Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 35 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №9 моддаҳои 68, 69; №22, моддаи 306; соли 1999, №12, моддаи 316; соли 2001. №4, моддаҳои 149, 167; соли 2002, №11, моддаҳои 675, 750; соли 2003 №8 моддаҳои 456, 468 қабул шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар қисми якум калимаҳои "дохил карда мешаванд" ба калимаҳои "бояд дохил карда шаванд" иваз карда шаванд;

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали асос меёбад".

2. Қисми якуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъияти ва саломатии аҳоли, муҳити зист, тартиботи ҷамъияти ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсиони ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷинояти, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳури, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст".

3. Дар қисми якуми моддаи 4 ва моддаҳои 6, 10 калимаҳои "Кодекси ҷинояти" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 5 калимаҳои "ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд" бо калимаҳои "бояд ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шаванд" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми дуюми моддаи 7 калимаи "тасдиқ" ба калимаи "муайян" иваз карда шавад.

6. Дар номи моддаи 9 калимаи "башардӯсти" ба калимаи "инсондӯсти" иваз карда шавад.

7. Аз моддаи 11 калимаи "ягонаи" хориҷ карда шавад.

8. Ба Кодекси ҷинояти моддаи 11(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 11(1). Қоидаҳои тафсири қонуни ҷинояти.

1) Агар меъёри ҳуқуқи ҷинояти духӯра ифода ёфта бошад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба манфиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷинояти тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳумҳои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад."

9. Дар моддаи 14:

- дар қисми якум калимаҳои "шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" иваз карда шаванд;

- дар банди "г" қисми дуюм калимаи "онро" ба калимаҳои "фаъолияти ҷинояткоронаи худро" иваз карда шавад;

- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Шахсе, ки дар киштии оби ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии оби ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад";

- дар қисми чорум калимаи "байналхалқи" ба калимаи "байналмилали" иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 15:

- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷи содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи ӯ дар давлате, ки дар ҳудуди он ин кирдорро содир кардааст, ҷиноят эътироф карда шавад ва агар ӯ барои ин ҷиноят дар давлати хориҷи маҳкум нашуда бошад. Ҳангоми маҳкум кардани шахсони мазкур ҷазо набояд аз ҳадди болои санксияи пешбининамудаи қонуни давлати хориҷие, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир шуда буд, зиёд бошад";

- дар банди "б" қисми дуюм баъди калимаҳои "ҷинояти вазнин ё" калимаи "ҷинояти" илова карда шавад;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Доғи суди ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии ҷинояти нисбати шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷи ҷиноят содир кардааст, набояд ҳангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва ҳангоми таъини ҷазо барои ҷинояте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад".

11. Дар моддаи 16:

- дар қисми якум калимаҳои "шартнома ё созишномаҳои байнидавлати" ба калимаҳои "шартномаи тарафайн" иваз карда шаванд.

- дар қисми дуюм калимаҳои "шартномаи байнидавлати" ба калимаҳои "шартномаи байналмилали" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 18:

- қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд.

3) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд";

- аз қисми чорум калимаҳои "ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршудае, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озоди барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз панҷ сол пешбини гардидааст" хориҷ карда шаванд:

- қисми панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"5) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озоди ё ҷазои қатл пешбини гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд".

13. Дар моддаи 19:

"4) Дар мавриде, ки такрори ҷиноятро ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳое пешбини менамояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахтарро пешбини кардааст, ҷинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобиқи қисми дахлдори моддаи ҳамин Кодекс, ки ҷазоро барои такрори ҷиноят пешбини менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад";

- қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

14. Ба моддаи 20 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Агар ҷиноят аз ҷониби меъёрҳои умуми ва махсус пешбини шуда бошад, он гоҳ маҷмӯи ҷиноят ҷой надорад ва ҷавобгарии ҷинояти дар асоси меъёри махсус ба миён меояд".

15. Дар моддаи 21:

-қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи миёна бо маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад.

3) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум карда шудааст, ё ин ки қаблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми эътирофи ретсидиви ҷиноят ба назар гирифта намешавад:

а) доғи суди барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолаги содир намудааст;

б) доғи суди барои ҷинояте, ки нисбати он шартан татбиқ накардани ҷазо ё ин ки аз рӯи он мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ гардидааст, агар шартан татбиқ накардани ҷазо ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани ҷазо ба ҷойҳои маҳруми аз озоди фиристода нашудааст, инчунин доғи судие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84-и ҳамин Кодекс барҳам хӯрдааст ё бардошта шудааст".

16. Дар моддаи 23:

- аз қисми дуюм калимаҳои "кӯдаки навзоди худро куштани модар (моддаи 105)" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибати ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор, маводи психотропи ва прекурсорҳо (моддаи 202)" ба калимаҳои "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳои ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи (моддаи 202)" иваз карда шуда, инчунин калимаи "одамдузди" ба калимаи "одамрабои" иваз карда шавад;

-қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба синну соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рӯҳи, ки бо парешонҳолии рӯҳи алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусусияти воқеи ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ӯ ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешавад".

17. Дар моддаи 24:

- дар қисми якум калимаҳои "дар асари" бо калимаҳои "бар асари" ва калимаҳои "дигари бемори" ба калимаҳои "дигари бемории рӯҳи хусусияти воқеи ва" иваз карда шуда, пас аз калимаи "хавфнокии" калимаи "ҷамъиятии" илова карда шавад;

- дар қисми дуюм калимаи "хавфнок" ба калимаҳои "хавфноки дар қонуни ҷинояти пешбинишударо" иваз карда шавад;

- дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "ҷазо додан мумкин аст" калимаҳои "агар мӯҳлатҳои дар моддаи 75 ҳамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад" илова карда шавад.

18. Қисми якуми моддаи 25 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Шахси мукаллафе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят бар асари парешонҳолии рӯҳи наметавонист пурра хусусияти воқеи ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад".

19. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "моддаҳои нашъаовар, психотропи" ба калимаҳои "воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи" иваз карда шаванд.

20. Қисми дуюми моддаи 27 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Кирдори танҳо аз беэҳтиёти содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбини шуда бошад".

21. Дар қисми сеюми моддаи 28 калимаи "бепарвоёна" ба калимаи "беэътиноёна" иваз карда шавад.

22. Дар қисми дуюми моддаи 29 калимаҳои "бо асосҳои кофи, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳо ба миён намеоянд" ба калимаҳои "вале бе асосҳои ба он кофи, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳоро бартараф мекунад" иваз карда шаванд.

23. Моддаи 30 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 30. Ғавобгари барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст.

Агар шахс дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят аз беэҳтиёти дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро расонад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс боиси таъини ҷазои сахттар мегардад, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад".

24. Дар моддаи 31:

-баъд аз калимаҳои "ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад", калимаҳои "ва вобаста ба ҳолатҳои кор" илова карда шуда, калимаҳои "намебоист ва наметавонист" ба калимаҳои "намебоист ё наметавонист" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи ҳамин модда қисми якум ҳисоб карда шуда, ба он қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад;

"2) Кирдор инчунин бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбини карда бошад ҳам, аммо ин оқибатҳоро бо сабаби номувофиқии сифатҳои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавқулодда ё аз ҳад зиёд мондашавии асабу рӯҳ пешгири карда натавониста бошад".

25. Дар моддаи 32:

-дар қисми якум калимаҳои "Тайёри ба ҷиноят ин қасдан ҷустуҷӯ, тайёр ва мувофиқ кардани воситаю олот" ба калимаҳои "Тайёри ба ҷиноят ин аз тарафи шахс қасдан ҷустуҷӯ, тайёр ё мувофиқ кардани восита ё олоти содир намудани ҷиноят" иваз карда шаванд;

-аз қисми дуюм калимаҳои "дараҷаи миёна" хориҷ карда шаванд.

26. Дар моддаи 34:

-дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи" калимаи "саривақт" илова карда шавад;

-ҷумлаи дуюми қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Агар ёрдамчи барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ӯ вобастабударо андешида бошад, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешавад";

-дар қисми панҷум калимаҳои "ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчи" ба калимаҳои "ташкилкунанда ва таҳриккунанда" иваз карда шаванд.

27. Дар моддаи 35 калимаҳои "дидаю донистаи" ба калимаи "қасдонаи" иваз карда шавад.

28. Дар қисми панҷуми моддаи 36 калимаҳои "восита ё олоти ҷиноят" ба калимаҳои "восита ё олоти содир кардани ҷиноят" иваз карда шаванд.

29. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 37 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содирнамудаашон бо моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд.

3) Ғавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчи бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҷиноят бошанд".

30. Дар моддаи 39:

-дар қисми дуюм калимаи "иҷрокунандагоне" ба калимаи "ашхосе" иваз карда шавад;

-дар қисми чорум калимаҳои "гурӯҳи ҷинояткорон" ба калимаҳои "гурӯҳи муташаккил" ва калимаҳои "якчанд ҷинояти" ба калимаи "ҷиноятҳои" иваз карда шавад;

-дар қисми шашум калимаҳои "Қисми махсус" ба калимаҳои "Қисми махсуси ҳамин Кодекс", калимаҳои "содирнамудаи онҳо" ба калимаҳои "содирнамудаи гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)", калимаҳои "онҳо ва барои" ба калимаҳои "онҳо дар ҳолати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс, инчунин барои" иваз карда шаванд;

- аз қисми ҳафтум калимаҳои "бо ишора ба ҳамин модда" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми ҳаштум баъд аз калимаи "Ғавобгарии" калимаи "ҷиноятии" илова карда шавад.

31. Моддаи 40 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 40. Мудофиаи зарури

1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарури, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа, ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварии барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯровари алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.

2) Ҳимоя аз таҷовузи бо зӯровари марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зӯровари қонуни ҳисобида мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи зарури баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест.

3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарури ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективи баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро надошта бошад.

4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касби ё дигар тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба ашхоси дигар ё мақомоти ҳокимият барои кӯмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарури ҳуқуқ дорад.

5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар мудофиаи зарури ҳисоб намешавад".

32. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 41 калимаҳои "аз ҳад нагузашта" ва "гузаштан" мутобиқан ба калимаҳои "аз ҳад набаромада" ва "баромадан" иваз карда шаванд.

33. Аз қисми сеюми моддаи 45 калимаи "дигари" хориҷ карда шавад.

34. Моддаи 47 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 47. Намудҳои ҷазо"

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) корҳои ҳатми;

б) ҷарима;

в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян:

г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

д) корҳои ислоҳи;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарби;

ж) маҳдуд кардани озоди;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизоми;

и) мусодираи амвол;

к) маҳрум сохтан аз озоди;

л) ҷазои қатл.

35. Дар матни ҳамин Кодекс калимаҳои "корҳои ислоҳи меҳнати" ба калимаҳои "корҳои ислоҳи", калимаҳои "маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарби, рутбаҳои дараҷави ва мукофотҳои давлати" ба калимаҳои "маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвони ифтихории Тоҷикистон", калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" ва калимаи "волидайн" ба калимаҳои "падару модар" иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 48:

-дар қисми якум калимаҳои "Корҳои ислоҳи меҳнати" ба калимаҳои "Корҳои ҳатми, корҳои ислоҳи" ва калимаи "намудҳои" ба калимаҳои "ба сифати" иваз карда шуда, калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад;

-қисми сеюм хориҷ карда шуда, қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум, мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд;

-дар қисми ҳафтум калимаҳои "мусодираи амволро" ба калимаҳои "ҷарима ва мусодираи амволро" иваз карда шавад.

37. Ба Кодекс моддаи 48(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 48(1). Корҳои ҳатми

1) Корҳои ҳатми аз ҷониби маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асоси ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъияти мебошад, ки намудҳои онҳоро мақомоти ҳокимияти маҳалли муайян менамояд.

2) Корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз шаст то дусаду чил соат муқаррар карда мешаванд ва на зиёда аз чор соат дар як рӯз адо карда мешаванд.

3) Таъини корҳои ҳатми барои ашхоси зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарби;

б) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомила;

г) ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II;

4) Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатми ба миён омадани яке аз ҳолатҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод мекунад.

5) Дар ҳолати ашадди саркаши кардани маҳкумшуда аз адои корҳои ҳатми, суд онро ба ҷазоҳои корҳои ислоҳи ё маҳдуд кардани озоди дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд."

38. Дар моддаи 49:

-дар қисми дуюм калимаҳои "ҳадди ақал" ба калимаҳои "ҳадди ақалле, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард" иваз карда шаванд;

-қисмҳои чорум ва панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"4). Ғаримаро ба сифати намуди ҷазои иловаги танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс таъин кардан мумкин аст.

5). Дар ҳолати ашадди саркаши намудан аз пардохти ҷарима суд онро бо ҷазоҳои корҳои ислоҳи ё маҳдуд кардани озоди мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд".

39. Дар моддаи 50:

-дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "ба сифати ҷазои иловаги" калимаҳои "барои қасдан ё аз беэҳтиёти содир намудани ҷиноят" илова карда шаванд;

аз қисми сеюм калимаҳои "маълумот дар хусуси" хориҷ карда шаванд.

40. Моддаи 51 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон.

Шахсе, ки рутбаи ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвони ифтихории Тоҷикистонро дорад, дар ҳолати барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш ӯро аз чунин рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон маҳрум намояд."

41. Дар моддаи 52:

-дар қисми якум калимаҳои "аз бист то панҷоҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то си" иваз карда шаванд:

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Дар мавриди аз тарафи шахси маҳкумшуда ҳангоми адо намудани ҷазои корҳои ислоҳи ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод менамояд ё ин, ки қисми адо накардаи ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз менамояд";

-аз қисми сеюм калимаҳои "як рӯзи ҳабс ба ҷои ду рӯзи корҳои ислоҳи меҳнати ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "в" қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд.

42. Дар моддаи 53:

-дар қисми якум калимаҳои "мувофиқи қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "аз бист то панҷоҳ фоизи музди меҳнат маблағ ситонида мешавад" ба калимаҳои "аз даҳ то си фоизи маблағи таъминоти пули ситонида мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "ба маҳкумшуда баланд кардани мансаб ва рутбаи ҳарбии болотар манъ аст" ба калимаҳои "маҳкумшударо ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст" иваз карда шаванд.

43. Ба моддаи 54 қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Таъини маҳдуд кардани озоди барои ашхоси зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарби;

б) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомиладор;

г) ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гурӯҳҳои I ва II".

44. Моддаи 55 хориҷ карда шавад.

45. Дар моддаи 56:

-дар қисми якум калимаҳои "тибқи қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" ва калимаи "маҳкум" ба калимаи "маҳкумшуда" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад.

46. Дар моддаи 58:

-дар қисми панҷум:

-дар банди "г" баъд аз калимаҳои "ё қаблан" калимаҳои "ин намуди" илова карда шаванд;

-банди "д" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус:"

-дар банди "в" қисми шашум калимаҳои "маҳрум шудаанд" ба калимаҳои "маҳкум шудаанд" иваз карда шаванд.

47. Дар қисми якуми моддаи 59 калимаҳои "(қисми чоруми моддаи 179)" ба калимаҳои "(қисми сеюми моддаи 179)" иваз карда шаванд.

48. Дар моддаи 60:

-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсус боназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад";

-дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди" калимаи "ҷазои" илова карда шавад;

49. Банди "з" қисми якуми моддаи 61 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рӯҳи ё вобастагии модди, хизмати ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;"

50. Дар моддаи 62:

-дар қисми якум:

-банди "в" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) дар ҳайати гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти) содир намудани ҷиноят":

-дар банди "е" баъд аз калимаи "милли" калимаи "нажоди" илова карда шуда, калимаҳои "бо мақсади сабук кардан ё рӯпӯш намудани ҷинояти дигар" ба калимаҳои "бо мақсади рӯпӯш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он" иваз карда шаванд;

-банди "з" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба иҷрои фаъолияти хизмати ё ҷамъиятиаш";

-дар банди "к" баъд аз калимаҳои "бо бераҳмии махсус" калимаи "садизм" илова карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаи "нишонаи" ба калимаи "аломати" иваз карда шавад.

51. Дар моддаи 63:

-дар қисми якум калимаи "муқаррар" ба калимаи "таъин" иваз карда шавад;

-қисми сеюм хориҷ карда шавад.

52. Дар қисми чоруми моддаи 64 калимаҳои "қасди содир кардани" ба калимаи "суиқасди" иваз карда шавад.

53. Дар қисми якуми моддаи 65 баъд аз калимаҳои "шудан ба" калимаи "мақсади" илова карда шавад.

54. Дар сатри аввали қисми дуюми моддаи 66 пеш аз калимаҳои "аз нисфи" калимаҳои "на камтар" илова карда шаванд.

55. Дар моддаи 67:

-дар қисми дуюм калимаҳои "ҷиноятҳо танҳо ҷиноятҳои начандон вазнинро" ба калимаҳои "ҷиноятҳоро ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна" ва калимаҳои "ва андозаи" ба калимаҳои "ё андозаи" иваз карда шаванд;

-қисмҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"3) Агар маҷмӯи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин дар бар гирифта бошанд, он гоҳ ҷазои ниҳои бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳои дар намуди маҳрум сохтан аз озоди набояд аз бисту панҷ сол зиёдтар бошад.

4) Ба ҷазои асосии барои маҷмӯи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие ҳамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмӯи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд ҷиноятҳо як намуди ҷазои иловаги таъин гардида бошад, он гоҳ мӯҳлат ва андозаи ҷазои ниҳои мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда, вале на зиёда аз мӯҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ҳар як намуди ҷазо пешбини шудааст, муайян карда мешавад. Ғазоҳои иловагии гуногуннамуд бояд мустақилона иҷро карда шаванд".

-ба модда қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳои бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад".

-қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

56. Дар моддаи 68:

-қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Дар мавриди таъини ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо агар бо яке аз ҳукмҳо ҷазои қатл таъин шуда бошад, ҷазои ниҳои бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад";

-дар қисми панҷум калимаҳои "моддаи 67" ба калимаҳои "қисми панҷуми моддаи 67" иваз карда шаванд;

-қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

57                         . Дар моддаи 69:

-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 69. Тартиби муайян кардани мӯҳлати ҷазо ҳангоми зам кардани он";

-дар қисми якум калимаи "ҷиноёт" ба калимаи "ҷиноятҳо" иваз карда шуда, дар банди "а" калимаҳои "ҳабс ё" хориҷ карда шаванд ва ба ин қисм банди "г" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) ҳашт соати корҳои ҳатми";

-аз қисми дуюм калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад.

58. Дар моддаи 70:

-дар қисми якум калимаи "ҳабс" хориҷ карда шуда, баъди калимаи "сол" калимаҳои "инчунин корҳои ҳатми-бо соатҳо" илова карда шаванд;

-дар қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад;

-дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "маҳрум сохтан аз озоди" калимаи "ҳабс" хориҷ карда шуда, баъди калимаи "се рӯз" вергул гузошта, калимаҳои "корҳои ҳатми - як рӯз баробари ҳашт соати корҳои ҳатми" илова карда шаванд;

-дар қисми панҷум рақами "15" ба рақами "16" иваз карда шавад.

59. Дар моддаи 71:

-дар қисми якум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад;

-аз қисми дуюм калимаҳои "маълумот дар бораи" хориҷ карда шуда, ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин ва инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудааст, ба истиснои ноболиғон, маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад."

-қисми ҳафтум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъияти роҳ дода барои содир намудани он ба ӯ ҷазои маъмури таъин шуда бошад ё ашадди аз ӯҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркаши намояд, суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми нӯҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумшави ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад.".

60. Дар моддаи 73:

-дар номи модда пеш аз калимаи "сабаби" калимаи "бо" илова карда шавад;

-дар матни модда баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд.

61. Дар моддаи 74 баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд.

62. Дар моддаи 75:

-дар банди "г" қисми якум баъд аз калимаҳои "махсусан вазнин" калимаҳои "ба истиснои нишондоди қисми панҷуми ҳамин модда" илова карда шаванд;

-дар қисми шашум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

63. Дар моддаи 76:

-дар сатри аввали қисми якум калимаи "сохтан" ба калимаи "кардан" иваз карда шуда, баъди калимаҳои "фаъолияти муайян" калимаҳои "корҳои ислоҳи" ва дар ҷумлаи дуюм пеш аз калимаҳои "ҷазои иловаги" калимаи "адои" илова карда шаванд;

-дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "дар мавриди" калимаи "воқеан" илова карда шавад;

-аз банди "в" қисми сеюм калимаҳои "мӯҳлати адои" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "а" қисми шашум калимаҳои "якчанд маротиба қонуншикани карда бошад, барои онҳо танбеҳи маъмури гирифта" ба калимаҳои "тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ӯ ҷазои маъмури татбиқ шуда" ва калимаи "қасдан" ба калимаи "ашадди" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми ҳафтум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

64. Дар моддаи 77:

-дар қисми якум калимаи "ҷинояти" ба калимаи "ҷиноят" иваз карда шуда, калимаҳои "начандон вазнин ё дараҷаи миёна мӯҳлати" хориҷ карда шаванд;

-дар ҷумлаи дуюми қисми якум баъд аз калимаҳои "аз намуди" калимаи "адои" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Дар сурати иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо суд метавонад мутобиқи намудҳои ҷазоҳое, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари ҷазоро дар доираи ин намуди ҷазои пешбиникардаи ҳамин Кодекс интихоб намояд";

-қисми сеюм хориҷ карда шуда, қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд;

-қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5) Нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад".

65. Дар моддаи 78:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 78. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд

1) Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад";

-дар қисми дуюм калимаҳои "Зани маҳкумшудае аз адои ҷазо озод карда мешавад" ба калимаҳои "Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "аз адои ҷазо озодгардида" ба калимаҳои "ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст" иваз карда шаванд;

-дар қисми чорум калимаи "сесола" ба калимаи "ҳаштсола" иваз карда шавад;

-дар қисми панҷум калимаҳои "аз адои мӯҳлати ҷазо озод шуданаш" ба калимаҳои "мавқуф гузоштани адои ҷазо" иваз карда шаванд.

66. Дар қисми чоруми моддаи 79 калимаҳои "қисми якуми" ба калимаҳои "қисмҳои якум ва дуюми", калимаҳои "моддаҳои 75 ва 81" ба калимаҳои "моддаи 81" ва калимаи "бояд" ба калимаҳои "мумкин аст" иваз карда шуда, калимаҳои "ба ҷавобгарии ҷинояти кашидан, ки" хориҷ карда шаванд.

67. Дар моддаи 80 баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" ва баъд аз калимаҳои "барои маҳкумшуда" калимаҳои "ё оилаи ӯ" илова карда шаванд.

68. Дар моддаи 81:

-дар банди "г" қисми якум баъд аз калимаҳои "махсусан вазнин" калимаҳои "ба истиснои нишондоди қисми чоруми ҳамин модда" илова карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "ҷинояти нав" бо калимаҳои "ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин" иваз карда шаванд;

-дар қисми панҷум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

69. Дар моддаи 82:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 82 . Авф

1) Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни ашхос татбиқ карда мешавад";

-дар қисми дуюм ва сеюми ҳамин модда калимаҳои "авфи умуми" ба калимаи "авф" иваз карда шаванд.

