ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 31:
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ розигӣ диҳад;";
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав розигӣ диҳад;".
2. Дар моддаи 33:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 33. Додани розигӣ барои татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ";
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳуқуқи розигӣ доданро ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, гарав, ба татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю тслеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефони ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда доранд.";
- дар қисми дуюм ҷумлаи якум хориҷ карда шуда, калимаи "ҳабсгирӣ" ба калимаҳои "ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтан" иваз карда, пас аз калимаи "ҳабс" калимаҳои ", ҳабси хонагӣ" илова карда шаванд;
- аз қисми сеюм калимаҳои "ва ҳабси амвол" хориҷ карда шаванд;
...