Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007 № 19
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Ба ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007 № 198 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша -муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон".
2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида тарафи манфиатдорро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 майи соли 2010 № 299
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года №198
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Состав сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года №198 "Об утверждении состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья" дополнить новым абзацем следующего содержания:
- "Межправительственная совместная комиссия по экономическому сотрудничеству между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Польша - заместитель Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан".
2) Министерство иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить заинтересованную сторону о настоящем постановлении.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 29 мая 2010 года № 299
г. Душанбе