70. Дар эзоҳи моддаи 83 калимаҳои "авфи умуми" ба калимаи "авф" иваз карда шавад.

71. Дар моддаи 84:

қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"1) Шахс доғи суди дошта эътироф карда мешавад, аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркуни, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи суди.

2) Шахс доғи суди надошта ҳисоб мешавад:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи суди пешбини шуда бошад - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи суди ошкор шавад - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркуни;

в) дар сурати қабул намудани қонуни нави ҷинояти, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин қонун;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс - аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркуни - аз рӯзи гузаштани мӯҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркуни.";

-дар қисми сеюм калимаҳои "дода мешаванд" ба калимаи "мехӯрад" иваз карда шавад;

-банди "а" қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) ба маҳкумшудае, ки нисбати ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш";

-дар ҳамин қисм дар банди "г" пеш аз калимаи "маҳрум" пешоянди "бо" илова карда шавад";

-ба қисми сеюм банди "д" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"д) нисбати ашхосе, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудаанд - бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо";

-қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"8.) Барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи суди оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад.";

-қисми чорум хориҷ карда шуда, қисмҳои панҷ, шаш, ҳафт ва ҳашт мутобиқан қисмҳои чор, панҷ, шаш ва ҳафт ҳисобида шаванд.

72. Дар моддаи 87:

-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд, аз инҳо иборатанд:

а) корҳои ҳатми;

б) ҷарима;

в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян;

г) корҳои ислоҳи;

д) маҳрум сохтан аз озоди";

-ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2) Корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои барои ноболиғон мувофиқ берун аз вақти таҳсил ё корҳои асоси иборат аст. Давомнокии иҷрои чунин намуди ҷазо нисбати ноболиғони то синни шонздаҳсола аз ду соат дар як рӯз ва нисбати ноболиғони синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола аз се соат дар як рӯз зиёд буда наметавонад.";

-дар қисми чорум калимаҳои "аз понздаҳ то си" ба калимаҳои "аз панҷ то понздаҳ" иваз карда шаванд;

-қисми панҷум хориҷ карда шуда, қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум ҳисобида шаванд;

-қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6) Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озоди дигар намуди ҷазоро пешбини накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озоди алоқаманд набудаи дар Қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин менамояд. Маҳрум сохтан аз озоди нисбати ноболиғоне таъин карда мешавад, ки:

а) дар синни то шонздаҳсолаги ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то ҳафт сол;

б) дар синни аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсолаги ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд - ба мӯҳлати то даҳ сол"

73. Дар моддаи 88:

-қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ба шахсе, ки дар синни аз чордаҳсолаги то шонздаҳсолаги якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз даҳ сол зиёд буда наметавонад.

3) Ба шахсе, ки дар синни аз шонздаҳсолаги то ҳаждаҳсолаги якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ва маҷмӯи ҳукмҳо аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад";

-қисми чорум хориҷ карда шавад.

74. Дар моддаи 89:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд:

-дар банди "б" қисми дуюм калимаҳои "волидайн, ашхоси" ба калимаҳои "падару модар ё ашхоси" иваз карда шаванд:

75. Моддаи 90 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон

1) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд бо татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар қисми дуюми моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, аз ҷазо озод карда шавад.

2) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки мақсадҳои ҷазо мумкин аст танҳо бо роҳи ҷойгир кардани ӯ дар муассисаҳои махсуси тарбияви ё табобати-тарбияви барои ноболиғон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мӯҳлати дар муассисаи нишондодашуда нигоҳ доштан аз мӯҳлати ҳадди болоии ҷазо, ки Кодекси мазкур барои ҷинояти содиркардаи ноболиғ пешбини намудааст, зиёд буда наметавонад.

3) Нигоҳ доштани ноболиғ дар муассисаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда нишон додашуда мумкин аст то ба охир расидани мӯҳлате, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбини кардааст, қатъ карда шавад, агар тибқи хулосаи мақоми махсуси давлати, ки ислоҳшавиро таъмин менамояд, ноболиғ барои ислоҳшавии худ ба татбиқи минбаъдаи чораи мазкур дигар эҳтиёҷ надошта бошад, Дароз кардани мӯҳлати нигоҳ доштан дар муассисаи махсуси тарбияви ё табобати - тарбияви барои ноболиғон баъди ба охир расидани мӯҳлати пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда танҳо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии таҳсилоти умуми ё касби роҳ дода мешавад".

76. Дар моддаи 92:

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо нисбати шахси маҳкумшуда дар сурате татбиқ шуданаш мумкин аст, ки агар ӯ бо рафтори намунави ва муносибати софдилона ба меҳнат ё таълим роҳи ислоҳшавиро пеша карда бошад";

-қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5) Нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 91 ҳамин Кодекс тадбиқ карда мешавад".

77. Дар моддаи 93 баъди калимаи "ҳукми" калимаи "айбдоркунии" илова карда шуда, калимаҳои "ду баробар" ба калимаҳои "нисфи он" иваз карда шаванд.

78. Дар моддаи 94:

-дар банди "б" баъд аз калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин" калимаҳои "ё махсусан вазнин;" илова карда шаванд;

-банди "в" хориҷ карда шавад.

79. Дар моддаи 97:

-дар банди "б" қисми якум калимаи "татбиқи" ба калимаи "иҷрои" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Нисбати ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин ашхосе, ки аз рӯи ҳолати рӯҳияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводҳои заруриро ба мақомоти тандурусти барои ҳалли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онҳо ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳу асаб мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қоиунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд".

80. Дар қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 99 калимаҳои "шадидро" ва "шадид" ба калимаҳои "пуршиддатро" ва "пуршиддат" иваз карда шавад.

81. Аз қисми сеюми моддаи 101 калимаҳои "ё ҳабс" хориҷ карда шавад.

82. Аз тамоми санксияҳои моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс намуди ҷазои ҳабс бо нишондоди мӯҳлати он хориҷ карда шавад.

83. Дар моддаи 104:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт" иваз карда шаванд;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "кӯдаки хурдсол" ба калимаҳои "баръало ноболиғ" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаи "одамдузди" ба калимаи "одамрабои" иваз карда шавад;

-бандҳои "з" ва "п" аз қисми дуюм хориҷ карда шаванд;

-дар банди "к" қисми дуюм калимаи "мақсади" ба калимаи "нияти" иваз карда шавад;

-банди "с" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"с) одам дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс";

-бандҳои "и, к, л, м, н, о, р, с" мутобиқан бандҳои "з, и, к, л, м, н, о, п" ҳисобида шаванд.

84. Моддаи 105 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 105. Кӯдаки навзоди худро куштани модар

Кӯдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати харобии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рӯҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад, бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

85. Дар қисми якуми моддаи 106 калимаи "ғайриқонуни" ба калимаи "зиддиҳуқуқи" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шаванд.

86. Дар моддаи 107:

номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 107. Одамкуши дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарури баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содир карда заруранд";

-дар қисми дуюм калимаҳои "аз андоза гузаронидани" ба калимаҳои "баромадан аз ҳадди" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шаванд.

87. Дар моддаи 108:

-дар санксияи қисми якум калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад:

-дар қисми дуюм калимаи "дуруст" ба калимаҳои "ба таври дахлдор" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

88. Дар моддаи 110:

-дар қисми якум калимаҳои "ё аз кор мондани ин узв" ба калимаҳои "ё аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладори" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то даҳ сол" ба калимаҳои "то ҳашт сол" иваз карда шаванд:

-дар қисми дуюм:

-аз банди "б" калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "в" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизи қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст".

-банди "д" хориҷ карда шавад;

-банди "ж" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ж) бо усули хатари умумидошта;

-дар банди "к" калимаи "мақсадҳои" ба калимаи "нияти" иваз карда шуда, калимаҳои "марбут ба ғоратгари, тамаъҷӯи ё бандитизм" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "н" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд;

-аз банди "п" рақами "108" хориҷ карда шавад;

-бандҳои "е, ж, з, и, к, л, м, н, о, п" мутобиқан бандҳои "д, е, ж, з, и, к. л, м, н, о" ҳисобида шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

89. Дар моддаи 111:

-дар санксияи қисми якум калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм:

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "е" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

90. Дар санксияи моддаи 112 калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима" иваз карда шавад;

91. Дар моддаи 113:

-дар қисми якум калимаи "ғайриқонуни" ба калимаи "зиддиҳуқуқи" иваз карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз сад то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

92. Дар моддаи 115:

-дар ном, қисмҳои якум ва дуюми ин модда калимаҳои "аз андоза гузаронидани" ба калимаҳои "баромадан аз ҳадди" иваз карда шаванд.

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати то яксаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

93. Дар моддаи 116 калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати", калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати то яксаду бист соат ё бо ҷарима" ва калимаҳои "ё ҳабс ба мӯҳлати то се моҳ" ба калимаҳои "ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

94. Дар қисми дуюми моддаи 117:

-аз банди "б" калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "в" калимаҳои "хурдсол ё ноболиғ" ба калимаҳои "баръало ноболиғ" ва калимаҳои "ё ҷиҳати дигар" ба калимаҳои "ё аз ҷиҳати дигар" ва калимаи "дуздидашуда" ба калимаи "рабудашуда" иваз карда шаванд;

-дар банди "з" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд.

-дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз се то ҳафт" иваз карда шаванд;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар зери мафҳуми шиканҷа, ки дар ин модда ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс нишон дода шудааст, расонидани азияти ҷисмони ё маънави бо мақсади маҷбур намудани шахс ба додани нишондод ё ин ки дигар ҳаракатҳо бар хилофи иродаи инсон, ҳамчунии ба мақсади ҷазодиҳи ё ин ки дигар мақсадҳо фаҳмида мешавад".

95. Дар санксияи қисми якуми моддаи 119 калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз як саду бист то дусад соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

96. Дар моддаи 122:

-номи модда ва диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия.

1) Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани ҷабрдида барои трансплантатсия, ки бо роҳи истифодаи зӯровари ё таҳдиди истифодаи он нисбати ӯ ё наздиконаш ё бо роҳи таҳдиди несту нобуд кардани амволи ӯ содир шудааст,-";

-аз қисми дуюм банди "а" хориҷ карда шавад:

-аз банди "в" қисми дуюм калимаи "хурдсол ё" хориҷ карда шавад;

-бандҳои "б", "в" ва "г" қисми дуюм мутобиқан бандҳои "а", "б" ва "в" ҳисобида шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "панҷ" ба калимаҳои "аз се то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар банди "б" қисми сеюм калимаи "муташаккил" ба калимаҳои "муташаккил ё иттиҳодияи ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ сол" иваз карда шаванд.

97. Дар диспозитсияи қисми сеюми моддаи 123 калимаи "Амалҳои" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад.

98. Дар моддаи 125:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд;

- дар банди "б" қисми сеюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

99. Дар моддаи 126:

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаи "панҷсад" калимаҳои "аз дусад то" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафтсад то як ҳазор" ба калимаҳои "аз панҷсад то ҳафтсад" ва калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои "то ду сол" иваз карда шаванд.

100. Дар моддаи 127:

-дар қисми якум калимаи "метавонад" ба калимаи "метавонист" иваз карда шуда, калимаи "шахсан" хориҷ карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" ба калимаҳои "ба мӯҳлати то ду сол", калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-қисми ссюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти:

а) боиси марги одамон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст-,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

101. Дар моддаи 128:

-аз қисми якум калимаҳои "вазнин ё" хориҷ карда шаванд.

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба мӯҳлати се сол" ба калимаҳои "ба мӯҳлати то се сол" иваз карда шаванд.

102. Дар моддаи 129:

-аз қисми якум калимаҳои "вазнин ё" хориҷ карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад";

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "боиси" калимаҳои "расонидани зарари вазнин ба саломати ё" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаьолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол" иваз карда шаваид.

103. Дар моддаи 130:

-ном ва қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 130 . Одамрабои

1) Одамрабои, яъне пинҳони, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи бовари ё бо истифодаи зӯровари ё таҳдиди истифодаи зӯровари, зиддиҳуқуқи ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 181 ҳамин Кодекс пешбинишуда, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "б" қисми дуюм калимаҳои "моддаи 131" ба калимаҳои "моддаҳои 130(1), 131 ва 181" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "барои ҳаёт ва саломати хавфнок" калимаҳои "ё бо таҳдиди истифодаи чунии зӯровари" илова карда шаванд.

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шавад;

-дар банди "с" қисми дуюм баъд аз калимаи "гунаҳгор" калимаи "баръало" илова карда шавад;

-аз банди "г" қисми сеюм калимаҳои "ё расонидани оқибатҳои вазнин барои саломати" хориҷ карда шавад:

-дар қисми сеюм банди "в" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои трансплантатсия";

-бандҳои "в", "г" мутобиқан бандҳои "г", "д" хонда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "понздаҳ" ба калимаи "дувоздаҳ" иваз карда шавад;

-дар эзоҳи ин модда калимаи "дуздидаашро" ба калимаҳои "рабудаашро ё ғайриқонуни аз озоди маҳрум кардаашро" иваз карда шаванд.

104. Дар моддаи 131:

-дар қисми якум калимаи "одамдузди" ба калимаҳои "одамрабои ё ғасби гаравгон" иваз карда шавад.

-дар қисми дуюм:

-дар банди "б" калимаҳои "моддаҳои 130" ба калимаҳои "моддаҳои 130, 130(1) ва 181" иваз карда шаванд;

-аз банди "д" калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "ж" баъд аз калимаҳои "ду ё зиёда ашхос" калимаҳои "содир шудааст,-" илова карда шаванд;

-банди "з" хориҷ карда шавад;

-аз банди "в" қисми сеюм калимаҳои "ё расонидани оқибатҳои вазнин ба саломати" хориҷ карда шаванд.

105. Дар моддаи 132:

- дар қисми якум калимаи "усули" ба калимаҳои "бо тарзи" иваз карда шуда, калимаҳои "ё ки бо роҳи фиреб анҷом дода шудааст" хориҷ карда шаванд;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд.

106. Аз банди "в" қисми дуюми моддаи 133 калимаҳои "ё ба саломати зарари вазнин расонидааст" хориҷ карда шаванд.

107. Моддаи 134 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 134. Маҷбуркуни

Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зӯровари нисбати ӯ ё нисбати дигар ашхоси ба ӯ наздик, несту нобуд ё вайрон кардани амволи онҳо, паҳн кардани маълумоти тӯҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии ин ашхос, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад, ба корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо д ода мешавад".

108. Дар моддаи 135:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Тӯҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин алоқаманд аст,-".

109. Дар моддаи 136:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

110. Дар моддаи 138:

-дар қисми якум калимаи "ҷабрдида" ба калимаи "зан" иваз карда шавад.

-дар қисми дуюм калимаҳои "Таҷовузе, ки:" ба калимаҳои "Таҷовуз ба номусе, ки:" иваз карда шаванд;

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодексро содир кардааст";

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "анҷом дода шудааст" хориҷ карда шаванд;

-банди "е" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"е) нисбати ду ё зиёда ашхос содир шудааст,-";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "то дувоздаҳ" иваз карда шавад.

-дар қисми сеюм калимаҳои "Таҷовузе, ки" ба калимаҳои "Таҷовуз ба номусе, ки" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми сеюм калимаи "вазъи" ба калимаи "вазъияти" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз понздаҳ" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

111. Дар моддаи 139:

-дар номи модда ва дар қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум калимаҳои "Кирдори, кирдор, кирдоре" мутобиқан ба калимаҳои "Ҳаракати, ҳаракат, ҳаракате" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" иваз карда шаванд.

112. Дар моддаи 140:

-дар номи модда ва дар диспозитсияи он калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати" иваз карда шуда, калимаҳои "ва", ки баъд аз калимаҳои "бачабози" ва "несту нобуд" омадаанд, хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати вергул "," гузошта шавад.

113. Дар моддаи 141:

-дар номи модда ва дар қисмҳои якум, дуюм калимаҳои "кирдори" ва "кирдор" ба калимаҳои "ҳаракати" ва "ҳаракат" иваз карда шаванд;

-дар қисми якум калимаҳои "бачабози ё ҷимои зан бо зан ва" ба калимаҳои "бачабози, ҷимои зан бо зан ё" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "маҳрум кардан" ба калимаҳои "маҳрум сохтан" иваз карда шаванд.

114. Дар моддаи 142:

-дар номи модда ва дар қисмҳои якуму дуюм калимаҳои "кирдори" ва "кирдор" ба калимаҳои "ҳаракати" ва "ҳаракат" иваз карда шаванд;

-аз қисми якум калимаҳои "бидуни истифодаи зӯровари" хориҷ карда шуда, калимаҳои "моддаи 139 ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "моддаҳои 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад";

-банди "г" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"г) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолаги нарасида ё хеши наздик содир шуда бошад,-".

115. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 143 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимои, мавқеи шахси, амволи ё мансаби, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст,-".

116. Дар моддаи 144:

-дар қисми якум калимаҳои "бо мақсади паҳн" ба калимаҳои "ё паҳн" ва калимаи "шаҳрвандон" ба калимаи "шаҳрванд" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

117. Санксияи қисми якуми моддаи 145 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад";

118. Дар моддаи 146:

-дар номи модда ва қисми якум калимаҳои "ва мухобирот" ба калимаҳои "ва мухобироти телеграфи" иваз карда шаванд:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

119. Дар моддаи 147:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то ду" иваз карда шаванд:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз ду" иваз карда шаванд;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фарди бо биноҳои истиқомати ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқомати новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доими ё муваққати мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилнашаванда, вале барои истиқомати муваққати таъин гардидааст, фаҳмида мешавад".

120. Дар моддаи 148 калимаҳои "ё қасдан додани чунин маълумоти нопурра" ба калимаҳои "ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат" иваз карда шаванд.

121. Дар номи моддаи 149 ва қисми якуми он калимаҳои "мусофират" ба калимаҳои "тағйири макон" иваз карда шаванд.

122. Аз моддаи 153 калимаҳои "ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнат" хориҷ карда шаванд.

123. Ба Кодекс моддаи 153(1) дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 153(1). Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтҳо

Аз ҷониби корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахси содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

124. Дар моддаи 154:

-дар санксияҳои қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "маҳрум сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиёти боиси марги ду ё зиёда ашхос гардидаанд,-".

125. Ба моддаи 156 эзоҳ ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад"

126. Дар санксияҳои қисмҳои дуюми моддаҳои 160 ва 161 калимаҳои "сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд.

127. Дар моддаи 163:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз се то панҷ сол" ба калимаҳои "то се сол" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол" илова карда шаванд.

128. Дар моддаи 165:

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ба зимааш тарбияи ашхоси ноболиғ гузошташуда содир шуда бошад,-";

-дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд;

-дар банди "а" қисми чорум калимаҳои "гурӯҳи ҷинояткор" ба калимаҳои "иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми чорум баъд аз калимаҳои "то даҳ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд.

129. Дар моддаи 166:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ғалби шахси ноболиғ ҷиҳати истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спирти, истеъмоли мунтазам ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ё ба фоҳишагари, оворагарди, гадои, ки аз ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолаги расида содир шудааст,-";

-дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "кирдор" ва "Кирдори" ба калимаҳои "ҳаракат" ва "Ҳаракати" иваз карда шавад.

130. Дар моддаи 172 калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" ва калимаи "ниятҳои" ба калимаи "ниятҳои дигари" иваз карда шавад;

131. Дар моддаи 173:

-дар қисми якум баъд аз калимаи "фарзандхонда" аломати вергул "," ва пайвандаки "ки" илова карда шуда, калимаи "шудааст" ба калимаи "аст", калимаҳои "бо ғарази шахси ё дигар ниятҳои қабеҳ" ба калимаҳои "агар ин кирдор бо ғараз ё бо дигар ниятҳои қабеҳ содир шуда бошад,-" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаи "сохтан" ба калимаи "кардан" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд.

132. Дар моддаи 174 баъд аз калимаи "инчунин" калимаҳои "аз ҷониби" илова карда шаванд.

133. Ба моддаи 175 эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар Кодекси мазкур зери мафҳуми кӯдаки хурдсол шахси ба синни чордаҳсола нарасида фаҳмида мешавад".

134. Дар моддаи 176 калимаи "маҳдуд" ба калимаи "поймол" иваз карда шавад.

135. Санксияи моддаи 177 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад".

136. Дар моддан 178:

-дар диспозитсия калимаҳои "меҳнат ва" ба калимаҳои "меҳнат ё" иваз карда шаванд;

-санксияи ин модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад".

137. Дар моддаи 179:

-қисми сеюм хориҷ карда шавад;

-аз қисми чорум калимаҳои "ё сеюми" хориҷ карда шуда, қисми чорум қисми сеюм ҳисобида шавад;

-ба эзоҳ қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Такрори дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад."

138. Ба Кодекс моддаи 179(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 179(1). Ғалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо

1) Ғалб кардани шахс барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 181, 184, 185, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористи, яроқнок намудан ё таълими ашхос бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин маблағгузории амали терроризм ё ташкилоти террористи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар такроран ё бо истифода аз мақоми хизматиаш содир шуда бошад. бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлати хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгири содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.,.

139. Дар моддаи 181:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо таҳдиди куштан ё расондани зарар ба саломатии ӯ ё минбаъд нигоҳ доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилали, шахсони воқеи ё ҳуқуқи ё гурӯҳи ашхос ба иҷро ё худдори намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон,-"

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба "ҳаракат" иваз карда шавад;

-банди "в" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад";

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "ж" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ж) нисбат ба шахсе, ки гунаҳгор баръало аз дар вазъияти оҷизона қарор доштани ӯ огоҳ буд";

-банди "з" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон";

-ба қисми дуюм банди "и" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"и) нисбати ду ва ё зиёда ашхос анҷом дода шудааст";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ" иваз карда шавад:

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-банди "б" қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"б) аз беэҳтиёти боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад";

-дар эзоҳи модда калимаи "хоҳиши" ба калимаи "ихтиёри" ва калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати" иваз карда шаванд.

140. Дар моддаи 182:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"1) Ғасби бино, иншоот, роҳҳо ё воситаҳои иттилоот ё алоқа, дигар иншооти коммуникатсиони ё ин ки нигоҳ доштани онҳо, марбут бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ё бо таҳдиди куштори шаҳрвандон ё расондани зарар ба саломатии онҳо бо мақсади маҷбур кардани давлат ё дигар мақомот, шахсони ҳуқуқи ё воқеи ё гурӯҳи ашхос ба иҷро ё худдори кардан аз иҷрои ягон ҳаракат ҳамчун шарти иҷро накардани таҳдид,-"

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад.

-банди "в" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад";

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "хизмат мекунад" ба калимаҳои "истифода мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдорҳои" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад.

141. Дар моддаи 183:

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шавад.

