Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 651 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443, №12, қ.1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 26:

- аз қисми чорум калимаҳои "аз рӯи масъалаҳое, ки бо баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ вобаста нестанд," хориҷ карда шаванд;

- аз қисми шашум калимаҳои "ва нусхаҳои эътирозҳо ё ин ки хулосаҳо оид ба парвандаҳои судӣ" хориҷ карда шаванд.

2. Дар қисми дуюми моддаи 27:

-сархатҳои дуюм, чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;

-дар сархати сеюм пас аз калимаи "гражданӣ" калимаи ", оилавӣ" илова карда шавад.

3. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои "Масъалаҳои ба баррасии парвандаи мушаххаси судӣ иртибот надошта" ба калимаи "Масъалаҳое" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми дуюми моддаи 31:

-дар сархати якум калимаҳои "муовинони онҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ" ба калимаҳои "муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ" иваз карда шаванд;

-сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"аз рӯи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии ИҶШС ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ ИҶШС нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, ҳал менамояд;".

5. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 35 калимаҳои "Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони вай" ба калимаҳои "Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 490; 2003 г., №12, ст. 685; 2004 г., №5, ст. 347; 2006 г., №3, ст. 143; 2007 г., №7, ст. 651; 2008 г., №3, ст. 181, №6, ст. 443, №12, ч. 1, ст. 982; 2010 г., №1, ст. 1) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 26:

- в части четвертой слова ", не связанных с рассмотрением конкретных судебных дел" исключить;

- в части шестой слова "и копии протестов или заключений по судебным делам" исключить.

2. В части второй статьи 27:

- абзацы второй, четвертый и пятый исключить;

- абзац третий после слова "гражданским" дополнить словом ", семейным".

3. В части первой статьи 28 слова ", не связанные с разрешением конкретных судебных дел" исключить.

4. В части второй статьи 31:

- в абзаце первом слова "их заместителей по уголовным делам" заменить словами "заместителей Генерального прокурора Республики Таджикистан по уголовным и административным делам";

- дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"по протестам Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан, Генерального прокурора Республики Таджикистан в надзорном порядке рассматривает уголовные дела, рассмотренные бывшими Верховным Судом СССР и судами союзных республик бывшего СССР в отношении граждан Республики Таджикистан;".

5. В абзаце втором части первой статьи 35 слова "Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан и его заместителей" заменить словами "Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан".

...