ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350. №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011. №3, мод. 150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125; с. 2017, №5, к. 1, мод. 267; с. 2019, №6, мод. 308; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1725)
(Қонуни конст. ҶТ аз 31.12.2014 № 1166)
(Қонуни конст. ҶТ аз 03.03.2006 № 156, аз 12.05.2007 № 251, аз 30.07.2007 № 294, аз 31.12.2008 № 450, аз 19.05.2009 № 515 аз 25.03.2011 № 688, аз 28.06.2011 № 731, аз 01.08.2012 № 876, аз 22.07.2013 № 973, № 974, аз 28.12.2013 № 1034, аз 14.03.2014 № 1064, аз 31.12.2014 № 1166, аз 15.03.2016 № 1272, аз 30.05.2017 № 1410, аз 20.06.2019 № 1607, аз 17.12.2020 № 1725, аз 29.01.2021 № 1752, аз 24.12.2022 № 1917, аз 13.11.2023 № 1983)
(Қонуни конст. ҶТ аз 03.03.2006 № 156, аз 12.05.2007 № 251, аз 30.07.2007 № 294, аз 31.12.2008 № 450, аз 19.05.2009 № 515 аз 25.03.2011 № 688, аз 28.06.2011 № 731, аз 01.08.2012 № 876, аз 22.07.2013 № 973, № 974, аз 28.12.2013 № 1034, аз 14.03.2014 № 1064, аз 31.12.2014 № 1166, аз 15.03.2016 № 1272, аз 30.05.2017 № 1410, аз 20.06.2019 № 1607, аз 17.12.2020 № 1725, аз 29.01.2021 № 1752, аз 24.12.2022 № 1917, аз 13.11.2023 № 1983)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад ().
Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд ().
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни конститутсионии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор-криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд ();
- кормандони прокурорӣ - прокурорҳо ва муфаттишон, инчунин дигар кормандони мақомот ва муассисаҳои илмию таълимии прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ (рутбаҳои ҳарбӣ) доранд.
...