз байн рафтани зарурати табобати маҳкумшуда дар муассисаҳои номбурда, ӯ бо қарори суд мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми чоруми ҳамин модда, барои адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо фиристода мешавад.

4) Чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии якҷоя бо иҷрои ҷазо таъингардидаро суд бо пешниҳоди мақомоти татбиқкунандаи ҷазо, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ, қатъ мекунад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ VII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ШАХСИЯТ

БОБИ 16. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲАЁТ ВА САЛОМАТӢ

Моддаи 104. Одамкушӣ

1) Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Куштани:

а) ду шахс ё бештар аз он;

б) шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ;

в) кӯдаки хурдсол ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст;

г) марбут ба одамдуздӣ ё гаравгонгирӣ;

д) зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст;

е) одам бо бераҳмии махсус;

ж) одам бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок;

з) одам бо истифодаи яроқи оташфшион, техникаи ҷангӣ ё моддаҳои тарканда;

и) одам аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

к) одам бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ ё бандитизм;

л) одам аз ҳиссиёти авбошӣ;

м) одам бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

н) одам бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;

о) одам бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

п) одам аз ҷониби корманди мақоми ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчии ҳарбӣ;

р) одам дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок ё шахси қаблан одамкушикарда, ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106, 107 ва 108 ҳамин Кодекс,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 105. Кӯдаки навзоди худро куштани модар

Ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати харобии асаби бо сабаби таваллуд бавуҷудомада ё дар ҳолати харобии рӯҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад, барои кӯдаки навзоди худро куштани модар,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 106. Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ

1) Одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон бо сабаби зӯроварӣ, таҳқир, ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари ғайриқонунӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами ғайриқонунӣ ё рафтории бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Дар ҳолати ҷунун куштани ду ё бештар ашхос,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 107. Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати аз андоза гузаронидани чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд

1) Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Одамкушӣ дар ҳолати аз андоза гузаронидани чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 108. Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан

1) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан дар натиҷаи вазифаи касбии худро дуруст иҷро накардани шахс, инчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду ва ё зиёда ашхос,

бо махдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машӯул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ва ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан

1) Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе,ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

1) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё аз кор мондани ин узв ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рӯй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст ё гунаҳгор баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории рӯҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар он:

а) нисбати ду ва ё зиёда ашхос;

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ;

в) нисбати шахси хурдсол, ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати нотавонӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст;

г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;

д) нисбати зане, ки ҳомиладориаш барои гунаҳгор аён аст ё худ боиси қатъи ҳомиладории ӯ гардидааст;

е) бо бераҳмии махсус;

ж) бо усули барои мардуми зиёд хавфнок;

з) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

и) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

к) бо мақсадҳои ғаразнок ё бо кирояи зархаридон, марбут ба ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ё бандитизм;

л) бо ҳиссиёти авбошона;

м) бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;

н) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;

о) бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;

п) такроран ё аз ҷониби ашхоси қаблан барои одамкушӣ маҳкумшуда содир гардидааст, ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107,108 ҳамин Кодекс,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ва мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир гардида бошанд;

в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ва мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 111. Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок набуда ва оқибатҳои дар моддаи 110 ҳамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тӯлонии саломатӣ ё ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда ашхос;

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

г) бо бераҳмии махсус;

д) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;

е) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ;

ж) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан содирнамудаи ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё одамкушии пешбининамудаи моддаҳоии 104 ва 110 ҳамин Кодекс содир гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 112. Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ

Расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мӯҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст,

бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 113. Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (ҷунун), ки ногаҳон дар асари зӯроварӣ, таҳқир ё дашноми қабеҳ ё рафтори дигари ғайриқонунӣ ё бадахлоқонаи ҷабрдида, инчунин дар ҳолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби кирдори мунтазами ғайриқонунӣ ё рафтори бадахлоқонаи ҷабрдида ба вуҷуд омадааст,

 бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикргардвда содир шудааст,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 114. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳолати баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 115. Қасдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ дар ҳолати аз андоза гузаронидани чораҳои зарурӣ ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда

1) Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати аз андоза гузаронидани чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси содирнамудаи ҷиноят дар ҳолати аз андоза гузаронидани чораҳое, ки барои дастгир кардани ӯ заруранд,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 116. Лату кӯб

Лату кӯб ё содир намудани кирдори дигари зӯроварӣ, ки дарди ҷисмонӣ расонидаанд, вале боиси оқибатҳои дар моддаи 112 ҳамин Кодекс зикршуда нагардидаанд,

бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 117. Азобу уқубат

1) Азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ бо роҳи лату кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ, агар он боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111 ҳамин Кодекс зикршуда нагардида бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда ашхос;

б) нисбати шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро намудани ӯ;

в) нисбати хурдсол ё ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, инчунин шахси дуздидашуда ё гаравгон гирифташуда;

г) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст;

д) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ва гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

е) аз рӯи кирояи зархаридон;

ж) бо роҳи шиканҷа ё бераҳмона;

з) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 118. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда ашхос,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 119. Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ

1) Аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то чорсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои касбии худро ба таври лозимӣ иҷро накардани шахс содир шудааст ё аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатии ду ё зиёда ашхос,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 120. Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар барои амалӣ гаштани ин таҳдид асоси тарсу ҳарос мавҷуд бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 121. Вайрон кардани қоидаҳои ҷарроҳии трансплантация

1) Вайрон кардани шарту тартиби бурида гирифтани аъзо ё бофтаҳои бадани инсон ё шарту тартиби дар қонун пешбинигардидаи трансплантация, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии донор ё реципиент гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 122. Ба доноршавӣ маҷбур кардан

1) Ба доноршавӣ маҷбур кардан бо мақсади гирифтани узв ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантация,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зӯроварӣ;

б) нисбати шахсе, ки нотавонии ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахси таҳти вобастагии моддӣ ё тобеияти дигари гунаҳгор қарордошта;

в) нисбати шахси баръало хурдсол ё ноболиғ;

г) нисбати ду ё зиёда ашхос содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки аз ҷониби:

а) гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) гурӯҳи муташаккил содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 123. Исқоти ғайриқонунии ҳамл (аборт)

1) Исқоти ғайриқонунии ҳамл аз ҷониби шахси дорои маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Амалҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ӯ гардида бошанд,

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 124. Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан

Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан, агар дар натиҷа исқоти ҳамл ба амал бароварда шавад,

 бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 125. Сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ

1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо инфекцияи ВИЧ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:

а) нисбати ду ё зиёда ашхос;

б) нисбати шахси баръало хурдсол ё ноболиғ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зӯҳравӣ

1) Бо касалии зӯҳравӣ сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист,

бо ҷарима ба андозаи панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати ду ё зиёда ашхос;

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 127. Дар хатар монондан

1) Дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонад ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш шахсан ӯро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштааст,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси марги одамон;

б) дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 128. Ёрӣ нарасонидан ба бемор

1) Бидуни сабабҳои узрнок ёрӣ нарасондан ба бемор аз ҷониби шахсе, ки вазифадор буд мутобиқи қонун ё қоидаҳои махсус ёрӣ расонад ва он аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии бемор расонидани зарари вазнин ё миёна гардидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги бемор шуда бошад ё ба саломатӣ зарари вазнин расонда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати се сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

Моддаи 129. Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ

1) Иҷро накардан ё номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэҳтиётӣ ба саломатии бемор зарари вазнин ё миёна расонида шудааст,

бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар он бинобар беэҳтиётӣ боиси марги бемор ё мубталои сирояти инфекцияи ВИЧ гардидани бемор шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ:

а) боиси марги одамон;

б) дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 17. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДӢ, ОБРӯ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ

Моддаи 130. Одамдуздӣ

1) Одамдуздӣ,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ:

б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 131 ҳамин Кодексро содир кардааст;

в) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок;

г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало хурдсол ё ноболиғ;

е) нисбати зане, ки гунаҳгор аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд;

ж) нисбати ду ё зиёда ашхос;

з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок:

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани оқибатҳои вазнин барои саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки одами дуздидаашро ихтиёрӣ озод мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 131. Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

1) Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, ки ба одамдуздӣ алоқаманд намебошад,

 бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 130 ҳамин Кодексро содир кардааст;

в) ба истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок;

г) ба истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало хурдсол ё ноболиғ;

е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ӯ огоҳ буд;

ж) нисбати ду ё зиёда ашхос;

з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрумшуда;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани оқибатҳои вазнин ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 132. Ҷалби одамон барои истисмор

1) Ҷалби одамон бо мақсади шаҳвонӣ ё усусли дигар истисмор намудани онҳо ё, ки бо роҳи фиреб анҷом дода шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) нисбати шахси баръало хурдсол ё ноболиғ;

в) такроран содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдоре, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин ашхос;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 133. Ғайриқонунӣ ҷойгир намудан дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ

1) Ғайриқонунӣ дар шифохонаҳои бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир намудани шахсе, ки мӯҳтоҷи чунин шакли муолиҷа намебошад ё ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ӯ дар ин шифохона,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо ғарази шахсӣ;

б) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст ё ба саломатӣ зарари вазнин расонидааст ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 134. Маҷбуркунӣ

Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон кирдор бо истифодаи таҳдиди несту нобуд кардан ё расонидани зарар ба амвол, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбати ин шахс ё ашхоси ба ӯ наздик ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдидагон онро ниҳон доштан мехоҳанд, инчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ин ашхос, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 135. Тӯҳмат

1) Тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Тӯҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Тӯҳмате, ки:

а) бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин;

б) бо ғарази шахсӣ ё дигар нияти пасту қабеҳ алоқаманд аст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 136. Таҳқир

1) Таҳқир, яъне беадабона, бо алфози қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар;

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқире, ки:

а) дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст;

б) вобаста бо иҷрои қарзи ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷабрдида,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ

1) Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ,

бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ба корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот ё дигар воситаҳои ахбори умум содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 18. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ ҶИНСӢ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ҶИНСӢ

Моддаи 138. Таҷовуз ба номус

1) Таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар ашхоси ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи ҷабрдида,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҷовузе, ки;

а) такроран ё аз ҷониби шахси пеш ҳам кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ доштаро анҷомдода;

б) аз тарафи гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар ашхоси ба ӯ наздик;

г) боиси ба касалии зӯҳравӣ мубтало гардидании ҷабрдида шудааст;

д) нисбат ба духтари баръало ноболиғ анҷом дода шудааст;

е) ду ё зиёда ашхос, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Таҷовузе, ки:

а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъи бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ ё ба оқибатҳои вазнин оварда расонда бошад;

д) бо истифодаи яроқ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати яроқ хизмат мекунад, содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 139. Кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ

1) Бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар ашхоси ба ӯ наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран ё аз ҷониби шахси қаблан таҷовуз ба номусро содиркарда;

б) аз тарафи гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар ашхоси ба ӯ наздик содир шуда бошад;

г) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;

д) нисбат ба шахси баръало ноболиғ анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати ду ё зиёда ашхос;

б) нисбат ба хеши наздик содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдоре, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, агар:

а) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида;

б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умумӣ ё дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 140. Маҷбур намудан ба кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ

Маҷбур намудани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ ва ҷимои зан бо зан ё анҷом додани дигар кирдори дорои хусусияги шаҳвонӣ бо роҳи иръоб (шантаж) ё таҳдиди несту нобуд ва вайрон кардан ё кашида гирифтани амвол ё бо истифода аз тобеияти хизматӣ, амволӣ ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 141. Алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст

1) Алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ ё ҷимои зан бо зан ва дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаҳои 138 ва 139 ҳамин Кодекс пешбинишуда,

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби волидайн, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 142. Кирдори бадахлоқона

1) Анҷом додани кирдори бадахлоқона бидуни истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодекс,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби волидайн, омӯзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда;

г) нисбат ба хурдсолон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

БОБИ 19. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 143. Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон

1) Бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонидааст,

 бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс:

а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматиаш содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ

1) Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан бо мақсади паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ, ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар ё воситаҳои ахбори умум, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ

1) Ошкор намудани маълумот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ,

бо маҳрум сохтан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани маълумот оид ба гирифтории шахс ба бемории инфекцияи ВИЧ ифода меёбад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо боиси оқибатҳои вазнин шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот ё дигар мухобирот

1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот ё дигар мухобироти шаҳрвандон,

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ гардидаанд, содир шуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил

1) Ғайриқонунӣ даромадан ба манзил бар хилофи хоҳиши шахси дар он истиқоматкунанда ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо ғайриқонунӣ васл намудани воситаҳои гӯшандозӣ ё дигар воситаҳои махсус дар манзили истиқоматӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шаҳрванд

Аз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти нопурра, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 149. Ғайриқонунӣ маҳдуд кардани мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он

1) Ғайриқонунӣ маҳдуд намудани мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ кардан ва бозгаштани шаҳрванд ба он,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз хуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ

