ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод.177) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи боби 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА"
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила";
- дар қисми 2 калимаҳои "Қонуни оила" ба калимаҳои "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
3. Дар ном ва матни моддаи 2 калимаҳои "қонунҳои оила" ва "Қонунҳои оила" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" ва "Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- ном ва қисми 1 модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.";
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...