142. Дар моддаи 184:

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми сеюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд.

143. Дар моддаи 185:

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад.

-дар эзоҳ калимаҳои "даст кашида, яроқашро супурдааст" ба калимаҳои "даст кашида ва яроқашро супурдааст" иваз карда шаванд.

144. Дар моддаи 187:

-дар қисми якум калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин ва" ба калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин ё" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "мусаллаҳ" ба калимаи "муташаккил" иваз карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "фаъолияти муайян ба мӯҳлати" калимаи "то" илова карда шавад;

-дар эзоҳ калимаҳои "иттилоъ дода, барои" ба калимаҳои "иттилоъ дода ва барои" ва калимаи "ҷиноятҳои" ба калимаи "ҷинояти" иваз карда шаванд.

145. Дар қисми якуми моддаи 188 калимаҳои "воситаҳои тарканда" ба калимаҳои "воситаҳои таркиш" иваз карда шаванд;

146. Дар моддаи 189:

-дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюм калимаҳои "Кирдорҳое", "кирдор" ва "Кирдори" мутобиқан ба калимаҳои "Ҳаракатҳое", "ҳаракат" ва "Ҳаракати" иваз карда шаванд;

-аз банди "а" қисми сеюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд;

-аз банди "б" қисми сеюм калимаи "сабаби" хориҷ карда шавад.

147. Дар қисми якуми моддаи 190 калимаи "саломати" ба калимаҳои "саломатии инсон" иваз карда шаванд.

148. Дар моддаи 192:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "агар он" калимаҳои "дар давоми соли" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

-қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиёти боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

149. Дар моддаи 193:

-дар қисми якум калимаҳои "истифода ва" ба калимаҳои "истифода бурдан,", иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "панҷ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад.

150. Дар банди "г" қисми дуюм ва банди "б" қисми сеюми моддаи 194 баъд аз калимаи "бо" калимаи "истифодаи" илова карда шуда, калимаҳои "ва саломатии инсон" ба калимаҳои "ё саломатии инсон" иваз карда шаванд.

151. Дар моддаи 195:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.":

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.";

-дар қисми сеюм калимаҳои "маводу таҷҳизоте" ба калимаҳои "мавод ё таҷҳизоте" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар қисми чорум калимаи "ҳавододашаванда" ба калимаҳои "ҳаводиҳанда" агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад", иваз карда шаванд;

-санксияи қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-ба эзоҳ қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷинояти барои кирдорҳои ғайриқонуни бо тирҳо танҳо он вақт ба миён меояд, ки шумораи онҳо аз даҳ дона зиёд набошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад".

-қисми дуюми эзоҳ қисми се ҳисобида шавад.

152. Дар моддаи 196:

-дар қисми якум калимаи "такмилкунандаи" ба калимаи "комплектии (пуркунандаи)" иваз карда шавад;

-санксияҳои қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад" ;

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар қисми чорум калимаи "ҳавододашаванда" ба калимаи "ҳаводиҳанда" иваз карда шавад.

153. Моддаи 197 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 197. Нигоҳдошти бепарвоёнаи яроқ

Нигоҳдошти бепарвоёнаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷанги, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш аз ҷониби дорандаи қонунии онҳо, ки барои онро истифода бурдани шахси днгар шароит фароҳам овардааст ва агар он аз беэҳтиёти боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, -бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

154. Дар моддаи 198:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" ба калимаҳои "ба мӯҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "биологи" дар қавс калимаи "(бактериологи)" илова карда шавад.

155. Дар моддаи 199:

-дар қисми якум калимаи "такмилкунандаи" ба калимаҳои "комплектии (пуркунандаи)" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "мавод ва таҷҳизотҳое" ба калимаҳои "мавод ё таҷҳизотҳое" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" иваз карда шаванд.

156. Моддаи 200 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонуни ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи ба миқдори кам, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбннинамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагони ё дар дигар ҷойҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои таълими, варзиши ё дигар чорабиниҳои ҷамъияти истифода бурда мешаванд;

в) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

г) ба миқдори калон

д) дар ҳолати ретсидиви хафнок содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди;

в) бо истифодаи мақоми хизмати;

г) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти);

д) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ:

1) Дар моддаҳои 200-205-уми ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳоро содир карда бошад.

2) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар моддаҳои 200-202 ва 204 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, мутобиқи "Номгӯ ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонуни буда", ки дар Замимаи № 1 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

3) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгӯ аз рӯи миқдори ниҳоли зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда муайян карда мешавад".

157. Моддаи 201 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 201. Муносибати ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам, бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди;

г) бо истифодаи мақоми хизмати;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

е) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо, дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

158. Дар моддаи 202:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи

1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" ва дар санксияҳои ҳамин қисм калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ" иваз карда шаванд.

159. Ба Кодекс моддаҳои 202(1) ва 202(2) дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 202(1). Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракатҳо агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) ба миқдори калон;

г) бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ҳамчунин ғайриқонуни ба соҳибияти каси дигар додани прекурсорҳо;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

160. Моддаи 202(2). Тасарруфи прекурсорҳо

1) Тасарруфи прекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

б) такроран;

в) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломати хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он;

г) бо истифодаи мақоми хизмати;

д) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломати хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯровари;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

161. Дар моддаи 203:

-аз номи модда ва қисми якуми он калимаҳои "ё прекурсорҳо" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "воситаҳои нашъадор" ба ҷои вергул "," бандаки "ё" илова карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда, шавад;

-аз қисми сеюм калимаҳои "ба саломатии ӯ" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "ҳашт" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шавад.

162. Моддаи 204 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда

1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба миқдори кам содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад;

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти);

в) бо истифода аз мақоми хизмати;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

163. Дар номи моддаи 205 ва қисми якуми он калимаҳои "нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо" ба калимаҳои "нашъадор ё моддаҳои психотропи" иваз карда шаванд.

164. Дар моддаи 206:

-дар номи модда пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад;

-дар банди "б" қисми сеюм калимаи "маводи" ба калимаи "моддаҳои" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "мусодираи амвол" калимаҳои "ё бидуни он" илова карда шаванд;

-қисми чорум хориҷ карда шавад.

165. Ба Кодекс моддаи 206(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 206(1). Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд

1) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгири, додан, фурӯш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо, инчунин мавод, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо истифода бурда мешаванд ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, баҳисобгири, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расонидани дигар зарари ҷидди гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

166. Дар санксияи қисми якуми моддаи 207 калимаҳои "бо корҳои" ба калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои" иваз карда шаванд.

167. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 208 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеаҳо ё рӯйдодҳое, ки барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд,-".

168. Дар моддаи 209:

-номи модда ва диспозитсияи қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатари ҷавоб намедиҳад

1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасони, ки ба талаботи бехатари барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонуни додани санади расми ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқати ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатари тасдиқ мекунад,-";

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати ду сол" ба калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол" иваз карда шаванд;

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) вобаста ба мол ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кӯдакони то синни шашсола тааллуқ доранд";

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "беэҳтиёти ба" калимаи "саломатии" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "то ҳашт сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол" илова карда шаванд.

169. Дар моддаи 210:

-дар номи модда ва қисми якум калимаи "амалии" ба калимаи "хусусии" ва калимаи "дорусози" ба калимаи "фармасевти" иваз карда шавад.

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "расонидани зарар ба" калимаи "саломатии" илова карда шавад.

170. Дар моддаи 211:

-дар санксияи қисми дуюм пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад;

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шавад;

-банди "в" банди "б" ҳисобида шавад.

171. Дар моддаи 212:

-дар қисми якум калимаҳои "ва истифодаи" ба калимаҳои "ё истифодаи" иваз карда шуда, калимаҳои "ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаҳои "бо маҳдуд кардани" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "ҳашт" ба "панҷ" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ" ба калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ" иваз карда шаванд.

172. Дар моддаи 213:

-дар номи модда баъд аз калимаи "бадсифати" калимаи "роҳҳо" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ва машғул шудан" ба калимаҳои "ё машғул шудан" иваз карда шаванд;

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шуда, банди "в" банди "б" ҳисоб карда шавад.

173. Дар моддаи 214:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "ин кирдор" калимаҳои "аз беэҳтиёти" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "ҳафт" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

174. Дар моддаи 216:

-аз қисми якум калимаҳои "ё талафоти калон" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

175. Дар моддаи 217:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "чор" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

176. Дар моддаи 218:

-дар номи модда ва матни он калимаи "байналхалқи" ба калимаи "байналмилали" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "парвоз ё" калимаҳои "вайрон кардани" илова карда шаванд;

-дар санксия пеш аз калимаҳои "ду сол" калимаи "то" илова карда шавад.

177. Дар моддаи 219 баъд аз калимаҳои "агар он" калимаҳои "аз беэҳтиёти" илова карда шуда, калимаҳои "ҳодисаи бадбахтии инсон" ба калимаҳои "марги инсон" иваз карда шаванд.

178. Дар фасли IҶ ва боби 24 калимаҳои "Муҳити табиат" ва "муҳити атроф" ба калимаҳои "муҳити зист" иваз карда шаванд.

179. Дар моддаи 220 калимаҳои "ва дигар" ба калимаҳои "ё дигар" ва дар санксия калимаҳои "ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати" ба калимаҳои "ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то" иваз карда шаванд.

180. Дар қисми якуми моддаи 221 калимаҳои "барои ҳаёт ва саломатии" ба калимаҳои "барои ҳаёт ё саломатии" иваз карда шаванд.

181. Дар моддаи 222 калимаи "минтақаҳое" ба калимаи "маҳалҳое" иваз карда шавад.

182. Дар моддаи 223:

-дар қисми якум баъд аз калимаи "ҳангоми" калимаи "истеҳсол" илова карда шуда, калимаи "моддаҳои" ба калимаҳои "моддаҳо" "ё партовҳои" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то панҷ" калимаҳои "аз ду" илова карда шаванд.

183. Дар моддаи 224:

-дар қисми якум калимаҳои "ва токсинҳо" ба калимаҳои "ё токсинҳо" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз озоди ба мӯҳлати то панҷ" бо калимаҳои "аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ" иваз карда шаванд.

184. Дар моддаи 225:

-дар қисми якум калимаҳои "боиси паҳн гардидани касалиҳои сирояткунанда (эпидеми)" ба калимаҳои "аз беэҳтиёти боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда)" иваз карда шаванд.

-дар қисми дуюм калимаҳои "ки боиси" ба калимаҳои "ки аз беэҳтиёти боиси" иваз карда шаванд.

185. Дар моддаи 226:

-дар қисми якум калимаҳои "Чиркину ифлос" ба калимаҳои "Ифлос ё олуда", калимаҳои "ва бад" ба калимаҳои "ё бад" ва калимаҳои "агар чунин кирдор ба олами ҳайвоноту наботот, захираи моҳи, ҷангал ва соҳаи кишоварзи зарари ҷидди ворид карда бошад" ба калимаҳои "агар чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад, -" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад";

-ба қисми дуюм банди "а" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"а) боиси расондани зарари ҷидди ба олами ҳайвонот ё наботот, захираҳои моҳи, хоҷагии ҷангал ё соҳаи кишоварзи, гардида бошад";

-бандҳои "а" "б" ва "в" мутобиқан бандҳои "б", "в" ва "г" ҳисобида шаванд.

186. Дар қисми якуми моддаи 228 баъд аз калимаҳои "хароб кардани замин, ки" калимаҳои "ба саломатии инсон ё" илова карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "ё ҳабс ба мӯҳлати то шаш моҳ" ба калимаҳои "ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

187. Дар санксияи моддаи 229 калимаҳои "ва машғул шудан" ба калимаҳои "ё машғул шудан" иваз карда шаванд.

188. Дар моддаи 230:

-банди "г" қисми якум хориҷ карда шавад;

-аз банди "в" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд.

-ба қисми дуюм банди "г" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологи ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологи содир шуда бошад,-".

189. Дар моддаи 232:

-аз қисми якум банди "г" хориҷ карда шавад;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шуда, ба ин қисм банди "в" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологи ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологи содир шуда бошад,-".

190. Дар санксияи қисми якум моддаи 234 калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

191. Дар қисми дуюми моддаи 235 калимаи "оташангези" ба калимаи "оташ задан" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "панҷ" ба калимаи "се" иваз карда шаванд.

192. Дар моддаи 236 калимаҳои "минтақа" ва "минтақаҳои" ба калимаҳои "ҳудудҳо" ва "ҳудудҳои" ва дар санксияи ҳамин модда калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

193. Дар моддаи 237:

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "гурӯҳи ашхос ё" калимаҳои "гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешаки ё" илова карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаи "таъмини" ба калимаи "ҳифзи" иваз карда шавад;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шавад.

194. Ба Кодекс моддаи 237(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 237(1). Вандализм

Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотҳо, расонидани зиён ба амвол дар нақлиёти ҷамъияти ва дигар ҷойҳои ҷамъияти, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад,

-бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад".

195. Дар моддаи 240 диспозитсияи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ташкил ё нигоҳдошти ғайриқонунии қиморхона,-";

-аз санксияи модда калимаҳои "бо мусодираи амвол" хориҷ карда шаванд.

196. Диспозитсияи моддаи 241 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тайёр кардан, паҳн кардан ё рекламаи ғайриқонунии мавод ё предметҳои порнографи, ҳамчунин фурӯши ғайриқонунии маводи интишори, кино ё сабти видео, акс ё дигар чизҳои дорои хусусияти порнографи,-".

197. Дар моддаи 242:

-дар қисми якум калимаи "иншоот" ба калимаи "объектҳое" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "объекту ёдгориҳои" ба калимаҳои "объект ё ёдгориҳои" иваз карда шаванд.

198. Дар ном ва қисми якуми моддаи 243 калимаи "қабристони" ба калимаи "гӯри", калимаи "иншооти" ба калимаи "бинои" иваз карда шаванд.

199. Дар моддаи 244:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "як ҳазор то ду ҳазор" ба калимаҳои "панҷсад то як ҳазор", калимаҳои "мӯҳлати аз се то панҷ" ба калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шуда, бандҳои "в", "г" мутобиқан бандҳои "б", "в" ҳисобида шаванд ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" иваз карда шаванд;

-аз банди "б" қисми чорум калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шуда, ин қисм бо банди "в" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,-":

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

200. Дар моддаи 245:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озоди" ба калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди" иваз карда шуда, калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияҳои қисми якум, дуюм, сеюм ва чорум пеш аз калимаҳои "ду сол ҷазо", "се сол ҷазо", "чор сол ҷазо" ва "панҷ сол ҷазо" калимаи "то" илова карда шавад.

201. Дар моддаи 246:

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "се сол ҷазо" калимаи "то" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "понздаҳ" ба калимаи "дувоздаҳ" ва калимаҳои "панҷ сол ҷазо" ба калимаҳои "то панҷ сол ҷазо" иваз карда шаванд.

202. Дар моддаи 247:

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "дувоздаҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

203. Дар моддаи 248:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз се то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз понздаҳ то бист" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд.

204. Дар моддаи 252:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ба ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.";

-дар бандҳои "в"-и қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "ва саломатии" ба калимаҳои "ё саломатии" иваз карда шаванд.

205. Дар моддаи 255:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол" ба калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" иваз карда шаванд.

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

206. Дар моддаи 257:

-дар номи модда, қисми якум ва эзоҳ калимаҳои "маблағи", "маблағҳои" мутобиқан ба калимаҳои "воситаи", "воситаҳои" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд;

-банди "б" қисми сеюм хориҷ карда шуда, бандҳои "в" ва "г" мутобиқан бандҳои "б" ва "в" ҳисобида шаванд.

207. Санксияи қисми дуюми моддаи 258 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди бо мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

208. Дар моддаи 259:

-аз қисми якум калимаҳои "ё бо расонидани зарар ба саломати" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз сесад то ҳаштсад" ба калимаҳои "аз панҷсад то як ҳазор" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то ду ҳазор" ба калимаҳои "аз як то ду ҳазор" иваз карда шаванд.

209. Дар моддаи 260:

-дар қисми якуми эзоҳ калимаи "сад" ба калимаҳои "як ҳазор" ва калимаҳои "як ҳазор" ба калимаҳои "ду ҳазор" иваз карда шаванд:

-дар қисми сеюми эзоҳ калимаи "панҷоҳ" ба калимаи "панҷсад" иваз карда шавад.

210. Дар моддаи 261 калимаи "ҳавасмандии" ба калимаҳои "дигар манфиатҳои" иваз карда шаванд.

211. Дар қисми якуми моддаи 262 калимаҳои "Муомилоти молияви ё амалиёти дигар" бо калимаҳои "Анҷом додани аҳдҳои молу мулки ё амалиётҳои дигар" иваз карда шуда, калимаи "амвол" ба калимаҳои "амволи дигар,-" иваз карда шаванд.

212. Дар моддаи 263:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз ду то панҷ сол" ба калимаҳои "то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад";

-дар эзоҳи модда калимаи "панҷсад" ба калимаҳои "як ҳазор" иваз карда шавад.

213. Дар моддаи 264:

-аз номи модда калимаи "(қарз)" хориҷ карда шавад;

-дар қисми якум калимаҳои "ташкилот гирифтани қарз (кредит)" ба калимаҳои "ташкилот гирифтани кредит" иваз карда, калимаҳои "барои гирифтани қарз" ба калимаҳои "барои гирифтани кредит" иваз карда шаванд.

214. Аз номи моддаи 265 калимаи "(қарз)" хориҷ карда шавад.

215. Дар моддаи 269:

-дар номи модда калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ" ба калимаҳои "ба корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

216. Моддаи 272 хориҷ карда шавад.

217. Дар номи моддаи 274 ва қисми якум баъд аз калимаҳои "тиҷорати оммави" ва калимаҳои "созмондиҳандаи тиҷорат" калимаи "ё тендер" илова карда шавад.

218. Дар қисми якуми моддаи 275 калимаҳои "молу маҳсулот" ба калимаи "мол" иваз карда шуда, калимаҳои "тамғагузории моли рақиб" хориҷ карда шаванд;

219. Дар моддаи 276:

-дар қисми якум калимаҳои "молу маҳсулот" ба калимаи "мол" ва калимаи "мақсади" ба калимаи "нияти" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад" ба калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад" иваз карда шаванд.

220. Дар моддаи 278 калимаҳои "ҳавасмандии шахси" ба калимаҳои "манфиати шахси" иваз карда шавад.

221. Дар моддаи 280:

-дар қисми якум калимаҳои "ришвадиҳии ташкилотчиён ба аъзои" ба калимаҳои "ришвадиҳи ба ташкилотчиён ё аъзои" иваз карда шаванд.

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз сад то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

222. Дар қисми якум ва банди "в" қисми дуюми моддаи 282 калимаҳои "арзишнок" ва "арзишноки" ба калимаҳои "қиматнок" ва "қиматноки" иваз карда шаванд.

223. Дар моддаи 283:

-дар қисми якум калимаи "арзишнок" ба калимаи "қиматнок" иваз карда шавад;

-эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283 ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми миқдори калон ё зарар ба миқдори калон чунин миқдор ё зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи маоши ҳадди акал як ҳазор маротиба зиёд бошад".

224. Дар номи моддаи 284, қисми якум ва эзоҳ калимаи "фулузоти" ба калимаи "металлҳои" иваз карда шуда, дар қисми якум калимаи "шаклу" ба калимаи "намуду" иваз карда шавад.

225. Дар моддаи 285:

-дар номи модда калимаи "упоридани" ба калимаи "супоридани" иваз карда шавад;

-диспозитсияи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Саркаши кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хоми муштақ ба даст овардашуда, ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад.-".

226. Дар моддаи 286:

-дар қисми якум ва дуюм калимаҳои "инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонуни бо асъори хориҷи" хориҷ карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "панҷоҳ" ба калимаҳои "панҷсад" иваз карда шавад.

227. Дар санксияи моддаи 287 пеш аз калимаи "панҷ" калимаи "то" илова карда шавад.

228. Моддаи 288 хориҷ карда шавад.

229. Дар моддаи 289:

-дар қисми якум калимаҳои "моддаи мазкур" ба калимаҳои "моддаи мазкур нишон додашуда" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "маводи нашъаовар" бо калимаҳои "воситаҳои нашъадор, моддаҳои", калимаҳои "муҳимот ё лавозимоти ҷанги" ба калимаҳои "лавозимоти ҷанги ё муҳимоти ҳарби" ва калимаҳои "стратеги муҳим ва осори бадеи, таърихи, бостоншиноси ва арзишҳои" ба калимаҳои "стратеги муҳим, осори бадеи, таърихи, бостоншиноси ё арзишҳои" иваз карда шуда, баъди калимаи "радиоактиви" калимаи "моддаҳои" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар эзоҳ калимаҳои "як ҳазор" ба калимаҳои "панҷ ҳазор" иваз карда шаванд.

230. Дар номи моддаи 290 калимаи "асари" ба калимаи "сарватҳои" ва калимаи "аърихи" ба калимаи "таърихи" иваз карда шуда, аз санксияи ҳамин модда калимаҳои "мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

231. Дар моддаи 291:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳ бо маслиҳати пешаки;

б) бо истифода аз мақоми хизмати;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,-";

-дар эзоҳ калимаҳои "панҷсад маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал ва ба миқдори махсусан калон аз даҳ ҳазор маоши ҳадди ақал" иваз карда шаванд.

232. Дар моддаи 292:

-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 292. Саркаши аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқи"

-дар қисми якум калимаҳои "пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатми аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият" ба калимаҳои "супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқи" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "бухгалтери" калимаҳои "ё декларатсияи андоз" илова карда шуда, калимаи "бардурӯғ" ба калимаи "таҳрифшуда" иваз карда шавад;

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содиршуда бошад,-"

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озоди" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё" илова карда шавад.

-дар эзоҳ калимаҳои "пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатми аз корхонаҳо" ба калимаҳои "супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқи" ва калимаҳои "панҷсад маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал ва ба миқдори махсусан калон бошад, аз даҳ ҳазор маоши ҳадди ақал" иваз карда шуда, калимаи "ҳатми" хориҷ карда шавад.

233. Дар моддаи 293:

-дар номи модда, қисми якум ва эзоҳи он калимаи "шаҳрванд" ба калимаҳои "шахси воқеи" иваз карда шавад.

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда";

-дар эзоҳ калимаҳои "аз дусад" ба калимаҳои "аз панҷ ҳазор" ва калимаҳои "аз панҷсад" ба калимаҳои "аз даҳ ҳазор" иваз карда шаванд.

234. Дар моддаи 295:

-дар ном ва матни модда калимаҳои "корхонаҳои", "корхонаҳо", "корхона", "корхонаи" мутобиқан ба калимаҳои "ташкилотҳои", "ташкилотҳо", "ташкилот", "ташкилоти" иваз карда шаванд.

-дар қисми якум калимаи "имтиёз" ба калимаи "бартари" ва калимаҳои "шаҳрвандон, корхона" ба калимаҳои "шаҳрвандон, корхона, ҷамъият" иваз карда шаванд.

