КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №9, мод. 838; с. 2013, №12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, №3, мод. 210, №11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, №3, мод. 150, №11, мод. 883; с. 2017, №1-2, мод. 21, №5, қ.1, мод. 280; с. 2018, №2, мод. 66, мод. 67, №7-8, мод. 529; с. 2019, №4-5, мод. 227, №6, мод. 322, №7, мод. 473; с. 2020, №1, мод. 21, мод. 22)
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, № 1046, аз 18.03.2015 № 1188, аз 23.11.2015 № 1244, № 1245, аз 15.03.2016 № 1297, аз 14.11.2016 № 1367, аз 24.02.2017 № 1398, аз 30.05.2017 № 1423, аз 21.02.2018 № 1510, № 1511, аз 3.08.2018 № 1546, аз 4.04.2019 № 1599, аз 20.06.2019 № 1620, аз 19.07.2019 № 1644, аз 2.01.2020 № 1675, № 1676, аз 04.07.2020 № 1708, аз 17.12.2020 № 1744, № 1745)
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, № 1046, аз 18.03.2015 № 1188, аз 23.11.2015 № 1244, № 1245, аз 15.03.2016 № 1297, аз 14.11.2016 № 1367, аз 24.02.2017 № 1398, аз 30.05.2017 № 1423, аз 21.02.2018 № 1510, № 1511, аз 3.08.2018 № 1546, аз 4.04.2019 № 1599, аз 20.06.2019 № 1620, аз 19.07.2019 № 1644, аз 2.01.2020 № 1675, № 1676, аз 04.07.2020 № 1708, аз 17.12.2020 № 1744, № 1745)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Кодекси мазкур танзим менамояд
1. Кодекси мазкур муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз (минбаъд - муносибатҳои андозӣ) танзим менамояд.
2. Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
3. Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо қонунҳои дахлдор ва Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он
1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад .
2. Мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо ҳамон маъное татбиқ мегарданд, ки дар ҳамин соҳаҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
...