Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 972 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод, 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809; №12, қ.1. мод. 997; с. 2013, №3, мод.176) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 9:

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судя аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.";

- қисмҳои шашум ва ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судя, муваққатан дур кардан аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судя бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судя, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати судя бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.";

- қисмҳои ҳаштум, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 119:

- аз қисми якум калимаи "зерини" хориҷ карда шавад;

- қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СУДАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Конституционный закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О судах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст. 490; 2003 г., №12, ст. 685; 2004 г., №5, ст. 347; 2006 г., №3, ст. 143; 2007 г. №7, ст. 651; 2008 г., №3, ст. 181; №6, ст. 443; №12, ч. 1, ст. 982; 2010 г., №1 ст. 1; №12, ч. 1, ст. 799; 2011 г., №7-8, ст. 604; №12, ст. 829; 2012 г., №7 ст. 683; №8, ст. 809; №12, ч.1. ст. 997; 2013 г., №3, ст. 176) следующие изменения:

1. В статье 9:

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Уголовные дела и дела об административном правонарушении в отношении судьи возбуждает только Генеральный прокурор Республики Таджикистан. Производство предварительного расследования по уголовному делу и производство по делам об административном правонарушении осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан. Уголовные дела и дела об административном правонарушении в отношении судьи рассматриваются Верховным Судом Республики Таджикистан.";

- части шестую и седьмую изложить в следующей редакции:

"Арест и заключение судьи под домашний арест, временное отстранение от должности, осмотр, обыск его жилья и служебного помещения, арест имущества, прослушивание и запись телефонных и иных переговоров, арест корреспонденции, осмотр и их выемка, обыск, выемка предметов и документов, содержащих информацию о вкладах и счетах в банках, арест денежных средств, находящихся на счетах и во вкладах или на хранении в банках и кредитных организациях судьи производятся по запросу прокурора или следователя с согласия Генерального прокурора Республики Таджикистан и санкции Верховного Суда Республики Таджикистан.

Задержание, принудительный привод, личный обыск судьи, осмотр имущества, транспортных средств и средств связи, используемые им, разрешается только во время задержания ого при совершении преступления, в других случаях производятся только по возбуждённому уголовному делу в отношении судьи, в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.";

- части восьмую, девятую, десятую и одиннадцатую исключить.

2. Части вторую и третью статьи 119 исключить.

Статья 2. Настоящий Конституционный закон ввести в дежльле после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

...