Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443, №12, қ.1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 26:
- аз қисми чорум калимаҳои "аз рӯи масъалаҳое, ки бо баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ вобаста нестанд," хориҷ карда шаванд;
- аз қисми шашум калимаҳои "ва нусхаҳои эътирозҳо ё ин ки хулосаҳо оид ба парвандаҳои судӣ" хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми дуюми моддаи 27:
-сархатҳои дуюм, чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;
-дар сархати сеюм пас аз калимаи "гражданӣ" калимаи ", оилавӣ" илова карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои "Масъалаҳои ба баррасии парвандаи мушаххаси судӣ иртибот надошта" ба калимаи "Масъалаҳое" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми дуюми моддаи 31:
-дар сархати якум калимаҳои "муовинони онҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ" ба калимаҳои "муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ" иваз карда шаванд;
-сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии ИҶШС ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ ИҶШС нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, ҳал менамояд;".
5. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 35 калимаҳои "Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай" ба калимаҳои "Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
...