Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъин намудани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия
Ҷихати иҷрои Моддаи 9 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки 8 апрели соли 1993 дар шаҳри Анқара ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия таъин карда шавад ва ба ӯ ваколат дода шавад, ки намояндагони вазорату идораҳои манфиатдорро бо мувофиқаи роҳбарони онҳо бо дарназардошти доираи масъалаҳои муҳокимашаванда ба кори Комиссияи мазкур ҷалб намояд.
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2000 № 284 беэътабор дониста шавад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Туркияро аз таъин гардидани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 3 ноябри соли 2001 № 488
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О назначении Председателя таджикской части Совместной таджикско-турецкой экономической Комиссии
Во исполнение Статьи 9 Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Турецкой Республики о торгово-экономическом сотрудничестве, подписанного 8 апреля 1993г. в городе Анкаре, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Назначить Министра экономики и торговли Республики Таджикистан Председателем таджикской части Совместной таджикско-турецкой экономической Комиссии, предоставив ему полномочия привлекать на работу в указанной Комиссии представителей заинтересованных министерств и ведомств, с согласия их руководителей, исходя из круга обсуждаемых вопросов.
2. Признать утратившим силу Постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2000 года №284.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить турецкую сторону о назначении Председателя таджикской части Совместной таджикскотурецкой экономической Комиссии.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 3 ноября 2001 года №488
г.Душанбе