ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод. 68; № 22, мод. 306; соли 1999, № 12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149. 167; соли 2002, № 11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, № 5, мод. 346; № 7,мод. 453; соли 2005, № 3, мод. 126; № 7, мод. 399; № 12, мод. 640; соли 2007, № 7, мод. 665), тағйироти зайл ворид карда шавад:
Қисми 1 моддаи 130(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1) Хариду фурӯши одамон, яъне бо мақсади суиистифода (суиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шаҳвоният, кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, ҳолати ноилоҷӣ ё гирифтани узв ва (ё) бофта)ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дӯздӣ, қаллобӣ, фиреб, суиистифодаи мансаб ё ҳолати заифӣ, ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
5 январи соли 2008 № 339
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
17 октябри соли 2007 № 768
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
19 декабри соли 2007 № 415
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан
Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 9, ст.68; № 22, ст. 306; 1999 г., № 12, ст. 316; 2001 г., № 4, ст. 149, 167; 2002 г., № 11, ст. 675, 750; 2003 г., № 8, ст. 456, 468; 2004 г., № 5, ст. 346; № 7, ст. 453; 2005 г., № 3, ст. 126; № 7, ст. 399; № 12, ст. 640; 2007 г., № 7, ст. 665), следующие изменения:
Часть 1 статьи 130(1) изложить в следующей редакции:
"1) Торговля людьми - осуществляемые в целях эксплуатации (эксплуатация проституции других лиц или другие формы сексуальной эксплуатации, принудительный труд или услуги, рабство или обычаи, сходные с рабством, подневольное состояние или извлечение органа и (или) ткани) вербовка, перевозка, передача, укрывательство или получение людей путём угрозы силой или её применения или других форм принуждения, похищения, мошенничества, обмана, злоупотребления властью или уязвимостью положения, либо путем подкупа в виде платежей или выгод для получения согласия лица, контролирующего другое лицо, наказывается лишением свободы на срок от пяти до восьми лет с конфискацией имущества.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г.Душанбе,
5 января 2008 года №339
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 17 октября 2007 года №768
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе,19 декабря 2007 года №415