Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 667 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688", мод. 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341; №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с. 2009, №3, мод. 86; №5, мод. 332; №12, мод. 823; с. 2010, №7, мод. 559), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 3 моддаи 240 банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4) онҳое, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро амалӣ менамоянд.".

2. Ба моддаи 241 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ объекти андозбандӣ хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба ҳисоб меравад.".

3. Ба моддаи 242 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ манбаи андоз маблағи подоше ба ҳисоб меравад, ки андозсупоранда - оператори (ширкати) алоқаи мобилӣ аз муштарӣ ё ҳар шахси дигар барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ гирифтааст ё бояд гирад, ба истиснои маблағи аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи хизматрасонӣ ҳисоб карда шавад. Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби меъёри аксиз ба бузургии умумии манбаи андоз сурат мегирад.".

4. Ба моддаи 243 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.".

5. Ба моддаи 247 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Меъёри аксиз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ дар ҳаҷми 3 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.".

6. Ба моддаи 248 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Аксиз аз ҷониби операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ бояд ба буҷет на дертар аз санаи 5 моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад. Давраи ҳисоботи андоз барои операторони (ширкатҳои) алоқаи мобилӣ моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 1, ст. 688, ст. 689; 2005 г., №12, ст. 629; 2006 г., №7, ст. 341, №12, ст. 543; 2007 г., №3, ст. 172, №7, ст. 668; 2008 г., №3, ст. 195, №6, ст. 455; 2009 г., №3, ст. 86, №5, ст. 332, №12, ст. 823; 2010 г., №7, ст. 559), следующие дополнения:

1. Часть 3 статьи 240 дополнить пунктом 4) следующего содержания:

"4) которые оказывают услуги мобильной связи.".

2. Статью 241 дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. Для операторов (компаний) сотовой связи объектом налогообложения является оказание услуг сотовой связи.".

3. Статью 242 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Для операторов (компаний) сотовой связи налоговой базой является сумма вознаграждения, полученная или подлежащая получению налогоплателыциком - оператором (компанией) сотовой связи от клиента или любого другого лица за оказание услуг сотовой связи, за исключением суммы акциза и налога на добавленную стоимость, подлежащих начислению по данным услугам. Исчисление суммы акциза производится путем умножения ставки акциза на общую величину налоговой базы.".

4. Статью 243 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Для операторов (компаний) сотовой связи датой совершения налогооблагаемой операции является момент обслуживания.".

5. Статью 247 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Ставка акциза для операторов (компаний) сотовой связи устанавливается в размере 3 процентов налоговой базы.".

6. Статью 248 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Выплата акциза операторами (компаниями) сотовой связи в бюджет должна производиться не позднее 5 числа месяца, следующего за отчетным налоговым периодом. Налоговым периодом для операторов (компаний) сотовой связи является календарный месяц.".

...