Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 819 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4 мод. 176; с. 2004, №2, мод. 55; №3; мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22; №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

1. Ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис, барҳам ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳотҳо) дохил мешаванд.

2. Ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис додани минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани ҳудуди онҳо дохил мешаванд.".

2. Дар банди г) моддаи 5 калимаҳои "Маҷлиси Олӣ" ба калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

16 апрели соли 2012 № 819

ш. Душанбе

16 апрели соли 2012 № 819

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗЕМЕЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Земельный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года .(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №23, ст. 351; 1997 г., № 23-24, ст. 333; 1999 г., №5, ст. 59; 2001 г., №4 ст. 176; 2004 г., №2, ст. 55; № 3, ст. 190; 2006 г., №7, ст. 347; 2008 г. №1, ч. 2, ст. 22; №6, ст. 463; 2011 г., №3, ст. 171 следующие изменения:

1. Статью 4 изложить в следующей редакции:

"Статья 4. Компетенция Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в области регулирования земельных отношений

1. К компетенции Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан в области регулирования земельных отношений относятся образование, упразднение и изменение границы административно-территориальных единиц (ГорноБадахшанская автономная область, областей, городов, районов, посёлков и сёл).

2. К компетенции Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в области регулирования земельных отношений относятся образование территорий с особым правовым режимом, установление и изменение их границ.".

2. В пункте г) статьи 5 слова "Маджлиси Оли Республики Таджикистан" заменить словами "Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

16 апреля 2012 года, №819

г. Душанбе,

16 апреля 2012 года, №819

...