Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 248 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, № 12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мудофиа тибқи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад.";

- қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд.";

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Сархати чордаҳуми қисми дуюми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷорӣ мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.".

3. Дар сархатҳои сенздаҳум, шонздаҳум ва нуздаҳуми қисми дуюми моддаи 7 ва дар сархати понздаҳуми моддаи 11 калимаи "Сарситоди" ба калимаҳои "Ситоди генералии" иваз карда шавад.

4. Қисми якуми моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об обороне"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года "Об обороне" (Ведомости Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №23-24, ст. 366; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998г., №23-24, ст. 353; 1999г., №12, ст. 310; 2000г., №11, ст. 537; ст. 549; 2003г., №4, ст. 144; 2004г., №2, ст. 36; 2005г., №3, ст.119; №12, ст. 659) следующие изменения:

1. В статье 1:

- часть четвертую изложить в следующей редакции:

"Оборона организуется и осуществляется в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, Военной доктриной Республики Таджикистан и международно-правовыми актами, признанными Таджикистаном.";

- часть шестую изложить в следующей редакции:

"К обороне с применением средств вооруженной борьбы привлекаются Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальная гвардия Республики Таджикистан, Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, внутренние войска Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и конвойный полк Управления по исправительным делам Министерства юстиции Республики Таджикистан, которые выполняют задачи в области обороны, установленные законодательством Республики Таджикистан. В обороне Республики Таджикистан могут участвовать Вооруженные Силы других государств на основе межгосударственных договоров.";

- в части седьмой слова "Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан" заменить словами "Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан".

2. Абзац четырнадцатый части второй статьи 7 изложить в следующей редакции:

"вводит в действие нормативные акты военного времени и прекращает их действие, представляет их на утверждение совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;".

3. В абзацах тринадцатом, шестнадцатом и девятнадцатом части второй статьи 7 и в абзаце пятнадцатом статьи 11 слова "Главного штаба" и "Главном штабе" заменить соответственно словами "Генерального штаба" и "Генеральном штабе"

4. Часть первую статьи 18 изложить в следующей редакции: "Назначение, задачи, порядок комплектования, управления воинскими подразделениями Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, внутренними войсками Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, конвойным полком Управления по исправительным делам Министерства юстиции Республики Таджикистан, войсками гражданской обороны Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и Агентством по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан определяются законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Э.Рахмонов

...