1) Монеъ шудан ба шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои интихоботиаш ё ҳуқуқи иштирок дар райъпурсӣ, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурсӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:

а) дар алоқамандӣ бо ришвадиҳӣ, фиреб, зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 151. Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ ё ҳисоби нодурусти овоз

Сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ, дидаю дониста нодуруст ҳисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиҷаҳои интихобот, раъйпурсӣ, ҳамчунин вайрон намудани овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз ҷониби узви комиссияи интихоботӣ, гурӯҳи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 152. Маҷбур намудан барои иштирок дар корпартоӣ ва ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ

Бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он маҷбур намудан ба иштирок дар корпартоӣ ё рад кардани иштирок дар корпартоӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал, ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 153. Вайрон кардани қонунҳои меҳнат

Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс, иҷро накардани қарори суд дар хусуси ба ҷои кори пештара барқарор кардан, ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнат, ҳамчунин дигар ҳаракатҳои қасдан ва моҳиятан вайронкунии қонунҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 154. Вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат

1) Вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё бемории касбӣ гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст ё ба саломатии чанд нафар зарари вазнин ворид намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Қонуншиканиҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё якчанд шахс гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 155. Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зани синни кӯдакаш то сесола

Беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ, ҳуқуқи муҷовир ва ҳуқуқи дорандагони патент

1) Бо номи худ интишор кардани асари илмӣ, адабӣ, мусиқӣ ё бадеии шахси дигар, инчунин барномаи шахси дигар барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ё маҳзани маълумот ё тарзи дигари азхудсозии муаллифӣ ба чунин асар, азхудкунии муаллифии ихтироот, ҳамчунин маҷбур намудан ба ҳаммуалифӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳоти меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ғайриқонунӣ истифода бурдани объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои муҷовир, инчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани ихтироот, модели фоидаовар ё намунаҳои истеҳсолоти саноатӣ, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ё маҳзани маълумот, бидуни розигии муаллиф ё изҳоркунанда фош намудани моҳияти ихтироот, модели фоидаовар ё намунаи истеҳсолоти саноатӣ то нашри расмии маълумот дар бораи онҳо, агар ин кирдор дидаю дониста ё аз беэҳтиётӣ ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ

Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолат ба фаъолияти қонуниашон, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии онҳоро ба таври назаррас вайрон кардааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 159. Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон таҷовуз мекунанд

Ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилоти диние, ки фаолияташон бо расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ё дигар таҷовуз ба шахсият ё ҳуқуқи шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ҳамчунин роҳбарӣ ба онҳо

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлис,гирдиҳамоиҳо, намоиш, роҳпаймоиҳо ва пикетгузорӣ

1) Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоиҳо, намоиш, роҳпаймоӣ ва пикетгузорӣ аз тарафи шахси ташкилкунандаи маҷлис, гирдиҳамоиҳо, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ баъд аз додани ҷазои маъмурӣ ба ҳамин гуна кирдор,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад ё боиси оқибати вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ,намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо

1)Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо ё ин ки маҷбур кардан дар иштирок дар онҳо, агар ин кирдор бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як хазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озод ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон

1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2)Ҳамин кирдор, агар:

а) бо зӯроварӣ;

б) несту нобуд ё вайрон кардани амвол;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 163. Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон

1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мӯҳлати баррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ӯ ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола)

Ба ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола),

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

БОБИ 20. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ОИЛА ВА НОБОЛИҒОН

Моддаи 165. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят

1) Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани ҷиноят бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби волидайн, омӯзгор ё шахси дигар, ки масъулии тарбияи ноболиғонро ба зимма дорад содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдори дар қисми якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо ҷалби шахси ноболиғ:

а) ба гурӯҳи муташаккил ё гурӯҳи ҷинояткор;

б) ҷиҳати содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар боби мазкур зери мафҳуми ноболиғон ашхоси хурдсол ва ноболиғ фаҳмида мешавад.

Моддаи 166. Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ

1) Ҷалби шахси ноболиғ ҷиҳати истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунанда, ба фоҳишагӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, оворагардӣ, гадоӣ, ба содир намудани кирдоре, ки ба тайёр кардан ва фурӯши мавод ё предметҳои дорои хусусияти порнографӣ вобаста мебошад, ки аз ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолагӣ расида содир шудааст,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби волидайн, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ба зиммааш тарбияи ашхоси ноболиғ гузошташуда, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) нисбат ба ду ё якчанд ноболиғ;

б) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он,

в) такроран содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 167. Хариду фурӯши ноболиғон

1) Кирдори вобаста ба фурӯш ё хариди ноболиғон дар кадом шакле, ки содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбат ба ду ё якчанд ноболиғ;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

д) бо ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдан ё аз хориҷа овардани ноболиғон;

е) бо мақсади ҷалби шахс ба содир намудани ҷиноят ё дигар рафтори зиддиҷамъиятӣ;

ж) бо мақсади аз шахс гирифта шинонидани узв ё бофтаи бадан (трансплантация) анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи мӯташаккил содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марг ё оқибатҳои вазнин шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 168. Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида

Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост ё ашхосе, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан,

бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ аз мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 169. Бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст

Бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин бастани ақди никоҳ бо чунин шахс,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 170. Дузанагӣ ё серзанагӣ (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877)

Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 171. Иваз намудани тифл

1) Иваз намудани тифл,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади ғаразнок ё нияти дигари қабеҳ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ

Кирдори ғайриқонунӣ дар мавриди писархондии (духтархондии) кӯдак, ба парастори (таҳти васоят) додани онҳо ё додани онҳо ба тарбияи оилаи шаҳрвандон, ки бо мақсадҳои ғаразнок ё бо ниятҳои қабеҳ анҷом дода шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ)

1) Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда аз ҷониби шахсе, ки воқеияти писархондиро (духтархондиро) ҳамчун сирри хизматӣ ё касбӣ вазифадор шудааст ҳифз кунад ё аз ҷониби шахси дигар бо ғарази шахсӣ ё дигар ниятҳои қабеҳ,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 174. Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ

Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ аз ҷониби волидайн ё шахси дигар, ки ин ӯҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 175. Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак

1) Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдаки хурдсол аз ҷониби шахсе, ки ин ӯҳдадорӣ тибқи вазифаи хизматӣ ба зиммааш гузошта шудааст ё аз ҷониби шахсе, ки ин вазифаро мувофиқи супориши махсус ба ҷо меорад, ё ин ӯҳдадориро ихтиёран ба зимма гирифтааст, агар дар натиҷа аз беэҳтиётӣ ба саломатии кӯдак зарари миёна расида бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ӯ шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 176. Суиистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор

Истифодаи васоят ё парасторӣ бо мақсади ғаразнок ё дигар ниятҳои қабеҳ, ҳамчунин дидаю дониста бе назорат ё бе ёрдами зарурӣ гузоштани шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордоштаро ба таври назаррас маҳдуд кардааст,

бо ҷарима бо андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 177. Бадқасдона саркашӣ намудани волидайн аз таъминоти фарзандон

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани волидайн аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст,

бо ҷарима ба андозаи то чорсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 178. Бадқасдона саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат ва эҳтиёҷманди ёрии моддӣ,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ VIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

БОБИ 21. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Моддаи 179. Терроризм

1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан бо фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то ҳаждаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар он:

а) аз ҷонибии гурӯҳи муташаккил;

б) дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи яроқи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;

г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ

Иттилооти баръало бардурӯғ оид ба рух додани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддии ба амвол ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок оварда мерасонад,

 бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муддати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 181. Ғасби гаравгон

1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилот ё шахси воқеӣ ба иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он кирдор ҳамчун шарти озод кардани гаравгон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зӯроварие, ки барои ҳаёту саломатии инсон хавфнок мебошад ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад;

д) нисбат ба шахси баръало хурдсол ё ноболиғ;

е) нисбат ба зане, ки гунаҳгор баръало ҳомиладор буданашро медонад;

ж) нисбат ба шахсе, ки баръало дар вазъияти оҷизона қарор дорад;

з) бо мақсади ғаразнок ё аз тарафи шахсони кироя ба муқобили ду ё зиёда ашхос анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар;

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ворид гашгани зарари вазнин ба саломатии шахс ё дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад;

в)дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки бо хоҳиши худ ё талаби мақомоти ҳокимият гаравгонро озод мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 182. Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа

1) Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа, дигар иншооти коммуникационӣ ё нигоҳ доштани онҳо, ки бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ҷиҳати маҷбур сохтани давлат, ташкилот ё шаҳрванд ба иҷро ё худдорӣ кардан аз иҷрои ягон кирдор ҳамчун шарти озод намудани гаравгон алоқаманд мебошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёту саломатии инсон хавфнок мебошад ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) бо истифода аз яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ хизмат мекунад, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташакил анҷом дода шуда бошад:

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин шуда бошад;

в) дар ҳолати рецидивӣ махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 183. Роҳзании обӣ

1) Ҳуҷум ба киштии обӣ бо мақсади ба даст овардани амволи ғайр, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) такроран ё бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 184. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби киштии ҳавоӣ,обӣ ё қатори роҳи оҳан

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби киштии ҳавоӣ, обӣ ё қатори роҳи оҳан, ҳамчунин гасби чунин киштӣ ё қатор бо мақсади ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) бо истифодаи яроқ, ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибати вазнин гашта бошад;

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 185. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ

1) Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (иттиҳодия, отряд, дастаҳо ё дигар гурӯҳҳо), ҳамчунин роҳбарӣ ба ин гуна воҳидҳо ё иштирок дар онҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашг сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ даст кашида, яроқашро супурдааст, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 186. Бандитизм

1) Ташкили гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин гурӯҳ (даста),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муддати то панҷ сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 187. Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)

1) Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анҷом дода шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода, барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 188. Бетартибиҳои оммавӣ

1) Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки бо зӯроварӣ нисбат ба шахсият, харобкорӣ, сӯхтор, несту нобуд ё вайрон кардани амвол, истифодаи яроқи оташфишон, воситаҳои тарканда ё моддаҳои тарканда алоқаманд аст, инчунин муқобилият нишон додан ба ҳокимият, ки бо истифодаи яроқ ё дигар предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст, ҳамчунин иштирок дар ин амал,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Даъват ҷиҳати фаъолона итоат накардан ба талаботи қонунии намояндагони ҳокимият ё ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то чор моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ,маҳалгароӣ ва ё динӣ

1) Кирдорҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳоии ахбори умум анҷом дода шуда бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

б) аз сабаби беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) ба зӯран пеш кардани шаҳрвадд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 190. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ,сохтмон ва дигар корҳо

1) Вайрон кардани коидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои кӯҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатӣ расонидани зарари вазнин ва ё миёна гардида бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

 бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳое, ки хавфи таркиш доранд

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳо ё цехҳое, ки хавфи таркиш доранд агар ин аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 192. Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор

1) Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба ӯҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ;

а) боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна;

б) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ

1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, истифода ва интиқол кардан, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ

1) Тасарруфи маводи радиоактивӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок намебошад ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии инсон хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ:

в) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаҳои 199 ва 202-и ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, инчунин ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 186, 244-251-и ҳамин Кодексро содир карда бошад.

Моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан,интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани яроқи оташфишон, (ғайр аз яроқи ҳамвормили шикорӣ), лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, ҳамчунин маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда, ки барои ба сифати яроқ истифода бурдан таъинанд ё мувофиқ карда шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, ҳамчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ё дигар намуди яроқи қатли ом ё маводу таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани яроқи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани яроқи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар яроқи сард, аз ҷумла яроқи ҳавододашаванда,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

2) Яроқи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти ҷангӣ (граната, снаряд ва ғайра ду адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он), маводи оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда (2 литр ва зиёда аз он), ки махсус барои истифода ба сифати яроқ таъинанд ё мутобиқ карда шудаанд, миқдори калон ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 196. Ғайриқонунӣ сохтани яроқ

1) Ғайриқонунӣ сохтан ё таъмир кардани яроқи оташфишон, қисмҳои такмилкунандаи онҳо, ҳамчунин ғайриқонунӣ сохтани лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки такроран ё аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Ғайриқонунӣ сохтани яроқи газӣ, ҳамчунин ханҷар, корди дудама ё дигар яроқи сард, аз ҷумла яроқи ҳавододашаванда,

 бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар ҳамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 197. Нигаҳдошти бепарвоёнаи яроқи оташфишон

Нигаҳдошти бепарвоёнаи яроқи оташфишон, ки барои онро истифода бурдани шахси дигар шароит фароҳам овардааст ва агар он боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 198. Иҷрои номатлуби вазифаи ҳифзи яроқ, лавозимоти ҷангӣ,моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

1) Иҷрои номатлуби вазифаи хеш аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ҳифзи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш гузошта шудааст, агар он сабаби тасарруф ё нобуд щудани онҳо ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Иҷрои номатлуби вазифа оид ба ҳифзи яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди яроқи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани яроқи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад ё хавфи ба миён омадани чунин оқибатҳоро пеш оварда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 199. Тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

1) Тасарруфи яроқи оташфишон, қисмҳои такмилкунандаи он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Тасарруфи яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди яроқи қатли ом, ҳамчунин мавод ва таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани яроқи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ анҷом дода шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил,

б) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 22. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

г) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

д) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

е) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

ж) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад;

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

4) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ, додан, фурӯш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳиб шудан, истифода, воридоту содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, инчунин мавод, предмет ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо истифода бурда мешавад ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин амал аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми такроран дар моддаҳои 200-205 ҳамин боб ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳо содир шуда бошад.

