Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2005 № 114 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 22.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, қисми 1, моддаи 689):

1. Дар моддаи 2:

- ба қисми 11 банди 15 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;";

- дар қисми 11 банди 15 банди 16 ҳисобида шавад.

2. Дар моддаи 6:

- ба қисми 1 банди 15 ба мазмуни зайл илова карда шавад:

"15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;";

- дар қисми 1 банди 15 банди 16 ҳисобида шавад.

3. Қисми дуюми моддаи 91 дар таҳрири зайл навишта шавад:

"Ҳамзамон аз рӯи маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобкардашуда пардохтани ӯҳдадориҳои андоз ба тарзи пайдарҳамии зерин амали карда мешавад:

а) дар навбати аввал ӯҳдадориҳои андози соли ҷори пардохта мешаванд (агар онҳо мавҷуд бошанд);

б) маблағи боқимонда барои пардохт кардани ӯҳдадориҳои андози солҳои гузашта, аз қарзҳои андози нисбатан дертар (қарзҳои андози ба соли ҷори хеле наздик) сар карда, то қарзҳои андози барвақттар (қарзҳои андози аз соли ҷори хеле дур) гузаронда мешавад.";

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан

(в редакции Закона РТ от 22.12.2006г. №219)

(в редакции Закона РТ от 22.12.2006г. №219)

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан следующие изменения и дополнения (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 год, №12, часть 1, ст.689):

1. В статье 2:

- часть 11 дополнить пунктом 15 в следующей редакции:

"15) налог на продукты переработки товаров;";

- в части 11 пункт 15 считать пунктом 16.

2. В статье 6:

- часть 1 дополнить пунктом 15 следующего содержания:

"15) налог на продукты переработки товаров;";

- в части первой пункт 15 считать пунктом 16.

3. Часть вторую статьи 91 изложить в следующей редакции:

"При этом по начисленным суммам налогов, штрафов и процентов погашение налоговых обязательств осуществляется в следующей последовательности:

...