ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 фаврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №2, моддаи 51; соли 2005, №12, моддаи 630; соли 2006, №12, моддаи 541) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "ҳадди ақали музди меҳнат" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми шашуми моддаи 4:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо) барои 1 метри мураббаъи масоҳати умумӣ ба андозаи:
а) барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падарумодар дар:
- шаҳри Душанбе - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳри Хуҷанд - 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- шаҳрҳои Қӯргонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- деҳот - 1 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:
- шаҳри Душанбе - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
...