Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 791 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод.177) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи боби 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА"

2. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила";

- дар қисми 2 калимаҳои "Қонуни оила" ба калимаҳои "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.

3. Дар ном ва матни моддаи 2 калимаҳои "қонунҳои оила" ва "Қонунҳои оила" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" ва "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 3:

- ном ва қисми 1 модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила

1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.";

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В СЕМЕЙНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Семейный кодекс Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №22, ст. 303; 2006 г., №4, ст. 196; 2008 г., №3, ст. 201; 2010 г., №7, ст. 546; 2011 г., №3, ст. 177) следующие изменения и дополнения:

1. Название главы 1 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 1. ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН О СЕМЬЕ".

2. В статье 1:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Основные начала законодательства Республики Таджикистан о семье";

- в части 2 слова "Семейное законодательство" заменить словами "законодательство Республики Таджикистан о семье".

3. В названии и тексте статьи 2 слова "семейным законодательством" и "Семейное законодательство" соответственно заменить словами "законодательством Республики Таджикистан о семье" и "Законодательством Республики Таджикистан о семье".

4. В статье 3:

- название и часть 1 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о семье

1. Законодательство Республики Таджикистан о семье основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Кодекса, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.";

- часть 2 изложить в следующей редакции:

...