КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 114, аз 28.07.2006 № 193, 22.12.2006 № 219, 5.03.2007 № 239, аз 30.07.2007 № 306, аз 20.03.2008 № 376, аз 18.06.2008 № 397, аз 26.03.2009 № 493, аз 19.05.2009 № 525, аз 3.12.2009 № 571, аз 21.07.2010 № 627, аз 29.12.2010 № 665, аз 29.12.2010 № 667, аз 16.04.2012 № 813, аз 03.07.2012 № 852)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 114, аз 28.07.2006 № 193, 22.12.2006 № 219, 5.03.2007 № 239, аз 30.07.2007 № 306, аз 20.03.2008 № 376, аз 18.06.2008 № 397, аз 26.03.2009 № 493, аз 19.05.2009 № 525, аз 3.12.2009 № 571, аз 21.07.2010 № 627, аз 29.12.2010 № 665, аз 29.12.2010 № 667, аз 16.04.2012 № 813, аз 03.07.2012 № 852)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМИ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
БОБИ I. СИСТЕМАИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Кодекс танзим менамояд
Кодекси мазкур принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо танзим менамояд, вазъи ҳуқуқии мақомоти андоз, андозсупорандагон, агентҳои андоз ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои бо қонунгузории андоз танзимшаванда ва муқарраротро оид ба муайян намудани манбаҳои андоз банди, иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ӯҳдадориҳо, пешбурди баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон, объектҳои андозбанди ва баҳисобгирии андоз, кашидан ба ҷавобгари барои ҳуқуқвайронкуниҳои андози ва шикоят кардан аз амали (беамалии) мақоми андоз ва шахсони мансабдори он муайян мекунад .
2. Мафҳум ва меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории андоз (агар қонунгузори тартиби дигарро муқаррар накарда бошад) танҳо ҳангоми танзим намудани муносибатҳо вобаста ба андозбанди истифода бурда мешаванд.
3. Ситонидани боҷи гумруки ва дигар пардохтҳои гумруки тибқи қонунгузории гумруки, ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, боҷи давлати бошад - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлати" ба танзим дароварда мешаванд. Ситонидани дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет, ки ҳамин Кодекс муқаррар накардааст, тибқи қонунгузори оид ба дигар пардохтҳои ҳатми танзим мегардад.
Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он
1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Кодекс, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он ва мутобиқи он қабулшуда ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
2. Ҳангоми андозбанди санадҳои расман нашршудаи қонунгузории андоз, ки дар санаи ба миён омадани (ҷой доштани) ҳолатҳои марбут ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз амал мекунанд, истифода мешаванд.
Санадҳои қонунгузории андоз, ки дар давоми моҳҳои якум ва (ё) дуюми семоҳа расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми моҳи якуми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.
...