Чопи нав бо дарназардошти тағйиру иловаҳо аз 12.12.1997 № 498, аз 14.05.1999 № 746, аз 12.05.2001 № 15, аз 28.02.2004 № 23
КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269; №8, мод. 828)
(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 199, аз 5.01.2008 № 357, 18.06.2008 № 405, аз 25.03.2011 № 704, аз 16.04.2012 № 819, аз 1.08.2012 № 891, аз 14.11.2016 № 1363, аз 23.12.2021 № 1823, №1824, № 1825, аз 19.07.2022 № 1902, аз 22.06.2023 № 1974)

Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.
Боби 1. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин
(Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад
...