ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22,.мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201), тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаи "ҳабдаҳсолагӣ" ба калимаи "ҳаждаҳсолагӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 рақам ва калимаи "16 солагӣ" ба калимаи "ҳабдаҳсолагӣ" иваз карда шавад.
2. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 29 калимаи "ҳабдаҳсолагӣ" ба калимаи "ҳаждаҳсолагӣ" иваз карда шавад.
3. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 62 калимаҳои "шонздаҳсолагӣ" ва "шонздаҳ" мутаносибан ба калимаҳои "ҳабдаҳсолагӣ" ва "ҳабдаҳ" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 128 калимаи "шонздаҳ" ба калимаи "ҳабдаҳ" иваз карда шавад.
5. Дар банди якуми қисми 1 моддаи 129 калимаи "шонздаҳсолагӣ" ба калимаи "ҳабдаҳсолагӣ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
21 июли соли 2010 № 613
...