235. Моддаи 296:

-аз ном ва қисми якум калимаҳои "нотариус ё ҳимоятгар" хориҷ карда шуда, калимаи "имтиёзот" ба калимаи "бартариҳо", калимаи "корхона" ба калимаи "ташкилот" иваз карда шаванд ва пеш аз калимаҳои "ё давлат" калимаи "ҷамъият" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,-".

236. Дар моддаи 298:

-дар номи модда ва қисми якум калимаҳои "дастрас намудани" ба калимаҳои "даромадан ба" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" ба калимаҳои "ба мӯҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "се" ба калимаи "чор" иваз карда шавад.

237. Аз қисми якуми моддаи 299 калимаҳои "ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруфи амволи ғайр" хориҷ карда шаванд.

238. Дар қисми якуми моддаи 301 калимаи "интиқол" ба калимаи "фиристода" иваз карда шавад.

239. Дар моддаи 302 калимаҳои "гирифтани тамоси" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаи "ғайриқонуни" калимаи "даромадан" илова карда шавад.

240. Дар қисми якуми моддаи 304 калимаи "тамос" ба калимаҳои "ҳуқуқи даромаданро" иваз карда шавад.

241. Дар моддаи 305:

-дар қисми якум калимаи "вогузоштани" ба калимаи "додани" ва калимаҳои "ё амнияти беруни" ба калимаҳои "ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-дар ззоҳ рақами "307" ба рақами "308" ва калимаҳои "шуданаш мумкин аст" ба калимаи "мешавад", инчунин калимаи "ҳукумат" ба калимаи "ҳокимият" иваз карда шаванд.

242. Дар моддаи 306 калимаи "Кирдоре" ба калимаи "Ҳаракате" иваз карда шавад.

243. Ба Кодекс моддаҳои 307(1), 307(2) ва 307(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 307(1). Даъвати оммави дар ба амал баровардани фаъолияти экстремисти (ифротгарои)

1) Даъвати оммави дар ба амал баровардани фаъолияти экстремисти, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори умум содир шуда бошад-,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

"Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремисти (ифротгарои)

1) Ташкили иттиҳоди экстремисти, яъне гурӯҳи муташаккили ашхос барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбини ё кинаю адовати идеологи, сиёси, нажоди, милли, маҳалгарои, ё дини, ҳамчунин аз нигоҳи бадбини ё кинаю адоват нисбати кадом як гурӯҳи иҷтимои, инчунин роҳбари ба чунин иттиҳоди экстремисти, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремисти, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизмати содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремисти даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад".

"Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремисти (ифротгарои)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё дини ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад".

244. Дар қисми якуми моддаи 309 калимаи "амният" ба калимаҳои "амнияти иқтисоди" иваз карда шавад.

245. Дар моддаи 310 калимаи "гардидани" ба калимаи "гардонидани" иваз карда шавад.

246. Диспозитсияи қисми дуюми моддаи 311 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-".

247. Дар моддаи 314:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "то чор" ба калимаҳои "то ду" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" ва калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар қисми якуми эзоҳ калимаи "боб" ба калимаи "Кодекс" иваз карда шавад.

248. Дар моддаи 316:

-дар қисми якум, дуюм ва сеюм калимаҳои "кирдоре", "кирдорро" ва "Кирдорҳои" мутобиқан ба калимаҳои "ҳаракате", "ҳаракатро" ва "Ҳаракатҳои" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то ҳафт" калимаҳои "аз чор" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз панҷ" ва калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то панҷ" иваз карда шаванд.

249. Дар моддаи 317 калимаи "кирдоре" ба калимаи "ҳаракате" иваз карда шавад.

250. Дар моддаи 319:

дар қисми якум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "коғазҳои қиматнок" калимаи "дигар" илова карда шавад;

-аз санксияи қисми якум калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-аз қисми дуюм калимаи "(ришват)" хориҷ карда шавад;

-қисми якуми эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои хусусияти амволи доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор маоши ҳадди ақал зиёд бошад".

251. Дар моддаи 320:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад";

-дар эзоҳ калимаҳои "ва агар" ба калимаҳои "ё агар" ва калимаи "кушодани" ба калимаи "оғози" иваз карда шаванд;

-ба эзоҳи модда қисми дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"2) Таҳти мафҳуми тамаъҷӯе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, талаботи шахси мансабдор оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ӯ маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад";

-баъди калимаи "Эзоҳ:" раками "1)" гузошта шавад.

252. Аз моддаи 321 калимаи "ошкоро" хориҷ карда шуда, калимаи "арзишнок" ба калимаи "қиматнок" иваз карда шавад.

253. Дар моддаи 322:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд.

254. Аз санксияи қисми дуюми моддаи 324 калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он ва" хориҷ карда шаванд.

255. Дар моддаи 325:

-аз қисми якум калимаҳои "дидаю дониста" хориҷ карда шуда ва калимаи "ришвадиҳанда" ба калимаи "мукофотдиҳанда" иваз карда шавад;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар моддаҳои 324 ва 325 - и Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои хусусияти амволи доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад".

256. Дар номи боби 31 калимаи "идора" ба калимаи "идоракуни" иваз карда шавад.

257. Дар қисми якуми моддаи 328 калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд.

258. Моддаи 329 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарби

Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд сохтани амвол нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин нисбати шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъияти ё таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рӯи интиқом барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

259. Дар санксияи қисми якуми моддаи 330 пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё" илова карда шаванд.

260. Дар моддаи 331:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ҳабс ба мӯҳлати аз як то се моҳ" ба калимаҳои "маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "ва саломатии" ба калимаҳои "ё саломатии" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "в" қисми сеюм баъд аз калимаи "ретсидиви" калимаи "хавфнок ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз ду то панҷ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

261. Аз санксияи қисми дуюми моддаи 334 калимаҳои "аз ду" хориҷ карда шаванд.

262. Дар моддаи 335:

-дар номи модда калимаҳои "сарҳади давлати" ба калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-дар қисми якум калимаи "санади" ба калимаи "ҳуҷҷати" иваз карда шавад;

-эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи ҳамин модда нисбати шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванде, ки бо вайрон кардани қоидаи гузаштан аз Сарҳади давлати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёси мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, паҳн намегардад".

263. Дар моддаи 339:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз ҳаштод то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад".

-дар қисми сеюм пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад:

264. Дар моддаи 340:

-санксияҳои қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.";

"бо маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

265. Аз моддаи 341 калимаҳои "инчунин бланкаҳои ин ҳуҷҷатҳо" хориҷ карда шуда, санксияи он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад".

266. Дар моддаи 342:

-аз модда калимаҳои "инчунин рамзҳои давлатии дигар давлат" хориҷ карда шавад;

-дар санксия пеш аз калимаҳои "бо маҳдуд кардани" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё" илова карда шаванд.

267. Санксияи қисми дуюми моддаи 343 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешаванд".

268. Дар моддаи 346:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ё ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ" ба калимаҳои "ё маҳдуд кардани озоди ба мӯҳлати то ду сол" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаи "ҳиссиёти" ба калимаи "нияти" иваз карда шавад;

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-аз санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо мусодираи амвол" хориҷ карда шаванд.

269. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 347 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ӯ,-".

270. Аз қисми якуми моддаи 348 калимаҳои "ҳамчун гунаҳгор" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаи "бегуноҳро" калимаҳои "ба сифати айбдоршаванда" илова карда шаванд.

271. Дар қисми якуми моддаи 349 баъд аз калимаи "судя" калимаи "(судяҳо)" илова карда шавад.

272. Дар санксияи моддаи 350 калимаҳои "то дусад" ба калимаҳои "аз дусад то панҷсад" иваз карда шаванд.

273. Дар моддаи 351:

-дар банди "г" қисми дуюм калимаи "бо" ба калимаи "ба" иваз карда шавад;

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

274. Дар санксияҳои қисмҳои якум ва дуюми моддаи 352 пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё" илова карда шавад.

275. Дар моддаи 353:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.";

-дар банди "в" қисми дуюм пеш аз калимаҳои "расонидани" калимаи "таҳдиди" илова карда шавад;

-дар банди "г" қисми дуюм пеш аз калимаи "нобуд" калимаи "таҳдиди" илова карда шавад;

-аз санксияи қисми сеюм калимаҳои "корҳои ислоҳи меҳнати ба мӯҳлати то ду сол" хориҷ карда шуда, калимаҳои "то панҷ сол" ба калимаҳои "аз ду то панҷ сол" иваз карда шаванд.

276. Дар моддаи 354:

-дар қисми якум калимаҳои "ва шоҳидро" ба калимаҳои "ё шоҳидро" ва калимаҳои "маҷбур сохтани шахсе, ки" ба калимаҳои "маҷбур кардан аз ҷониби шахсе, ки" иваз карда шаванд; -санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" ва калимаҳои "то се сол ё бидуни он" ба калимаҳои "то панҷ сол" иваз карда шаванд.

277. Санксияи қисми якуми моддаи 355 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад."

278. Ном ва қисми якуми моддаи 356 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 356. Таҳдид ё зӯровари вобаста ба амалбарории адолати суди ё таҳқиқи ибтидои ё тафтишоти пешаки

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд кардани амвол нисбатн судя, машваратчии халқи, прокурор, муфаттиш, шахсе, ки таҳқиқи ибтидои мегузаронад, адвокат, эксперт, тарҷумон, пристави суд ё котиби суд, иҷрочии суд, ҳамчунин наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқи ибтидои, тафтишоти пешаки, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари суди, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "то ҳашт" ба калимаҳои "то даҳ" иваз карда шавад.

279. Моддаи 357 хориҷ карда шавад.

280. Дар моддаи 358:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "озоди ба мӯҳлати то се сол" ба калимаҳои "озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз панҷ" иваз карда шуда, калимаҳои "то се сол" ба калимаҳои "то панҷ сол" иваз карда шаванд.

281. Дар моддаи 359:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мӯҳлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё" илова карда шаванд.

282. Дар қисми якуми моддаи 362 калимаи "операцияҳои" ба калимаи "амалиётҳои" иваз карда шавад.

283. Дар моддаи 363 калимаи "эътибор" ба калимаҳои "эътибори қонуни" иваз карда шуда, калимаҳои "корхонаи тиҷорати ё дигар корхона" ба калимаҳои "ташкилотҳои тиҷорати ё дигар ташкилот" иваз карда шавад.

284. Дар моддаи 364 калимаи "рафтан" ба калимаҳои "сафар кардан" иваз карда шавад.

285. Дар моддаи 365:

-дар номи модда калимаи "аз ҳабс" ба калимаҳои "аз ҳабси пешаки" иваз карда шуда ва аз қисми якум калимаҳои "ҳабс ё" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "то даҳ сол" иваз карда шаванд;

-эзоҳи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Шахсе, ки дар мӯҳлати се рӯз ихтиёри ба ҷойҳои маҳрум сохтан аз озоди ё ба ҳабси пешаки бармегардад, аз ҷавобгарии ҷинояти барои гурехтан озод карда мешавад, агар дар ҳаракатҳои ин шахс таркиби ҷиноятҳои дигар набошад".

286. Дар тамоми санксияҳои моддаҳои боби 33 ("Ғиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарби") калимаҳои "фиристодан ба қисми интизоми" ва калимаҳои "равон кардан ба қисми интизоми" ба калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизоми" иваз карда шуда ва калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои интизомии ҳарби" ба калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизоми" иваз карда шаванд.

287. Дар моддаи 366:

-дар қисми якум калимаҳои "ё қарордод" ба калимаҳои "ё ба тартиби ихтиёри" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "Кодекс" калимаҳои "ба сифати ташкилкунанда, таҳриқкунанда ва ёрдамчи" илова карда шаванд.

288. Моддаи 367 хориҷ карда шавад.

289. Дар моддаи 368:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷидди расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои иҷро накардани фармони баръало ҷинояти,-"

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "то даҳ" иваз карда шаванд.

290. Дар моддаи 369:

-дар қисми якум калимаҳои "дигари иҷрокунандаи вазифаҳои сардор, ки" ба калимаҳои "дигаре, ки иҷрои вазифаи сардор" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то як" ва "то панҷ" мутобиқан ба калимаҳои "то ду" ва "то се" иваз карда шаванд;

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаи "яроқ" калимаҳои "техникаи ҷанги ё моддаҳои тарканда" илова карда шаванд.

291. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 370 калимаҳои "кирдор" ва "Амалҳои" ба калимаҳои "ҳаракат" ва "Ҳаракатҳои" иваз карда шаванд.

292. Дар қисми якуми моддаи 371 калимаҳои "дошта задани" ба калимаҳои "лату кӯби" иваз карда шаванд.

293. Дар қисми дуюми моддаи 372 калимаи "хизмати,-" ба калимаҳои "хизмати ҳарби,-" иваз карда шавад.

294. Дар моддаи 373:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизоми ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "д" қисми дуюм калимаҳои "ё дигар оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,-" ба калимаҳои "содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,-" иваз карда шаванд.

295. Дар моддаи 374:

-дар қисмҳои якум ва сеюм калимаҳои "Тарки худсаронаи қисми ҳарби" ба калимаҳои "Худсарона тарк кардани қисми ҳарби" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "қисми" калимаи "ҳарбии" илова карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаҳои "дар асоси қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" ва калимаҳои "фиребу найранги дигар" ба калимаҳои "шаклҳои дигари фиреб" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "хизмат" ба калимаҳои "хизмати ҳарби" иваз карда шуда, калимаҳои "ба мӯҳлати то се сол" ба калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлат" иваз карда шаванд;

-аз қисми чорум калимаҳои "вале на бештар аз як моҳ" хориҷ карда шуда, калимаҳои "қисми интизоми" ба калимаҳои "қисми ҳарбии интизоми" иваз карда шаванд;

-дар қисми панҷум калимаҳои "якум, сеюм ва чоруми" ба калимаҳои "якум ё сеюми" иваз карда шуда, аз санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз се" хориҷ карда шаванд.

296. Дар санксияи қисми чоруми моддаи 375 калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

297. Дар моддаи 376:

-дар қисми якум калимаҳои "ё рад кардани иҷрои вазифаҳои хизматии ҳарби" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ба мӯҳлати то панҷ" ба калимаҳои "ба ҳамин мӯҳлати" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се то ҳашт" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

298. Дар қисми якуми моддаи 379 калимаи "дахлдошта" ба калимаи "дохилшуда" ва калимаи "муҳофизатшуда" ба калимаи "муҳофизатшаванда" иваз карда шаванд.

299. Дар санксияи қисми сеюми моддаи 387 калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шавад.

300. Дар моддаи 391:

-дар санксияи қисми якум баъд аз калимаҳои "то се сол" калимаҳои "ё бидуни он" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад.

301. Дар моддаи 393:

-дар қисми якум калимаҳои "моддаҳои ҷанги" ба калимаҳои "амволи ҷанги" иваз карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм пеш аз калимаҳои "то ҳафт" калимаҳои "аз се" илова карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "зарар надорад" ба калимаҳои "хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯровари содир гардидааст" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "панҷ" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "бист сол" калимаҳои "бо мусодираи амвол" илова карда шавад.

302. Дар санксияи қисми якуми моддаи 395 калимаи "бист" ба калимаи "понздаҳ" иваз карда шавад.

303. Дар моддаи 396:

-дар қисми якум калимаи "ошкоро" ба калимаи "оммави" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафт" ба калимаҳои "аз панҷ" иваз карда шаванд;

-дар эзоҳи модда калимаи "давлатиро" ба калимаҳои "давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.

304. Дар моддаи 397 калимаи "харид" ба калимаҳои "соҳиб шудан", калимаи "нигоҳдори" ба калимаҳои "нигоҳ доштан", калимаҳои "ва технологи" ба калимаҳои "ё технологияе" ва калимаҳои "зарурии бо шартномаҳои байналмилали манъгардида барои истеҳсоли он,-" ба калимаҳои "барои истеҳсоли он зарурбудае, ки бо шартномаҳои байналмилали манъ гардидаанд,-" иваз карда шаванд.

305. Дар моддаи 398 калимаҳои "ё аз гурӯҳ аз ҷумлаи ин гурӯҳҳои одамон" ба калимаҳои "ё аз як гурӯҳи одамон" иваз карда шаванд.

306. Дар моддаи 400 калимаҳои "набототу ҳайвонот" ба калимаҳои "наботот ё ҳайвонот" иваз карда шаванд.

307. Дар эзоҳи моддаи 401 калимаҳои "шаҳрванди давлат намебошад" ба калимаҳои "шаҳрванди давлате намебошад, ки" ва калимаҳои "шомил намебошад ё" ба калимаҳои "шомил намебошад ва" иваз карда шаванд.

308. Дар қисми сеюми моддаи 402 калимаҳои "Ҳамин кирдори" ба калимаи "Кирдори" иваз карда шавад.

309. Дар моддаи 403:

-дар қисми якум калимаҳои "дар натиҷаи" ба калимаҳои "дар вақти", калимаҳои "иштирок дар амалиёти ҳарби" ба калимаҳои "иштироки худро дар амалиёти ҷанги", калимаҳои "аломатҳои фарқкунандаи" ба калимаҳои "нишонаҳои фарқкунандаи", калимаҳои "аломатҳои ҳимояви" ба калимаҳои "нишонаҳои ҳимояви", калимаҳои "тобеи депортатция" ба калимаҳои "депортатсияи он" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "ҳимоякунандаи ӯро" ба калимаи "пуштибонро", дар банди "г" калимаҳои "ҳимоякунандаи ӯ" ба калимаҳои "дигари пуштибонро" ва дар банди "д" калимаи "ҳимоя" ба калимаи "пуштибон" иваз карда шавад.

310. Ба Кодекс замимаи № 1 дорои мазмуни зайл илова карда шавад: (замима пешниҳод мегардад).

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 17 майи соли 2004, № 35

ш. Душанбе

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №9 моддаҳои 68, 69; №22, моддаи 306; соли 1999, №12, моддаи 316; соли 2001. №4, моддаҳои 149, 167; соли 2002, №11, моддаҳои 675, 750; соли 2003 №8 моддаҳои 456, 468 қабул шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар қисми якум калимаҳои "дохил карда мешаванд" ба калимаҳои "бояд дохил карда шаванд" иваз карда шаванд;

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали асос меёбад".

2. Қисми якуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъияти ва саломатии аҳоли, муҳити зист, тартиботи ҷамъияти ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсиони ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷинояти, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳури, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст".

3. Дар қисми якуми моддаи 4 ва моддаҳои 6, 10 калимаҳои "Кодекси ҷинояти" ба калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 5 калимаҳои "ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд" бо калимаҳои "бояд ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шаванд" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми дуюми моддаи 7 калимаи "тасдиқ" ба калимаи "муайян" иваз карда шавад.

6. Дар номи моддаи 9 калимаи "башардўсти" ба калимаи "инсондўсти" иваз карда шавад.

7. Аз моддаи 11 калимаи "ягонаи" хориҷ карда шавад.

8. Ба Кодекси ҷинояти моддаи 11(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 11(1). Қоидаҳои тафсири қонуни ҷинояти.

1) Агар меъёри ҳуқуқи ҷинояти духўра ифода ёфта бошад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба манфиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷинояти тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳумҳои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад."

9. Дар моддаи 14:

- дар қисми якум калимаҳои "шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" иваз карда шаванд;

- дар банди "г" қисми дуюм калимаи "онро" ба калимаҳои "фаъолияти ҷинояткоронаи худро" иваз карда шавад;

- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Шахсе, ки дар киштии оби ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии оби ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад";

- дар қисми чорум калимаи "байналхалқи" ба калимаи "байналмилали" иваз карда шавад.

10. Дар моддаи 15:

- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷи содиркардааш мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи ў дар давлате, ки дар ҳудуди он ин кирдорро содир кардааст, ҷиноят эътироф карда шавад ва агар ў барои ин ҷиноят дар давлати хориҷи маҳкум нашуда бошад. Ҳангоми маҳкум кардани шахсони мазкур ҷазо набояд аз ҳадди болои санксияи пешбининамудаи қонуни давлати хориҷие, ки дар ҳудуди он ҷиноят содир шуда буд, зиёд бошад";

- дар банди "б" қисми дуюм баъди калимаҳои "ҷинояти вазнин ё" калимаи "ҷинояти" илова карда шавад;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Доғи суди ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии ҷинояти нисбати шахсе, ки дар ҳудуди давлати хориҷи ҷиноят содир кардааст, набояд ҳангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва ҳангоми таъини ҷазо барои ҷинояте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад".

11. Дар моддаи 16:

- дар қисми якум калимаҳои "шартнома ё созишномаҳои байнидавлати" ба калимаҳои "шартномаи тарафайн" иваз карда шаванд.

- дар қисми дуюм калимаҳои "шартномаи байнидавлати" ба калимаҳои "шартномаи байналмилали" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 18:

- қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд.

3) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озоди зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд";

- аз қисми чорум калимаҳои "ва кирдорҳои аз беэҳтиёти содиршудае, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озоди барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз панҷ сол пешбини гардидааст" хориҷ карда шаванд:

- қисми панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"5) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озоди ё ҷазои қатл пешбини гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд".

13. Дар моддаи 19:

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Дар мавриде, ки такрори ҷиноятро ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳое пешбини менамояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахтарро пешбини кардааст, ҷинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобиқи қисми дахлдори моддаи ҳамин Кодекс, ки ҷазоро барои такрори ҷиноят пешбини менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад";

- қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

14. Ба моддаи 20 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Агар ҷиноят аз ҷониби меъёрҳои умуми ва махсус пешбини шуда бошад, он гоҳ маҷмўи ҷиноят ҷой надорад ва ҷавобгарии ҷинояти дар асоси меъёри махсус ба миён меояд".

15. Дар моддаи 21:

-қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи миёна бо маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад.

3) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:

а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад;

б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум карда шудааст, ё ин ки қаблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда бошад.

4) Ҳангоми эътирофи ретсидиви ҷиноят ба назар гирифта намешавад:

а) доғи суди барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолаги содир намудааст;

б) доғи суди барои ҷинояте, ки нисбати он шартан татбиқ накардани ҷазо ё ин ки аз рўи он мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ гардидааст, агар шартан татбиқ накардани ҷазо ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани ҷазо ба ҷойҳои маҳруми аз озоди фиристода нашудааст, инчунин доғи судие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84-и ҳамин Кодекс барҳам хўрдааст ё бардошта шудааст".

16. Дар моддаи 23:

- аз қисми дуюм калимаҳои "кўдаки навзоди худро куштани модар (моддаи 105)" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибати ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор, маводи психотропи ва прекурсорҳо (моддаи 202)" ба калимаҳои "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатҳои ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи (моддаи 201), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи (моддаи 202)" иваз карда шуда, инчунин калимаи "одамдузди" ба калимаи "одамрабои" иваз карда шавад;

-қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Агар ноболиғ дар вақти содир намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ба синну соли дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натиҷаи ақиб мондан дар инкишофи рўҳи, ки бо парешонҳолии рўҳи алоқаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусусияти воқеи ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онҳоро идора намояд, ў ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешавад".

