КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод.143)
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 183, аз 20.03.2008 № 382, аз 21.07.2010 № 613, аз 25.03.2011 № 710, аз 26.12.2011 № 791, аз 19.03.2013 № 952, аз 23.11.2015 № 1239, аз 15.03.2016 № 1290, аз 14.11.2016 № 1365, аз 24.02.2017 № 1395, аз 03.01.2024 № 2030, № 2031, аз 17.12.2025 № 2214)
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 183, аз 20.03.2008 № 382, аз 21.07.2010 № 613, аз 25.03.2011 № 710, аз 26.12.2011 № 791, аз 19.03.2013 № 952, аз 23.11.2015 № 1239, аз 15.03.2016 № 1290, аз 14.11.2016 № 1365, аз 24.02.2017 № 1395, аз 03.01.2024 № 2030, № 2031, аз 17.12.2025 № 2214)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 791)
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 791)
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд № 2214).
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилави дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад № 2214).
3. Танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини дини сурат гирифтааст, эътибори қонуни надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилави дар асоси принсипҳои ихтиёри будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилави дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхори нисбати некӯаҳволи ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайриқобили меҳнати оила сурат мегирад (№ 2214).
...