Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2021, №450
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2021, №450
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №196
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №196
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №23, мод. 351; с.1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с.1999, №5, мод. 59; с.2001, №4, мод.176; с.2004, №2, мод. 55, №3, мод.190; с.2006, №7, мод.347; с.2008, №1, қ.2, мод. 22, №6, мод. 463; с.2011, №3, мод.171; с.2012, №4, мод. 269, №8, мод. 828; с.2016, №11, мод. 879), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои "б", "в" ва "г" бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"б) беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
...