Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 36 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, мод. 490; соли 2003, №12. мод.685) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми дуюми моддаи 2 баъд аз калимаҳои "мустақил буда." калимаҳои "аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали шуда." илова карда шаванд.

2. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "ҳуқуқу озодиҳои шахс" ба калимаҳои "ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 11:

-дар қисмҳои якум ва дуюм рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шуда, пас аз рақами "30" калимаи "сола" илова карда шавад;

-дар қисми сеюм рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шуда, калимаҳои "суди ҳарби" хориҷ карда шаванд:

-дар қисми панҷум баъд аз калимаи "ноҳия" калимаҳои "суди ҳарби" илова карда шуда, рақами "60" ба рақами "65" иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 13:

-дар қисми якум рақами "5" ба рақами "10" иваз карда шавад;

-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳангоми дар давраи ваколаташ аз як суд ба суди дигари якхела, ё ба суди болои ё ба суди поёни таъин ё интихоб намудани судя мӯҳлати даҳсолаи ваколат аз рӯзи таъин ё интихоби нав ҳисоб карда мешавад".

5. Дар банди 11 қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "шараф ва эътибори" ба калимаҳои "қадру номуси" иваз карда шаванд.

6. Қисми дуюми моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в Конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 год, №7, ст. 490; 2003 год, №12, ст.685) следующие изменения и дополнения:

1. В части второй статьи 2 после слова "независимо" добавить слова "осуществляется от имени государства судьями".

2. В части первой статьи 3 слова "права и свободы личности" заменить словами "права и свободы человека и гражданина".

3. В статье 11:

-в первой и второй частях цифру "60" заменить цифрой "65", а в тексте на таджикском языке после цифры "30" дополнить словом "сола";

-в части третьей цифру "60" заменить цифрой "65" и исключить слова "военного суда";

-в части пятой после слов "районного суда" дополнить словами "военного суда", цифру "60" заменить цифрой "65"

4. В статье 13:

-в части первой цифру "5" заменить цифрой "10";

-часть вторую изложить в следующей редакции:

"При назначении, либо избрании судьи в период его полномочий из одного суда в другой одноименный суд, либо в вышестоящий суд, либо в нижестоящий суд десятилетний срок полномочий исчисляется со дня нового назначения, либо избрания".

5. В пункте 11 части первой статьи 18 текста на таджикском языке слова "шараф ва эътибори" заменить словами "кадру номуси".

6. Часть вторую статьи 19 изложить в следующей редакции:

...