Моддаи 201. Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор,моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, бидуни мақсади ба соҳибияти каси дигар додан,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар;

4) а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

г) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

д) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

е) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

ж) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо

1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад;

д) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он анҷом дода шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо

1) Моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбати ашхоси баръало хурдсол ё ноболиғ;

б) нисбати ду ё зиёда ашхос;

в) бо роҳи фиреб;

г) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) такроран;

е) дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

ж) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё расонидани дигар оқибатҳои вазнин ба саломатии ӯ гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовари кишташон манъшуда

1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъаовар мебошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) дар масоҳати андозааш миёна анҷом дода шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) дар масоҳати васеъ;

г) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур масоҳати андозааш миёна масоҳати зиёда аз 0,10га., масоҳати васеъ зиёда аз 0,20га. замини парваришшудаи зироатҳои дорои моддаҳои нашъаовар дониста мешавад.

Моддаи 205. Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо

1) Ташкил ё нигаҳдории фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 206. Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) такроран содир гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) вобаста ба маводи сахттаъсир ё заҳролуд ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, баҳисобгирӣ, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расондани дигар зарари ҷиддӣ гардида бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 207. Вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ

1) Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот оид ба ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд

1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеъаҳо ё рӯйдодҳо аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд ва онҳо барои ҳаёт ва саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошанд,

- бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 209. Истеҳсол ё фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад

1) Истеҳсол ё фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин хилофи қонун додани санади расмӣ ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқати ин маҳсулот, кор ва хизматрасониро ба талаботи бехатарӣ тасдиқ мекунад, агар чунин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар оварда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста ба маҳсулот, кор ва ё хизматрасонӣ, ки ба кӯдак марбут мебошад;

б) аз беэҳтиётӣ ба ду ё бештар ҷабрдидагон зарар расонида бошад;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ҷабрдидагон гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 210. Ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти амалии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ

1) Машғул шудан ба фаъолияти амалии тиббӣ ё фаъолияти хусусии дорусозӣ аз ҷониби шахсе, ки барои ин фаъолияти интихобнамудааш иҷозатнома (лицензия) надорад, агар ин аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба инсон гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал бо махрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяне машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 23. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАҚЛИЁТ

Моддаи 211. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё обӣ аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба корҳои иҷронамуда ё вазифаҳои ишғолнамудааш ӯҳдадор шудааст ин қоидаҳоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми моддаи мазкур, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахс;

б) боиси садама;

в) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 212. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт

1) Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобиль ё дигар воситаи нақлиёти механики вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон гаштааст ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудаи бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ашхос гаштааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинҳои худгард, троллейбус, инчунин мотоцикл ва дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ дар назар дошта шудааст.

Моддаи 213. Таъмири бадсифати воситаҳои нақлиёт ва ба истифода баровардани онҳо бо норасоиҳои техникӣ

1) Таъмири бадсифати воситаҳои нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин барои истифодабарӣ иҷозат додани нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ носоз аз ҷониби шахси масъули ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, агар ии кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии ҷабрдида зарари вазнин ё миёна, ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз бсэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар ашхос;

б) сабаби садама;

в) боиси оқибатҳои дигари вазнии гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 214. Корношоям сохтани воситаҳои нақлиёт ё роҳҳо

1) Хароб кардан, осеб расонидан ё бо усулу воситаҳои дигар барои истифода корношоям гардонидани воситапҳо нақлиёт, роҳҳо, воситаҳои огоҳонӣ ё алоқа ё дигар таҷҳизоти нақлиёт, ҳамчунин муҳосираи роҳҳои нақлиёт, агар ин кирдор ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарари калон расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ашхос гаштааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 215. Ғайриқонунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда

1) Ғайриқонунӣ дар киштии ҳавоӣ бо худ бурдани моддаҳои тарканда ё зуддаргиранда,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 216. Вайрон кардани қоидаҳое, ки кори бехатарии нақлиётро таъмин менамояд

1) Аз ҷониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи ҳаракат (ба ғайр аз ашхоси дар моддаҳои 211 ва 212 ҳамин Кодекс зикр гардида) вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё талафоти калон расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то чор моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар,

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ашхос;

б) сабаби садама;

в) боиси оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 217. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон,истифодабарӣ ва таъмири хатҳои қубури магистралӣ

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон, истифода ё таъмири хатҳои қубури магистралӣ, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарар ба миқдори калон расонида бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то чор сол, ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,

- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ашхос гашгааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 218. Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналхалқӣ

Риоя накардани хати парвози муайяншуда, ҷои фуруд, дарвозаҳои фазоӣ, баландии парвоз ё дигар қоидаҳои парвози байналхалқӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд

Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздорӣ (стопкран) бо роҳи ҷудо кардани магистрали ҳавоии тормозӣ ё бо воситаи дигар, агар он боиси ҳодисаи бадбахтии инсон, чаппашавӣ, осеб дидани қатори поезд ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ II. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ТАБИАТ

БОБИ 24. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ ВА МУҲИТИ ТАБИАТ

Моддаи 220. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор

Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити атроф ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгирсозӣ, сохтмон, ба истифода додан ё истифодаи иншоотҳои саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ва дигар объектҳо аз ҷониби ашхосе, ки барои риояи он масъул мебошанд, агар чунин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси тағьироти муҳими манзари (фони) радиоактивӣ, марги як ё чанд ашхос, бемории оммавии одамон ё саросар мурдани ҳайвонот ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 221. Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити атроф

1) Дидаю дониста аз ҷониби шахси мансабдор аз аҳолӣ ниҳон доштани маълумот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ва саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок, ҳамчунин ба онҳо бараъло додани иттилооти таҳрифшуда оид ба чунин олудагиҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз беэҳтиётӣ боиси марги як ё зиёда ашхос шуда бошад;

б) сабаби бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ

Саркашӣ аз гузаронидани корҳо ё номатлуб анҷом додани тадбирҳои дезактивӣ ва барқарорсозӣ дар минтақаҳое, ки бо олудагии экологӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор шудааст ин тадбирҳоро андешад, агар он аз беэҳтиетӣ боиси марги як ё чанд ашхос, бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок

1) Вайрон кардани қоидахои бехатарӣ ҳангоми интиқол, нигаҳдошт, гӯр кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддаҳои радиоактивӣ, бактериологӣ, химиявӣ, агар он ба расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон ё муҳити табиат таҳдид кунад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси олудагӣ, сироят ё заҳролудшавии муҳити табиати атроф гашта бошад, ба саломатии инсон зараровар ва ё боиси саросар мурдани ҳайвонот гардида бошад;

б) дар минтақаҳои офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемориҳои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатари ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд)

1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ва токсинҳо, агар он аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида, боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 225. Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ)ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда

1) Вайрон кардани қоидаҳои байторӣ, ки боиси паҳн гардидани касалиҳои сирояткунанда (эпидемӣ), эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар оқибатҳои вазнин шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ бар зидди ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 226. Ифлос кардани об

1) Чиркину ифлос кардани обҳои рӯизаминӣ ё зеризаминӣ, манбаъҳои оби нӯшиданӣ, мунтазам кам кардани захираҳои об ва бад кардани сифати он ё шакли дигари тағйири хусусиятҳои табиии он, агар чунин кирдор ба олами ҳайвоноту наботот, захираи моҳӣ, ҷангал ва соҳаи кишоварзӣ зарари ҷиддӣ ворид карда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо сабаби беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида бошад;

б) боиси муромурии саросари ҳайвонот гашта бошад;

в) дар минтақаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ ё парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 227. Олуда сохтани фазо

1) Олуда сохтан ё ба тарзи дигар тағьир додани хосиятҳои табиии ҳаво бо баланд кардани меъёрҳои муайяншуда дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳо, иншоот ё дигар объектҳо, агар ин кирдор ба муҳити табиати атроф зарари ҷиддӣ ворид карда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 228. Хароб кардани замин

1) Заҳролуд ё ифлос кардани замин бо маҳсулоти зиёновари хоҷагӣ ё бо дигар навъи фаъолият дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрдор, пору, нумӯяи авҷи растанӣ ё дигар моддаҳои хавфноки химиявӣ ё биологӣ ҳангоми нигаҳдошт, истифода, интиқоли онҳо ҳамчунин дигар усули хароб кардани замин, ки ба муҳити табиати атроф зарари ҷиддӣ ворид кардааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар минтақаи офати экологӣ ё вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир. шудааст ё аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 229. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгир намудан, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ё иншооти зеризаминӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳамчунин худсарона сохтани иншоот дар минтақаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, агар чунин кирдор зарари ҷиддӣ ворид намуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 230. Сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ

1) Сайди ғайриқонунии моҳӣ ё дигар намуди ҳайвоноти обӣ, агар ин кирдор:

а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз усули маҳви оммавӣ анҷом дода шуда бошад;

в) дар ҷойҳои тухмгузорӣ ё роҳҳои ҳаракат ба он ҷойҳо содир шуда бошад;

г) дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ анҷом дода шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ҳафт сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки:

а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

в) такроран содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 231. Вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ

Салронӣ, сохтмони пул, сарбанд, анҷом додани корҳои таркиш ва дигар корҳо, ҳамчунин истифодаи иншоотҳои обгирӣ ва таҷҳизоти обкашӣ бо вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи захираи моҳӣ, агар ин кирдор боиси талафоти саросари моҳӣ ё дигар ҳайвоноти обӣ ҳамчунин боиси расонидани зарари ҷиддӣ аз маҳв гардидани захираи хӯрока ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 232. Шикори ғайриқонунӣ

1) Шикори ғайриқонунӣ, агар ин кирдор:

а) ба миқдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ё киштии ҳавоӣ, моддаҳои тарканда, газҳо ё дигар усулҳои маҳви саросари паррандагон ва ҳайвонот содир шуда бошад;

в) бо шикори паррандагон ва ҳайвонот, ки шикори онҳо пурра манъ шудааст, алоқаманд бошад;

г) дар минтақаи мамнӯъгоҳ , парваришгоҳ ё минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд

Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва сабаби маҳви паҳншавии ин организмҳо гардидаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 234. Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо

1) Ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо дар ҷангалзори гурӯҳи якум ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари ҷиддӣ расонида шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ғайриқонунӣ буридан ё расонидани зараре, ки сабзиши чунин дарахту бутта ва изғичи печон, дигар намуди ниҳолу буттаҳои ба фонди ҷангал дохилшударо дар ҳама гурӯҳҳои ҷангал имконнопазир гардонидааст, агар ин кирдор,

а) такроран;

б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) боиси расонидани зарар ба миқдори калон гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал

1) Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал, инчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, моддаҳои тарканда ё дигар манбаи ниҳоят хатарнок,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Несту нобуд кардан ё расонидани осеб ба ҷангал, ҳамчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст, бо роҳи оташангезӣ ё дигар усули хатарноки умумидошта ё дар натиҷаи ифлоскунии он бо моддаҳои зарарнок, партов, оби ифлос ё дигар мавод,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, агар ба миқдори калон зарар расонда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 236. Вайрон кардани низоми минтақа ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда

Вайрон кардани низоми мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, ёдгориҳои табиат ё дигар минтақаҳои табиии аз ҷониби давлат махсус ҳифзшаванда, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ гардидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар ин боб таҳти мафҳуми зарари ҷиддӣ ҳисобу китобе дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи таксаҳои муайяншуда зарар аз андозаи ҳадди ақали маоши дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят сӣ маротиба бештар мебошад, таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон бошад бештар аз сесад маоши ҳадди ақал дар назар дошта шудааст.

