Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 710 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод.201; с. 2010, №7, мод. 546), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 5 моддаи 1, ном ва матни моддаҳои 12, 13, 15, 26, 40 ва 121 Кодекс калимаи "издивоҷ" ба калимаи "никоҳ", калимаи "издивоҷкунанда" ба калимаи "никоҳшаванда" ва калимаи "издивоҷкунандагон" ба калимаи "никоҳшавандагон" иваз карда шаванд.

2. Дар матни моддаи 2, ном ва матни моддаҳои 4, 20, 24, 31, номи боби 7, моддаҳои 34, 35, 36, 37, 38, 39, 40, 42, 45, 46, 60, 71, 74, 105, 113, 119, 137 ва 172 Кодекс калимаи "ғайриамволӣ" ба калимаи "ғайримолумулкӣ", калимаи "амволиеро" ба калимаи "молумулкиеро", калимаи "амволии" ба калимаи "молумулкии", калимаи "амволи" ба калимаи "молу мулки", калимаи "амвол" ба калимаи "молу мулк", калимаи "амволро" ба калимаи "молу мулкро", калимаи "амволе" ба калимаи "молу мулке", калимаи "амволеро" ба калимаи "молу мулкеро", калимаи "амволӣ" ба калимаи "молумулкӣ", калимаи "амволиашонро" ба калимаи "молумулкиашонро", калимаи "ғайриамволии" ба калимаи "ғайримолумулкии", калимаи "амволию" ба калимаи "молумулкию" ва калимаи "ғайриамволию" ба калимаи "ғайримолумулкию" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 12 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;

- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.".

4. Дар моддаи 24:

- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.";

- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.

5. Дар номи боби 8 ва ном ва матни моддаҳои 40, 41, 42, 43, 44 ва 47 калимаҳои "аҳдномаи ақди никоҳ" ба калимаҳои "аҳдномаи никоҳ" иваз карда шаванд.

6. Ба моддаи 41:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В СЕМЕЙНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Семейный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998г., №22, ст. 303; 2006г., №4, ст. 196; 2008г., №3, ст. 201; 2010г., №7, ст. 546), следующие изменения и дополнения:

1.Статью 12 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. В случае, если одна из вступающих в брак сторон является иностранным гражданином или лицом без гражданства, требуется выполнение следующих дополнительных условий:

- проживание на территории Республики Таджикистан в течение не менее одного последнего года;

- обязательное заключение брачного договора.".

2. В статье 24:

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. При расторжении брака, в котором одна из сторон является иностранным гражданином или лицом без гражданства, суд обязан рассмотреть вопрос выполнения условий брачного договора.";

- часть 3 считать частью 4.

3. В статье 41:

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. При заключении брака, в котором одна из вступающих в брак сторон является иностранным гражданином или лицом без гражданства, обязательно заключение брачного договора, который должен быть заключен до регистрации брака.";

- часть 2 считать частью 3.

...