Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007 469, аз 2.07.2008 № 322, аз 27.08.2008 № 444, аз 28.02.2009 № 328, аз 31.10.2009 № 621, аз 29.05.2010 № 299, аз 1.04.2011 № 181 аз 3.12.2011 № 612, аз 2.03.2012 № 117, аз 05.07.2012 № 352, аз 31.08.2012 № 466)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2007 469, аз 2.07.2008 № 322, аз 27.08.2008 № 444, аз 28.02.2009 № 328, аз 31.10.2009 № 621, аз 29.05.2010 № 299, аз 1.04.2011 № 181 аз 3.12.2011 № 612, аз 2.03.2012 № 117, аз 05.07.2012 № 352, аз 31.08.2012 № 466)
Бо мақсади рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, вусъат бахшидан ба фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ба ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ҳуқуқ дода шавад, ки намояндагони вазорату идораҳоро бо мувофиқаи роҳбарони онҳо, бо назардошти доираи масъалаҳои муҳокимашаванда ба кори ин комиссияҳо ҷалб намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида тарафҳои манфиатдорро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
аз 4 августи соли 1999 № 348 "Дар бораи қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ";
аз 11 марти соли 2000 № 107 "Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба";
аз 3 ноябри соли 2001 № 488 "Дар бораи таъин намудани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия";
аз 30 декабри соли 2001 № 582 "Дар бораи таъсиси бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ";
...