Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 160 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, № 5, мод. 347) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 19:

қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба судяҳо ҳангоми ба истеъфо рафтан дар ҳаҷми музди меҳнати даҳмоҳа кӯмакпулии якдафъина дода мешавад.";

қисми панҷум хориҷ карда шавад;

қисмҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум мутаносибан қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум ҳисоб карда шаванд.

2. Қисми панҷуми моддаи 71 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба ҳайати шаҳрвандии дастгоҳҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ ва инчунин бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳо, иловапулиҳо барои рутбаҳо ва собиқаи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 130 Қонуни конститутсионии мазкур сурат мегирад.".

3. Моддаи 109 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 109. Дараҷаи тахассусии судяҳо

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ дода мешаванд.

Дараҷаҳои тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7; ст. 490; 2003 г., №12 ст. 685; 2004 г., №5, ст.347) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 19:

часть третью изложить в следующей редакции:

"Судье, ушедшему в отставку, выплачивается единовременное пособие в размере десятимесячной заработной платы."; часть пятую исключить;

части шестую, седьмую, восьмую, девятую, десятую, одиннадцатую и двенадцатую соответственно считать частями пятой, шестой, седьмой, восьмой, девятой, десятой и одиннадцатой,

2.Часть пятую статьи 71 изложить в следующей редакции:

"Присвоение классных чинов, выплата надбавок за классные чины и стаж службы гражданскому составу аппаратов Военной коллегии Верховного Суда Республики Таджикистан, военных судов, а также отдела военных судов аппарата Совета юстиции Республики Таджикистан осуществляется в порядке, предусмотренном статьей 130 настоящего конституционного Закона.".

3. Статью 109 изложить в следующей редакции:

"Статья 109. Квалификационные классы судей

Судьям судов Республики Таджикистан присваиваются квалификационные классы.

Квалификационные классы судей Республики Таджикистан устанавливает Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Положение о порядке присвоения квалификационных классов судьям судов утверждается Президентом Республики Таджикистан.

За судьей, вышедшему в отставку или на пенсию, сохраняется присвоенный квалификационный класс.".

...