ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 199.6, №23, мод.351; с.1997, №23-24, мод.333, фасли IV; с. 1999, №5, мод.59; с.2001, №4, мод. 176; с. 2004, №2, мод. 55; №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1 (қисми 2), мод.22) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 7:
- дар ном ва матни модда калимаи "Ҳукуматҳои" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;
- ба модда қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ҷудо карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дода мешаванд.".
2. Бандҳои "б" ва "е" моддаи 8 хориҷ карда шуда, бандҳои "в", "г", "д" мутаносибан бандҳои "б", "в", "г" ҳисобида шаванд.
3. Сархати сеюми қисми якуми моддаи 65 хориҷ карда шавад.
4. Аз қисми якуми моддаи 71 калимаҳои "ҷамоати деҳот, шаҳрак ва шаҳрҳо мутобиқи қарори" хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 71(1):
- аз қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои "ҷамоатҳоп деҳот, шаҳрак ва" хориҷ карда шаванд;
- аз қисми сеюм калимаҳои "ва ҷамоатҳо" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...