ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515)
(Конуни ҶТ аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 29.11.2000 № 23, аз 29.11.2000 № 29, аз 22.04.2003 № 14, аз 28.02.2004 № 4, аз 1.03.2005 № 80, 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642, аз 22.07.2013 № 987, аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875)
(Конуни ҶТ аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 29.11.2000 № 23, аз 29.11.2000 № 29, аз 22.04.2003 № 14, аз 28.02.2004 № 4, аз 1.03.2005 № 80, 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642, аз 22.07.2013 № 987, аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875)
Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатхои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад .
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи, экологи ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчаги ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳури, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳоли равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳури барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад .
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунад, ҷалб карда мешавад .
...