Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 664 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с.2004, № 2, мод. 51; с.2005, № 12, мод. 630; с.2006, № 12, мод. 541; с.2008, № 6, мод. 460; № 12, қ. 2. мод. 1000; с.2009. № 3. мод. 88; с.2010, № 1, мод. 8: мод. 10) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати дуюми моддаи 3 баъд аз калимаи "адлия" калимаҳои ", мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин" илова карда шаванд.

2. Дар қисми 6 моддаи 4:

- банди 5) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад;";

- банди 10) дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"10) барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул-ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;";

- бандҳои 5), 6), 7), 8), 9), 10), 11) мутаносибан бандҳои 6), 7), 8), 9), 10), 11), 12) ҳисобида шаванд;

- қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"6. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳуриявӣ - ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.";

...

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О государственной пошлине" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан. 2004 г., №2, ст.51; 2005 г., №12, ст. 630; 2006 г., №12, ст. 541; 2008 г., №6, ст. 460, №12, ч.2, ст. 1000; 2009 г., №3, ст. 88; 2010 г., №1, ст. 8, ст. 10) внести следующие изменения и дополнения:

1.В абзаце втором статьи 3 после слова "юстиции" дополнить словами ",государственным уполномоченным органом по делам религии".

2. В части 6 статьи 4:

- дополнить пунктом 5) следующего содержания:

"5) за выдачу свидетельства о внесении изменений и дополнений в учредительные документы общественных объединений (перерегистрация), независимо от их статуса и статуса филиалов и представительств общественных объединений - в размере 50 процентов от суммы государственной пошлины, взимаемой при регистрации;";

- пункт 10) изложить в следующей редакции:

"10) за государственную регистрацию уведомлений залога движимого имущества - в размере 5 процентов от показателя для расчетов;";

- пункты 5), 6), 7), 8), 9), 10), 11) соответственно считать пунктами 6). 7), 8), 9), 10), 11), 12);

- дополнить частью 6 следующего содержания:

"6. За совершение юридически значимых действий в государственном уполномоченном органе по делам религии государственная пошлина взимается в следующих размерах:

1) за государственную регистрацию республиканских религиозных организаций - в размере 30 показателей для расчетов;

2) за государственную регистрацию районных или городских религиозных организаций - в размере 25 показателей для расчетов;

3) за перерегистрацию религиозных организаций - в размере 5 показателей для расчетов.";

...