ФАСЛИ Х. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ

БОБИ 25. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АХЛОҚ

Моддаи 237. Авбошӣ

1) Авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр алоқаманд мебошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи муташаккил ё такроран;

в) бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи таъмини тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст;

г) бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Авбошие, ки бо:

а) истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда;

б) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 238. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан

1) Ҷалб намудан ба фоҳишагӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, иръоб (шантаж), таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани амвол ё бо роҳи фиреб,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо,даллагӣ ё занҷаллобӣ

Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 240. Ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона

Ташкили ғайриқонунӣ ё нигохдошти қиморхона,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ

Истеҳсол, паҳн ва рекламаи ғайриқонунии мавод ва предметҳои порнографӣ, ҳамчунин фурӯши ғайриқонунии маводи интишорӣ, кино ва сабти видео, акс ё дигар чизҳои дорои хусусияти порнографӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг

1) Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих, фарҳанг, комплексҳои табиӣ ё иншоот, ки таҳти ҳифзи давлат қарор доранд, ҳамчунин предмет ё аснод, ки дорои арзиши таърихӣ ё фарҳангӣ мебошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки вобаста ба объекту ёдгориҳои махсусан арзишнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 243. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва қабристони онҳо

 1) Таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани қабристони онҳо, сохтмонҳои рӯи қабр ё иншооти қабристон, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, ё гурӯҳи муташаккил;

б) аз рӯи ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;

в) ба муқобили ҳайкалу пайкара ё иншооти меъморӣ, ки ба муборизаи зидди фашизм ё ба қурбониёни фашизм, ё қабристони иштирокчиёни мубориза бар зидди фашизм бахшида шудаанд;

г) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ XI. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ

БОБИ 26. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ МОЛИКИЯТ

Моддаи 244. Дуздӣ

1) Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии амволи ғайр,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Дуздие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст;

г) бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил, бино ё дигар амборхонаҳо содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Дуздие,ки:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ:

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4) Дуздие,ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми тасарруф дар моддаҳои Кодекси мазкур ғайриқонунӣ, боғараз, ройгон гирифтан ва (ё) ситонидани амволи ғайр ба фоидаи гунаҳгор ё дигар ашхос дар назар дошта шудааст.

2) Таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои ҳамин боб андозаи арзиши амволе дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши амволе фаҳмида мешавад, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) аз рӯи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад.

3) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 244-251, 254 ва 257 ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қабл аз он як ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, ҳамчунин дар моддаҳои 186, 194, 199, 202 ҳамин Кодекс пешбинишуда, содир шуда бошад.

4) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи амволи давлатӣ ё дастаҷамъӣ (ғайр аз ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ) дар ҳолатҳое ба миён меояд, ки агар арзиши амволи тасарруфшуда аз даҳ андозаи маоши ҳадди ақал зиёд бошад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи амволи шахсӣ новобаста аз арзиши он ба миён меояд.

Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

1) Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати чор сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусаи хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 246. Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

1) Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошад;

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 247. Қаллобӣ

1) Қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Қаллобие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Қаллобие, ки;

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Қаллобие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 248. Ғоратгарӣ

1) Ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани амволи ғайр,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ғоратгарие, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

д) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ғоратгарие, ки:

а) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4) Ғоратгарие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 249. Роҳзанӣ

1) Роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Роҳзание, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонаҳо содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Роҳзание, ки;

а) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани амвол;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;

г) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

д) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4) Роҳзание, ки;

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани амвол;

в) бо истифодаи яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 250. Тамаъҷӯӣ

1) Тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани амволи ғайр ё ҳуқуқ ба амвол ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти амволӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки вай мехоҳад онро ннҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд, вайрон кардани амволи ғайр,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Тамаъҷӯие, ки:

а) такроран;

б) бо истифодаи зӯроварӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содиршуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Тамаъҷӯие, ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил

б) бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

в) дар ҳолати рецициви хавфнок;

г) бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани амвол содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

4. Тамаъҷӯие, ки:

а) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;

б) бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани амвол;

в) бо истифодаи яроқ, лавозимоти ҳарбӣ ё моддаҳои тарканда содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 251. Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши махсус

1) Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадей ё фарҳангӣ, сарфи назар аз тарзи тасарруфи он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) такроран;

б) гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, содир шуда бошад;

в) боиси несту нобуд, хароб ё вайрон кардани ашьё ё асноди дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 252. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф

1) Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобиль ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф (рабудан);

бо ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ бо мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии ҷабрдида хавфнок намебошад ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо расонидани зарар ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии ҷабрдида хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шудааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 253. Расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ

1) Расонидани зарари амволӣ ба молик ё дигар соҳиби амвол бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруф;

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори калон содир шуда бошад;

бо ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоиш ҳадди ақал ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 254. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе,ки бараъло бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст

1) Соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволи қаблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;

бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол

1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст;

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 256. Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани амвол

Несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр, ки аз сабаби муносибати беэҳтиётона бо оташ ё манбаи хатари умумидошта содир шудааст ё ба миқдори калон зарар расонидааст ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 257. Тасарруфи маблағи фондҳои кӯмаки хориҷӣ

1) Тасарруфи маблағи фондҳои кӯмаки хориҷӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон;

г) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбинишудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) аз ҷониби шахси қаблан барои тасарруф судшуда;

в) бо роҳи роҳзанӣ ё тамаҷъӯӣ;

г) дар миқдори махсусан калон содиршуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар ҳолати нарх надоштани маблағҳои фондҳои кӯмаки хориҷӣ арзиши он аз рӯи нархи бозорӣ, ки дар рӯзи содиршавии ҷиноят ҷой дорад, ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 27. ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ

1) Радди ғайриқонунии бақайдгирии соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ ё саркашӣ аз бақайдгирии онҳо, радди ғайриқонунии додани иҷозати махсус (лицензия) барои татбиқи фаъолияти муайян ё саркашӣ аз додани чунин иҷозатнома, ғайриқонунӣ маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкории инфиродӣ ё корхона ё корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, ки аз ҷониби шахси мансабдор бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо риоя накардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд;

б) ба миқдори калон зарар расондааст содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 259. Соҳибкории ғайриқонунӣ

1) Татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (лицензия) ҳатмӣ мебошад ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ инчунин машғул шудан ба намудҳои манъшудаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон ё расонидани зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвавдон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё ба давлат ё бо расонидани зарар ба саломатӣ содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:

б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои соҳибкории ғайриқонунӣ ё фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ судшуда содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

Моддаи 260. Соҳибкории сохта

Соҳибкории сохта, яъне таъсиси корхонаи тиҷоратӣ бидуни нияти анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти бонкӣ, ки бо мақсади ба даст овардани кредит, озод шудан аз андоз, ба даст даровардани дигар фоидаи амволӣ ё рӯйпӯш кардани фаъолияти манъгардида, агар он ба шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё махдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258, 259 ва 260-и Кодекси мазкур даромад ё зарар ба миқдори калон дар ҳолате ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи маоши ҳадди ақал сад маротиба ва даромади андозааш махсусан калон аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд аст.

2) Дар зери мафҳуми "даромад", ки дар боби мазкур пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда фаҳмида мешавад.

3) Дар моддаҳои боби мазкур зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал панҷоҳ маротиба зиёд бошад.

Моддаи 261. Бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин

Дидаю дониста ба қайд гирифтани аҳди ғайриқонунӣ бо замин, таҳриф намудани маълумотҳои баҳисобгирии Кадастри давлатии замин, ҳамчунин қасдан кам кардани андозаи пардохтҳо барои замин, агар ин кирдорҳо бо ғараз ё ҳавасмандии шахсӣ аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ анҷом дода шуда бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул щудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 262. Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда

1) Муомилоти молиявӣ ё амалиёти дигар бо маблағҳои пулӣ ё амволи дигаре, ки дидаю дониста ғайриқонунӣ ба даст овардашуда, хамчунин барои фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ ё ба тарзи дигар истифода бурдани ин маблағҳо ё амвол,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳдати то чор сол бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизмати содир шуда бошад;

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3. Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташакил;

б) ба миқдори калон содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Шахсе, ки дар расмият даровардани даромади ғайриқонунӣ иштирок кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ӯ барои кушодани ҷиноят ёрӣ дода бошад ва ихтиёран даромадҳои ғайриқонуниро супорида бошад.

2) Зери мафҳуми миқдори калон дар моддаи мазкур маблағи пулӣ ё нархи амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашудае, ки он аз андозаи маоши ҳадди ақал се ҳазор маротиба зиёд мебошад, фаҳмида мешавад

Моддаи 263. Фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ

1) Татбиқи фаъолияти бонкӣ (амалиёти бонкӣ) бидуни бақайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус (лицензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, ё бо вайрон кардани шартҳои лицензиякунонӣ, агар ин кирдор бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон вобаста бошад ё ба манфиати шаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад;

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо ба даст овардани даромад ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ё соҳибкории ғайриқонунӣ судшуда содир гардида бошад;

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Даромад ё зарар ба миқдори калон чунин даромад ё зарарест, ки маблағи он аз андозаи маоши ҳадди ақал панҷсад маротиба ва даромади махсусан калон аз андозаи маоши ҳадди ақал се ҳазор маротиба зиёдтар мебошад.

Моддаи 264. Ғайриқонунӣ гирифтани кредит (қарз)

1) Аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбари ташкилот гирифтани қарз (кредит), иловапулӣ (дотация) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредити бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидорӣ ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфиродӣ ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани қарз, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд, (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи амволи ғайр),

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ё кредите, ки дар зери кафолати давлатӣ дода мешавад, ҳамчунин бар хилофи мақсад истифода бурдани онҳо, агар ин кирдор ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи амволи ғайр);

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд мебошад.

Моддаи 265. Ғайриқонунӣ додани кредит (қарз)

Ғайриқонунӣ додани ҳама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани ашхосе, ки бо истифода бурдани вазифаи хизматиаш мебоист ё метавонист ин кирдорҳоро ба ҷо оварад;

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 266. Саркашии бадқасдона аз адои қарзи кредиторӣ

Саркашии бадқасдонаи роҳбари ташкилот, соҳибкори инфиродӣ ё шаҳрванд аз адои қарзи кредиторӣ ба миқдори калон ё аз пардохти коғазҳои қиматнок пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд;

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми қарзи кредиторӣ ба миқдори калон - қарзи шаҳрванд ба андозаи бештар аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал ва қарзи корхона ба андозаи бештар аз панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал дар назар дошта шудааст.

Моддаи 267. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он

1) Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркашӣ кардан аз бастани он бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр, ҳамчунин паҳн намудани маълумотҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онро ниҳон дорад (дар ҳолати набудани аломатҳои тамаъҷӯӣ),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо истифодаи зӯроварӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;

г) ба ҷабрдида ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 268. Ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ

1) Кирдори бадқасдонаи роҳбари муассисаи кредитӣ ё корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо мақсади ғараз ё манфиатдории шахсӣ маблағи пулии дар суратҳисоби худ бударо ба суратҳисоби ташкилоти дигар ғайриқонунӣ гузаронидааст, ҳамчунин тартиботи муқарраршударо вайрон карда, маблағи пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст ё дигар маблағи буҷетиро ғайримақсад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2). Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори махсусан калон зарар расонида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Дар таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зарарест, ки он аз андозаи маоши ҳадди ақал панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд мебошад.

2) Ҳангоми муайян намудани андозаи (миқдори) зарари расонидашуда ғайр аз зиёни бевосита ҳамчунин фоидаи аз даст рафтаро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.

Моддаи 269. Кирдори ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ

1) Пинҳон кардани амвол ё ӯҳдадориҳои амволӣ, маълумот дар бораи амвол, миқдори он, маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар маълумот оид ба амвол, ба ихтиёри дигар кас вогузоштани амвол, бегона кардан ё несту нобуд кардани амвол, ҳамчунин пинҳон, несту нобуд ё таҳриф кардани асноди муҳосибавӣ ё дигар асноди баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки фаъолияти иқтисодиро дар бар мегиранд, агар ин кирдор аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ҳангоми муфлисшавӣ ё ҳангоми пешбинии муфлисшавӣ содир шуда, ки ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста бар зарари кредиторони дигар ғайриқонунӣ қонеъ намудани талаботи амволии кредиторони алоҳида аз ҷониби роҳбар ё молики ташкилоти қарздор ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз вазъияти воқеии нодории худ (муфлисӣ) огоҳанд, ҳамчунин қабул намудани чунин шакли қонеъгардонӣ аз ҷониби кредиторе, ки бар зарари дигар кредиторон аз бартарии ба ӯ фароҳам овардаи қарздор (нодор) огоҳ аст, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ба ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 270. Муфлисии бадқасдона

Бо мақсади ба манфиати худ ё ашхоси дигар вонамуд сохтан ё зиёд кардани андозаи ғайри қобили пардохт будани корхонаи тиҷоратӣ аз ҷониби молик ё роҳбари он, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, агар он ба миқдори калон зарар расонида бошад, ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 271. Муфлисии сохта

Муфлисии сохта, яъне дидаю дониста аз ҷониби роҳбар ё молики корхонаи тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ эълон кардани муфлисӣ бо мақсади ба таҳлука андохтани кредиторон барои дароз кардани мӯҳлат (отсрочка) ё қисм ба қисм додани (рассрочка) пардохти маблағ ба кредиторон ё тахфифи қарзҳо, ҳамчунин барои надодани қарзҳо, ки ба миқдори калон зарар расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 269, 270 ва 271-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал аз як ҳазор маротиба зиёд бошад.

