Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 466 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007, №198"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007, №198

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2007, №198 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷониби Швейтсарияро аз қарори мазкур огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 азгусти соли 2012, № 466

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года, №198

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Состав сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 9 апреля 2007 года, №198 "Об утверждении состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами дальнего и ближнего зарубежья", дополнить новым абзацем следующего содержания:

"-Межправительственная таджикско - швейцарская совместная комиссия по торговле и экономическому сотрудничеству между Правительством Республики Таджикистан и Швейцарским Федеральным Советом - первый заместитель Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан".

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить швейцарскую сторону о настоящем постановлении.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 31 августа 2012 года, № 466