Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 357 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод.351; с. 1997, №23-24, мод.333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод.55, №3, мод.190; с.2006, №7, мод. 347) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар Кодекс рақами тартибии бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.

2. Қисми якуми моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъиноти мақсаднок ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд:".

3. Дар банди "а" моддаи 5 ва қисми дуюми моддаи 79 калимаҳои "мусодира", "мусодираи" ба калимаҳои "гирифтан", "гирифтани" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 6:

дар банди "б" баъд аз калимаҳои "мониторинги замин" калимаҳои "таҳия ва тасдиқи намунаи китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои кадастри замин" илова карда шаванд;

банди "и" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"и) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба он алоқаманд, инчунин бо тартиби муқарраргардида ба заминистифодабарандагон додани ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тасдиқ мекунад;";

банди "н" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"н) ҳал ва шарҳи масъалаҳое, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба онҳо алоқаманд, инчунин дар ҳолати додани ҳуҷҷатҳои дахлдор пайдо мешаванд;";

дар банди "о" калимаи "Ҳукумати" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад.

5. Дар моддаи 7:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗЕМЕЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Земельный кодекс Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №23, ст. 351; 1997 г., №23-24, ст. 333, раздел IV; 1999 г., №5, ст.59; 2001 г., №4, ст. 176; 2004 г., №2, ст. 55, №3, ст. 190; 2006г., №7, ст.347) следующие изменения и дополнения:

1. Порядковые номера глав Кодекса обозначить арабскими цифрами.

2. Часть первую статьи 3 изложить в следующей редакции:

"Все земли в Республике Таджикистан составляют единый государственный земельный фонд и в соответствии с целевым назначением подразделяются на следующие категории:".

3. В статье 6:

в пункте "б" после слов "мониторинга земель" дополнить словами ", разработки и утверждения типовых книг и других документов земельного кадастра;";

пункт "и" изложить в следующей редакции:

"и) государственная регистрация права пользования участком земли и других прав, связанных с ними, а также выдачи землепользователям в установленном порядке документов, удостоверяющих право пользования земельным участком;";

пункт "н" изложить в следующей редакции:

"н) разрешение и разъяснение вопросов, возникающих при государственной регистрации права пользования земельным участком и других прав, связанных с  ними, а также при выдаче соответствующих документов;";

в пункте "о" слово "Правительством" заменить словом "законодательством".

4. В статье 7:

в пункте "д" после слова "участком" дополнить словами "в соответствии со статьей 37 настоящего Кодекса;";

...