Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 251 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, №7, мод. 398; соли 2006, №3 мод. 141) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз сархати нӯҳуми қисми якуми моддаи 5 калимаи "коррупсия" хориҷ карда шавад.

2. Аз қисми дуюми моддаи 32 калимаҳои "инчунин ба дигар мақомоти тафтишотӣ" хориҷ карда шуда, ба ин қисм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оиди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар мақомоти тафтишотӣ супорад.".

3. Дар моддаи 58:

дар ҷумлаи дуюми қисми якум баъд аз калимаҳои "прокурор ё муфаттиш" калимаҳои "ба ғайр аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд" илова карда шаванд;

дар қисми сеюм калимаи "Кормандони" ба калимаҳои "Ба истиснои ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, кормандони" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 12 майи соли 2007 № 251

ш. Душанбе 

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан"

 Статья 1.  Внести  в конституционный Закон Республики Таджикистан от 25 июля 2005 года "Об органах прокуратуры  Республики  Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан,  2005 года,  №7, ст. 398 2006 года, №3 ст. 141) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце девятом части первой статьи 5 слово "коррупцией" исключить.

2. В части второй статьи 32 слова ",а также другому следственному органу" исключить, часть дополнить новым предложением в следующей редакции:

"Прокурор также может передать уголовные дела, за исключением дел о преступлениях коррупционного характера, другому следственному органу.".

3. В статье 58:

в предложении втором части первой после слов "прокурора или следователя" дополнить словами ",кроме уголовных дел и административных правонарушений, связанных с коррупцией";

в части третьей слово "Работники" заменить словами "За исключением преступлении и административных правонарушений коррупционного характера, работники".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                  Э.Рахмонов

Президент

Республики Таджикистан                                  Э.Рахмонов

г. Душанбе

12 мая 2007 года  № 251

г. Душанбе

...