ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, моддаи 303) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 1 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаи "никоҳ" ба калимаҳои "ақди никоҳ" иваз карда шавад.
2. Ба моддаи 1 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6. Ҳукуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.".
3. Дар моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "волидон", "волидайн", "волидону", "волидони", "волидоне", "волидонро", "волидонаш" "волидонашон" мутаносибан ба калимаҳои "падару модар", "падар ё модар", "падару модару", "падарӣ, модарӣ", "падару модаре", "падару модарро", "падару модараш", "падару модарашон" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба амал бароварда мешавад.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад;
- калимаҳои "санадҳои меъёрии", "санадҳои меъёрӣ" ва "санадҳои ҳуқуқӣ" мутаносибан бо калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии", "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва "санадҳои меъёри ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар ном ва матни моддаи 6 ва қисми 1 моддаи 119 калимаҳои "байналхалқӣ" ва "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ" ва "байналмилалии" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 10:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
...