ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.200б, №12, мод.541; с.2008, №6, мод.460, №12, қ.2, мод.1000; с.2009, №3, мод.88; с.2010, №1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, №7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с,201б, №5, мод.368; с.2019, №4-5, мод.231; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1680)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 115, аз 2.12.2006 № 217, аз 18.06.2008 № 402, аз 31.12.2008 № 466, аз 26.03.2009 № 495, аз 12.01.2010 № 584, № 586, аз 29.12.2010 № 664, аз 28.12.2012 № 905, аз 19.03.2013 № 947, аз 26.07.2014 № 1111, аз 23.11.2015 № 1247, № 1248, № 1249, аз 14.05.2016 № 1317, аз 04.04.2019 № 1603, аз 02.01.2020 № 1680, аз 04.07.2020 № 1709, аз 15.03.2023 № 1963, № 1964, аз 13.11.2023 № 2006, аз 01.10.2025 № 2199)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" тартиби аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- боҷи давлатӣ - пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- супорандагони боҷи давлатӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст ();
- мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд - мақомоте, ки мувофиқи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ситонидани боҷи давлатӣ ваколатдор карда шудаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боҷи давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ
...