Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018 № 1538 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 июни соли 2018, № 1124

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2018, № 562

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 - 2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, № 1515), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 179(3) пас аз калимаҳои "воситаҳои ахбори омма" калимаҳои "ё шабакаи интернет" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 319:

- дар қисми 3:

- ба диспозитсия пас аз калимаҳои "аз ҷониби" калимаҳои "гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё" илова карда шаванд;

- аз санксия калимаҳои "ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 4:

- аз диспозитсияи банди б) калимаҳои "гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё" хориҷ карда шаванд;

- аз санксия калимаҳои "ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ то бисту як ҳазору нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё" хориҷ карда шаванд.

3. Аз санксияи қисми 2 моддаи 320 калимаҳои "ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё" хориҷ карда шаванд.

4. Аз санксияи моддаи 321 калимаҳои "ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1538

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 13 июня 2018 года, №1124

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 2 августа 2018 года, №562

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст.68, ст.69, №22, ст.306; 1999 г., №12, ст.316; 2001 г., №4, ст. 149, ст.167; 2002 г., №11, ст.675, ст.750; 2003 г., №8, ст.456, ст.468; 2004 г., №5, ст.346, №7, ст.452, ст.453; 2005 г., №3, ст. 126, №7, ст.399, №12, ст.640; 2007 г., №7, ст.665; 2008 г., №1, ч.1, ст.3, №6, ст.444, ст.447, №10, ст.803, №12, ч.1, ст.986, №12, ч.2, ст.992; 2009 г., №3, ст.80, №7-8, ст.501; 2010 г., №3, ст.155, №7, ст.550; 2011 г., №3, ст.161, №7-8, ст.605; 2012 г., №4, ст.258, №7, ст.694; 2013 г., №6, ст.403, ст.404, №11, ст.785, №12, ст.881; 2014 г., №3, ст.141, №7, ч.1, ст.385, ст.386; 2015 г., №3, ст.198, ст.199, №11, ст.949, №12, ч.1, ст.1107; 2016 г., №3, ст. 127, №5, ст.355, ст.356, №7, ст.608, ст.609, № 11, ст.874, ст.875; 2017 г., №1-2, ст.2, ст.З, №7-9, ст.586; 2018 г., №1, ст.4, ст.5; Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2018 года, №1515), следующие изменения и дополнения:

1. Часть 2 статьи 179(3) после слов "средств массовой информации" дополнить словами "или сети интернет".

2. В статье 319:

- власти.3:

- диспозицию после слова "совершенные" дополнить словами "группой лиц по предварительному сговору или";

- из санкции слова "штрафом в размере от девяти тысяч ста двадцати пяти до восемнадцати тысяч двухсот пятидесяти показателей для расчётов или" исключить;

- в части 4:

- из диспозиции пункта б) слова "группой лиц по предварительному сговору или" исключить;

- из санкции слова "штрафом в размере от двенадцати тысяч семисот семидесяти пяти до двадцати одной тысячи девятисот показателей для расчётов или" исключить.

3. Из санкции части 2 статьи 320 слова "штрафом в размере от девяти тысяч ста двадцати пяти до восемнадцати тысяч двухсот пятидесяти показателей для расчётов или" исключить.

4. Из санкции статьи 321 слова "штрафом в размере от девяти тысяч ста двадцати пяти до восемнадцати тысяч двухсот пятидесяти показателей для расчётов или" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 3 августа 2018 года, №1538