Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 № 1034 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 31:

- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба муфаттиш ва таҳқиқбаранда барои муроҷиат намудан бо дархост ба суд оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю телеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ розигӣ диҳад;";

- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав розигӣ диҳад;".

2. Дар моддаи 33:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 33. Додани розигӣ барои татбиқи чораҳои пешгирӣ, чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ ва амалҳои тафтишотӣ";

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ҳуқуқи розигӣ доданро ба татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, дар бораи дароз кардани мӯҳлати онҳо, гарав, ба татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавии муваққатан дур кардан аз вазифа, ҳабси молу мулк, маблағҳои амонатӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабс ва гирифтани муросилоти почтаю тслеграф, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои барқӣ ва алоқаи почта интиқол меёбанд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефони ё гуфтугӯҳо бо истифодаи воситаҳои дигари алоқа ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда доранд.";

- дар қисми дуюм ҷумлаи якум хориҷ карда шуда, калимаи "ҳабсгирӣ" ба калимаҳои "ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтан" иваз карда, пас аз калимаи "ҳабс" калимаҳои ", ҳабси хонагӣ" илова карда шаванд;

- аз қисми сеюм калимаҳои "ва ҳабси амвол" хориҷ карда шаванд;

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350; №7, ст. 652; 2008 г., №12, ч. 1, ст. 981; 2009 г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150; №6, ст. 428; 2012 г., №8, ст. 810; 2013 г., №7, ст. 497) следующие изменения и дополнения:

1. В части первой статьи 31:

- абзац пятый изложить в следующей редакции:

"- даёт следователю и дознавателю согласие на обращение в суд с ходатайством о применении меры пресечения в виде заключения под стражу, домашнего ареста, о продлении их сроков, применении меры процессуального принуждения в виде временного отстранения от должности, наложения ареста на имущество, на депозитные средства и счета в банке, ценные бумаги, обыска, выемки, ареста и выемки почтовых и телеграфных отправлений, телеграфных и других сообщений, передаваемых по сети электрической и почтовой связи, прослушивания и записи телефонных переговоров или переговоров с использованием иных средств связи и в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, на проведение оперативно-розыскных мероприятий;";

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- даёт согласие на применение меры пресечения в виде залога;".

2. В статье 33:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 33. Дача согласия на применение меры пресечения, иные меры процессуального принуждения и следственных действий";

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Право дачи согласия на применение меры пресечения в виде заключения под стражу, домашнего ареста и продление их сроков, залога, применение меры процессуального принуждения в виде временного отстранения от должности, наложения ареста на имущество, на депозитные средства и счета в банке, ценные бумаги, обыска, выемки и ареста почтовых и телеграфных отправлений, телеграфных и других сообщений, передаваемых по сети электрической и почтовой связи, прослушивание и запись телефонных переговоров или переговоров с использованием иных средств связи и в иных случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, на проведение оперативно-розыскных мероприятий имеют Генеральный прокурор Республики Таджикистан и его заместители, Главный военный прокурор и его заместители, прокуроры Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортный прокурор Республики Таджикистан, их заместители, прокуроры городов и районов и приравненные к ним прокуроры.";

- из части второй первое предложение исключить, слова "об аресте", "ареста" заменить соответственно словами "о заключении под стражу, домашнем аресте" и "заключения под стражу и домашнего ареста";

- из части третьей исключить слова "и ареста имущества";

...