×

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 № 1084 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1751)

(Қонуни конститусионии ҶТ аз 8.08.2015 № 1212, аз 23.07.2016 № 1328, аз 21.02.2018 № 1509, аз 29.01.2021 № 1751, аз 20.04.2021 № 1772, аз 23.12.2021 № 1807, аз 13.11.2024 № 2084, аз 17.12.2025 № 2204)

(Қонуни конститусионии ҶТ аз 8.08.2015 № 1212, аз 23.07.2016 № 1328, аз 21.02.2018 № 1509, аз 29.01.2021 № 1751, аз 20.04.2021 № 1772, аз 23.12.2021 № 1807, аз 13.11.2024 № 2084, аз 17.12.2025 № 2204)

Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1328).

Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ

1. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад.

2. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани адолати судӣ ҷалб шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ягон мақомот ё шахси дигар ҳуқуқи амалӣ намудани адолати судиро надоранд.

3. Ҳокимияти судӣ фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 13.11.2024 № 2084).

4. Тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳоро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 3. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О СУДАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(в редакции Конс.Закона РТ от 08.08.2015г. №1212, от 23.07.2016г.№ 1328, от 21.02.2018г.№1509, от 29.01.2021г.№1751, от 20.04.2021г.№1772, от 23.12.2021г.№1807, от 13.11.2024 №2084, от 17.12.2025 №2204)

(в редакции Конс.Закона РТ от 08.08.2015г. №1212, от 23.07.2016г.№ 1328, от 21.02.2018г.№1509, от 29.01.2021г.№1751, от 20.04.2021г.№1772, от 23.12.2021г.№1807, от 13.11.2024 №2084, от 17.12.2025 №2204)

Настоящий конституционный Закон устанавливает правовые основы организации и деятельности судов, порядок избрания, назначения, отзыва и освобождения судей и регулирует другие отношения, касающиеся организационно-правовой деятельности судебных органов и судей.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Законодательство Республики Таджикистан о судах Республики Таджикистан

Законодательство Республики Таджикистан о судах Республики Таджикистан основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего конституционного Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 2. Судебная власть

1. Судебная власть является независимой и осуществляется от имени государства судьями.

2. Судебная власть в Республике Таджикистан осуществляется только судами в лице судей и привлекаемых в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке к осуществлению правосудия народных заседателей. Никакие другие органы и лица не имеют права на осуществление правосудия.

3. Судебная власть осуществляет свою деятельность посредством конституционного, гражданского, семейного, экономического, уголовного и административного судопроизводства.

4. Порядок рассмотрения дел судами определяется процессуальным законодательством Республики Таджикистан.

Статья 3. Система судебной власти Республики Таджикистан

1. Систему судебной власти Республики Таджикистан составляют Конституционный суд, Верховный Суд, Высший экономический суд, Военный суд, Суд Горно-Бадахшанской автономной области, суды областей, города Душанбе, городов и районов, Экономический суд Горно-Бадахшанской автономной области, экономические суды областей и города Душанбе.

...