17. Дар моддаи 24:

- дар қисми якум калимаҳои "дар асари" бо калимаҳои "бар асари" ва калимаҳои "дигари бемори" ба калимаҳои "дигари бемории рўҳи хусусияти воқеи ва" иваз карда шуда, пас аз калимаи "хавфнокии" калимаи "ҷамъиятии" илова карда шавад;

- дар қисми дуюм калимаи "хавфнок" ба калимаҳои "хавфноки дар қонуни ҷинояти пешбинишударо" иваз карда шавад;

- дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "ҷазо додан мумкин аст" калимаҳои "агар мўҳлатҳои дар моддаи 75 ҳамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад" илова карда шавад.

18. Қисми якуми моддаи 25 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Шахси мукаллафе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят бар асари парешонҳолии рўҳи наметавонист пурра хусусияти воқеи ва хавфи ҷамъиятии ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешавад".

19. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "моддаҳои нашъаовар, психотропи" ба калимаҳои "воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи" иваз карда шаванд.

20. Қисми дуюми моддаи 27 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Кирдори танҳо аз беэҳтиёти содиршуда дар ҳолате ҷиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбини шуда бошад".

21. Дар қисми сеюми моддаи 28 калимаи "бепарвоёна" ба калимаи "беэътиноёна" иваз карда шавад.

22. Дар қисми дуюми моддаи 29 калимаҳои "бо асосҳои кофи, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳо ба миён намеоянд" ба калимаҳои "вале бе асосҳои ба он кофи, худбоварона ҳисоб карда бошад, ки он оқибатҳоро бартараф мекунад" иваз карда шаванд.

23. Моддаи 30 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 30. Ғавобгари барои ҷинояте, ки бо ду шакли гуноҳ содир шудааст.

Агар шахс дар натиҷаи қасдан содир намудани ҷиноят аз беэҳтиёти дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро расонад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс боиси таъини ҷазои сахттар мегардад, чунин ҷиноят қасдан содиршуда эътироф мешавад".

24. Дар моддаи 31:

-баъд аз калимаҳои "ҳаракати (беҳаракатии) худро дарк накарда бошад", калимаҳои "ва вобаста ба ҳолатҳои кор" илова карда шуда, калимаҳои "намебоист ва наметавонист" ба калимаҳои "намебоист ё наметавонист" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи ҳамин модда қисми якум ҳисоб карда шуда, ба он қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад;

"2) Кирдор инчунин бегуноҳ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфноки ҳаракати (беҳаракатии) худро пешбини карда бошад ҳам, аммо ин оқибатҳоро бо сабаби номувофиқии сифатҳои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавқулодда ё аз ҳад зиёд мондашавии асабу рўҳ пешгири карда натавониста бошад".

25. Дар моддаи 32:

-дар қисми якум калимаҳои "Тайёри ба ҷиноят ин қасдан ҷустуҷў, тайёр ва мувофиқ кардани воситаю олот" ба калимаҳои "Тайёри ба ҷиноят ин аз тарафи шахс қасдан ҷустуҷў, тайёр ё мувофиқ кардани восита ё олоти содир намудани ҷиноят" иваз карда шаванд;

-аз қисми дуюм калимаҳои "дараҷаи миёна" хориҷ карда шаванд.

26. Дар моддаи 34:

-дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи" калимаи "саривақт" илова карда шавад;

-ҷумлаи дуюми қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Агар ёрдамчи барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ў вобастабударо андешида бошад, ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешавад";

-дар қисми панҷум калимаҳои "ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчи" ба калимаҳои "ташкилкунанда ва таҳриккунанда" иваз карда шаванд.

27. Дар моддаи 35 калимаҳои "дидаю донистаи" ба калимаи "қасдонаи" иваз карда шавад.

28. Дар қисми панҷуми моддаи 36 калимаҳои "восита ё олоти ҷиноят" ба калимаҳои "восита ё олоти содир кардани ҷиноят" иваз карда шаванд.

29. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 37 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ҳамиҷрокунандагон барои ҷинояти якҷоя содирнамудаашон бо моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷинояти кашида мешаванд.

3) Ғавобгарии ҷиноятии ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчи бо ишора ба моддаи 36 ҳамин Кодекс мутобиқи моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар як вақт ҳамиҷрокунандагони ҷиноят бошанд".

30. Дар моддаи 39:

-дар қисми дуюм калимаи "иҷрокунандагоне" ба калимаи "ашхосе" иваз карда шавад;

-дар қисми чорум калимаҳои "гурўҳи ҷинояткорон" ба калимаҳои "гурўҳи муташаккил" ва калимаҳои "якчанд ҷинояти" ба калимаи "ҷиноятҳои" иваз карда шавад;

-дар қисми шашум калимаҳои "Қисми махсус" ба калимаҳои "Қисми махсуси ҳамин Кодекс", калимаҳои "содирнамудаи онҳо" ба калимаҳои "содирнамудаи гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)", калимаҳои "онҳо ва барои" ба калимаҳои "онҳо дар ҳолати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс, инчунин барои" иваз карда шаванд;

- аз қисми ҳафтум калимаҳои "бо ишора ба ҳамин модда" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми ҳаштум баъд аз калимаи "Ғавобгарии" калимаи "ҷиноятии" илова карда шавад.

31. Моддаи 40 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 40. Мудофиаи зарури

1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарури, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа, ё давлат аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз бо зўроварии барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зўровари алоқаманд бошанд, ҷиноят ҳисобида намешавад.

2) Ҳимоя аз таҷовузи бо зўровари марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зўровари қонуни ҳисобида мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи зарури баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест.

3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, баромадан аз ҳадди мудофиаи зарури ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективи баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро надошта бошад.

4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касби ё дигар тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба ашхоси дигар ё мақомоти ҳокимият барои кўмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарури ҳуқуқ дорад.

5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар мудофиаи зарури ҳисоб намешавад".

32. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 41 калимаҳои "аз ҳад нагузашта" ва "гузаштан" мутобиқан ба калимаҳои "аз ҳад набаромада" ва "баромадан" иваз карда шаванд.

33. Аз қисми сеюми моддаи 45 калимаи "дигари" хориҷ карда шавад.

34. Моддаи 47 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 47. Намудҳои ҷазо"

Намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

а) корҳои ҳатми;

б) ҷарима;

в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян:

г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

д) корҳои ислоҳи;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарби;

ж) маҳдуд кардани озоди;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизоми;

и) мусодираи амвол;

к) маҳрум сохтан аз озоди;

л) ҷазои қатл.

35. Дар матни ҳамин Кодекс калимаҳои "корҳои ислоҳи меҳнати" ба калимаҳои "корҳои ислоҳи", калимаҳои "маҳрум кардан аз рутбаи махсус, ҳарби, рутбаҳои дараҷави ва мукофотҳои давлати" ба калимаҳои "маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвони ифтихории Тоҷикистон", калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" ва калимаи "волидайн" ба калимаҳои "падару модар" иваз карда шаванд.

36. Дар моддаи 48:

-дар қисми якум калимаҳои "Корҳои ислоҳи меҳнати" ба калимаҳои "Корҳои ҳатми, корҳои ислоҳи" ва калимаи "намудҳои" ба калимаҳои "ба сифати" иваз карда шуда, калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад;

-қисми сеюм хориҷ карда шуда, қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум, мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд;

-дар қисми ҳафтум калимаҳои "мусодираи амволро" ба калимаҳои "ҷарима ва мусодираи амволро" иваз карда шавад.

37. Ба Кодекс моддаи 48(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 48(1). Корҳои ҳатми

1) Корҳои ҳатми аз ҷониби маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асоси ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъияти мебошад, ки намудҳои онҳоро мақомоти ҳокимияти маҳалли муайян менамояд.

2) Корҳои ҳатми ба мўҳлати аз шаст то дусаду чил соат муқаррар карда мешаванд ва на зиёда аз чор соат дар як рўз адо карда мешаванд.

3) Таъини корҳои ҳатми барои ашхоси зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарби;

б) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомила;

г) ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гурўҳҳои I ва II;

4) Дар давраи адои ҷазо дар намуди корҳои ҳатми ба миён омадани яке аз ҳолатҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод мекунад.

5) Дар ҳолати ашадди саркаши кардани маҳкумшуда аз адои корҳои ҳатми, суд онро ба ҷазоҳои корҳои ислоҳи ё маҳдуд кардани озоди дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд."

38. Дар моддаи 49:

-дар қисми дуюм калимаҳои "ҳадди ақал" ба калимаҳои "ҳадди ақалле, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард" иваз карда шаванд;

-қисмҳои чорум ва панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"4). Ғаримаро ба сифати намуди ҷазои иловаги танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс таъин кардан мумкин аст.

5). Дар ҳолати ашадди саркаши намудан аз пардохти ҷарима суд онро бо ҷазоҳои корҳои ислоҳи ё маҳдуд кардани озоди мутобиқан ба андозаи ҷаримаи таъингардида, дар доираи ин намудҳои ҷазо, ки бо ҳамин Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд".

39. Дар моддаи 50:

-дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "ба сифати ҷазои иловаги" калимаҳои "барои қасдан ё аз беэҳтиёти содир намудани ҷиноят" илова карда шаванд;

аз қисми сеюм калимаҳои "маълумот дар хусуси" хориҷ карда шаванд.

40. Моддаи 51 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 51. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон.

Шахсе, ки рутбаи ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвони ифтихории Тоҷикистонро дорад, дар ҳолати барои ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шуданаш суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш ўро аз чунин рутбаҳои ҳарби, дипломати, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлати ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон маҳрум намояд."

41. Дар моддаи 52:

-дар қисми якум калимаҳои "аз бист то панҷоҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то си" иваз карда шаванд:

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Дар мавриди аз тарафи шахси маҳкумшуда ҳангоми адо намудани ҷазои корҳои ислоҳи ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинишуда, суд бо пешниҳоди мақоме, ки ба зиммаи он иҷрои ҳукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи ҷазо озод менамояд ё ин, ки қисми адо накардаи ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз менамояд";

-аз қисми сеюм калимаҳои "як рўзи ҳабс ба ҷои ду рўзи корҳои ислоҳи меҳнати ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "в" қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд.

42. Дар моддаи 53:

-дар қисми якум калимаҳои "мувофиқи қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "аз бист то панҷоҳ фоизи музди меҳнат маблағ ситонида мешавад" ба калимаҳои "аз даҳ то си фоизи маблағи таъминоти пули ситонида мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "ба маҳкумшуда баланд кардани мансаб ва рутбаи ҳарбии болотар манъ аст" ба калимаҳои "маҳкумшударо ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ў додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст" иваз карда шаванд.

43. Ба моддаи 54 қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Таъини маҳдуд кардани озоди барои ашхоси зерин манъ аст:

а) хизматчиёни ҳарби;

б) ашхосе, ки ба синну соли нафақа расидаанд;

в) занони ҳомиладор;

г) ашхосе, ки бо сабаби нигоҳубини кўдак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гурўҳҳои I ва II".

44. Моддаи 55 хориҷ карда шавад.

45. Дар моддаи 56:

-дар қисми якум калимаҳои "тибқи қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" ва калимаи "маҳкум" ба калимаи "маҳкумшуда" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад.

46. Дар моддаи 58:

-дар қисми панҷум:

-дар банди "г" баъд аз калимаҳои "ё қаблан" калимаҳои "ин намуди" илова карда шаванд;

-банди "д" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст - дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус:"

-дар банди "в" қисми шашум калимаҳои "маҳрум шудаанд" ба калимаҳои "маҳкум шудаанд" иваз карда шаванд.

47. Дар қисми якуми моддаи 59 калимаҳои "(қисми чоруми моддаи 179)" ба калимаҳои "(қисми сеюми моддаи 179)" иваз карда шаванд.

48. Дар моддаи 60:

-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи муқаррарнамудаи моддаи Қисми махсус боназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад";

-дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди" калимаи "ҷазои" илова карда шавад;

49. Банди "з" қисми якуми моддаи 61 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рўҳи ё вобастагии модди, хизмати ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;"

50. Дар моддаи 62:

-дар қисми якум:

-банди "в" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) дар ҳайати гурўҳи ашхос, гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти) содир намудани ҷиноят":

-дар банди "е" баъд аз калимаи "милли" калимаи "нажоди" илова карда шуда, калимаҳои "бо мақсади сабук кардан ё рўпўш намудани ҷинояти дигар" ба калимаҳои "бо мақсади рўпўш намудани ҷинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он" иваз карда шаванд;

-банди "з" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) содир намудани ҷиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики ў вобаста ба иҷрои фаъолияти хизмати ё ҷамъиятиаш";

-дар банди "к" баъд аз калимаҳои "бо бераҳмии махсус" калимаи "садизм" илова карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаи "нишонаи" ба калимаи "аломати" иваз карда шавад.

51. Дар моддаи 63:

-дар қисми якум калимаи "муқаррар" ба калимаи "таъин" иваз карда шавад;

-қисми сеюм хориҷ карда шавад.

52. Дар қисми чоруми моддаи 64 калимаҳои "қасди содир кардани" ба калимаи "суиқасди" иваз карда шавад.

53. Дар қисми якуми моддаи 65 баъд аз калимаҳои "шудан ба" калимаи "мақсади" илова карда шавад.

54. Дар сатри аввали қисми дуюми моддаи 66 пеш аз калимаҳои "аз нисфи" калимаҳои "на камтар" илова карда шаванд.

55. Дар моддаи 67:

-дар қисми дуюм калимаҳои "ҷиноятҳо танҳо ҷиноятҳои начандон вазнинро" ба калимаҳои "ҷиноятҳоро ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна" ва калимаҳои "ва андозаи" ба калимаҳои "ё андозаи" иваз карда шаванд;

-қисмҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"3) Агар маҷмўи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин дар бар гирифта бошанд, он гоҳ ҷазои ниҳои бо роҳи қисман ё пурра зам кардани ҷазоҳои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин ҳолат ҷазои ниҳои дар намуди маҳрум сохтан аз озоди набояд аз бисту панҷ сол зиёдтар бошад.

4) Ба ҷазои асосии барои маҷмўи ҷиноятҳо таъиншуда метавонанд ҷазоҳои иловагие ҳамроҳ карда шаванд, ки барои ҷиноятҳои маҷмўи ҷиноятҳоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд ҷиноятҳо як намуди ҷазои иловаги таъин гардида бошад, он гоҳ мўҳлат ва андозаи ҷазои ниҳои мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда, вале на зиёда аз мўҳлат ё андозаи ҳадди аксаре, ки дар Қисми умумии ҳамин Кодекс барои ҳар як намуди ҷазо пешбини шудааст, муайян карда мешавад. Ғазоҳои иловагии гуногуннамуд бояд мустақилона иҷро карда шаванд".

-ба модда қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳои бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад".

-қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

56. Дар моддаи 68:

-қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Дар мавриди таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҳукмҳо агар бо яке аз ҳукмҳо ҷазои қатл таъин шуда бошад, ҷазои ниҳои бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад";

-дар қисми панҷум калимаҳои "моддаи 67" ба калимаҳои "қисми панҷуми моддаи 67" иваз карда шаванд;

-қисмҳои чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.

57                         . Дар моддаи 69:

-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 69. Тартиби муайян кардани мўҳлати ҷазо ҳангоми зам кардани он";

-дар қисми якум калимаи "ҷиноёт" ба калимаи "ҷиноятҳо" иваз карда шуда, дар банди "а" калимаҳои "ҳабс ё" хориҷ карда шаванд ва ба ин қисм банди "г" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) ҳашт соати корҳои ҳатми";

-аз қисми дуюм калимаи "ҳабс" хориҷ карда шавад.

58. Дар моддаи 70:

-дар қисми якум калимаи "ҳабс" хориҷ карда шуда, баъди калимаи "сол" калимаҳои "инчунин корҳои ҳатми-бо соатҳо" илова карда шаванд;

-дар қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад;

-дар қисми чорум баъд аз калимаҳои "маҳрум сохтан аз озоди" калимаи "ҳабс" хориҷ карда шуда, баъди калимаи "се рўз" вергул гузошта, калимаҳои "корҳои ҳатми - як рўз баробари ҳашт соати корҳои ҳатми" илова карда шаванд;

-дар қисми панҷум рақами "15" ба рақами "16" иваз карда шавад.

59. Дар моддаи 71:

-дар қисми якум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шавад;

-аз қисми дуюм калимаҳои "маълумот дар бораи" хориҷ карда шуда, ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин ва инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудааст, ба истиснои ноболиғон, маъюбони гурўҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа расидаанд, татбиқ карда намешавад."

-қисми ҳафтум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъияти роҳ дода барои содир намудани он ба ў ҷазои маъмури таъин шуда бошад ё ашадди аз ўҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркаши намояд, суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти дар қисми нўҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳкумшави ва барои адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад.".

60. Дар моддаи 73:

-дар номи модда пеш аз калимаи "сабаби" калимаи "бо" илова карда шавад;

-дар матни модда баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд.

61. Дар моддаи 74 баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд.

62. Дар моддаи 75:

-дар банди "г" қисми якум баъд аз калимаҳои "махсусан вазнин" калимаҳои "ба истиснои нишондоди қисми панҷуми ҳамин модда" илова карда шаванд;

-дар қисми шашум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

63. Дар моддаи 76:

-дар сатри аввали қисми якум калимаи "сохтан" ба калимаи "кардан" иваз карда шуда, баъди калимаҳои "фаъолияти муайян" калимаҳои "корҳои ислоҳи" ва дар ҷумлаи дуюм пеш аз калимаҳои "ҷазои иловаги" калимаи "адои" илова карда шаванд;

-дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "дар мавриди" калимаи "воқеан" илова карда шавад;

-аз банди "в" қисми сеюм калимаҳои "мўҳлати адои" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "а" қисми шашум калимаҳои "якчанд маротиба қонуншикани карда бошад, барои онҳо танбеҳи маъмури гирифта" ба калимаҳои "тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ў ҷазои маъмури татбиқ шуда" ва калимаи "қасдан" ба калимаи "ашадди" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми ҳафтум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

64. Дар моддаи 77:

-дар қисми якум калимаи "ҷинояти" ба калимаи "ҷиноят" иваз карда шуда, калимаҳои "начандон вазнин ё дараҷаи миёна мўҳлати" хориҷ карда шаванд;

-дар ҷумлаи дуюми қисми якум баъд аз калимаҳои "аз намуди" калимаи "адои" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Дар сурати иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо суд метавонад мутобиқи намудҳои ҷазоҳое, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари ҷазоро дар доираи ин намуди ҷазои пешбиникардаи ҳамин Кодекс интихоб намояд";

-қисми сеюм хориҷ карда шуда, қисмҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд;

-қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5) Нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад".

65. Дар моддаи 78:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 78. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то синни ҳаштсола доранд

1) Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кўдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад";

-дар қисми дуюм калимаҳои "Зани маҳкумшудае аз адои ҷазо озод карда мешавад" ба калимаҳои "Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "аз адои ҷазо озодгардида" ба калимаҳои "ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст" иваз карда шаванд;

-дар қисми чорум калимаи "сесола" ба калимаи "ҳаштсола" иваз карда шавад;

-дар қисми панҷум калимаҳои "аз адои мўҳлати ҷазо озод шуданаш" ба калимаҳои "мавқуф гузоштани адои ҷазо" иваз карда шаванд.

66. Дар қисми чоруми моддаи 79 калимаҳои "қисми якуми" ба калимаҳои "қисмҳои якум ва дуюми", калимаҳои "моддаҳои 75 ва 81" ба калимаҳои "моддаи 81" ва калимаи "бояд" ба калимаҳои "мумкин аст" иваз карда шуда, калимаҳои "ба ҷавобгарии ҷинояти кашидан, ки" хориҷ карда шаванд.

67. Дар моддаи 80 баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" ва баъд аз калимаҳои "барои маҳкумшуда" калимаҳои "ё оилаи ў" илова карда шаванд.

68. Дар моддаи 81:

-дар банди "г" қисми якум баъд аз калимаҳои "махсусан вазнин" калимаҳои "ба истиснои нишондоди қисми чоруми ҳамин модда" илова карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаҳои "ҷинояти нав" бо калимаҳои "ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин" иваз карда шаванд;

-дар қисми панҷум калимаи "башар" ба калимаи "башарият" иваз карда шавад.

69. Дар моддаи 82:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 82 . Авф

1) Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни ашхос татбиқ карда мешавад";

-дар қисми дуюм ва сеюми ҳамин модда калимаҳои "авфи умуми" ба калимаи "авф" иваз карда шаванд.

70. Дар эзоҳи моддаи 83 калимаҳои "авфи умуми" ба калимаи "авф" иваз карда шавад.

71. Дар моддаи 84:

қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"1) Шахс доғи суди дошта эътироф карда мешавад, аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркуни, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рўзи барҳам хўрдан ё бардоштани доғи суди.

2) Шахс доғи суди надошта ҳисоб мешавад:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи суди пешбини шуда бошад - аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи суди ошкор шавад - аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркуни;

в) дар сурати қабул намудани қонуни нави ҷинояти, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад - аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани чунин қонун;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин Кодекс - аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркуни - аз рўзи гузаштани мўҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркуни.";

-дар қисми сеюм калимаҳои "дода мешаванд" ба калимаи "мехўрад" иваз карда шавад;

-банди "а" қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) ба маҳкумшудае, ки нисбати ў шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст баъди тамом шудани мўҳлати санҷиш";

-дар ҳамин қисм дар банди "г" пеш аз калимаи "маҳрум" пешоянди "бо" илова карда шавад";

-ба қисми сеюм банди "д" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"д) нисбати ашхосе, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шудаанд - бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо";

-қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"8.) Барҳам хўрдан ё бардоштани доғи суди оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад.";

-қисми чорум хориҷ карда шуда, қисмҳои панҷ, шаш, ҳафт ва ҳашт мутобиқан қисмҳои чор, панҷ, шаш ва ҳафт ҳисобида шаванд.

72. Дар моддаи 87:

-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Намудҳои ҷазое, ки ба ноболиғон таъин карда мешаванд, аз инҳо иборатанд:

а) корҳои ҳатми;

б) ҷарима;

в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян;

г) корҳои ислоҳи;

д) маҳрум сохтан аз озоди";

-ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2) Корҳои ҳатми ба мўҳлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои барои ноболиғон мувофиқ берун аз вақти таҳсил ё корҳои асоси иборат аст. Давомнокии иҷрои чунин намуди ҷазо нисбати ноболиғони то синни шонздаҳсола аз ду соат дар як рўз ва нисбати ноболиғони синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола аз се соат дар як рўз зиёд буда наметавонад.";

-дар қисми чорум калимаҳои "аз понздаҳ то си" ба калимаҳои "аз панҷ то понздаҳ" иваз карда шаванд;

-қисми панҷум хориҷ карда шуда, қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум мутобиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум ҳисобида шаванд;

-қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6) Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озоди дигар намуди ҷазоро пешбини накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озоди алоқаманд набудаи дар Қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва мўҳлатҳои пешбининамудаи Қисми умумии ҳамин Кодекс таъин менамояд. Маҳрум сохтан аз озоди нисбати ноболиғоне таъин карда мешавад, ки:

а) дар синни то шонздаҳсолаги ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд - ба мўҳлати то ҳафт сол;

б) дар синни аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсолаги ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд - ба мўҳлати то даҳ сол"

73. Дар моддаи 88:

-қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"2) Ба шахсе, ки дар синни аз чордаҳсолаги то шонздаҳсолаги якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ва маҷмўи ҳукмҳо аз даҳ сол зиёд буда наметавонад.