Моддаи 272. Бадқасдона вайрон кардани коидаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ (муҳосибавӣ)

Саркашии бадқасдонаи шахси ваколатдори пёшбурди баҳисобгирии бухгалтерӣ аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои маълумотӣ, ки қонунҳо пешбинӣ намудаанд ё аз ҷониби ин шахс ба асноди ҳисоботӣ дохил намудани маълумоти бараъло таҳрифшуда доир бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва молиявии корхона, ҳамчунин несту нобуд кардани асноди молиявӣ ё дигар санади баҳисобгирӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 273. Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат

1) Кирдори инҳисорӣ (монополистӣ), ки бо роҳи муқаррар намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ё нархҳои пасти инҳисорӣ содир шудаанд, ҳамчунин маҳдуд кардани рақобат бо роҳи тақсим кардани бозор, маҳдуд кардани дохилшавӣ ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ, муқаррар намудан ё нигоҳ доштани нархи ягона,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз панҷ то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳти пешакӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр ё таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани амволи ғайр бидуни нишонаҳои тамаъҷӯӣ;

в) бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 274. Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ ё музоядаҳо (аукцион)

Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ ё музоядаҳо, ки ба молики амвол, созмондиҳандаи тиҷорат ё музояда, харидор ё дигар субъекти хоҷагидорӣ ба миқдори калон зарар расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол

1) Истифодаи ғайриқонунии нишонаи моли ғайр, нишонаи хизматрасонӣ, номи фирма, номи ҷои истеҳсоли молу маҳсулот, тамғагузории моли рақиб ё нишонагузории ба онҳо монанд ба маҳсулот ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба нишони мол ё номгӯи ҷои истеҳсоли мол, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда ё ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардурӯғ

1) Аз ҷониби рекламадиҳанда дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ оид ба молу маҳсулот, кор ё хизматрасонӣ, инчунин таҳиякунандагон ё фурӯшандагони онҳо, ки бо мақсади ғаразнок содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи воситаҳои ахбори умум сурат гирифта бошад;

б) ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 274, 275 ва 276-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зарар ҳисобида мешавад, ки агар аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад.

Моддаи 277. Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ ё таҳдид нисбати ашхосе, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ

Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар ҳавасмандии шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.

Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ

1) Ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар амвол ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти амволӣ ба ӯ барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад.

3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар амвол, ҳамчунин аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти амволӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

в) дар алоқамандӣ бо тамаъҷӯӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайн ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Агар нисбат ба шахси кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин моддаро содирнамуда тамаъҷӯӣ ҷой дошта бошад ва ӯ ихтиёрӣ ба мақоме, ки ҳақ дорад парвандаи ҷиноятӣ кушояд, оид ба ришвадиҳӣ иттилоъ диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 280. Ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ

1) Ришвадиҳӣ ба варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзишии касбӣ, ҳамчунин ришвадиҳии ташкилотчиён ба аъзои доварони (жюрии) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ бо мақсади расонидани таъсир ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шудааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Ғайриқонунӣ гирифтани арзишҳои моддӣ ё истифода аз хизматрасонии дорои хусусияти амволӣ аз ҷониби варзишгарон, доварони варзиш, устодон, роҳбарони дастаҳо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои варзиши касбӣ, ҳамчунин аз ҷониби ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрӣ) озмунҳои намоиши тиҷоратӣ, ки бараъло барои таъсир расонидан ба натиҷаҳои мусобиқа ё озмунҳо дода шудаанд ё истифода гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ва бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)

1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) такроран,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 282. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт

1) Тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи кредитӣ ё картаҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки асъор ё дигар коғазҳои арзишнок ба шумор намераванд, вале асноди тасдиқкунанда, муқарраркунанда ё диҳандаи ҳуқуқ ё ӯҳдадориҳои амволӣ мебошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё барои тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои арзишноки қалбакӣ судшуда;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 283. Сӯиистифода ҳангоми баровардани коғазҳои қиматнок(эмиссия)

1) Баровардани коғазҳои қиматнок (эмиссия) ва ба таври оммавӣ тақсим (паҳн) кардани онҳо бидуни бақайдгирӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ё дидаю дониста истифода бурдани асноди сохта (қалбакӣ) барои бақайдгирии коғазҳои арзишнок,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳади ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ба тарҳи эмиссияи коғазҳои қиматнок дидаю дониста дохил намудани маълумоти нодуруст, ҳамчунин тасдиқи тарҳи эммиссия, ки бараъло маълумоти нодуруст дорад ё дидаю дониста тасдиқ кардани натиҷаҳои таҳрифшудаи эмиссия, агар ин кирдор ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283-и Кодекси мазкур зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад.

Моддаи 284. Бастани аҳди ғайриқонунӣ бо фулузоти қиматбаҳо,сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид

1) Додугирифти фулузоти қимматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид бар хилофи қоидаҳои муқарраргардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додан ё кашондани фулузоти қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар шаклу ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ (ҷавоҳирот) ва маишӣ ва пораҳои чунин маснуот,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҳамон вақт ба миқдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши фулузоти қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид, ки мавриди муомилоти ғайриқонунӣ гардидаанд, аз як ҳазор маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад.

Моддаи 285. Вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо

Саркашӣ кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани фулузоти қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи муштақ ба дастовардашуда ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Вайрон кардани қоидаҳои супоридан ё фурӯши фулузот ва сангҳои қимматбаҳо ба давлат вақте ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу маҳсулоти дар ҳамин модда зикргардидаи ба давлат насупорида ё фурӯхтанашуда аз андозаи як ҳазор маоши ҳадди ақал зиёд бошад.

Моддаи 286. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ(Конуни ЧТ аз 12.05.2001 № 6)

1) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷоҳ маоши ҳадди ақал зиёд бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳамон вақт ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад (Конуни ЧТ аз12.05.2001 № 6).

Моддаи 287. Аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ

Аз хориҷа ба миқдори калон барнагардондани воситаҳо ба асъори хориҷӣ аз ҷониби роҳбарони корхона, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳисобномаи бонки ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман гузаронида шавад,

 бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур кирдорҳо ҳангоме ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар воситаҳои ба асъори хориҷӣ баргардониданашуда аз андозаи панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал бештар бошад.

Моддаи 288. Вайрон кардани қоидаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

1) Пинҳон кардани тамоми ё қисми даромади асъоре, ки аз муомилоти асъорӣ ё содиротӣ ба даст омадааст, бастани аҳдҳои тиҷоратӣ бо асъор бидуни бонкҳои салоҳиятдор ва ба тарзи дигар дағалона вайрон кардани қонунҳои оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, агар ин кирдорҳо ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба, ба миқдори махсусан калон аз панҷ ҳазор маротиба зиёд бошад.

Моддаи 289. Контрабанда (қочоқ)

1) Контрабанда (қочоқ), яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳо ба миқдори калон, ба истиснои онҳое, ки дар қисми дуюми моддаи мазкур, бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо воситаи фиребгарона истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ё декларация накардан ё декларациякунонии сохта,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани маводи нашъаовар, психотропӣ, сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, моддаҳои тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, яроқи оташфишон, муҳимот ё лавозимоти ҷангӣ, яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди яроқи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани яроқи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин маводи ашёи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ва арзишҳои дигари фарҳангӣ, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси гузаронидан аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бо истифодаи фиребгаронаи ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ё бо декларация накардан ё декларациякунонии сохта содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ;

в) бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анҷом медиҳад;

г) бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якум, дуюм ё сеюм ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи қисми якуми моддаи мазкур ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар арзиши мол ё дигар предметҳои гузаронидашуда аз як ҳазор маоши ҳадди ақал бештар бошад.

Моддаи 290. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани асари бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ

Дар мӯҳлати муқарраршуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои хориҷие, ки берун аз хоки он бурда шуда буд, ба шарте, ки баргардонидани он, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ бошад,

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 291. Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ

1) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори калон,

 бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо истифода аз мақоми хизматӣ;

в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Саркашӣ аз пардохти гумрукӣ ҳангоме ба миқдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар миқдори пардохтҳои гумрукии супориданашуда аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад.

Моддаи 292. Саркашӣ аз пардохти андоз аз корхонаҳо

1) Саркашӣ аз пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) дохил намудани маълумоти бардурӯғ оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Саркашӣ аз пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз корхонаҳо ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар ҳаҷми андоз ё пардохтҳои ҳатмии пардохтнашуда аз панҷсад маоши ҳадди ақал бештар бошад.

Моддаи 293. Саркашии шаҳрвандон аз пардохти андоз

1) Саркашии шаҳрванд аз пардохти андоз бо роҳи пешниҳод накардани декларация оид ба даромад, дар ҳолате, ки пешниҳоди декларация ҳатмӣ мебошад ё ба декларация дидаю дониста дохил кардани маълумотҳои таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот, ки боиси ба миқдори калон напардохтани андоз гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар;

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҳамин ҷиноят ё саркашӣ аз пардохти гумрукӣ судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Саркашии шаҳрванд аз пардохти андоз ҳангоме ба миқдори калон ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтнашудаи андоз аз дусад маоши ҳадди ақал бештар ва ба миқдори махсусан калон - аз панҷсад маоши ҳадди ақал бештар бошад.

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон

1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар навъи фиреб додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон ба миқдори назаррас содир шуда бошанд;

бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

б) ба миқдори калон;

в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд шудааст, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

а) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Фиреби истеъмолкунандагон ҳангоме ба миқдори назаррас содиршуда шумурда мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз даҳяки маоши ҳадди ақал бештар, ба миқдори калон - аз як маоши ҳадди ақал бештар бошад, ба миқдори махсусан калон аз панҷоҳ маоши ҳадди ақал зиёд бошад.

Моддаи 295. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо

1) Аз ҷониби кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо истифода намудани ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин корхонаҳо ва бо мақсади ба даст овардани фоида ва имтиёз барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба ашхоси дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ ё дигар корхонаҳо дар моддаи мазкур ашхосе дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё мутобиқи ваколати махсус вазифаи фармонфармоӣ ё дигар вазифаи идоравиро дар корхонаҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва инчунин дар корхонаҳои ғайритиҷоратӣ, ки мақоми ҳокимияти давлатӣ намебошанд, анҷом медиҳанд.

2) Агар кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда танҳо ба корхонаи тиҷоратӣ, ки корхонаи давлатӣ намебошад, зарар расонида бошад, таъқиби ҷиноятӣ аз рӯи аризаи ҳамин корхона ё бо розигии он оғоз карда мешавад. Ҳангоми расонидани зарар ба дигар корхона, инчунин ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат - таъқиби ҷиноятӣ дар асосҳои умумӣ ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 296. Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ, нотариус ё ҳимоягар (адвокат)

1) Аз ҷониби аудитор, судяи ҳакамӣ, нотариус ё ҳимоягар истифода намудани ваколаташон бар хилофи вазифаҳои фаъолияти ба зиммаашон гузошташуда ва ба мақсади ба даст овардани фоида ва имтиёзот барои худ ё дигар ашхос ё расонидани зарар ба дигарон, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ё давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) нисбат ба шахси бараъло хурдсол ё ноболиғ ё ғайри қобили амал;

б) такроран содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 297. Аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ

1) Аз ҷониби роҳбарон ё хизматчиёни хадамоти муҳофизати хусусӣ ё детективӣ, бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ гузаштан аз ҳадди ваколат, ки мутобиқи лицензия ба онҳо дода шудааст, агар ин кирдор бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи яроқ ё воситаҳои махсус содир шуда бошад;

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ ХII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

БОБИ 28. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Моддаи 298. Ғайриқонунӣ дастрас намудани иттилооти компьютерӣ

1) Ғайриқонунӣ дастрас намудани иттилооте, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо вайрон кардани системаи муҳофизати онҳо,

 бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси тағйир додан, нест кардан ё муҳосираи (блокировкаи) иттилоот, ҳамчунин аз кор баровардани таҷҳизоти компьютерӣ гардида бошад ё зарари ҷиддӣ расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз чорсад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 299. Тағйир додани иттилооти компьютерӣ

1) Тағйири иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компьютерӣ, ё дар махзани мошинҳо нигоҳ дошта шудааст, ҳамчунин дидаю дониста ба онҳо дохил намудани иттилооти бараъло бардурӯғ ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруфи амволи ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро пеш овардааст,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ алоқаманд бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 300. Тахриби компьютерӣ

1) Несту нобуд, муҳосира ё корношоям сохтани иттилооти компьпютерӣ ё барнома, аз кор баровардани таҷҳизоти компьютерӣ, ҳамчунин вайрон кардани системаи ё шабакаи комьпютерӣ ё махзани мошинҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерӣ алоқаманд бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 301. Ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилооти компьютерӣ

1) Нусхабардории ғайриқонунӣ ё бо дигар усули ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компьютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, ҳамчунин дошта гирифтани иттилооте, ки ба воситаи алоқаи компьютерӣ интиқол мешавад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Маҷбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компьютерӣ ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо таҳдиди ифшо кардани маълумотҳои беобрӯкунанда нисбати шахс ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро ниҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани амволи шахс, наздикони ӯ ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онҳо бовар карда супорида шудааст ё таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс ё наздикони ӯ алоқаманд бошад;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад;

в) ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонида бошад;

г) бо мақсади ба даст овардани иттилооти ниҳоят арзишнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;

в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 302. Тайёр кардан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсус барои гирифтани тамоси ғайриқонунӣ ба системаи ё шабакаи компьютерӣ

Тайёр кардан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси барномавӣ ё таҷҳизотӣ барои гирифтани тамоси ғайриқонунӣ ба системаи ё шабакаи компьютерии муҳофизатдор,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 303. Таҳия, истифода ва паҳн кардани барномаҳои зараровар

1) Таҳияи барномаҳои компьютерӣ ё даровардани тағйирот ба барномаҳои мавҷуда бо мақсади бе иҷозат нобуд ё муҳосира кардан ё тағйир додан ё нусхабардории иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компьютерӣ ё дар махзани мошинҳо маҳфуз аст, инчунин таҳияи барномаҳои махсуси вирусдор, дидаю дониста истифода бурдани онҳо ё паҳн кардани махзанҳои дорои чунин барномаҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 304. Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ

1) Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи системаи ё шабакаи компьютерӣ аз ҷониби шахсе, ки ба ин система ё шабака тамос дорад, агар ин амал аз беэҳтиётӣ боиси нобуд ё муҳосира шудан ё тағйир ёфтани иттилооти компьютерӣ, вайрон шудани кори таҷҳизоти компьютерӣ ё расонидани дигар зарари ҷиддӣ гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар ҳангоми истифодаи система ё шабакаи компьютерӣ, ки иттилооти ниҳоят арзишнок дорад, содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

ФАСЛИ XIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат

Хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, вогузоштани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунӣ, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 306 ва 307 Кодекси мазкурро содир кардааст, агар ихтиёрӣ ва бо сари вақт огоҳонидани мақомоти ҳукумат ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорҳои ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданаш мумкин аст.

Моддаи 306. Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият

Кирдоре, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ба ғасб кардани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, ҳамчунин ба мақсади бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо зӯроварӣ тағйир додани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи воситаҳои ахбори умум;

д) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 308. Ҷосусӣ

Супоридани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ё намояндагони онҳо, инчунин ҷамъоварӣ, тасарруф кардан ё нигаҳдоштани чунин маълумотҳо бо мақсади супоридан ба онҳо ҳамчунин супоридан ё ҷамъоварии дигар маълумотҳо мутобиқи супориши кашфи (разведкаи) хориҷӣ барои истифода бурдани онҳо бар зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин кирдор аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 309. Таҳрибкорӣ (Диверсия)

1) Бо мақсади ноустувор сохтани амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содир намудани таркиш, сӯхтор ё дигар кирдорҳое, ки барои нобуд ё вайрон кардани корхонаю иншоот, роҳ ва воситаҳои нақлиёт, воситаҳои алоқа, объектҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ равона шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 310. Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият (акти террористӣ),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 311. Ифшои сирри давлатӣ

1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ӯ бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ӯ маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар ашхос шуда, дар ин кирдори ӯ нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки оқибатҳои вазнин овардааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ

Аз ҷониби шахсе, ки ба сирри давлатӣ иҷозат дорад, вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо аснодҳои дорои сирри давлатӣ дошта, ҳамчунин бо предметҳое, ки маълумот дар бораи онҳо сирри давлатӣ мебошанд, агар ин кирдор аз беэҳтиётӣ боиси гум шудани онҳо ё фаро расидани оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 313. Исёни мусаллаҳона

Ташкили исёни мусаллаҳона ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 30.ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАНФИАТҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 314. Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ

1) Аз ҷониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатҳои хизмати худ бархилофи манфиатҳои хизматӣ, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳо ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯхдати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати то чор сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидоракунии маҳаллиро ишғол мекунад, содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми шахси мансабдор дар моддаҳои ҳамин боб шахсе дар назар дошта шудааст, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимиятро ба ҷо меоварад ё вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ инчунин дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

2) Таҳти мафҳуми шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, дар моддаҳои боби мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс ашхосе дар назар дошта шудаанд, ки мансабҳои барои иҷрои бевоситаи салоҳияти мақомоти давлатӣ муайнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунанд.

3) Хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ба шумули ашхоси мансабдор дохил намешаванд, мутобиқи моддаҳои ҳамин боб дар ҳолатҳои махсус пешбининамудаи моддаҳои дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Моддаи 315. Беамалӣ дар иҷрои вазифа

Аз тарафи хизматчии давлатӣ, ки шахси мансабдор намебошад бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ иҷро накардани вазифаҳои хеш, агар ин кирдор ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҷамъият ё давлатро поймол карда бошад,

бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 316. Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

1) Аз ҷониби шахси мансабдор анҷом додани кирдоре, ки аз ҳадди ваколатҳои ӯ баръало берун мебарояд ва боиси ба таври ҷиддӣ поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гаштааст,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорро агар шахсе содир карда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи яроқ ё воситаҳои махсус;

в) бо расонидани оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 317 . Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор

Аз ҷониби хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки шахси мансабдор намебошад, соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор ва вобаста ба он содир намудани кирдоре, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилотҳоро ба таври ҷиддӣ поймол мекунанд,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ

Аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи манъи муқаррарнамудаи қонун, агар ин кирдор аз фароҳам овардани имтиёз ва бартарӣ ё бо дигар шакли пуштибонӣ ба чунин ташкилот алоқаманд бошад,

бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 319. Гирифтани пора

1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар шакли пул, коғазҳои қиматнок, амвол ё фоидаи дорои характери амволӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора (ришват) барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъоляяти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

в) бо тамаъҷӯии пора;

г) ба миқдори калон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 319, 324 ва 325-и Кодекси мазкур дар зери мафҳуми миқдори калон арзиши аз як ҳазор маоши ҳадди ақал зиёд буда фаҳмида мешавад.

2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳо содир шуда бошад.

Моддаи 320. Додани пора

1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор ё аз тариқи миёнарав,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2) Додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Агар аз ҷониби шахси мансабдор тамаъҷӯии пора ба амал омада бошад ва агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба кушодани парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ

Кӯшиши ошкоро ба шахси мансабдор додани пул, коғазҳои арзишнок, дигар амвол ё хизматрасонии дорои хусусияти амволӣ бе розигии ӯ бо мақсади сохтани далелҳои сунъӣ оид ба гирифтани пора,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 322. Хунукназарӣ

1) Хунукназарӣ, яъне иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад,

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ

Сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти худидоракунии маҳалӣ, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

1) Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи амволӣ аз ҷониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчӣ

1) Додани мукофот ба хизматчӣ, яъне дидаю дониста додани мукофоти молӣ ё фоидаи амволӣ ба хизматчии корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ғайр аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, барои ба манфиати шахси ришвадиҳанда иҷро кардани амали ғайриқонунӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон;

г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 326. Ғайриқонуни иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории яроқи оташфишон

Ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории яроқи оташфишон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 327. Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад

Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ, инчунин истифодаи, техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 31. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРА

Моддаи 328. Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият

1) Истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кардани амвол нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми намояндаи ҳокимият шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ хизмат карда ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбат ба ашхоси таҳти тобеъияти хизматиаш қарорнадошта ваколати амрдиҳиро дорад.

Моддаи 329. Таҷовуз ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Таҷовуз ба ҳаёти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизматчии ҳарбӣ, ҳамчунин ба шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рӯи қасд барои чунин фаъолияташон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият

1) Таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз ду моҳ то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо ва муассисаҳои ҳабси пешакӣ

1) Таҳдиди зӯроварӣ нисбати кормандони муассисаҳои татбиқкунандаи ҷазо, нисбати кормандони муассисаҳои ҳабси пешакӣ бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти мӯътадили ин муассисаҳо,

бо ҳабс ба мӯҳлати аз як то се моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо ҳамин мақсад истифода бурдани зӯроварӣ нисбати ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ки ба ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок намебошад,

бо ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) бо зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатии шахс хавфнок аст;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил:

в) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 332. Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд

1) Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намуда, дар:

а) таҳқиру шиканҷаи маҳкумшудагон;

б) ҳамла овардан ба намояндагони маъмурияти ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ;

в) ташкил намудани гурӯҳҳо бо ин мақсад ё дар амали онҳо фаъолона иштирок намудан ифода ёфтааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахси барои ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкумшуда содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 333. Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Истифодаи ғайриқонунии аломату нишонаҳои тафриқаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 334. Худсарӣ

1) Худсарӣ, яъне худсарона бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ зарари ҷиддӣ расонидааст,

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 335. Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ

1) Ғайриқонунӣ, бидуни санади муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи ҳамин модда ба ҳолатҳои бидуни ҳуҷҷат ё иҷозатномаи муқарраршуда, бо мақсади истифодаи ҳуқуқи гуреза мутобиқи Консттитусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо гирифтани мақоми гуреза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ дахл надорад.

Моддаи 336. Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ

Вайрон кардани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ, ки дар давоми сол пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна вайронкуниҳо содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал, ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлатӣ

Тасарруфи мукофоти давлатӣ,

 бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, ки дар давоми соли пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои чунин вайронкунӣ содир шудааст ё ин кирдор ба манфиати қонунии шаҳрвандон, давлат ё корхона ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳафтсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр

1) Тасарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар ҳуҷҷати муҳими шахсии шаҳрванд,

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то як сол ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Бо мақсади ғаразнок ё манфиати дигари шахсӣ тасарруф, нобуд, вайрон ё пинҳон кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, штамп ё мӯҳр,

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 340. Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ

1) Сохтакории шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ҳуҷҷат, ба ҳамин мақсад тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, штампу мӯҳр ё бланкаҳои қалбакӣ, инчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то чор моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос;

в) бо истифодаи техникаи компьютерӣ содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 341. Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва мукофоти давлатӣ

Ғайриқонунӣ соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз ӯҳдадорӣ озодкунанда, инчунин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, инчунин бланкаҳои ин ҳуҷҷатҳо,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то чор моҳ ҷазо дода мешавад.

Моддаи 342. Таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ

Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рамзҳои давлатии дигар давлат,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 343. Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва альтернативӣ

1) Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси ӯҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Саркашии ашхоси аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати альтернативӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

3) Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё альтернативӣ бо роҳи:

а) ба худ расонидани зарар ба саломатӣ;

б) бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозор шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 344. Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ

Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

БОБИ 32. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ

Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ

1) Дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Дар ҳар шакле дахолат кардан ба фаъолияти прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки таҳқиқи ибтидоиро анҷом медиҳад бо мақсади монеъ шудан ба ҳамаҷониба, пурра ва объективии таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакии парванда,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматии худ содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ

1) Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:

а) бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;

в) аз ҳиссиёти ғаразнок;

г) ба манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида агар:

а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё шахси анҷомдиҳандаи таҳдиқи ибтидоӣ содир шуда бошанд;

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 347. Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он

1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти аниқ маълуми тайёршудаистода ё ҷинояти содиршудаи вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ӯ,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Пинҳон доштани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини пешакӣ ваъданашуда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: 1) Ҳамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашудаи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

2) Инчунин ходими калисо барои хабар надодан дар бораи ҷинояте, ки ба ӯ ҳангоми омӯзиш маълум гардидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

Моддаи 348. Дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ

1) Дидаю дониста шахси бегуноҳро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷониби шахси анҷомдиҳандаи таҳқиқи ибтидоӣ, муфаттиш ё прокурор, ҳамчун гунаҳгор,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста бо айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;

в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 349. Дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ

1) Дидаю дониста аз тарафи судя ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста бо баровардани ҳукми аз озодӣ маҳрум сохтан;

б) вобаста бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ содир шуда бошад;

в) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 350. Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд,мақомоти тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ

Монеъ шудан ба ҳозиршавии шоҳид ё ҷабрдида ба суд, мақомоти тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ,

бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 351. Гувоҳии бардурӯғ

1) Дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани шоҳид, ҷабрдида ё хулосаи ғалат додани коршинос (эксперт), ҳамчунин ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд дидаю дониста нодуруст тарҷума кардани тарҷумон,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар вобаста:

а) ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин:

б) ба тайёр кардани далелҳои сунъии айбдоркунӣ;

в) бо мақсади ғаразнок;

г) бо манфиати гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Агар шоҳид, ҷабрдида, коршинос ё тарҷумон дар ҷараёни таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё мурофиаи судӣ то баровардани ҳукм ё ҳалномаи суд дар хусуси бардурӯғ будани баёнот, хулосаҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума карданашон ихтиёрӣ арз намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Моддаи 352. Саркашӣ аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод,хулоса ё тарҷума кардан

1) Саркашӣ кардани шоҳид ё ҷабрдида аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишотӣ ё ба суд ё нахостани додани нишондод,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

2) Саркашӣ кардани коршинос (эксперт), тарҷумон ё шахси холис аз ҳозир шудан ба даъвати худи ҳамон мақомот ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.

