ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба
Мутобиқи Протокол дар бораи таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкори ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба, ки 12 июли соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, инчунин бо мақсади таъмиқ ва тавсеаи ҷараёни ҳамгирои ва рушди минбаъдаи, ҳамкори, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бахши тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкори ва баррасии ҳаматарафаи масъалаҳои дуҷониба дар ҳайати зерин тасдиқ карда шавад:
1. Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамраиси комиссия.
2. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиккстон-муовини ҳамраиси комиссия.
3. Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8. Муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Муовини Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
...