3) Ба шахсе, ки дар синни аз шонздаҳсолаги то ҳаждаҳсолаги якчанд ҷиноят содир кардааст ва яке аз ин ҷиноятҳо вазнин ё махсусан вазнин аст, ҷазои маҳрум сохтан аз озоди аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ва маҷмўи ҳукмҳо аз дувоздаҳ сол зиёд буда наметавонад";

-қисми чорум хориҷ карда шавад.

74. Дар моддаи 89:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "начандон вазнин" калимаҳои "ё дараҷаи миёна" илова карда шаванд:

-дар банди "б" қисми дуюм калимаҳои "волидайн, ашхоси" ба калимаҳои "падару модар ё ашхоси" иваз карда шаванд:

75. Моддаи 90 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 90. Аз ҷазо озод кардани ноболиғон

1) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд бо татбиқи чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар қисми дуюми моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, аз ҷазо озод карда шавад.

2) Ноболиғе, ки барои содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна маҳкум шудааст, мумкин аст аз ҷониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки мақсадҳои ҷазо мумкин аст танҳо бо роҳи ҷойгир кардани ў дар муассисаҳои махсуси тарбияви ё табобати-тарбияви барои ноболиғон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мўҳлати дар муассисаи нишондодашуда нигоҳ доштан аз мўҳлати ҳадди болоии ҷазо, ки Кодекси мазкур барои ҷинояти содиркардаи ноболиғ пешбини намудааст, зиёд буда наметавонад.

3) Нигоҳ доштани ноболиғ дар муассисаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда нишон додашуда мумкин аст то ба охир расидани мўҳлате, ки қисми дуюми ҳамин модда пешбини кардааст, қатъ карда шавад, агар тибқи хулосаи мақоми махсуси давлати, ки ислоҳшавиро таъмин менамояд, ноболиғ барои ислоҳшавии худ ба татбиқи минбаъдаи чораи мазкур дигар эҳтиёҷ надошта бошад, Дароз кардани мўҳлати нигоҳ доштан дар муассисаи махсуси тарбияви ё табобати - тарбияви барои ноболиғон баъди ба охир расидани мўҳлати пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда танҳо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии таҳсилоти умуми ё касби роҳ дода мешавад".

76. Дар моддаи 92:

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо нисбати шахси маҳкумшуда дар сурате татбиқ шуданаш мумкин аст, ки агар ў бо рафтори намунави ва муносибати софдилона ба меҳнат ё таълим роҳи ислоҳшавиро пеша карда бошад";

-қисми панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5) Нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 91 ҳамин Кодекс тадбиқ карда мешавад".

77. Дар моддаи 93 баъди калимаи "ҳукми" калимаи "айбдоркунии" илова карда шуда, калимаҳои "ду баробар" ба калимаҳои "нисфи он" иваз карда шаванд.

78. Дар моддаи 94:

-дар банди "б" баъд аз калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин" калимаҳои "ё махсусан вазнин;" илова карда шаванд;

-банди "в" хориҷ карда шавад.

79. Дар моддаи 97:

-дар банди "б" қисми якум калимаи "татбиқи" ба калимаи "иҷрои" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Нисбати ашхоси дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин ашхосе, ки аз рўи ҳолати рўҳияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводҳои заруриро ба мақомоти тандурусти барои ҳалли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онҳо ба муассисаҳои бемориҳои рўҳу асаб мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қоиунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд".

80. Дар қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 99 калимаҳои "шадидро" ва "шадид" ба калимаҳои "пуршиддатро" ва "пуршиддат" иваз карда шавад.

81. Аз қисми сеюми моддаи 101 калимаҳои "ё ҳабс" хориҷ карда шавад.

82. Аз тамоми санксияҳои моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс намуди ҷазои ҳабс бо нишондоди мўҳлати он хориҷ карда шавад.

83. Дар моддаи 104:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт" иваз карда шаванд;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "кўдаки хурдсол" ба калимаҳои "баръало ноболиғ" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаи "одамдузди" ба калимаи "одамрабои" иваз карда шавад;

-бандҳои "з" ва "п" аз қисми дуюм хориҷ карда шаванд;

-дар банди "к" қисми дуюм калимаи "мақсади" ба калимаи "нияти" иваз карда шавад;

-банди "с" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"с) одам дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс";

-бандҳои "и, к, л, м, н, о, р, с" мутобиқан бандҳои "з, и, к, л, м, н, о, п" ҳисобида шаванд.

84. Моддаи 105 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 105. Кўдаки навзоди худро куштани модар

Кўдаки навзоди худро куштани модар ҳангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар ҳолати харобии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вуҷуд омадааст ё дар ҳолати харобии рўҳие, ки мукаллафиро истисно намекунад, бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

85. Дар қисми якуми моддаи 106 калимаи "ғайриқонуни" ба калимаи "зиддиҳуқуқи" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шаванд.

86. Дар моддаи 107:

номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 107. Одамкуши дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарури баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содир карда заруранд";

-дар қисми дуюм калимаҳои "аз андоза гузаронидани" ба калимаҳои "баромадан аз ҳадди" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шаванд.

87. Дар моддаи 108:

-дар санксияи қисми якум калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад:

-дар қисми дуюм калимаи "дуруст" ба калимаҳои "ба таври дахлдор" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

88. Дар моддаи 110:

-дар қисми якум калимаҳои "ё аз кор мондани ин узв" ба калимаҳои "ё аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладори" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то даҳ сол" ба калимаҳои "то ҳашт сол" иваз карда шаванд:

-дар қисми дуюм:

-аз банди "б" калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "в" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизи қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст".

-банди "д" хориҷ карда шавад;

-банди "ж" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ж) бо усули хатари умумидошта;

-дар банди "к" калимаи "мақсадҳои" ба калимаи "нияти" иваз карда шуда, калимаҳои "марбут ба ғоратгари, тамаъҷўи ё бандитизм" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "н" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд;

-аз банди "п" рақами "108" хориҷ карда шавад;

-бандҳои "е, ж, з, и, к, л, м, н, о, п" мутобиқан бандҳои "д, е, ж, з, и, к. л, м, н, о" ҳисобида шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

89. Дар моддаи 111:

-дар санксияи қисми якум калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм:

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "е" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

90. Дар санксияи моддаи 112 калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз ҳаштод то яксаду шаст соат ё бо ҷарима" иваз карда шавад;

91. Дар моддаи 113:

-дар қисми якум калимаи "ғайриқонуни" ба калимаи "зиддиҳуқуқи" иваз карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз сад то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

92. Дар моддаи 115:

-дар ном, қисмҳои якум ва дуюми ин модда калимаҳои "аз андоза гузаронидани" ба калимаҳои "баромадан аз ҳадди" иваз карда шаванд.

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати то яксаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

93. Дар моддаи 116 калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати", калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати то яксаду бист соат ё бо ҷарима" ва калимаҳои "ё ҳабс ба мўҳлати то се моҳ" ба калимаҳои "ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

94. Дар қисми дуюми моддаи 117:

-аз банди "б" калимаҳои "шаҳрванди ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "в" калимаҳои "хурдсол ё ноболиғ" ба калимаҳои "баръало ноболиғ" ва калимаҳои "ё ҷиҳати дигар" ба калимаҳои "ё аз ҷиҳати дигар" ва калимаи "дуздидашуда" ба калимаи "рабудашуда" иваз карда шаванд;

-дар банди "з" калимаҳои "ё интиқоми хуни" ба калимаҳои "ё интиқом" иваз карда шаванд.

-дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз се то ҳафт" иваз карда шаванд;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар зери мафҳуми шиканҷа, ки дар ин модда ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс нишон дода шудааст, расонидани азияти ҷисмони ё маънави бо мақсади маҷбур намудани шахс ба додани нишондод ё ин ки дигар ҳаракатҳо бар хилофи иродаи инсон, ҳамчунии ба мақсади ҷазодиҳи ё ин ки дигар мақсадҳо фаҳмида мешавад".

95. Дар санксияи қисми якуми моддаи 119 калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз як саду бист то дусад соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

96. Дар моддаи 122:

-номи модда ва диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Моддаи 122. Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия.

1) Маҷбур кардан барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳои бадани ҷабрдида барои трансплантатсия, ки бо роҳи истифодаи зўровари ё таҳдиди истифодаи он нисбати ў ё наздиконаш ё бо роҳи таҳдиди несту нобуд кардани амволи ў содир шудааст,-";

-аз қисми дуюм банди "а" хориҷ карда шавад:

-аз банди "в" қисми дуюм калимаи "хурдсол ё" хориҷ карда шавад;

-бандҳои "б", "в" ва "г" қисми дуюм мутобиқан бандҳои "а", "б" ва "в" ҳисобида шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "панҷ" ба калимаҳои "аз се то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар банди "б" қисми сеюм калимаи "муташаккил" ба калимаҳои "муташаккил ё иттиҳодияи ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ сол" иваз карда шаванд.

97. Дар диспозитсияи қисми сеюми моддаи 123 калимаи "Амалҳои" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад.

98. Дар моддаи 125:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд;

- дар банди "б" қисми сеюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

99. Дар моддаи 126:

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаи "панҷсад" калимаҳои "аз дусад то" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафтсад то як ҳазор" ба калимаҳои "аз панҷсад то ҳафтсад" ва калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои "то ду сол" иваз карда шаванд.

100. Дар моддаи 127:

-дар қисми якум калимаи "метавонад" ба калимаи "метавонист" иваз карда шуда, калимаи "шахсан" хориҷ карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" ба калимаҳои "ба мўҳлати то ду сол", калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-қисми ссюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти:

а) боиси марги одамон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст-,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

101. Дар моддаи 128:

-аз қисми якум калимаҳои "вазнин ё" хориҷ карда шаванд.

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба мўҳлати се сол" ба калимаҳои "ба мўҳлати то се сол" иваз карда шаванд.

102. Дар моддаи 129:

-аз қисми якум калимаҳои "вазнин ё" хориҷ карда шавад;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад";

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "боиси" калимаҳои "расонидани зарари вазнин ба саломати ё" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаьолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол" иваз карда шаваид.

103. Дар моддаи 130:

-ном ва қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 130 . Одамрабои

1) Одамрабои, яъне пинҳони, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи бовари ё бо истифодаи зўровари ё таҳдиди истифодаи зўровари, зиддиҳуқуқи ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти дар моддаи 181 ҳамин Кодекс пешбинишуда, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "б" қисми дуюм калимаҳои "моддаи 131" ба калимаҳои "моддаҳои 130(1), 131 ва 181" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "барои ҳаёт ва саломати хавфнок" калимаҳои "ё бо таҳдиди истифодаи чунии зўровари" илова карда шаванд.

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шавад;

-дар банди "с" қисми дуюм баъд аз калимаи "гунаҳгор" калимаи "баръало" илова карда шавад;

-аз банди "г" қисми сеюм калимаҳои "ё расонидани оқибатҳои вазнин барои саломати" хориҷ карда шавад:

-дар қисми сеюм банди "в" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои трансплантатсия";

-бандҳои "в", "г" мутобиқан бандҳои "г", "д" хонда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "понздаҳ" ба калимаи "дувоздаҳ" иваз карда шавад;

-дар эзоҳи ин модда калимаи "дуздидаашро" ба калимаҳои "рабудаашро ё ғайриқонуни аз озоди маҳрум кардаашро" иваз карда шаванд.

104. Дар моддаи 131:

-дар қисми якум калимаи "одамдузди" ба калимаҳои "одамрабои ё ғасби гаравгон" иваз карда шавад.

-дар қисми дуюм:

-дар банди "б" калимаҳои "моддаҳои 130" ба калимаҳои "моддаҳои 130, 130(1) ва 181" иваз карда шаванд;

-аз банди "д" калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-дар банди "ж" баъд аз калимаҳои "ду ё зиёда ашхос" калимаҳои "содир шудааст,-" илова карда шаванд;

-банди "з" хориҷ карда шавад;

-аз банди "в" қисми сеюм калимаҳои "ё расонидани оқибатҳои вазнин ба саломати" хориҷ карда шаванд.

105. Дар моддаи 132:

- дар қисми якум калимаи "усули" ба калимаҳои "бо тарзи" иваз карда шуда, калимаҳои "ё ки бо роҳи фиреб анҷом дода шудааст" хориҷ карда шаванд;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд.

106. Аз банди "в" қисми дуюми моддаи 133 калимаҳои "ё ба саломати зарари вазнин расонидааст" хориҷ карда шаванд.

107. Моддаи 134 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 134. Маҷбуркуни

Маҷбур намудани шахс барои иҷро кардан ё иҷро накардани ягон ҳаракат, ки бо таҳдиди истифодаи зўровари нисбати ў ё нисбати дигар ашхоси ба ў наздик, несту нобуд ё вайрон кардани амволи онҳо, паҳн кардани маълумоти тўҳматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онҳо онро ниҳон доштан мехоҳанд ва ё бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии ин ашхос, бидуни аломатҳои ҷиноятҳои нисбатан вазнин содир шуда бошад, ба корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо д ода мешавад".

108. Дар моддаи 135:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо ҷарима" бо калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Тўҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин алоқаманд аст,-".

109. Дар моддаи 136:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

110. Дар моддаи 138:

-дар қисми якум калимаи "ҷабрдида" ба калимаи "зан" иваз карда шавад.

-дар қисми дуюм калимаҳои "Таҷовузе, ки:" ба калимаҳои "Таҷовуз ба номусе, ки:" иваз карда шаванд;

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешбининамудаи моддаи 139 ҳамин Кодексро содир кардааст";

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "анҷом дода шудааст" хориҷ карда шаванд;

-банди "е" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"е) нисбати ду ё зиёда ашхос содир шудааст,-";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "то дувоздаҳ" иваз карда шавад.

-дар қисми сеюм калимаҳои "Таҷовузе, ки" ба калимаҳои "Таҷовуз ба номусе, ки" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми сеюм калимаи "вазъи" ба калимаи "вазъияти" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз понздаҳ" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

111. Дар моддаи 139:

-дар номи модда ва дар қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум калимаҳои "Кирдори, кирдор, кирдоре" мутобиқан ба калимаҳои "Ҳаракати, ҳаракат, ҳаракате" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" иваз карда шаванд.

112. Дар моддаи 140:

-дар номи модда ва дар диспозитсияи он калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати" иваз карда шуда, калимаҳои "ва", ки баъд аз калимаҳои "бачабози" ва "несту нобуд" омадаанд, хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати вергул "," гузошта шавад.

113. Дар моддаи 141:

-дар номи модда ва дар қисмҳои якум, дуюм калимаҳои "кирдори" ва "кирдор" ба калимаҳои "ҳаракати" ва "ҳаракат" иваз карда шаванд;

-дар қисми якум калимаҳои "бачабози ё ҷимои зан бо зан ва" ба калимаҳои "бачабози, ҷимои зан бо зан ё" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "маҳрум кардан" ба калимаҳои "маҳрум сохтан" иваз карда шаванд.

114. Дар моддаи 142:

-дар номи модда ва дар қисмҳои якуму дуюм калимаҳои "кирдори" ва "кирдор" ба калимаҳои "ҳаракати" ва "ҳаракат" иваз карда шаванд;

-аз қисми якум калимаҳои "бидуни истифодаи зўровари" хориҷ карда шуда, калимаҳои "моддаи 139 ҳамин Кодекс" ба калимаҳои "моддаҳои 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад";

-банди "г" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"г) нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолаги нарасида ё хеши наздик содир шуда бошад,-".

115. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 143 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимои, мавқеи шахси, амволи ё мансаби, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст,-".

116. Дар моддаи 144:

-дар қисми якум калимаҳои "бо мақсади паҳн" ба калимаҳои "ё паҳн" ва калимаи "шаҳрвандон" ба калимаи "шаҳрванд" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд.

117. Санксияи қисми якуми моддаи 145 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад";

118. Дар моддаи 146:

-дар номи модда ва қисми якум калимаҳои "ва мухобирот" ба калимаҳои "ва мухобироти телеграфи" иваз карда шаванд:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

119. Дар моддаи 147:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то ду" иваз карда шаванд:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз ду" иваз карда шаванд;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар зери мафҳуми манзил дар ҳамин ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс хонаи истиқоматии фарди бо биноҳои истиқомати ва ғайриистиқоматии ба он дохилшаванда, бинои истиқомати новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиқомати доими ё муваққати мувофиқ аст, ҳамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилнашаванда, вале барои истиқомати муваққати таъин гардидааст, фаҳмида мешавад".

120. Дар моддаи 148 калимаҳои "ё қасдан додани чунин маълумоти нопурра" ба калимаҳои "ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат" иваз карда шаванд.

121. Дар номи моддаи 149 ва қисми якуми он калимаҳои "мусофират" ба калимаҳои "тағйири макон" иваз карда шаванд.

122. Аз моддаи 153 калимаҳои "ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнат" хориҷ карда шаванд.

123. Ба Кодекс моддаи 153(1) дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 153(1). Напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтҳо

Аз ҷониби корфармо, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду моҳ напардохтани музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтҳои бо қонун муқарраргардида, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахси содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

124. Дар моддаи 154:

-дар санксияҳои қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "маҳрум сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "маҳрум кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд;

-диспозитсияи қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиёти боиси марги ду ё зиёда ашхос гардидаанд,-".

125. Ба моддаи 156 эзоҳ ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон зараре фаҳмида мешавад, ки агар он аз андозаи маоши ҳадди ақал як ҳазор маротиба зиёд бошад"

126. Дар санксияҳои қисмҳои дуюми моддаҳои 160 ва 161 калимаҳои "сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд.

127. Дар моддаи 163:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз се то панҷ сол" ба калимаҳои "то се сол" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол" илова карда шаванд.

128. Дар моддаи 165:

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин ҳаракат агар аз ҷониби падару модар, омўзгор ё шахси дигари қонунан ба зимааш тарбияи ашхоси ноболиғ гузошташуда содир шуда бошад,-";

-дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд;

-дар банди "а" қисми чорум калимаҳои "гурўҳи ҷинояткор" ба калимаҳои "иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти)" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми чорум баъд аз калимаҳои "то даҳ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд.

129. Дар моддаи 166:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ғалби шахси ноболиғ ҷиҳати истеъмоли мунтазами нўшокиҳои спирти, истеъмоли мунтазам ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ё ба фоҳишагари, оворагарди, гадои, ки аз ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолаги расида содир шудааст,-";

-дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "кирдор" ва "Кирдори" ба калимаҳои "ҳаракат" ва "Ҳаракати" иваз карда шавад.

130. Дар моддаи 172 калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" ва калимаи "ниятҳои" ба калимаи "ниятҳои дигари" иваз карда шавад;

131. Дар моддаи 173:

-дар қисми якум баъд аз калимаи "фарзандхонда" аломати вергул "," ва пайвандаки "ки" илова карда шуда, калимаи "шудааст" ба калимаи "аст", калимаҳои "бо ғарази шахси ё дигар ниятҳои қабеҳ" ба калимаҳои "агар ин кирдор бо ғараз ё бо дигар ниятҳои қабеҳ содир шуда бошад,-" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаи "сохтан" ба калимаи "кардан" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи" ба калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи" иваз карда шаванд.

132. Дар моддаи 174 баъд аз калимаи "инчунин" калимаҳои "аз ҷониби" илова карда шаванд.

133. Ба моддаи 175 эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар Кодекси мазкур зери мафҳуми кўдаки хурдсол шахси ба синни чордаҳсола нарасида фаҳмида мешавад".

134. Дар моддаи 176 калимаи "маҳдуд" ба калимаи "поймол" иваз карда шавад.

135. Санксияи моддаи 177 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад".

136. Дар моддан 178:

-дар диспозитсия калимаҳои "меҳнат ва" ба калимаҳои "меҳнат ё" иваз карда шаванд;

-санксияи ин модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад".

137. Дар моддаи 179:

-қисми сеюм хориҷ карда шавад;

-аз қисми чорум калимаҳои "ё сеюми" хориҷ карда шуда, қисми чорум қисми сеюм ҳисобида шавад;

-ба эзоҳ қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Такрори дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд ҷинояти пешбинишудаи ҳамин модда, инчунин моддаҳои 179(1), 180, 181, 185, 310 ва 402 ҳамин Кодекс эътироф карда мешавад."

138. Ба Кодекс моддаи 179(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 179(1). Ғалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо

1) Ғалб кардани шахс барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 181, 184, 185, 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористи, яроқнок намудан ё таълими ашхос бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин маблағгузории амали терроризм ё ташкилоти террористи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар такроран ё бо истифода аз мақоми хизматиаш содир шуда бошад. бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содир намуда, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар ў ихтиёран ва сари вақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлати хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгири содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.,.

139. Дар моддаи 181:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо таҳдиди куштан ё расондани зарар ба саломатии ў ё минбаъд нигоҳ доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилали, шахсони воқеи ё ҳуқуқи ё гурўҳи ашхос ба иҷро ё худдори намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон,-"

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба "ҳаракат" иваз карда шавад;

-банди "в" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад";

-аз банди "д" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-банди "ж" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ж) нисбат ба шахсе, ки гунаҳгор баръало аз дар вазъияти оҷизона қарор доштани ў огоҳ буд";

-банди "з" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"з) бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон";

-ба қисми дуюм банди "и" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"и) нисбати ду ва ё зиёда ашхос анҷом дода шудааст";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ" иваз карда шавад:

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-банди "б" қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"б) аз беэҳтиёти боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад";

-дар эзоҳи модда калимаи "хоҳиши" ба калимаи "ихтиёри" ва калимаи "кирдори" ба калимаи "ҳаракати" иваз карда шаванд.

140. Дар моддаи 182:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"1) Ғасби бино, иншоот, роҳҳо ё воситаҳои иттилоот ё алоқа, дигар иншооти коммуникатсиони ё ин ки нигоҳ доштани онҳо, марбут бо таҳдиди несту нобуд ё вайрон кардани онҳо ё бо таҳдиди куштори шаҳрвандон ё расондани зарар ба саломатии онҳо бо мақсади маҷбур кардани давлат ё дигар мақомот, шахсони ҳуқуқи ё воқеи ё гурўҳи ашхос ба иҷро ё худдори кардан аз иҷрои ягон ҳаракат ҳамчун шарти иҷро накардани таҳдид,-"

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад.

-банди "в" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"в) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад";

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "хизмат мекунад" ба калимаҳои "истифода мешавад" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдорҳои" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад.

