Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 581 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685: с.2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651: с. 2008, №3, мод.181; №6, мод. 443; № 12, қ. 1, мод. 982) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми сеюми моддаи 25 пас аз калимаҳои "коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олӣ" калимаҳои ", коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии Суди Олӣ" илова карда шаванд.

2. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 31 калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро" ба калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ, "ҷиноӣ, оилавӣ ва маъмуриро" иваз карда шаванд.

3. Ба Қонун моддаҳои 35(1) ва 35(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

Моддаи 35(1). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- парвандаҳои оилавиро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

- парвандаҳои оилавиро аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ, ки қонун муқаррар кардааст, парвандаҳои оилавиро ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд;

- аризаҳои шахсони дар парванда иштироккардаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав дида баромадани ҳалномаҳое, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин карорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё карори нав қабул гардидааст, баррасӣ менамояд;

- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, омори судиро таҳлил менамояд;

- дигар масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд.

Моддаи 35(2). Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., № 7, ст. 490; 2003 г., № 12, ст. 685; 2004 г., № 5, ст. 347; 2006 г., № 3, ст. 143; 2007 г., № 7, ст. 651; 2008г., № 3, ст. 181; № 6, ст. 443; № 12, ч. 1, ст. 982) следующие изменения и дополнения:

1. В части третьей статьи 25 после слов "судебная коллегия по уголовным делам Верховного Суда" дополнить словами ", судебная коллегия по семейным делам Верховного Суда, судебная коллегия по административным делам Верховного Суда".

2. В абзаце первом части 2 статьи 31 слова "гражданские и уголовные дела" заменить словами "гражданские, уголовные, семейные и административные дела".

3. Дополнить Закон статьями 35(1) и 35(2) следующего содержания:

"Статья 35(1). Полномочия судебной коллегии по семейным делам

Судебная коллегия по семейным делам Верховного Суда Республики Таджикистан:

- рассматривает семейные дела в кассационном порядке;

- рассматривает семейные дела в порядке надзора по протестам Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан, Генерального прокурора Республики Таджикистан;

- рассматривает в качестве суда первой инстанции семейные дела в пределах своих полномочий, установленных законом;

- рассматривает заявления лиц, участвовавших в деле, о пересмотре по вновь открывшимся обстоятельствам, решений, вынесенных судебной коллегией по семейным делам первой инстанции, а также постановлений кассационной или надзорной инстанции, которыми изменено решение суда первой инстанции, или вынесено новое решение;

- обобщает судебную практику, анализирует судебную статистику;

- разрешает иные вопросы, отнесенные законом к ее компетенции.

Статья 35(2). Полномочия судебной коллегии по административным делам

...