ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181, №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1, №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604, №12, мод. 829) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 12 қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ӯ бо тартиби муқарраргардида сертификат дода мешавад.".
2. Сархати якуми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, баррасӣ менамояд;".
3. Ба қисми якуми моддаи 39 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"тартиби тақсими парвандаҳоро байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад;".
4. Дар моддаи 46:
- ба сархати якум пас аз калимаи "мансубанд," калимаҳои "инчунин дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда," илова карда шаванд;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- аз сархати чорум калимаҳои "ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи апеллятсионӣ" хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 48:
...