ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 23-24, мод. 366; соли 1998, № 23-24, мод. 353, соли 1999. № 12, мод. 310) иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар қисми якуми моддаи 2 калимаҳои "мақомоти олии ҳокимияти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Салоҳиятҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон):
- паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунавад;
- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳад;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз мегардонад;
- Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуҷудоӣ ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи ҷавобшавӣ аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- Масъалаҳое, ки бо сарҳади давлатӣ вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунад. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:
- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад;
- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарбӣ ризоият медиҳад;
...