Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, № 469 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007 №198"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007 № 198

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007 № 198 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик" тасдиқ шудааст, сархатҳои нави дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

-Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ветнам оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ - Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида тарафҳои манфиатдорро аз ин қарор огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 31 августи соли 2007 № 469

 ш. Душанбе

аз 31 августи соли 2007 № 469

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года № 198

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Состав сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года № 198 "Об утверждении состава сопредседателей таджикской части Межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья" дополнить новыми абзацами, следующего содержания:

- Межправительственная Таджикско - Катарская совместная комиссия по экономическому, торговому и техническому сотрудничеству - Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- Межправительственная комиссия по вопросам торгово-экономического сотрудничества между Республикой Таджикистан и Республикой Азербайджан - Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- Межправительственная Таджикско - Вьетнамская совместная комиссия по экономическому и торговому сотрудничеству - Министр сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан;

- Межправительственная совместная комиссия Республики Таджикистан и Объединенных Арабских Эмиратов по экономическому, торговому и техническому сотрудничеству - Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке, уведомить заинтересованные стороны о настоящем постановлении.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Э. Рахмонов

от 31 августа 2007 года № 469

г. Душанбе

от 31 августа 2007 года № 469

...