Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 № 877 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод.68) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар санксияи моддаи 168 калимаҳои "маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин мӯҳлат" ба калимаҳои "маҳдуд кардани озодӣ аз мӯҳлати то панҷ сол" иваз карда шавад.

2. Дар санксияи моддаи 169 баъд аз калимаҳои "бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ то ду сол" калимаҳои "ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол" илова карда шавад.

3. Моддаи 170 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 170. Дузанагӣ ё серзанагӣ

Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё бо ҳабс ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ ҷазо дода мешавад".

4. Эзоҳи моддаи 375 ба таври зайл таҳрир карда шавад:

"Хизматчии ҳарбие, ки мутобиқи кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мӯҳлати се рӯз омада ба гуноҳаш иқрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитҳои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад".

5.Дар санксияи қисми дуюми моддаи 376 калимаҳои "то ҳафт сол" ба калимаҳои "аз се то ҳашт сол" ва дар санксияи қисми сеюми моддаи мазкур калимаҳои "панҷ" ва "даҳ" мувофиқан ба "ҳашт" ва "дувоздаҳ", дар санксияи қисми дуюми моддаи 377 калимаҳои "то даҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то понздаҳ", дар санксияи моддаи 383 калимаҳои "панҷ" ва "даҳ" мувофиқан ба калимаҳои "даҳ" ва "понздаҳ" ва дар санксияи қисми якуми моддаи 392 ибораи "маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол" ба ибораи "маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол" иваз карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 10 декабри соли 1999 № 877

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 9, ст.

68) следующие изменения и дополнения:

1. В санкции статьи 168 слова "ограничением свободы на тот же срок" заменить словами "ограничением свободы на срок до пяти лет".

2. Санкцию статьи 169 после слов "исправительными работами до двух лет" дополнить словами "либо ограничением свободы на срок до пяти лет".

3. Статью 170 изложить в следующей редакции:

"Статья 170. Двоеженство или многоженство

Двоеженство или многоженство, то есть сожительство с двумя или несколькими женщинами с ведением общего хозяйства,- наказывается штрафом в размере от одной до двух тысяч минимальных размеров заработной платы или исправительными работами на срок до двух лет либо ограничением свободы на срок до пяти лет или арестом на срок от трех до шести месяцев".

4. Примечание к статье 375 изложить в следующей редакции:

"Военнослужащий, впервые совершивший дезертирство, предусмотренное частью первой настоящей статьи, может быть освобождён от уголовной ответственности, если он в течение трёх суток добровольно явился с повинной либо дезертирство было следствием стечения тяжёлых обстоятельств".

5. Заменить в санкции части второй статьи 376 слова "до семи лет" словами "от трёх до восьми лет", в части третьей указанной статьи слова "пяти" и "десяти" соответственно словами "восьми" и "двадцати", в санкции части второй статьи 377 слова "до десяти" словами "от десяти до пятнадцати", в санкции статьи 383 слова "пяти" и "десяти" соответственно словами "десяти" и "пятнадцати" и в санкции части первой статьи 392 слова "лишением свободы на срок до двух лет" словами "лишением свободы на срок до пяти лет".

Президент

Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ

г.Душанбе,

10 декабря 1999 года, № 877

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О введении в действие Закона Республики Таджикистан"О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Ввести в действие Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан" после его официального опубликования.

Председатель

Маджлиси Оли Республики Таджикистан С.РАДЖАБОВ

г.Душанбе, 10 декабря 1999 года,№ 878