ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688, 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341; №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с.2009, №3, мод.86; №5, мод. 332) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 1 калимаҳои "Ҳамин Кодекс муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳоро муқаррар месозанд, танзим мекунад" бо калимаҳои "Кодекси мазкур принсипҳои ташкил намудан ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан ва ҷамъ овардани андозҳо танзим менамояд" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 7 моддаи 2:
- банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10) муқаррарот оид ба пардохти фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.";
- банди 10) банди 11) ҳисобида шавад.
3. Ба моддаи 34 қисми 58 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"58. Қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда - маблағи ӯҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки:
1) андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ нишон додааст;
2) пардохти он тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба таъхир гузошта шуда, баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ бояд пурра ва якбора пардохт мешуд;
3) тибқи санади санҷиши ҳисоб карда шудаи мақомоти андоз, ки он ба андозсупоранда дастрас шудааст ва мавриди баҳс қарор нагирифтааст;
4) бо ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, муайян карда шудааст.".
4. Дар қисми 1 моддаи 47 калимаи "ҳуқуқиро" ба калимаҳои "ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайд гирифта шудаанд," иваз карда шавад.
...