141. Дар моддаи 183:

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шавад.

142. Дар моддаи 184:

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракатҳои" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми сеюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд.

143. Дар моддаи 185:

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад.

-дар эзоҳ калимаҳои "даст кашида, яроқашро супурдааст" ба калимаҳои "даст кашида ва яроқашро супурдааст" иваз карда шаванд.

144. Дар моддаи 187:

-дар қисми якум калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин ва" ба калимаҳои "ҷиноятҳои вазнин ё" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "мусаллаҳ" ба калимаи "муташаккил" иваз карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "фаъолияти муайян ба мўҳлати" калимаи "то" илова карда шавад;

-дар эзоҳ калимаҳои "иттилоъ дода, барои" ба калимаҳои "иттилоъ дода ва барои" ва калимаи "ҷиноятҳои" ба калимаи "ҷинояти" иваз карда шаванд.

145. Дар қисми якуми моддаи 188 калимаҳои "воситаҳои тарканда" ба калимаҳои "воситаҳои таркиш" иваз карда шаванд;

146. Дар моддаи 189:

-дар қисмҳои якум, дуюм ва сеюм калимаҳои "Кирдорҳое", "кирдор" ва "Кирдори" мутобиқан ба калимаҳои "Ҳаракатҳое", "ҳаракат" ва "Ҳаракати" иваз карда шаванд;

-аз банди "а" қисми сеюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд;

-аз банди "б" қисми сеюм калимаи "сабаби" хориҷ карда шавад.

147. Дар қисми якуми моддаи 190 калимаи "саломати" ба калимаҳои "саломатии инсон" иваз карда шаванд.

148. Дар моддаи 192:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "агар он" калимаҳои "дар давоми соли" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

-қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиёти боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

149. Дар моддаи 193:

-дар қисми якум калимаҳои "истифода ва" ба калимаҳои "истифода бурдан,", иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "панҷ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад.

150. Дар банди "г" қисми дуюм ва банди "б" қисми сеюми моддаи 194 баъд аз калимаи "бо" калимаи "истифодаи" илова карда шуда, калимаҳои "ва саломатии инсон" ба калимаҳои "ё саломатии инсон" иваз карда шаванд.

151. Дар моддаи 195:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.":

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.";

-дар қисми сеюм калимаҳои "маводу таҷҳизоте" ба калимаҳои "мавод ё таҷҳизоте" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар қисми чорум калимаи "ҳавододашаванда" ба калимаҳои "ҳаводиҳанда" агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад", иваз карда шаванд;

-санксияи қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-ба эзоҳ қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷинояти барои кирдорҳои ғайриқонуни бо тирҳо танҳо он вақт ба миён меояд, ки шумораи онҳо аз даҳ дона зиёд набошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад".

-қисми дуюми эзоҳ қисми се ҳисобида шавад.

152. Дар моддаи 196:

-дар қисми якум калимаи "такмилкунандаи" ба калимаи "комплектии (пуркунандаи)" иваз карда шавад;

-санксияҳои қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад" ;

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар қисми чорум калимаи "ҳавододашаванда" ба калимаи "ҳаводиҳанда" иваз карда шавад.

153. Моддаи 197 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 197. Нигоҳдошти бепарвоёнаи яроқ

Нигоҳдошти бепарвоёнаи яроқи оташфишон, лавозимоти ҷанги, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш аз ҷониби дорандаи қонунии онҳо, ки барои онро истифода бурдани шахси днгар шароит фароҳам овардааст ва агар он аз беэҳтиёти боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, -бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

154. Дар моддаи 198:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" ба калимаҳои "ба мўҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "биологи" дар қавс калимаи "(бактериологи)" илова карда шавад.

155. Дар моддаи 199:

-дар қисми якум калимаи "такмилкунандаи" ба калимаҳои "комплектии (пуркунандаи)" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "мавод ва таҷҳизотҳое" ба калимаҳои "мавод ё таҷҳизотҳое" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" иваз карда шаванд.

156. Моддаи 200 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 200. Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонуни ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи ба миқдори кам, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбннинамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагони ё дар дигар ҷойҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои таълими, варзиши ё дигар чорабиниҳои ҷамъияти истифода бурда мешаванд;

в) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

г) ба миқдори калон

д) дар ҳолати ретсидиви хафнок содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди;

в) бо истифодаи мақоми хизмати;

г) аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти);

д) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, -бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ:

1) Дар моддаҳои 200-205-уми ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин моддаҳоро содир карда бошад.

2) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар моддаҳои 200-202 ва 204 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, мутобиқи "Номгў ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонуни буда", ки дар Замимаи № 1 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

3) Мафҳуми миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгў аз рўи миқдори ниҳоли зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда муайян карда мешавад".

157. Моддаи 201 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 201. Муносибати ғайриқонуни бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам, бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) дар маҳалли адои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди;

г) бо истифодаи мақоми хизмати;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

е) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо, дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

158. Дар моддаи 202:

-номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"Моддаи 202. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи

1) Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" ва дар санксияҳои ҳамин қисм калимаҳои "аз дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ" иваз карда шаванд.

159. Ба Кодекс моддаҳои 202(1) ва 202(2) дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 202(1). Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо

1) Ғайриқонуни истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо ҷарима ба андозаи то сесад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракатҳо агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) ба миқдори калон;

г) бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ҳамчунин ғайриқонуни ба соҳибияти каси дигар додани прекурсорҳо;

д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

160. Моддаи 202(2). Тасарруфи прекурсорҳо

1) Тасарруфи прекурсорҳо бо мақсади истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропи, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат агар:

а) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

б) такроран;

в) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломати хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи он;

г) бо истифодаи мақоми хизмати;

д) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) бо истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломати хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўровари;

в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

161. Дар моддаи 203:

-аз номи модда ва қисми якуми он калимаҳои "ё прекурсорҳо" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "воситаҳои нашъадор" ба ҷои вергул "," бандаки "ё" илова карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаи "кирдор" ба калимаи "ҳаракат" иваз карда шавад;

-аз банди "а" қисми дуюм калимаҳои "хурдсол ё" хориҷ карда шаванд;

-дар қисми сеюм калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда, шавад;

-аз қисми сеюм калимаҳои "ба саломатии ў" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "ҳашт" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шавад.

162. Моддаи 204 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 204. Парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда

1) Парвариш, яъне кишт ё нигоҳубини ғайриқонунии зироатҳое, ки дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба миқдори кам содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад;

2) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар ба миқдори начандон калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки;

в) дар ҳолати ретсидиви хавфнок;

г) ба миқдори калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

4) Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷинояти (ташкилоти ҷинояти);

в) бо истифода аз мақоми хизмати;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

163. Дар номи моддаи 205 ва қисми якуми он калимаҳои "нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо" ба калимаҳои "нашъадор ё моддаҳои психотропи" иваз карда шаванд.

164. Дар моддаи 206:

-дар номи модда пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад;

-дар банди "б" қисми сеюм калимаи "маводи" ба калимаи "моддаҳои" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "мусодираи амвол" калимаҳои "ё бидуни он" илова карда шаванд;

-қисми чорум хориҷ карда шавад.

165. Ба Кодекс моддаи 206(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 206(1). Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд

1) Вайрон намудани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, баҳисобгири, додан, фурўш, тақсимот, интиқол, фиристодан, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо, инчунин мавод, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо истифода бурда мешаванд ва таҳти назорати махсус қарор доранд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе анҷом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст қоидаҳои зикргардидаро риоя кунад, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, баҳисобгири, додан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, агар он боиси тасарруфи онҳо ё расонидани дигар зарари ҷидди гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

166. Дар санксияи қисми якуми моддаи 207 калимаҳои "бо корҳои" ба калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои" иваз карда шаванд.

167. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 208 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеаҳо ё рўйдодҳое, ки барои ҳаёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошанд, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд,-".

168. Дар моддаи 209:

-номи модда ва диспозитсияи қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатари ҷавоб намедиҳад

1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасони, ки ба талаботи бехатари барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонуни додани санади расми ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқати ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатари тасдиқ мекунад,-";

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мўҳлати ду сол" ба калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол" иваз карда шаванд;

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) вобаста ба мол ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кўдакони то синни шашсола тааллуқ доранд";

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "беэҳтиёти ба" калимаи "саломатии" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "то ҳашт сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол" илова карда шаванд.

169. Дар моддаи 210:

-дар номи модда ва қисми якум калимаи "амалии" ба калимаи "хусусии" ва калимаи "дорусози" ба калимаи "фармасевти" иваз карда шавад.

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "расонидани зарар ба" калимаи "саломатии" илова карда шавад.

170. Дар моддаи 211:

-дар санксияи қисми дуюм пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад;

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шавад;

-банди "в" банди "б" ҳисобида шавад.

171. Дар моддаи 212:

-дар қисми якум калимаҳои "ва истифодаи" ба калимаҳои "ё истифодаи" иваз карда шуда, калимаҳои "ё зарар ба миқдори калон ворид намудааст" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум пеш аз калимаҳои "бо маҳдуд кардани" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "ҳашт" ба "панҷ" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ" ба калимаҳои "бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ" иваз карда шаванд.

172. Дар моддаи 213:

-дар номи модда баъд аз калимаи "бадсифати" калимаи "роҳҳо" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ва машғул шудан" ба калимаҳои "ё машғул шудан" иваз карда шаванд;

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шуда, банди "в" банди "б" ҳисоб карда шавад.

173. Дар моддаи 214:

-дар қисми якум баъд аз калимаҳои "ин кирдор" калимаҳои "аз беэҳтиёти" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаи "ҳафт" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

174. Дар моддаи 216:

-аз қисми якум калимаҳои "ё талафоти калон" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

175. Дар моддаи 217:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ва машғул шудан" ба калимаҳои "ё машғул шудан" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то панҷ" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "чор" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

176. Дар моддаи 218:

-дар номи модда ва матни он калимаи "байналхалқи" ба калимаи "байналмилали" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "парвоз ё" калимаҳои "вайрон кардани" илова карда шаванд;

-дар санксия пеш аз калимаҳои "ду сол" калимаи "то" илова карда шавад.

177. Дар моддаи 219 баъд аз калимаҳои "агар он" калимаҳои "аз беэҳтиёти" илова карда шуда, калимаҳои "ҳодисаи бадбахтии инсон" ба калимаҳои "марги инсон" иваз карда шаванд.

178. Дар фасли IҶ ва боби 24 калимаҳои "Муҳити табиат" ва "муҳити атроф" ба калимаҳои "муҳити зист" иваз карда шаванд.

179. Дар моддаи 220 калимаҳои "ва дигар" ба калимаҳои "ё дигар" ва дар санксия калимаҳои "ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати" ба калимаҳои "ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то" иваз карда шаванд.

180. Дар қисми якуми моддаи 221 калимаҳои "барои ҳаёт ва саломатии" ба калимаҳои "барои ҳаёт ё саломатии" иваз карда шаванд.

181. Дар моддаи 222 калимаи "минтақаҳое" ба калимаи "маҳалҳое" иваз карда шавад.

182. Дар моддаи 223:

-дар қисми якум баъд аз калимаи "ҳангоми" калимаи "истеҳсол" илова карда шуда, калимаи "моддаҳои" ба калимаҳои "моддаҳо" "ё партовҳои" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то панҷ" калимаҳои "аз ду" илова карда шаванд.

183. Дар моддаи 224:

-дар қисми якум калимаҳои "ва токсинҳо" ба калимаҳои "ё токсинҳо" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз озоди ба мўҳлати то панҷ" бо калимаҳои "аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ" иваз карда шаванд.

184. Дар моддаи 225:

-дар қисми якум калимаҳои "боиси паҳн гардидани касалиҳои сирояткунанда (эпидеми)" ба калимаҳои "аз беэҳтиёти боиси паҳн гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда)" иваз карда шаванд.

-дар қисми дуюм калимаҳои "ки боиси" ба калимаҳои "ки аз беэҳтиёти боиси" иваз карда шаванд.

185. Дар моддаи 226:

-дар қисми якум калимаҳои "Чиркину ифлос" ба калимаҳои "Ифлос ё олуда", калимаҳои "ва бад" ба калимаҳои "ё бад" ва калимаҳои "агар чунин кирдор ба олами ҳайвоноту наботот, захираи моҳи, ҷангал ва соҳаи кишоварзи зарари ҷидди ворид карда бошад" ба калимаҳои "агар чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад, -" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад";

-ба қисми дуюм банди "а" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"а) боиси расондани зарари ҷидди ба олами ҳайвонот ё наботот, захираҳои моҳи, хоҷагии ҷангал ё соҳаи кишоварзи, гардида бошад";

-бандҳои "а" "б" ва "в" мутобиқан бандҳои "б", "в" ва "г" ҳисобида шаванд.

186. Дар қисми якуми моддаи 228 баъд аз калимаҳои "хароб кардани замин, ки" калимаҳои "ба саломатии инсон ё" илова карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "ё ҳабс ба мўҳлати то шаш моҳ" ба калимаҳои "ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

187. Дар санксияи моддаи 229 калимаҳои "ва машғул шудан" ба калимаҳои "ё машғул шудан" иваз карда шаванд.

188. Дар моддаи 230:

-банди "г" қисми якум хориҷ карда шавад;

-аз банди "в" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шаванд.

-ба қисми дуюм банди "г" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"г) дар ҳудуди мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ё дар минтақаи офати экологи ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологи содир шуда бошад,-".

189. Дар моддаи 232:

-аз қисми якум банди "г" хориҷ карда шавад;

-аз банди "б" қисми дуюм калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шуда, ба ин қисм банди "в" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) дар ҳудуди мамнўъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологи ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологи содир шуда бошад,-".

190. Дар санксияи қисми якум моддаи 234 калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

191. Дар қисми дуюми моддаи 235 калимаи "оташангези" ба калимаи "оташ задан" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "панҷ" ба калимаи "се" иваз карда шаванд.

192. Дар моддаи 236 калимаҳои "минтақа" ва "минтақаҳои" ба калимаҳои "ҳудудҳо" ва "ҳудудҳои" ва дар санксияи ҳамин модда калимаҳои "бо ҷарима" ба калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима" иваз карда шаванд;

193. Дар моддаи 237:

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаҳои "гурўҳи ашхос ё" калимаҳои "гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешаки ё" илова карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаи "таъмини" ба калимаи "ҳифзи" иваз карда шавад;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шавад.

194. Ба Кодекс моддаи 237(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 237(1). Вандализм

Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотҳо, расонидани зиён ба амвол дар нақлиёти ҷамъияти ва дигар ҷойҳои ҷамъияти, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмури содир шуда бошад,

-бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад".

195. Дар моддаи 240 диспозитсияи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ташкил ё нигоҳдошти ғайриқонунии қиморхона,-";

-аз санксияи модда калимаҳои "бо мусодираи амвол" хориҷ карда шаванд.

196. Диспозитсияи моддаи 241 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тайёр кардан, паҳн кардан ё рекламаи ғайриқонунии мавод ё предметҳои порнографи, ҳамчунин фурўши ғайриқонунии маводи интишори, кино ё сабти видео, акс ё дигар чизҳои дорои хусусияти порнографи,-".

197. Дар моддаи 242:

-дар қисми якум калимаи "иншоот" ба калимаи "объектҳое" иваз карда шавад;

-дар қисми дуюм калимаҳои "объекту ёдгориҳои" ба калимаҳои "объект ё ёдгориҳои" иваз карда шаванд.

198. Дар ном ва қисми якуми моддаи 243 калимаи "қабристони" ба калимаи "гўри", калимаи "иншооти" ба калимаи "бинои" иваз карда шаванд.

199. Дар моддаи 244:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "як ҳазор то ду ҳазор" ба калимаҳои "панҷсад то як ҳазор", калимаҳои "мўҳлати аз се то панҷ" ба калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

-аз қисми сеюм банди "б" хориҷ карда шуда, бандҳои "в", "г" мутобиқан бандҳои "б", "в" ҳисобида шаванд ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" иваз карда шаванд;

-аз банди "б" қисми чорум калимаҳои "содир шуда бошад" хориҷ карда шуда, ин қисм бо банди "в" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад,-":

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

200. Дар моддаи 245:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озоди" ба калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озоди" иваз карда шуда, калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияҳои қисми якум, дуюм, сеюм ва чорум пеш аз калимаҳои "ду сол ҷазо", "се сол ҷазо", "чор сол ҷазо" ва "панҷ сол ҷазо" калимаи "то" илова карда шавад.

201. Дар моддаи 246:

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "се сол ҷазо" калимаи "то" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "понздаҳ" ба калимаи "дувоздаҳ" ва калимаҳои "панҷ сол ҷазо" ба калимаҳои "то панҷ сол ҷазо" иваз карда шаванд.

202. Дар моддаи 247:

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "дувоздаҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

203. Дар моддаи 248:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз панҷ то ҳашт" ба калимаҳои "аз се то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми чорум калимаҳои "аз понздаҳ то бист" ба калимаҳои "аз дувоздаҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд.

204. Дар моддаи 252:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"ба ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.";

-дар бандҳои "в"-и қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "ва саломатии" ба калимаҳои "ё саломатии" иваз карда шаванд.

205. Дар моддаи 255:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ба мўҳлати аз ду то панҷ сол" ба калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" иваз карда шаванд.

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

206. Дар моддаи 257:

-дар номи модда, қисми якум ва эзоҳ калимаҳои "маблағи", "маблағҳои" мутобиқан ба калимаҳои "воситаи", "воситаҳои" иваз карда шаванд;

-дар банди "г" қисми дуюм калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд;

-банди "б" қисми сеюм хориҷ карда шуда, бандҳои "в" ва "г" мутобиқан бандҳои "б" ва "в" ҳисобида шаванд.

207. Санксияи қисми дуюми моддаи 258 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди бо мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

208. Дар моддаи 259:

-аз қисми якум калимаҳои "ё бо расонидани зарар ба саломати" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз сесад то ҳаштсад" ба калимаҳои "аз панҷсад то як ҳазор" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то ду ҳазор" ба калимаҳои "аз як то ду ҳазор" иваз карда шаванд.

209. Дар моддаи 260:

-дар қисми якуми эзоҳ калимаи "сад" ба калимаҳои "як ҳазор" ва калимаҳои "як ҳазор" ба калимаҳои "ду ҳазор" иваз карда шаванд:

-дар қисми сеюми эзоҳ калимаи "панҷоҳ" ба калимаи "панҷсад" иваз карда шавад.

210. Дар моддаи 261 калимаи "ҳавасмандии" ба калимаҳои "дигар манфиатҳои" иваз карда шаванд.

211. Дар қисми якуми моддаи 262 калимаҳои "Муомилоти молияви ё амалиёти дигар" бо калимаҳои "Анҷом додани аҳдҳои молу мулки ё амалиётҳои дигар" иваз карда шуда, калимаи "амвол" ба калимаҳои "амволи дигар,-" иваз карда шаванд.

212. Дар моддаи 263:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "аз ду то панҷ сол" ба калимаҳои "то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад";

-дар эзоҳи модда калимаи "панҷсад" ба калимаҳои "як ҳазор" иваз карда шавад.

213. Дар моддаи 264:

-аз номи модда калимаи "(қарз)" хориҷ карда шавад;

-дар қисми якум калимаҳои "ташкилот гирифтани қарз (кредит)" ба калимаҳои "ташкилот гирифтани кредит" иваз карда, калимаҳои "барои гирифтани қарз" ба калимаҳои "барои гирифтани кредит" иваз карда шаванд.

214. Аз номи моддаи 265 калимаи "(қарз)" хориҷ карда шавад.

215. Дар моддаи 269:

-дар номи модда калимаи "Кирдори" ба калимаи "Ҳаракати" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ҳабс ба мўҳлати аз чор то шаш моҳ" ба калимаҳои "ба корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол" иваз карда шаванд.

216. Моддаи 272 хориҷ карда шавад.

217. Дар номи моддаи 274 ва қисми якум баъд аз калимаҳои "тиҷорати оммави" ва калимаҳои "созмондиҳандаи тиҷорат" калимаи "ё тендер" илова карда шавад.

218. Дар қисми якуми моддаи 275 калимаҳои "молу маҳсулот" ба калимаи "мол" иваз карда шуда, калимаҳои "тамғагузории моли рақиб" хориҷ карда шаванд;

219. Дар моддаи 276:

-дар қисми якум калимаҳои "молу маҳсулот" ба калимаи "мол" ва калимаи "мақсади" ба калимаи "нияти" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад" ба калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад" иваз карда шаванд.

220. Дар моддаи 278 калимаҳои "ҳавасмандии шахси" ба калимаҳои "манфиати шахси" иваз карда шавад.

221. Дар моддаи 280:

-дар қисми якум калимаҳои "ришвадиҳии ташкилотчиён ба аъзои" ба калимаҳои "ришвадиҳи ба ташкилотчиён ё аъзои" иваз карда шаванд.

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз сад то як саду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

222. Дар қисми якум ва банди "в" қисми дуюми моддаи 282 калимаҳои "арзишнок" ва "арзишноки" ба калимаҳои "қиматнок" ва "қиматноки" иваз карда шаванд.

223. Дар моддаи 283:

-дар қисми якум калимаи "арзишнок" ба калимаи "қиматнок" иваз карда шавад;

-эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Дар моддаҳои 281, 282 ва 283 ҳамин Кодекс таҳти мафҳуми миқдори калон ё зарар ба миқдори калон чунин миқдор ё зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи маоши ҳадди акал як ҳазор маротиба зиёд бошад".

224. Дар номи моддаи 284, қисми якум ва эзоҳ калимаи "фулузоти" ба калимаи "металлҳои" иваз карда шуда, дар қисми якум калимаи "шаклу" ба калимаи "намуду" иваз карда шавад.

225. Дар моддаи 285:

-дар номи модда калимаи "упоридани" ба калимаи "супоридани" иваз карда шавад;

-диспозитсияи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Саркаши кардан аз ҳатман ба аффинаж супоридан ё ҳатман ба давлат фурўхтани металлҳои қиматбаҳо ё сангҳои қиматбаҳои аз қаъри замин истихроҷшуда ё аз ашёи хоми муштақ ба даст овардашуда, ҳамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба миқдори калон содир шуда бошад.-".

226. Дар моддаи 286:

-дар қисми якум ва дуюм калимаҳои "инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонуни бо асъори хориҷи" хориҷ карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаи "панҷоҳ" ба калимаҳои "панҷсад" иваз карда шавад.

227. Дар санксияи моддаи 287 пеш аз калимаи "панҷ" калимаи "то" илова карда шавад.

228. Моддаи 288 хориҷ карда шавад.

