ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод. 150; №6, мод. 428) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 56:
- дар қисми ҳафтум калимаи "даҳмоҳа" ба калимаи "семоҳа" иваз карда шавад;
- қисми нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар сурати вафоти прокурорҳо ва муфаттишон ба ворисонашон дар ҳаҷми музди меҳнати панҷмоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад.".
2. Дар моддаи 57:
- дар қисми панҷум рақами "180" ба рақами "8" иваз карда шавад;
- дар қисми шашум:
- дар сархати якум калимаҳои "ё баъди ҷавоб шудан аз хизмат" хориҷ карда шуда, рақами "180" ба рақами "8" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм рақами "36" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои "ба ҳаҷми 12-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон" ба калимаҳои "ба маъюбони гурӯҳи II ба ҳаҷми 5-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ва ба маъюбони гурӯҳи III ба ҳаҷми 4-каратаи музди миёнаи якмоҳаашон" иваз карда шаванд;
- аз қисми ҳаштум калимаҳои "ҳамчунин прокурор ё муфаттиши аз хизмат ҷавобшуда," хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...