ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 57, аз 17.05.2004 № 36, аз 3.03.2006 № 160, аз 30.07.2007 № 293, аз 20.03.2008 № 369, аз 18.06.2008 № 385, аз 31.12.2008 № 453, аз 12.01.2010 № 581, аз 29.12.2010 № 651 аз 2.08.2011 № 754, аз 26.12.2011 № 773, аз 03.07.2012 № 833, аз 01.08.2012 № 875, аз 28.12.2012 № 926, аз 19.03.2013 № 936, аз 22.07.2013 № 972, аз 22.07.2013 № 1017)

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд.
Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд .
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоранд.
Ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. тартиби мурофиавии баррасии парвандаҳоро аз ҷониби суд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 3. Вазифаҳои суд
Суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд .
...