Моддаи 353. Ришвадиҳӣ ё маҷбур кардан барои додани баёноти бардурӯғ, хулосаи бардурӯғ ё тарҷумаи нодуруст

1) Ришвадиҳӣ ба шоҳид, ҷабрдида бо мақсади аз ҷониби онҳо додани баёноти бардурӯғ ё ба коршинос бо мақсади пешкаш намудани хулосаи бардурӯғ ё додани нишондоди бардурӯғ, ҳамчунин ба тарҷумон бо мақсади нодуруст тарҷума карданаш,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Маҷбур сохтани шоҳид, ҷабрдида барои додани нишондоди бардурӯғ, коршинос барои пешниҳоди хулосаи бардурӯғ ё тарҷумон ҷиҳати нодуруст тарҷума кардан, ҳамчунин маҷбур сохтани ашхоси мазкур барои саркашӣ намудан аз додани нишондод вобаста бо:

а) иръоб (шантаж);

б) таҳдиди куштан;

в) расонидани зарар ба саломатӣ;

г) нобуд сохтани амволи ин ашхос ё наздикони онҳо содир шуда бошад,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз як то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии ашхоси мазкур хавфнок набуда содир шуда бошад,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае,ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатии ашхоси зикргардида хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 354. Аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ тафтиши пешакӣ гузаронанда ё адолати судиро татбиқкунанда маҷбур сохтан ба додани нишондод

1) Бо роҳи таҳдид, иръоб ё кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва шоҳидро маҷбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниҳоди хулоса маҷбур сохтани шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ тафтиши пешакӣ мегузаронад ё адолати судиро татбиқ менамояд,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) вобаста бо таҳқири шахси пурсишшаванда, шиканҷаю зӯроварии дигар содир шуда бошад:

б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Моддаи 355. Беэҳтиромӣ нисбати суд

1) Беэҳтиромӣ нисбати суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфтааст,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Таҳқири судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар татбиқи адолати судӣ иштирок менамояд,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 356. Таҳдид ё амалҳои зӯрӣ нисбати судя, машваратчӣ,прокурор, муфаттиш, шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронад, пристави суд, иҷрочии суд, адвокат,коршинос, тарҷумон, кормандони мақомоти андоз, гумрук

1) Таҳдиди куштан, зӯроварӣ, хароб ё нобуд сохтани амволи судя, муфаттиш ё шахси дигари дар татбиқи адолати судӣ иштирокдошта, инчунин прокурор, муфаттиш, шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронад, пристави суд, иҷрочии суд, адвокат, коршинос, тарҷумон, кормандони мақомоти андоз, гумрук ё наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ, баррасии парванда дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо сабаби гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ нисбати ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатиашон хавфнок нест,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда бо истифода намудани зӯроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 357. Таҷовуз ба ҳаёти шахси адолати судиро ба амал бароранда ё тафтиши пешакӣ баранда

Таҷовуз ба ҳаёти судя, машваратчӣ ё шахси дигаре, ки дар ба амал баровардани адолати судӣ иштирок мекунад, прокурор, муфатиш, шахси таҳқиқи ибтидоӣ баранда, ҳимоячӣ, коршинос, пристави судӣ, иҷрочии суд, ҳамчунин ба шахсони наздики онҳо вобаста ба дида баромадани кор ё мавод дар суд, гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ ё ин ки иҷрои ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ, бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон, ҳамчунин аз рӯи қасд барои чунин фаъолият,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 358. Ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан

1) Дидаю дониста ғайриқонунӣ дастгир намудан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста ғайриқонунӣ ҳабс кардан ё дар ҳабс нигоҳ доштан,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардидае, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 359. Сохтакории далелҳо

1) Сохтакории далелҳои парвандаи гражданӣ аз ҷониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи ӯ,

бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати аз ду то шаш моҳ ҷазо дода мешавад.

2) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби ашхоси дар қисми дуюми ҳамин модда зикргардида, агар:

а) дар хусуси ҷиноятӣ вазнин ё махсусан вазнин бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 360. Ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

Шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдоршавандаро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани прокурор ё шахсе, ки тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ

Бе иҷозати шахси таҳқиқи ибтидоиро гузаронанда, муфаттиш ё прокурор маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фош накардани онҳо огоҳонида шуда буд,

бо ҷарима ба аддозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 362. Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати амволе, ки рӯйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад

1) Амволи рӯйхат шуда ё ба он ҳабс гузошташударо исроф намудан, бегона ё пинҳон кардани шахсе, ки амволи мазкур ба вай бовар карда супурда шуда буд, ҳамчунин аз тарафи хизматчиёни ташкилотҳои кредитӣ ба амал баровардани операцияҳои бонкӣ ба воситаҳои пулӣ (пасандозҳо), ки ба онҳо ҳабс гузошта шуда буд,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал, ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Пинҳон ё азони худ кардани амволе, ки бо ҳукми суд мусодира карда мешавад, ҳамчунин бо тарзи дигар саркашӣ кардан аз иҷрои ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оиди таъмини мусодираи амвол,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 363. Иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ

Ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибор пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатии хизматчии мақоми худидораи маҳаллӣ, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона, инчунин ба иҷрои онҳо монеъ шудан,

 бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 364. Саркашӣ аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ

Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ кардани шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба ӯ барои аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кӯтоҳ рафтан иҷозат дода шудааст ё иҷрои ҳукм дар мавриди татбиқи ҷазо мавқуф гузошта шудааст баъд аз ба охир расидани мӯҳлати иҷозати рафтан ё мӯҳлати мавқуф гузошта шуда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 365. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабс

1) Аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабс ё ҳабси пешакӣ гурехтани шахсе, ки ҷазоро адо мекунад ё дар ҳабси пешакӣ мебошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос;

б) бо зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии ашхоси дигар хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

в) бо истифодаи яроқ ё предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсеро, ки дар мӯҳлати се рӯз ихтиёрӣ, ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ё ба ҳабс ё ба ҳабси пешакӣ бармегардад, суд метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гурехтан озод намояд.

ФАСЛИ XIV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

БОБИ 33. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Моддаи 366. Мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ

1) Ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ - он ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси даъват ё қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё ашхосе, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд.

2) Ашхосе, ки дар ҳамин модда зикр нашудаанд, барои шарикӣ дар ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ аз рӯи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 367. Итоат накардан

1) Итоат накардан, яъне рӯирост саркашӣ кардан аз иҷрои фармони сардор, инчунин бо тарзи дигар қасдан иҷро накардани фармон,

бо нигоҳ доштани дар қисми ҳарбии интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Худи ҳамин кирдор, агар:

а) боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 368. Иҷро накардани фармон

1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷиддӣ расонидааст дар сурати набудани аломатҳое, ки дар банди 1-уми моддаи 367 ҳамин Кодекс нишон дода шудааст,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё бо нигоҳ доштан дар қисмҳои интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 369. Муқобилият ба сардор ё маҷбур кардани ӯ ба вайрон кардани вазифаҳои хизматӣ

1) Муқобилият нишон додан ба сардор ё ба шахси дигари иҷрокунандаи вазифаҳои сардор, ки ба ӯҳдааш гузошта шудааст, ҳамчунин барои вайрон кардани ин вазифаҳо маҷбур сохтани ӯ, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он алоқаманд аст,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё фиристодан ба қисми интизомӣ ба мӯҳлати то як сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи яроқ;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 370. Истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор

1) Лату кӯб ё истифодаи шакли дигари зӯроварӣ ба сардор вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбии ӯ ё ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё фиристодан ба қисми интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи яроқ;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Амалҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 371. Таҳдид ба сардор

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломатӣ ё таҳдиди дошта задани сардор дар ҳолати мавҷудияти асосҳои кофӣ, барои амалӣ шудани ин таҳдид бинобар вазифаҳои хизмати ҳарбиро иҷро кардани вай,

бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 372. Таҳқири хизматчии ҳарбӣ

1) Аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ таҳқир намудани хизматчии ҳарбии дигар ҳангоми иҷрои вазифа ва ё вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то шаш моҳ ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Сардорро таҳқир кардани зердаст, ҳамчунин таҳқири зердаст аз ҷониби сардор ҳангоми иҷрои вазифа ё вобаста ба иҷрои вазифаи хизматӣ,

бо маҳдуд кардани хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то як сол ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 373. Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо

1) Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад,

бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё фиристодан ба қисми интизомӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбати ду ва зиёда ашхос;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;

г) бо истифодаи яроқ;

д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё дигар оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат

1) Тарки худсаронаи қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат, ҳамчунин бидуни сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба хизмат пас аз рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ, рухсати меҳнатӣ, ҳангоми таъин кардан ё гузаронидан ба дигар ҷой ба хизмат, ё ба дигар хизмат гузаронидан, ё аз сафари хизматӣ барнагаштан, ё аз муассисаҳои табобатӣ, ки зиёда аз се шабонарӯз, вале на зиёда аз даҳ шабонарӯзро дар бар мегирад аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи даъват хизмат мекунанд, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат ба ҳамин мӯҳдат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб,

бо ҳабс ба муддати то шаш моҳ ё равон кардан ба қисми интизомӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки дар қисми интизоми мӯҳлати ҷазоро адо мекунад, содир шуда бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Тарки худсарона аз қисми ҳарбӣ ё ҷои хизмат аз ҷониби хизматчии хизмати ҳатмии ҳарбӣ, шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчие, ки дар асоси қарордод адои хизмат мекунад, инчунин барнагаштан ба хизмати ҳарбӣ дар вақти муайяншуда бе сабабҳои узрнок, зиёда аз даҳ шабонарӯз, вале на бештар аз як моҳ инчунин саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ба ҳамин мӯҳлат бо роҳи пешкаш намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё фиребу найранги дигар,

бо маҳдуд кардан дар хизмат ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

4) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, ё бе сабабҳои узрнок сари вақт барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз даҳ шабонарӯз, вале на бештар аз як моҳ, инчунин саркашӣ кардан аз хизмат бо мӯҳлати зикргардида бо роҳи пешниҳод намудани ҳучҷатҳои қалбакӣ ё шаклҳои дигари фиреб, аз ҷониби хизматчии ҳарбие, ки дар қисми интизомӣ мӯҳлати ҷазоро адо менамояд, содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то чор сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 12.05.2001 № 12).

5) Худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳали хизмат, инчунин бе сабабҳои узрнок барнагаштан ба маҳали хизмат зиёда аз як моҳ аз чониби шахсони дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда зикргардида,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 12.05.2001 № 12).

6) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷанг ё замони ҷанг, сарфи назар аз давомнокии он содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 12.05.2001 № 12).

Эзоҳ: Хизматчии ҳарбии кирдори дар қисми якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур пешбинишударо бори аввал содир карда, агар худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ бо сабаби пеш омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Конуни ЧТ аз 12.05.2001 № 12)..

Моддаи 375. Фирор

1) Фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат баромада рафтани хизматчии ҳарбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин бо ҳамин мақсад барнагаштан дар вақти муайяншуда,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор агар аз ҷониби шахси ҳайати афсарӣ, прапорщик, ё хизматчии ҳарбие, ки дар асоси қарордод хизмат мекунад содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

3) Фирор бо яроқе, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Фироре, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Хизматчии ҳарбие, ки мутобиқи кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мӯҳлати се рӯз омада ба гуноҳаш иқрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 376. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар

1) Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ), ё саркашӣ бо роҳи бемории сохта ва ё фиреби дигар ё рад кардани иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё равон кардан ба қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

3) Ҳамин кирдор, ки дар вазъияти ҷанг ё дар замони ҷангӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 377. Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои баҷооварии навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) оид ба сари вақт ошкор намудан ва зада гардонидани ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар расонад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

3) Вайрон кардани қоидаҳои ба ҷо овардани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ) дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба хизмат, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳдуд кардани дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 378. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ, аз ҷониби шахси дар хизмати наряди сарҳадӣ буда ё иҷрокунандаи дигар вазифаҳои хизмати сарҳадӣ, агар ин кирдор ба манфиатҳои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар оварад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки сабаби оқибатхои вазнин шудааст,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 379. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати қаровулӣ (посбонӣ) аз ҷониби шахси ба ҳайати қаровулӣ (посбонӣ) дахлдошта, агар ин кирдор боиси ба объектҳои аз ҷониби қаровул (посбон) муҳофизатшуда расонидани зарар гардидааст,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ, ё бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси рӯй додани оқибатҳои вазнин гардидааст ё дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Вайронкунии хизмати оинномавии қаровулӣ (посбонӣ), дар натиҷаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 380. Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон

Вайронкунии қоидаҳои оинномавии хизмати дохилӣ аз ҷониби шахси ба ҳайати наряди шабонарӯза дохилбуда, ҳамчунин вайронкунии қоидаҳои оинномавии гардиши посбон дар гарнизон аз ҷониби шахси ба ҳайати наради посбонон дохил буда, агар ин кирдор боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ, ё бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 381. Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ

1) Вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ё таъмини амнияти ҷамъиятӣ, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 382. Ихтиёран додани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ,моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ва техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ

Ихтиёран ба шахси дигар додани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои таркиш ё техникаи ҷангӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, ки ба ӯ ин чизҳо барои истифодаи хизматӣ бовар карда супурда шудааст ва агар он боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 383. Воситаҳои бурдани ҷангро ба душман таслим намудан ё он воситаҳоро партофта рафтан

Қувваҳои ҳарбии ба ӯ бовар карда супоридашударо ба душман таслим намудани сардор, инчунин бе зарурияти вазъияти ҷанг истеҳком, техникаи ҷангӣ ё дигар воситаҳои бурдани ҷангро ба ихтиёри душман партофта рафтани сардор, ки вай ин ҳаракатҳоро бе мақсади ба душман ерӣ расондан содир карда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор фармудани яроқ

Дар вақти ҷанг худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё ки дар вақти ҷанг саркашӣ кардан аз кор фармудани яроқ,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ

Аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани амволи ҳарбӣ

1) Несту нобуд ё вайрон кардани яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ, ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад

1) Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ, моддаҳои тарканда ё дигар маводу асбобу анҷоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии ҷабрдида, нобуд шудани техникаи ҳарбӣ ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонида бошад,

бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани амволи ҳарбӣ

1) Барбод додан, яъне аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ фурӯхтан, ба истифода додан, ба шахси дигар ё ба гарав мондани сарулибос ё асбобу анҷомҳои ҳарбие, ки ба ӯ барои истифодабарии шахсӣ дода шудаанд, инчунин дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои сариштакунӣ гум ё вайрон кардани чизҳои мазкур,

бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайронкунии қоидаҳои сариштакунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҷангӣ, ки барои истифодаи хизматӣ бовар карда супорида шудааст, агар ин сабаби гум шудани онҳо гардида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо махдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинӣ шуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 389. Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳо

1) Вайронкунии қоидаҳои ронандагӣ ё истифодабарии мошинҳои ҷангӣ, махсус ё дигар нақлиёте, ки аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии ҷабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад, бо ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ ё бо нигоҳ доштан дар қисми интизомии ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол,

бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Кирдори дар банди якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 390. Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба он

Вайронкунии қоидаҳои парвоз ё ин ки тайёрӣ ба он, инчунин вайронкунии қоидаҳои истифодабарии аппаратҳои парвозкунанда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибаҳои вазнин гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 391. Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият

1) Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,

бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломати инсон гардида бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона ба хизмат

1) Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматии худ аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натиҷаи муносибатҳои беэҳтиётона ё беинсофона ба онҳо, ки боиси расондани зарар ба миқдори калон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,

 бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Конуни ЧТ аз 10.12.1999 № 877).

2) Ҳамин кирдор, агар дар вазъияти ҷангӣ ё дар замони ҷанг содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 393. Тасарруфи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ

1) Тасарруфи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё дигар моддаҳои ҷангӣ, ки дар анборҳои ҳарбӣ ё дигар анборҳо, дар истифодаи хизматӣ ё дар дасти дигар хизматчиён маҳфузанд,

 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

2)) Тасарруфе, ки:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ зарар надорад;

г) ба миқдори калон ё боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Тасарруфе, ки:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зӯроварии ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 394. Хориҷ карда шуд (Конуни ЧТ аз 2.12.2002 № 64)

ФАСЛИ XV. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

БОБИ 34. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ СУЛҲУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона

1) Ба нақша гирифтан ё тайёр кардани ҷанги таҷовузкорона,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2) Оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 396. Даъвати оммавӣ барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона

1) Даъвати ошкоро барои сар кардани ҷанги таҷовузкорона,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори умум ё аз ҷониби ашхоси ишғолкунандаи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияги муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Рӯйхати ашхосе, ки мансабҳои давлатиро ишғол мекунанд, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.

Моддаи 397. Истеҳсол ё паҳн намудани яроқи қатли ом

Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол, харид, нигоҳдорӣ, интиқол, ирсол ё ба соҳибияти каси дигар додани яроқи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин намуди дигари яроқи қатли оми бо шартномаи байналхалқӣ манъшуда, ҳамчунин ба ҳар давлати яроқи зарравӣ надошта додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ва технологӣ, ки бараъло барои буньёди яроқи қатли ом истифода шуда метавонанд, ё ба ҳар гуна шахс додани намудҳои дигари яроқи қатли ом ё қисматҳои зарурии бо шартномаҳои байналхалқӣ манъгардида барои истеҳсоли он,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 398. Геноцид

Кирдорҳое, ки ба пурра ё қисман маҳв сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман қир кардани онҳо, зӯроварона монеъ шудан ба таваллуди кӯдак равона гардидаанд, ё аз гурӯҳ аз ҷумлаи ин гурӯҳҳои одамон ба дигаре додани кӯдакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо ё фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурӯҳ нигаронида шудаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 399. Биоцид

Истифодаи яроқи зарравӣ, нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ ё яроқи дигари қатли ом бо мақсади нобуд кардани мардум ва муҳити зист,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 400. Экоцид

Маҳви оммавии олами набототу ҳайвонот, заҳролудкунии атмосфера ё захираҳои об, инчунин анҷоми кирдорҳои дигаре, ки фалокати экологиро ба вуҷуд оварда метавонанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлат намебошад, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ шитирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ё барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст.

Моддаи 402. Ҳамла ба ашхос ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарордошта

1) Ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Таҳдиди бо ҳамлаи дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 403. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир шудааст

1) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи башар, ки дар натиҷаи низои мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ содир шудааст, яъне ҳамла ба аҳолии мулкӣ ё ашхоси алоҳидаи мулкӣ, ҳуҷуми дорои хусусияти интихобнагардида, ки ба манфиати аҳолии мулкӣ, ё иншооти мулкӣ дахолат мекунад, ҳуҷум ба дастгоҳҳо ё иншооте, ки дорои нерӯи хавфнок мебошад, ҳуҷум ба шахсе, ки иштирок дар амалиёти ҳарбӣ қатъ кардааст, ба манбаи ҳуҷум қарор додани маҳалли муҳофизатнашаванда ва минтақаҳои ғайринизомӣ гардонидашуда, аз байн бурдан ё осеб расонидан ба ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат ё маҳалҳои адои расму русуми динӣ, ки ёдгории фарҳангӣ ё маънавии халқҳо мебошад, аҳдшиканона истифода бурдани аломатҳои фарқкунандаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва дигар аломатҳои ҳимоявӣ ва бонгҳое (ишоратҳое), ки мутобиқи ҳуқуқи байналхалқии башар эътироф шудааст, аз ҷониби давлати забткунанда аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол додани қисми аҳолии мулкӣ ба ҳудуде, ки аз ҷониби он забт шудааст ё тобеи депортация ё интиқол додани як қисм ё тамоми аҳолии ҳудуди забтшуда дар доираи ҳамин минтақа ё берун аз ҳудуди он, беасос дароз кардани мӯҳлати репатриацияи асирони ҳарбӣ ё ашхоси мулкӣ, истифодаи амалияи апартеит ё дигар кирдорҳои ғайрибашардӯстона ё пастзананда, ки шаъни шахсиятро таҳқир мекунад ва ба дискриминацияи наҷодӣ асос ёфта ва боиси марг гардидааст ё зарари назаррас ба ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳии ҳама гуна шахс зарари ҷиддӣ расонидааст ё зиёни калон ворид намудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ содир шуда, ба муқобили ашхосе равона гардидааст, ки дар амалиёти ҳарбӣ иштирок намекунад ё дорои воситаи ҳимоя намебошанд, инчунин ба муқобили захмиён, беморон, ҳамчунин ба муқобили ҳайати шахсии табибон ва рӯҳониён, қисмҳои санитарӣ ё воситаи нақлиёти санитарӣ, муқобили асирони ҳарбӣ, ашхоси мулкӣ, аҳолии мулкӣ, ки дар минтақаҳои забтшуда ё дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ қарор доранд, ба муқобили гурезаҳо ва апатритҳо, ҳамчунин ба муқобили дигар ашхосе, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ аз ҳимоя истифода мебаранд ва он дар кирдорҳои зайл ифода ёфтааст:

а) одамкушӣ;

б) қину азоб додан ё муомилаи ғайриинсонӣ, ки таҷрибаҳои биологии ба одамон татбиқ карда шударо дар бар мегирад;

в) расонидани азобу шиканҷаи вазнин ё амале, ки ба ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ таҳдид мекунад;

г) маҷбур намудани асири ҳарбӣ ё шахси ҳимоякунандаи ӯро ба хизмат ба қувваҳои мусаллаҳи рақиб;

д) маҳрум кардани асири ҳарбӣ ё шахси ҳимоякунандаи ӯ аз ҳуқуқи мурофиаи судии беғараз ва мӯътадил;

е) депортация ё бадарғаи ғайриқонунӣ ё дастгир кардани ашхоси таҳти ҳимоя қароргиранда;

ж) гаравгонгирӣ;

з) худсарона расонидани харобкориҳо ба миқьёси калон ё аз худ кардани амволе, ки аз нуқтаи назари ҳарбӣ зарур нестанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 404. Барқасдона вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии башар, ки дар вақти мухолифати мусаллаҳонаи байналхалқӣ ё дохилӣ бо таҳдид ба саломатӣ содир шудаст ё боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст

Нисбати ашхосе, ки дар таҳти ҳокимияти тарафи муқобил қарор доранд, ашхоси дастгиршуда ё бо ин ё он сабаб аз озодӣ маҳрум шуда, истифода бурдани ҳама гуна навъи амалиёти тиббӣ, ки мутобиқи вазъи саломатӣ ашхоси зикргардида ба он зарурат надоранд ва он ба меъёрҳои умумиқабулгардидаи тиббӣ, ки ҳангоми ҳолатҳои аз ҷиҳати тиббӣ шабеҳ нисбат ба шаҳрвандони давлате, ки чунин амалро анҷом медиҳанд истифода бурда мешаванд, мувофиқ нестанд, аз ҷумла ҳатто бо розигии онҳо нисбат ба чунин ашхос истифода бурдани амале, ки боиси осеби ҷисмонӣ гардидааст, гузаронидани таҷрибаҳои тиббӣ ё илмӣ, амалиёт оид ба ҷудо карда гирифтани бофтаҳо ё узв барои ба дигар кас шинонидани онҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 405. Дигар қонуншиканиҳои меъёри байналхалқии ҳуқуқи башар

Ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 403 ва 404 ҳамин Кодекс, толонгарӣ, яъне дар вазъияти ҷанг соҳиб шудан ба амволи ашхоси фавтида ё захмиён, ҳамчунин амволи шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ мононда шудаанд, истифодаи ашхоси зикргардида барои ҳимояи қӯшуни худ ё иншоот аз амалиёти ҳарбӣ, дар амалиёти ҳарбӣ ё мухолифати мусаллаҳона истифода бурдани восита ва маводе, ки тибқи шартномаҳои байналхалқӣ манъ шудаанд, истифодаи яроқи қатли ом, ки мутобиқи шартномаи байналхалқӣ манъ шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 "Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, инчунин ҳамаи қонунҳое, ки дар давраи аз 17 августи соли 1961 то 21 маи соли 1998 ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид кардаанд, аз рӯзи амалӣ гардидани Кодекси нав беэътибор дониста шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 21 маи соли 1998 № 574

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қарор мӯҳлати дигари мавриди амал қарор доданро муқаррар кардааст.

2. Минбаъд то ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар қисме, ки онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:

а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад.

4. Бинобар он, ки дар асоси моддаи 13 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук месозад, инчунин ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, ҳукми судҳо ва дигар санадҳое, ки чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро доранду то рӯзи амалӣ гардидани ҳамин Кодекс бароварда шудаанд, бо мақсади мутобиқ сохтани онҳо ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шаванд.

Аз нав дида баромадани ҳукмҳои судҳо ва дигар санадҳои судии қаблан бароварда шуда, аз ҷониби судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суде, ки дар ҷои адои ҷазои маҳкумшуда ҷойгир аст, ба амал бароварда мешавад.

Ҳамаи парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда оиди кирдорҳое, ки мутобиқи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф нашудаанд, қатъ карда шаванд.

5. Ҳолатҳои ҳамин Кодекс оиди намудҳои ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ё ҳабс баъд аз ба мавриди амал қарор додани Кодекси иҷроияи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода мешаванд, ҳангоми ба вуҷуд овардани шароитҳои зарурӣ оиди иҷрои ин намуди ҷазоҳо, вале на дертар аз 1 январи соли 2000.

6. Ашхосе, ки мутобиқи моддаи 24 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон реседивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд, ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомашон махсус адо мекунанд.

Раиси

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов

ш. Душанбе, 21 маи соли 1998 № 575