229. Дар моддаи 289:

-дар қисми якум калимаҳои "моддаи мазкур" ба калимаҳои "моддаи мазкур нишон додашуда" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "маводи нашъаовар" бо калимаҳои "воситаҳои нашъадор, моддаҳои", калимаҳои "муҳимот ё лавозимоти ҷанги" ба калимаҳои "лавозимоти ҷанги ё муҳимоти ҳарби" ва калимаҳои "стратеги муҳим ва осори бадеи, таърихи, бостоншиноси ва арзишҳои" ба калимаҳои "стратеги муҳим, осори бадеи, таърихи, бостоншиноси ё арзишҳои" иваз карда шуда, баъди калимаи "радиоактиви" калимаи "моддаҳои" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд;

-дар эзоҳ калимаҳои "як ҳазор" ба калимаҳои "панҷ ҳазор" иваз карда шаванд.

230. Дар номи моддаи 290 калимаи "асари" ба калимаи "сарватҳои" ва калимаи "аърихи" ба калимаи "таърихи" иваз карда шуда, аз санксияи ҳамин модда калимаҳои "мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

231. Дар моддаи 291:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурўҳ бо маслиҳати пешаки;

б) бо истифода аз мақоми хизмати;

в) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;

г) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,-";

-дар эзоҳ калимаҳои "панҷсад маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал ва ба миқдори махсусан калон аз даҳ ҳазор маоши ҳадди ақал" иваз карда шаванд.

232. Дар моддаи 292:

-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 292. Саркаши аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқи"

-дар қисми якум калимаҳои "пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатми аз корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият" ба калимаҳои "супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқи" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "бухгалтери" калимаҳои "ё декларатсияи андоз" илова карда шуда, калимаи "бардурўғ" ба калимаи "таҳрифшуда" иваз карда шавад;

-диспозитсияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содиршуда бошад,-"

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан аз озоди" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё" илова карда шавад.

-дар эзоҳ калимаҳои "пардохти андоз ё дигар пардохтҳои ҳатми аз корхонаҳо" ба калимаҳои "супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқи" ва калимаҳои "панҷсад маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал ва ба миқдори махсусан калон бошад, аз даҳ ҳазор маоши ҳадди ақал" иваз карда шуда, калимаи "ҳатми" хориҷ карда шавад.

233. Дар моддаи 293:

-дар номи модда, қисми якум ва эзоҳи он калимаи "шаҳрванд" ба калимаҳои "шахси воқеи" иваз карда шавад.

-банди "а" қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда";

-дар эзоҳ калимаҳои "аз дусад" ба калимаҳои "аз панҷ ҳазор" ва калимаҳои "аз панҷсад" ба калимаҳои "аз даҳ ҳазор" иваз карда шаванд.

234. Дар моддаи 295:

-дар ном ва матни модда калимаҳои "корхонаҳои", "корхонаҳо", "корхона", "корхонаи" мутобиқан ба калимаҳои "ташкилотҳои", "ташкилотҳо", "ташкилот", "ташкилоти" иваз карда шаванд.

-дар қисми якум калимаи "имтиёз" ба калимаи "бартари" ва калимаҳои "шаҳрвандон, корхона" ба калимаҳои "шаҳрвандон, корхона, ҷамъият" иваз карда шаванд.

235. Моддаи 296:

-аз ном ва қисми якум калимаҳои "нотариус ё ҳимоятгар" хориҷ карда шуда, калимаи "имтиёзот" ба калимаи "бартариҳо", калимаи "корхона" ба калимаи "ташкилот" иваз карда шаванд ва пеш аз калимаҳои "ё давлат" калимаи "ҷамъият" илова карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад,-".

236. Дар моддаи 298:

-дар номи модда ва қисми якум калимаҳои "дастрас намудани" ба калимаҳои "даромадан ба" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" ба калимаҳои "ба мўҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "се" ба калимаи "чор" иваз карда шавад.

237. Аз қисми якуми моддаи 299 калимаҳои "ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои тасарруфи амволи ғайр" хориҷ карда шаванд.

238. Дар қисми якуми моддаи 301 калимаи "интиқол" ба калимаи "фиристода" иваз карда шавад.

239. Дар моддаи 302 калимаҳои "гирифтани тамоси" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаи "ғайриқонуни" калимаи "даромадан" илова карда шавад.

240. Дар қисми якуми моддаи 304 калимаи "тамос" ба калимаҳои "ҳуқуқи даромаданро" иваз карда шавад.

241. Дар моддаи 305:

-дар қисми якум калимаи "вогузоштани" ба калимаи "додани" ва калимаҳои "ё амнияти беруни" ба калимаҳои "ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-дар ззоҳ рақами "307" ба рақами "308" ва калимаҳои "шуданаш мумкин аст" ба калимаи "мешавад", инчунин калимаи "ҳукумат" ба калимаи "ҳокимият" иваз карда шаванд.

242. Дар моддаи 306 калимаи "Кирдоре" ба калимаи "Ҳаракате" иваз карда шавад.

243. Ба Кодекс моддаҳои 307(1), 307(2) ва 307(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 307(1). Даъвати оммави дар ба амал баровардани фаъолияти экстремисти (ифротгарои)

1) Даъвати оммави дар ба амал баровардани фаъолияти экстремисти, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори умум содир шуда бошад-,

бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

"Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремисти (ифротгарои)

1) Ташкили иттиҳоди экстремисти, яъне гурўҳи муташаккили ашхос барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбини ё кинаю адовати идеологи, сиёси, нажоди, милли, маҳалгарои, ё дини, ҳамчунин аз нигоҳи бадбини ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимои, инчунин роҳбари ба чунин иттиҳоди экстремисти, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремисти, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизмати содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремисти даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад".

"Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремисти (ифротгарои)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё дини ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад".

244. Дар қисми якуми моддаи 309 калимаи "амният" ба калимаҳои "амнияти иқтисоди" иваз карда шавад.

245. Дар моддаи 310 калимаи "гардидани" ба калимаи "гардонидани" иваз карда шавад.

246. Диспозитсияи қисми дуюми моддаи 311 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиёти боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,-".

247. Дар моддаи 314:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "то чор" ба калимаҳои "то ду" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" ва калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то панҷ" иваз карда шаванд;

-дар қисми якуми эзоҳ калимаи "боб" ба калимаи "Кодекс" иваз карда шавад.

248. Дар моддаи 316:

-дар қисми якум, дуюм ва сеюм калимаҳои "кирдоре", "кирдорро" ва "Кирдорҳои" мутобиқан ба калимаҳои "ҳаракате", "ҳаракатро" ва "Ҳаракатҳои" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "то ҳафт" калимаҳои "аз чор" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз панҷ" ва калимаҳои "то се" ба калимаҳои "то панҷ" иваз карда шаванд.

249. Дар моддаи 317 калимаи "кирдоре" ба калимаи "ҳаракате" иваз карда шавад.

250. Дар моддаи 319:

дар қисми якум калимаи "шакли" ба калимаи "намуди" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "коғазҳои қиматнок" калимаи "дигар" илова карда шавад;

-аз санксияи қисми якум калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-аз қисми дуюм калимаи "(ришват)" хориҷ карда шавад;

-қисми якуми эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои хусусияти амволи доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор маоши ҳадди ақал зиёд бошад".

251. Дар моддаи 320:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи амвол ё бидуни он ҷазо дода мешавад";

-дар эзоҳ калимаҳои "ва агар" ба калимаҳои "ё агар" ва калимаи "кушодани" ба калимаи "оғози" иваз карда шаванд;

-ба эзоҳи модда қисми дуюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"2) Таҳти мафҳуми тамаъҷўе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбини шудааст, талаботи шахси мансабдор оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ў маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад";

-баъди калимаи "Эзоҳ:" раками "1)" гузошта шавад.

252. Аз моддаи 321 калимаи "ошкоро" хориҷ карда шуда, калимаи "арзишнок" ба калимаи "қиматнок" иваз карда шавад.

253. Дар моддаи 322:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати аз шаш моҳ то як сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми дуюм баъд аз калимаҳои "то панҷ сол" калимаҳои "бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он" илова карда шаванд.

254. Аз санксияи қисми дуюми моддаи 324 калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он ва" хориҷ карда шаванд.

255. Дар моддаи 325:

-аз қисми якум калимаҳои "дидаю дониста" хориҷ карда шуда ва калимаи "ришвадиҳанда" ба калимаи "мукофотдиҳанда" иваз карда шавад;

-ба модда эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Дар моддаҳои 324 ва 325 - и Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои хусусияти амволи доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад".

256. Дар номи боби 31 калимаи "идора" ба калимаи "идоракуни" иваз карда шавад.

257. Дар қисми якуми моддаи 328 калимаҳои "ва саломати" ба калимаҳои "ё саломати" иваз карда шаванд.

258. Моддаи 329 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 329. Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарби

Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд сохтани амвол нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарби, ҳамчунин нисбати шахсони наздики онҳо бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ин шахсон оиди муҳофизати тартиботи ҷамъияти ё таъмини бехатарии ҷамъият ё аз рўи интиқом барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад".

259. Дар санксияи қисми якуми моддаи 330 пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё" илова карда шаванд.

260. Дар моддаи 331:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ҳабс ба мўҳлати аз як то се моҳ" ба калимаҳои "маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то се сол" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм калимаҳои "ва саломатии" ба калимаҳои "ё саломатии" иваз карда шаванд;

-санксияи қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "в" қисми сеюм баъд аз калимаи "ретсидиви" калимаи "хавфнок ё" илова карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз ду то панҷ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

261. Аз санксияи қисми дуюми моддаи 334 калимаҳои "аз ду" хориҷ карда шаванд.

262. Дар моддаи 335:

-дар номи модда калимаҳои "сарҳади давлати" ба калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-дар қисми якум калимаи "санади" ба калимаи "ҳуҷҷати" иваз карда шавад;

-эзоҳ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Кирдори пешбининамудаи ҳамин модда нисбати шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бешаҳрванде, ки бо вайрон кардани қоидаи гузаштан аз Сарҳади давлати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ҳуқуқи паноҳгоҳи сиёси мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, паҳн намегардад".

263. Дар моддаи 339:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз ҳаштод то яксаду бист соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то як сол ҷазо дода мешавад".

-дар қисми сеюм пайвандаки "ва" ба бандаки "ё" иваз карда шавад:

264. Дар моддаи 340:

-санксияҳои қисмҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.";

"бо маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад";

265. Аз моддаи 341 калимаҳои "инчунин бланкаҳои ин ҳуҷҷатҳо" хориҷ карда шуда, санксияи он дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад".

266. Дар моддаи 342:

-аз модда калимаҳои "инчунин рамзҳои давлатии дигар давлат" хориҷ карда шавад;

-дар санксия пеш аз калимаҳои "бо маҳдуд кардани" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё" илова карда шаванд.

267. Санксияи қисми дуюми моддаи 343 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешаванд".

268. Дар моддаи 346:

-дар санксияи қисми якум калимаҳои "ё ҳабс ба мўҳлати аз се то шаш моҳ" ба калимаҳои "ё маҳдуд кардани озоди ба мўҳлати то ду сол" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаи "ҳиссиёти" ба калимаи "нияти" иваз карда шавад;

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд;

-аз санксияи қисми сеюм калимаҳои "бо мусодираи амвол" хориҷ карда шаванд.

269. Диспозитсияи қисми якуми моддаи 347 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў,-".

270. Аз қисми якуми моддаи 348 калимаҳои "ҳамчун гунаҳгор" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаи "бегуноҳро" калимаҳои "ба сифати айбдоршаванда" илова карда шаванд.

271. Дар қисми якуми моддаи 349 баъд аз калимаи "судя" калимаи "(судяҳо)" илова карда шавад.

272. Дар санксияи моддаи 350 калимаҳои "то дусад" ба калимаҳои "аз дусад то панҷсад" иваз карда шаванд.

273. Дар моддаи 351:

-дар банди "г" қисми дуюм калимаи "бо" ба калимаи "ба" иваз карда шавад;

-аз санксияи қисми дуюм калимаҳои "бо мусодираи амвол ё бидуни он" хориҷ карда шаванд.

274. Дар санксияҳои қисмҳои якум ва дуюми моддаи 352 пеш аз калимаҳои "бо ҷарима" калимаҳои "бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё" илова карда шавад.

275. Дар моддаи 353:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад.";

-дар банди "в" қисми дуюм пеш аз калимаҳои "расонидани" калимаи "таҳдиди" илова карда шавад;

-дар банди "г" қисми дуюм пеш аз калимаи "нобуд" калимаи "таҳдиди" илова карда шавад;

-аз санксияи қисми сеюм калимаҳои "корҳои ислоҳи меҳнати ба мўҳлати то ду сол" хориҷ карда шуда, калимаҳои "то панҷ сол" ба калимаҳои "аз ду то панҷ сол" иваз карда шаванд.

276. Дар моддаи 354:

-дар қисми якум калимаҳои "ва шоҳидро" ба калимаҳои "ё шоҳидро" ва калимаҳои "маҷбур сохтани шахсе, ки" ба калимаҳои "маҷбур кардан аз ҷониби шахсе, ки" иваз карда шаванд; -санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" ва калимаҳои "то се сол ё бидуни он" ба калимаҳои "то панҷ сол" иваз карда шаванд.

277. Санксияи қисми якуми моддаи 355 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ҷазо дода мешавад."

278. Ном ва қисми якуми моддаи 356 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 356. Таҳдид ё зўровари вобаста ба амалбарории адолати суди ё таҳқиқи ибтидои ё тафтишоти пешаки

1) Таҳдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд кардани амвол нисбатн судя, машваратчии халқи, прокурор, муфаттиш, шахсе, ки таҳқиқи ибтидои мегузаронад, адвокат, эксперт, тарҷумон, пристави суд ё котиби суд, иҷрочии суд, ҳамчунин наздикони онҳо вобаста ба гузаронидани таҳқиқи ибтидои, тафтишоти пешаки, баррасии парванда ё мавод дар суд ё иҷрои ҳукм, ҳалномаи суд ё санади дигари суди, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "то ҳашт" ба калимаҳои "то даҳ" иваз карда шавад.

279. Моддаи 357 хориҷ карда шавад.

280. Дар моддаи 358:

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "озоди ба мўҳлати то се сол" ба калимаҳои "озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми сеюм калимаҳои "аз се" ба калимаҳои "аз панҷ" иваз карда шуда, калимаҳои "то се сол" ба калимаҳои "то панҷ сол" иваз карда шаванд.

281. Дар моддаи 359:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.";

-дар санксияи қисми дуюм пеш аз калимаҳои "бо маҳрум сохтан" калимаҳои "бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё" илова карда шаванд.

282. Дар қисми якуми моддаи 362 калимаи "операцияҳои" ба калимаи "амалиётҳои" иваз карда шавад.

283. Дар моддаи 363 калимаи "эътибор" ба калимаҳои "эътибори қонуни" иваз карда шуда, калимаҳои "корхонаи тиҷорати ё дигар корхона" ба калимаҳои "ташкилотҳои тиҷорати ё дигар ташкилот" иваз карда шавад.

284. Дар моддаи 364 калимаи "рафтан" ба калимаҳои "сафар кардан" иваз карда шавад.

285. Дар моддаи 365:

-дар номи модда калимаи "аз ҳабс" ба калимаҳои "аз ҳабси пешаки" иваз карда шуда ва аз қисми якум калимаҳои "ҳабс ё" хориҷ карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то дувоздаҳ сол" ба калимаҳои "то даҳ сол" иваз карда шаванд;

-эзоҳи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Эзоҳ: Шахсе, ки дар мўҳлати се рўз ихтиёри ба ҷойҳои маҳрум сохтан аз озоди ё ба ҳабси пешаки бармегардад, аз ҷавобгарии ҷинояти барои гурехтан озод карда мешавад, агар дар ҳаракатҳои ин шахс таркиби ҷиноятҳои дигар набошад".

286. Дар тамоми санксияҳои моддаҳои боби 33 ("Ғиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарби") калимаҳои "фиристодан ба қисми интизоми" ва калимаҳои "равон кардан ба қисми интизоми" ба калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизоми" иваз карда шуда ва калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои интизомии ҳарби" ба калимаҳои "нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизоми" иваз карда шаванд.

287. Дар моддаи 366:

-дар қисми якум калимаҳои "ё қарордод" ба калимаҳои "ё ба тартиби ихтиёри" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "Кодекс" калимаҳои "ба сифати ташкилкунанда, таҳриқкунанда ва ёрдамчи" илова карда шаванд.

288. Моддаи 367 хориҷ карда шавад.

289. Дар моддаи 368:

-диспозитсияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1) Аз ҷониби зердаст иҷро накардани фармони мутобиқи тартиби муқарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари ҷидди расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои иҷро накардани фармони баръало ҷинояти,-"

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "то даҳ" иваз карда шаванд.

290. Дар моддаи 369:

-дар қисми якум калимаҳои "дигари иҷрокунандаи вазифаҳои сардор, ки" ба калимаҳои "дигаре, ки иҷрои вазифаи сардор" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаҳои "то як" ва "то панҷ" мутобиқан ба калимаҳои "то ду" ва "то се" иваз карда шаванд;

-дар банди "б" қисми дуюм баъд аз калимаи "яроқ" калимаҳои "техникаи ҷанги ё моддаҳои тарканда" илова карда шаванд.

291. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 370 калимаҳои "кирдор" ва "Амалҳои" ба калимаҳои "ҳаракат" ва "Ҳаракатҳои" иваз карда шаванд.

292. Дар қисми якуми моддаи 371 калимаҳои "дошта задани" ба калимаҳои "лату кўби" иваз карда шаванд.

293. Дар қисми дуюми моддаи 372 калимаи "хизмати,-" ба калимаҳои "хизмати ҳарби,-" иваз карда шавад.

294. Дар моддаи 373:

-санксияи қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизоми ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад";

-дар банди "д" қисми дуюм калимаҳои "ё дигар оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,-" ба калимаҳои "содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст,-" иваз карда шаванд.

295. Дар моддаи 374:

-дар қисмҳои якум ва сеюм калимаҳои "Тарки худсаронаи қисми ҳарби" ба калимаҳои "Худсарона тарк кардани қисми ҳарби" иваз карда шаванд;

-дар қисми дуюм баъд аз калимаи "қисми" калимаи "ҳарбии" илова карда шавад;

-дар қисми сеюм калимаҳои "дар асоси қарордод" ба калимаҳои "бо тартиби ихтиёри" ва калимаҳои "фиребу найранги дигар" ба калимаҳои "шаклҳои дигари фиреб" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "хизмат" ба калимаҳои "хизмати ҳарби" иваз карда шуда, калимаҳои "ба мўҳлати то се сол" ба калимаҳои "ба ҳамин мўҳлат" иваз карда шаванд;

-аз қисми чорум калимаҳои "вале на бештар аз як моҳ" хориҷ карда шуда, калимаҳои "қисми интизоми" ба калимаҳои "қисми ҳарбии интизоми" иваз карда шаванд;

-дар қисми панҷум калимаҳои "якум, сеюм ва чоруми" ба калимаҳои "якум ё сеюми" иваз карда шуда, аз санксияи ҳамин қисм калимаҳои "аз се" хориҷ карда шаванд.

296. Дар санксияи қисми чоруми моддаи 375 калимаҳои "то понздаҳ" ба калимаҳои "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.

297. Дар моддаи 376:

-дар қисми якум калимаҳои "ё рад кардани иҷрои вазифаҳои хизматии ҳарби" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ба мўҳлати то панҷ" ба калимаҳои "ба ҳамин мўҳлати" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се то ҳашт" ба калимаҳои "аз ду то панҷ" иваз карда шаванд.

298. Дар қисми якуми моддаи 379 калимаи "дахлдошта" ба калимаи "дохилшуда" ва калимаи "муҳофизатшуда" ба калимаи "муҳофизатшаванда" иваз карда шаванд.

299. Дар санксияи қисми сеюми моддаи 387 калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шавад.

300. Дар моддаи 391:

-дар санксияи қисми якум баъд аз калимаҳои "то се сол" калимаҳои "ё бидуни он" илова карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм калимаи "даҳ" ба калимаи "ҳашт" иваз карда шавад.

301. Дар моддаи 393:

-дар қисми якум калимаҳои "моддаҳои ҷанги" ба калимаҳои "амволи ҷанги" иваз карда шуда, дар санксияи ҳамин қисм пеш аз калимаҳои "то ҳафт" калимаҳои "аз се" илова карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "зарар надорад" ба калимаҳои "хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўровари содир гардидааст" ва дар санксияи ҳамин қисм калимаи "панҷ" ба калимаи "ҳафт" иваз карда шаванд;

-дар санксияи қисми сеюм баъд аз калимаҳои "бист сол" калимаҳои "бо мусодираи амвол" илова карда шавад.

302. Дар санксияи қисми якуми моддаи 395 калимаи "бист" ба калимаи "понздаҳ" иваз карда шавад.

303. Дар моддаи 396:

-дар қисми якум калимаи "ошкоро" ба калимаи "оммави" иваз карда шавад;

-дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз ҳафт" ба калимаҳои "аз панҷ" иваз карда шаванд;

-дар эзоҳи модда калимаи "давлатиро" ба калимаҳои "давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.

304. Дар моддаи 397 калимаи "харид" ба калимаҳои "соҳиб шудан", калимаи "нигоҳдори" ба калимаҳои "нигоҳ доштан", калимаҳои "ва технологи" ба калимаҳои "ё технологияе" ва калимаҳои "зарурии бо шартномаҳои байналмилали манъгардида барои истеҳсоли он,-" ба калимаҳои "барои истеҳсоли он зарурбудае, ки бо шартномаҳои байналмилали манъ гардидаанд,-" иваз карда шаванд.

305. Дар моддаи 398 калимаҳои "ё аз гурўҳ аз ҷумлаи ин гурўҳҳои одамон" ба калимаҳои "ё аз як гурўҳи одамон" иваз карда шаванд.

306. Дар моддаи 400 калимаҳои "набототу ҳайвонот" ба калимаҳои "наботот ё ҳайвонот" иваз карда шаванд.

307. Дар эзоҳи моддаи 401 калимаҳои "шаҳрванди давлат намебошад" ба калимаҳои "шаҳрванди давлате намебошад, ки" ва калимаҳои "шомил намебошад ё" ба калимаҳои "шомил намебошад ва" иваз карда шаванд.

308. Дар қисми сеюми моддаи 402 калимаҳои "Ҳамин кирдори" ба калимаи "Кирдори" иваз карда шавад.

309. Дар моддаи 403:

-дар қисми якум калимаҳои "дар натиҷаи" ба калимаҳои "дар вақти", калимаҳои "иштирок дар амалиёти ҳарби" ба калимаҳои "иштироки худро дар амалиёти ҷанги", калимаҳои "аломатҳои фарқкунандаи" ба калимаҳои "нишонаҳои фарқкунандаи", калимаҳои "аломатҳои ҳимояви" ба калимаҳои "нишонаҳои ҳимояви", калимаҳои "тобеи депортатция" ба калимаҳои "депортатсияи он" иваз карда шаванд;

-дар банди "в" қисми дуюм калимаҳои "ҳимоякунандаи ўро" ба калимаи "пуштибонро", дар банди "г" калимаҳои "ҳимоякунандаи ў" ба калимаҳои "дигари пуштибонро" ва дар банди "д" калимаи "ҳимоя" ба калимаи "пуштибон" иваз карда шавад.