Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 586 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо бА Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541; с. 2008, № 6, мод. 460; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати дуюми моддаи 3 пас аз калимаи "адлия" калимаҳои "ва андоз" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 4:

- қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият, ҳамчунин филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ - ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолият - ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд - ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6) барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

7) барои додани нусхаи (дубликати) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст.";

- қисми панҷум қисми шашум ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О государственной пошлине" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., № 2, ст. 51; 2005 г., № 12, ст. 630; 2006 г., № 12, ст. 541; 2008 г., № 6, ст. 460; 2008 г., № 12, ч. 2, ст. 1000; 2009 г., № 3, ст. 88) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац второй статьи 3 после слов "юстиции" дополнить словами "и налоговыми органами".

2. В статье 4:

- дополнить частью пятой следующего содержания:

"5. За совершение юридически значимых действий в налоговых органах государственная пошлина взимается в следующих размерах:

1) за государственную регистрацию создания коммерческих организаций, независимо от организационно-правовых форм и направлений деятельности, а также филиалов и представительств иностранных юридических лиц, - в размере 25 показателей для расчетов;

2) за государственную регистрацию создания некоммерческих организаций, независимо от организационно-правовых форм и направлений деятельности, - в размере 7 показателей для расчетов;

3) за государственную регистрацию физических лиц в качестве индивидуальных предпринимателей, осуществляющих деятельность на основании свидетельства, - в размере 2 показателей для расчетов;

4) за государственную регистрацию физических лиц в качестве индивидуальных предпринимателей, осуществляющих деятельность на основании патента, - в размере 1 показателя для расчетов;

5) за предоставление выписки из Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей или выдачи справки об отсутствии сведений в отношении каждого субъекта - в размере 2 показателей для расчетов;

6) за государственную регистрацию ликвидации и (или) прекращения деятельности юридических лиц, прекращения деятельности филиалов и (или) представительств иностранных юридических лиц и индивидуальных предпринимателей - в размере 50 процентов государственной пошлины, предусмотренной за государственную регистрацию создания субъектов;

7) за выдачу дубликата документа, подтверждающего государственную регистрацию, - в размере 50 процентов государственной пошлины, взимаемой за государственную регистрацию создания субъектов.";

- часть пятую считать частью шестой и изложить в следующей редакции:

...