ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2025,
№ 238қабул карда шудааст
бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025,
№ 121ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод. 143, №11, мод. 881; с. 2017, №1-2, мод. 18; с. 2024, №1-2, мод. 15, мод. 16) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Кодекс калимаҳои «ӯҳдададориҳои» «ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӮҲДАДОРИҲО», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳое», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадории», «ӮҲДАДОРИИ», «Ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадории», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориро», «ӯҳдадоршуда», «ӯҳдадориҳояшон», «ӯҳдадориҳояшонро», «ӯҳдадориҳояш», «гражданӣ», «граждании», «гражданию», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлатҳои», «Мӯҳлати», «мӯҳлате», «принципҳои», «принципи» ва «ғайри қобили» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои» «уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ», «УҲДАДОРИҲО», «уҳдадорӣ», «уҳдадор», «уҳдадориҳое», «уҳдадориҳо», «уҳдадории», «УҲДАДОРИИ», «Уҳдадориҳои», «Уҳдадории», «уҳдадоранд», «уҳдадориро», «уҳдадоршуда», «уҳдадориҳояшон», «уҳдадориҳояшонро», «уҳдадориҳояш», «маданӣ», «мадании», «маданию», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлатҳои», «Муҳлати», «муҳлате», «принсипҳои», «принсипи» ва «ғайриқобили» иваз карда шаванд.
...