ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 398; с. 2006, № 3, мод. 141; с. 2007, № 5, мод. 350; № 7, мод. 652) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ёздаҳуми моддаи 5 пас аз калимаи "эътироз" калимаҳои ", шикоят ва ариза" ва пас аз калимаи "нисбати" калимаи "фармон," илова карда шаванд.
2. Дар сархати сеюми моддаи 23, дар ном ва матни моддаи 36, дар қисми дуюми моддаи 42 ва дар қисми дуюми моддаи 43 калимаҳои "хоҷагӣ", "хоҷагии" мутаносибан ба калимаҳои "иқтисодӣ", "иқтисодии" иваз карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 34 пас аз калимаи "нисбати" калимаи "фармонҳо," ва пас аз калимаи "эътироз" калимаҳои ", шикоят ва ариза" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 37;
- дар номи модда калимаи "Эътирози" ба калимаҳои "Эътироз, шикояти" иваз карда шавад;
- ҷумлаи якуми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳуқуқи овардани эътирози кассатсионӣ ва хусусиро нисбати ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ прокурор ва муовини ӯ дар доираи салоҳияташон, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда дар суди марҳилаи якум, доранд.";
- ҷумлаи дуюми ҳамин модда ҳамчун қисми дуюм ҳисобида шуда, пас аз калимаи "эътироз" калимаҳои "ва шикоят" илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 38:
- дар қисми якум пас аз калимаи "онҳо" калимаи "фармон," ва баъди калимаи "намудаанд," калимаҳои "мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми дуюм пас аз калимаҳои "он, ки" калимаи "фармон," ва баъди калимаҳои "назорат эътироз" калимаҳои "ва ариза" илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 39:
...